Ислом ва Эронзамин (22)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (10)

Таҳаввулоти ақоиди ориёӣ пас аз Зартушт

Аҳаде аз муаррихон ва муҳаққиқон инкор надорад, ки ақоиди ориёӣ дар давраҳои баъдӣ ва махсусан дар давраи Соcониён, ки мавриди баҳси мост, ба пастӣ ва инҳитот гароид. Ҷанбаи зебо ва олии таълимоти Зартушт табдил шуд ба афкоре зишт ва паст. Ҳазорон хурофа ва пироя дар давраи Соcониён ба кеши Зартушт бастанд. Дар ин ҷиҳат аҳаде ихтилоф надорад ва ҳама мӯътарифанд.

Думезил (Georges Dumézil), эроншиноси маъруф, таҳти унвони “Рефурми Зартушт” мегӯяд:

Ба ростӣ, ки афкор ва таъолими Зартушт бисёр пешрав ва шуҷоъона будааст, вале пас аз даргузашти вай, он чи ки имрӯз ба номи ойини зартуштӣ номида мешавад, ба сарнавишти адён ва мазоҳиби дигар гирифтор омада. Соддатар бигӯем: таъолими устод таҳти таъсири сунани ҷорӣ ва эҳтиёҷоти зиндагӣ ва тамоюлоти мӯъминон тағйири сурат дод, навъе аз ширк ҷойи “тавҳид”-ро гирифт ва малоикаи муқаррабин бо худои бузург кӯси ҳамтирозӣ заданд, зибҳу қурбонӣ бо маросими шигифтоваре пой ба арса ниҳода ва ахлоқиёт ҷойи худро ба баррасии умури виҷдонӣ бозгузошт”.

Ду Миноже мегӯяд:

Бо вуҷуди ислоҳоти асосии Зартушт, муҷаддадан мазҳаби афсонаомези қадим падидор шуд ва ҳатто Зартуштро низ аз худ донист ва “готҳо”-ро ба ташрифоти марбут ба “ҳеума”, ки бо он муғойират дошт замима намуд. Ба ин тариқ, Худованди бузург Аҳуромаздо бо маъсумини ҷовидон ва худоёне, ки дини Маздо онҳоро ба канор ронда буд, ҳамрадиф гардид”.

Пури Довуд ва дуктур Муин низ эътироф доранд, ки Авастои аҳди соcонӣ бо Авастои аслӣ фарқи фоҳиш дорад ва Авастои соcонӣ таълимоти хурофотии қабл аз Зартуштро таҷдид намудааст. Муддаӣ ҳастанд, ки: “Ойини ҳақиқӣ ва аслии Зартуштро бояд аз готҳо ҷуст, чӣ баъдҳо ба мурур тасарруфоте дар он карданд ва бахусус ойини зартуштии давраи соcонӣ аз мабдаи худ бисёр дур гардид”.

Готҳо, ки мавриди истиноди Пури Довуд ва дуктур Муин аст, қисмате аз Ясност ва Ясно як ҷузъ аз панҷ ҷузъи Авастои соcонист. Готоҳо аз лиҳози торихӣ ва интисоб ба Зартушт мӯътабартарин қисматҳои Авастост. Қароини зиёде дар дасти муҳаққиқон аст, ки ҳама ё қисмате аз готҳо, ки ба сурати шеър ва муноҷот адо шуда, сурудаи худи Зартушт аст ва ҳам маъқултарини ҳамаи онҳост. Хурофоте, ки дар соири қисматҳо дида мешавад, дар он ҷо нест ё камтар аст ва аҳёнан зидди онҳост. Касоне, ки Зартуштро муваҳҳид медонанд, ба мундараҷоти готоҳо истинод мекунанд ва соири қисматҳои Авасторо илҳоқӣ медонанд.

Ба ҳар ҳол, дар ин ҷиҳат шакке нест, ки дини Зартушт дар давраҳои баъд хусусан давраи соcонӣ, чӣ аз назари усули ақоид ва чӣ аз назари аҳком ва муқаррарот ба пастӣ гароидааст. Чӣ далеле беҳтар аз ин ки “Аҳуромаздо” дар давраҳои баъд шаклу шамоил пайдо карда ва муҷассамааш ҳамаҷо дида мешавад.

Қаблан гуфтем, ки Зартушт ончунон ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ба мафҳуми худои муҷаррад пай бурда будааст, аз ин рӯ он ҷо, ки аз қурбонӣ наҳй мекунад, мегӯяд: “Худо ҷисм нест, ки эҳтиёҷ ба ғизо дошта бошад”, вале Худо дар давраи соcонӣ расман дорои шаклу шамоил ва ришу асову ридост. Нақшҳое, ки аз давраи соcонӣ дар нақши Раҷаб ва нақши Рустам ва Тоқи бӯстон монда ва дар он нақшҳо Аҳуромаздо тоҷи салтанатро ба Ардашер ё Шопур ё Хусрав ато мекунад, нишон медиҳад, ки чӣ гуна мӯбадони соcонӣ аз Аҳуромаздо, ки дар андешаи Зартушт таҷарруд ёфта буд буте сохтаанд.

Кристенсен (Arthur Christensen) нақши Рустамро инчунин шарҳ медиҳад:

Урмазд тоҷе кунгирадор бар сар ниҳодааст ва гесувони муҷаъадаш аз болои сар ва миёни тоҷ пайдост. Ҳалқаҳои гесу ва риши дароз ва мураббаъи ӯ ҳайъате бисёр атиқ дорад, лекин аз ҳайси либос чандон бо шоҳ мутафовит нест, ӯ низ наворҳои чинхӯрда дорад, ки аз тоҷаш овехтааст. Зину барги аспон (аспи Худо ва аспи шоҳ) яксон аст, фақат лавҳе, ки дар қисмати муқаддами зини шоҳ ниҳодаанд, мунаққаш ба сари шерони барҷаста аст, аммо зини аспи Урмазд дорои нақши гул аст”.

Нақши Худо (Аҳуромаздо) бо ҳамон ришу асо ва ёлу купол ба унвони як орми миллӣ бар рӯйи тоблуи бисёре аз муассасоти зартуштӣ дар асри ҳозир ба чашм мехӯрад ва нишонае аз инҳитоти фикрии давраи соcонӣ аст. Зартуштиён аз як тараф муддаии худошиносӣ ва тавҳиданд ва “Аҳуромаздо”-ро ҳамон “Аллоҳ”-и мусалмонон, ки:

لاَّ تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

(“Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва Ӯст, ки дидагонро дармеёбад ва Ӯ латиф ва огоҳ аст”. (Сураи Анъом, ояти 103) муаррифӣ мекунанд ва аз тарафи дигар шаклу шамоил барояш мекашанд ва тоҷу ришу асо барояш месозанд ва ӯро ба сурати як бут намоиш медиҳанд.

Ҳақиқатан мояи шармсории Эрон ва эрониён аст, ки бо ин ки чаҳордаҳ қарн аст ба олитарин мафоҳими тавҳидӣ ноил шудаанд ва нағзтарин гуфторҳоро ба насру назм дар ин замина иншо кардаанд, худои муҷассам ва шоху болдор барояш бикашанд ва баъд ҳам исрор кунанд, ки инро ба унвони як орми миллӣ бипазир. Агар ин инҳитот нест, пас инҳитот чист? Ва агар ин бутпарастӣ нест, пас бутпарастӣ дар дунё маънӣ надорад.

Чунонки медонем, эрониёни мусалмон он ҷо, ки таъбироти исломиро ба луғати форсӣ тарҷума кардаанд, калимаи “Аллоҳ”-ро ба калимаи ”Худо” тарҷума карданд, ки зоҳиран мухаффафи “худ+ой” аст. яъне ноофаридашуда. Эрониёни мусалмон калимаи “Аллоҳ”-ро ҳаргиз “Аҳуромаздо” тарҷума накарданд, бад-ин ҷиҳат, ки калимаи Аҳуромаздо дар миёни зартуштиён он қадр мафҳуми таҷассум пайдо карда буд, ки он фарзонагон шоиста надиданд онро тарҷумаи калимаи “Аллоҳ” қарор диҳанд.

Чунонки медонем, яке аз мафоҳими мазҳабӣ дар давраи соcонӣ, ки зоҳиран мавлуди сиёсати соcонӣ аст “фарри эзадӣ” аст. Дар ибтидо ба назар мерасад, ки ин мафҳум як мафҳуми маънавӣ ва муҷаррад аст, вале андаке мутолеа равшан мекунад, ки ин мафҳум низ ҷанбаи моддӣ ва ҷисмонӣ дорад.

Оқои дуктур Муин менависад:

Тибқи мундараҷоти Авасто “фарра”-ро ба сурати мурғи ворған (уқоб, шоҳин) тасаввур мекарданд… Ҷамшед пас аз он ки ба сухани дурӯғ ва нораво пардохт, фарр (-и подшоҳӣ) аз ӯ ошкоро ба пайкари мурғе бадар рафт… Дар корномаи Ардашери Бобакон “фарр” ба сурат “барра” муаррифӣ шудааст”.

Оқои дуктур Муин сипас достони гурези Ардашер ва канизак ва таъқиби Ардавон он дуро нақл мекунад:

Ардавон аз ҳар кас суроғи онҳоро мегирад, ҷавоб медиҳанд онҳоро дар фалон нуқта дидем, ки ба суръат мерафтанд ва як “барра” низ пушти сари онҳо дар ҳаракат буд. Ардавон аз мавзӯи “барра” дар шигифт мешавад ва аз дастур (руҳонии зартуштӣ) мепурсад. Ӯ ҷавоб медиҳад, ки он “фарраи худоӣ” (подшоҳӣ) аст, ки ҳанӯз беҳеш нарасида бибояд, ки бависуборем (битозем, бишитобем) шояд, ки пеш ки он фарра беҳеш расад шойем гирифтан”.

Дар давраи Соcониён, оташ духтари Худо шинохта мешавад. Аҳуромаздо, ки дар бархе аз таълимоти Зартушт мофавқи ҳамаи мавҷудот аст, ҳам офаринандаи хиради муқаддас (Спента-Майню, Spentä Mainyu) ва ҳам офаринандаи руҳи палид (Ангра-Майню, Аҳриман) аст, дар арзи Аҳриман қарор мегирад ва аз тарафе табақае пайдо мешаванд, ки бо истинод ба бархе таъбироти Авасто, худи Урмаздо ва ҳамчунин Аҳриманро махлуқи мавҷуде дигар ба номи “Зурвон” (ё Зарвон, даҳр, замони лоятаноҳо) медонанд ва чунин афсона месозанд, ки:

Зурвон худойи асили қадим, қурбониҳо кард шояд фарзанде биёбад ва ӯро Урмазд биномад. Баъд аз ҳазор сол қурбонӣ додан, аз муассиртарини қурбониҳои худ ба шак афтод. Оқибат ду писар дар батни ӯ мавҷуд шуд, яке Урмазд, ки қурбониҳо ба номи ӯ карда буд, дигар Аҳриман, ки зодаи шакку тардиди ӯ буд. Зурвон ваъдаи подшоҳии оламро ба касе дод, ки аввал ба ҳузури ӯ биёяд. Пас Аҳриман пайкари падари хешро бишкофт ва дар муқобили ӯ зоҳир шуд. Зурвон пурсид: кистӣ? Аҳриман дар посух гуфт: “Манам писари ту”. Зурвон гуфт: писари ман муъаттар ва нуронӣ аст ва ту мутаъаффин ва зулмонӣ ҳастӣ. Дар ин асно Урмазд бо пайкари муъаттар ва нуронӣ падидор шуд. Зурвон ӯро ба фарзандӣ шинохт ва ба ӯ гуфт: то имрӯз ман аз барои ту қурбонӣ кардаам, аз ин пас ту бояд барои ман қурбонӣ кунӣ”.

Китоби “Вандидод”, ки як ҷузъ аз панҷ ҷузъи Авастои соcонӣ аст ва акнун дар даст аст, муштамил аст бар аҳком ва одоби зартуштии он давра. Қисмате аз ин китоб муштамил аст бар афсуну дуо барои дар банд кардани девҳо. Маънии калимаи Вандидод “зидди дев” аст. Худи ин луғат намояндаи тарзи тафаккури хосси он давра аст. Муҳтаваёти ин китоб ақоид ва орои он давраро мерасонад. Дар фасли севвуми китоби “Эрон дар замони Соcониён” таълифи муҳаққиқи эроншинос Кристенсен (Arthur Christensen), шарҳи мабсуте дар заминаи ақоид ва одоби зартуштӣ дар ин давра дода шудааст, аз ташрифоти хосси оташпарастӣ, ғизо ва машруб барои мурдагон бар бомҳо, рондани ҳайвоноти ваҳшӣ ва паронидани мурғон дар миёни шӯълаи оташ дар ҷашни сада, нӯшидани шароб ва тафреҳ намудан дар гирди оташ ва ғайра…

Кристенсен (Arthur Christensen) дар фасли дуввуми китоби хеш менависад:

Руҳониюн дар равобити худ бо ҷомеа вазоифи мутааддид ва мухталиф доштаанд, аз қабили иҷрои аҳкоми таҳорат ва исғои эътирофоти гуноҳкорон ва афву бахшоиши онон ва таъйини мизони каффорот ва ҷароим ва анҷом додани ташрифоти оддӣ ҳангоми вилодат ва бастани кустик (камарбанди муқаддас) ва арӯсӣ ва ташйеъи ҷаноза ва аъёди мазҳабӣ… Рӯзе чаҳор бор боистӣ офтобро ситоиш ва об ва моҳро ниёиш намуд. Ҳангоми хоб ва бархостан ва шустушӯ ва бастани камарбанд ва хӯрдани ғизо ва қазои ҳоҷат ва задани атса ва чидани нохун ва гесу ва афрӯхтани чароғ ва амсоли он боистӣ ҳар касе дуои махсус тиловат кунад. Оташи уҷоқ ҳаргиз набоистӣ хомӯш шавад ва нури офтоб набоистӣ бар оташ битобад. Ва об бо оташ набоистӣ мулоқот намояд ва зуруфи филизӣ набоистӣ занг бизанад, зеро ки филизот муқаддас буданд. Ашхосе, ки ба ҷасади майит ва бадани зани ҳоиз ё зане, ки тоза вазъи ҳамл карда — махсусан агар тифли мурда аз ӯ ба вуҷуд омада бошад — даст мезаданд, боистӣ дар ҳаққи онҳо ташрифоте иҷро кунанд, ки басе хастагиовар ва пурзаҳмат буд. Ардои Вироз, ки аз авлиёи дини зартуштӣ аст, ҳангоми мушоҳадаи ҷаҳаннам дар миёни муаззабин мисли қотил ва лавот ва кофир ва ҷонӣ, афродеро ҳам дид, ки ба сабаби истеҳмом дар оби гарм ва олудани оташу об ба ашёи палид ва сухан гуфтан дар ҳини тановули таом ва гиристан бар амвот ва роҳ рафтан бидуни кафш, дар радифи соири гуноҳкорон муаззаб буданд”.

Гов ва ба хусус гови нар тақаддуси махсусе пайдо карда буд. Дар таълимоти аслии Зартушт қурбонӣ кардани гов ва ҳар ҳайвони дигар — ки қабл аз Зартушт хуни ин ҳайвонҳоро мерехтанд бидуни он ки манзур итъоми ниёзмандон бошад, балки ба хаёли ин ки рехтани хуни ин ҳайвонот сабаби тақвияти худоён мегардад — мамнӯъ шуд ва таъкид шуд, ки аз ин ҳайвон барои зироат истифода шавад. Шояд ҳамин таълим ва шояд савобиқи дигар аз даврони табиатпарастӣ сабаб шуд, ки баъд аз Зартушт гов кам-кам дар радифи муқаддасот қарор гирад, дар афсонаи хилқат аввал махлуқи заминӣ фарз шавад ва бо Гевмард (Каюмарс) ба дараҷаи шаҳодат ноил гардад ва махсусан идрори гов муқаддас ва поккунанда шинохта шавад, ҳамон тавре ки Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Дар китоби “Вандидод” шарҳи мабсуте роҷеъ ба об ва таъсири он дар татҳир мундараҷ аст. Фақат чизе, ки дар татҳир муассиртар аз об маҳсуб мешуд бавли гов буд”.

Абулъалои Маъаррӣ, шоири маъруфи араб дар ашъори маъруфи мансуб ба ӯ, ки ислом ва масеҳият ва яҳудият ва зартуштигариро якҷо интиқод мекунад, чунин мегӯяд:

عجبت لكسري وأشياعه

وغسل الوجوه ببول البقر

وقول النصارى إله يضام

ويظلم حيا ولا ينتصر

وقول اليهود إله يحب

رسيس الدماء وريح القتر

وقوم أتوا من أقاصي البلد

لرمي الجمار ولثم الحجر

Яке дигар аз аҳкоме, ки дар Авастои соcонӣ сахт рӯйи он такя шудааст, мамнӯияти дафни мурдагон ва олуда кардани хок аст. Дар китоби “Вандидод”, ки қисмате аз ин Авастост, беш аз ҳар мавзӯи дигар дар бораи ин мавзӯъ исрор ва таъкид шудааст. Ва чунонки медонем, то камтар аз ним қарн пеш зартуштиёни Эрон ва Ҳиндустон мурдагони хешро дафн намекарданд, онҳоро дар болои бурҷе (бурҷи хомӯшон) мегузоштанд, ки парандагон онҳоро бихӯранд. Аз ним қарн пеш ба ин тараф дар асари мумониати давлатҳои Ҳинд ва Эрон ба лиҳози ҳифзи саломати умумӣ ва дар асари бедорӣ ва равшанфикр шудани худи зартуштиён, тадриҷан ин кор қадаған шуд. Шунидаам ҳанӯз дар Язд он бурҷҳои махсус, ки мурдаҳоро бар рӯйи онҳо мениҳодаанд мавҷуд аст.

Оқои дуктур Муин дар ин замина мегӯяд:

Дар ойини маздоӣ бисёре аз мӯътақадоти дини будоии ҳиндӣ мунъакис аст. Омили асосӣ дар ин ҷо оташ аст. Оташ дар меҳроб забона мекашад ва бо ҳадоёи доимӣ аз хомӯшии он ҷилавгирӣ мешавад… Бо ин ҳол, шеваи ситоиш дар дини эронӣ бештар ошкор аст, ва дуруст ба ҳамин далел, аз сӯзондан ва дафни мурдагон худдорӣ мешавад, зеро ақида бар он аст, ки наъши мурдагон оташ ва заминро, ки покизаанд мулаввас хоҳад сохт. Аз ин рӯ наъши мурдагонро ба даштҳо бурда ва тайи ташрифоти хоссе дар ҳавои озод қарор медиҳанд”.

Маълум мешавад дар ойини маздоӣ ба пок ва тоҳир будани об ва хок ва оташ таваҷҷӯҳ шудааст ва аммо ба поккунандагӣ ва мутаҳҳир будани ин аносур таваҷҷӯҳ нашудааст.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Оготёс сареҳан мегӯяд, ки ба дахма ниҳодани мурдагон аз одоти эрониёни аҳди соcонӣ буд. Ҳюн Тсонг, зуввори будоии чинӣ фақат иҷмолан тазаккур медиҳад, ки эрониён ғолибан аҷсоди мурдагони худро раҳо мекарданд (ҷ.2, с.278). Инустронтзеф (Константин Иностранцев) рисолае дар боби рафтори эрониёни қадим бо мурдагони худ ба русӣ навиштааст”.

Ҳамчунин дар достони мағзуб шудани “Артишторонсолор Сиёвуш» дар дарбори Қубод менависад:

Аз ҷумла эродҳои муҳимме, ки анҷумани бузург (маҳкамаи олӣ ба риёсати мӯбадон мӯбад) ба ӯ гирифт ин буд, ки: Сиёвуш намехостааст мувофиқи одоти ҷорӣ зиндагӣ кунад ва таъсисоти эрониро маҳфуз нигаҳ дорад, худоёни ҷадид мепарастида ва зани худро, ки тоза бидруди ҳаёт гуфта “дафн” кардааст, бар хилофи ойини зартуштӣ, ки муқаррар медорад амвотро дар дахма бигузоранд, то мурғони шикорӣ онҳоро бихӯранд”.

Оқои Рашид Ёсамӣ, мутарҷими китоби “Эрон дар замони Соcониён” мегӯяд:

Ҳахоманишиён маълум нест ҳамаи рафтори худро тобеи аҳкоми Зартушт карда бошанд, баъзе парастиши Оноҳито ва дафни амвотро дар мақобир намунаи мухолифати онон бо шариат донистаанд”.

Оқои Ёсамӣ зимнан мехоҳад муддаӣ шавад, ки мамнӯияти дафни амвот дар ойини зартуштӣ дар давраи ҳахоманишӣ низ собиқа дорад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: