Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (3)

Бахши севвум

Матлаби чаҳорум, ки мехоҳам дар шарҳи суханони Имом Ғаззолӣ тавзеҳ бидиҳам, баёни бархе аз нуқоти ихтилофи се мактаби ҳанбалӣ, мӯътазилӣ ва ашъарӣ бо якдигар аст.

* * *

Ихтилофи ҳанобила бо ашоира дар мавриди исботи сифоти хабарӣ

Яке аз нуқоти ихтилофи ҳанбалиҳо (аҳли ҳадис) бо ашоира, дар мавриди чигунагии исботи сифатҳои хабарӣ (мисли исботи даст, чеҳра, истиво бар Арш ва аз ин қабил сифот) барои зоти Худо мебошад.

Ҳанобила, бар асоси шевае, ки доштанд ва бар мабнои он, дар исботи масоили ақоидӣ танҳо ба зоҳири Қуръон ва ҳадис такя мекарданд ва ақлро ба таври мутлақ инкор менамуданд, ин сифотро ба зоҳирашон барои Худо исбот мекарданд. Мегуфтанд, чун Худо дар Қуръон гуфтааст, ки даст дорад, пас даст дорад ва дигар ҷои ҳеч таъвилу тафсире надорад. Ва ё мегуфтанд, чун Худо дар Қуръон фармудааст, ки ӯ дар Арш аст ва нисбат ба мо (махлуқот) дар фавқ (боло) қарор дорад, пас дар боло ва дар Арш қарор дорад.

Аммо ашоира, ки дар табйини масоили ақоидии ворида дар китобу суннат, барои ақл нақш ва ҷойгоҳ қоил буданд, мегуфтанд, намешавад мо ин сифотро ба зоҳирашон барои Худо исбот кунем, чун натиҷааш ташбеҳ ва монанд кардани Худост ба махлуқоташ, ва Худо шадидан моро аз ташбеҳи худ ба махлуқот ва сифоти онҳо (мисли дасту пову чеҳраву ин қабил ашё, ки Худо аз онҳо барӣ аст) наҳй ва боздоштааст. Мегуфтанд, мо дар ин гуна маворид, бояд ба тафсири ин завоҳир рӯ оварем ва чунин сифотеро барои Худо ба гунае исбот кунем, ки лоиқи мақоми зоти поки ӯ бошад.

Он гоҳ ҳанобила ашоираро кофир мешумурданд (бар пояи гуфтаи Имом Ғаззолӣ), зеро ба назари онҳо, ашоира додаҳои Қуръону суннатро — ки ба гумони ҳанобила, тасреҳ ба исботи сифоти хабарӣ барои Худо ба зоҳирашон доранд — инкор мекунанд, ва ин инкор ҷуз такзиби Қуръону паёмбар (с) нест.

Ва дар муқобил, ашоира низ ба навбати худ ҳанобиларо кофир медонистанд, ба ин гумон, ки ҳанобила Худоро ба махлуқоташ ташбеҳ мекунанд, дар ҳоле ки Қуръону суннати паёмбар (с) тасреҳ доранд, ки чизе шабеҳи Худо нест, ва мегуфтанд, ташбеҳи Худо ба махлуқот, навъе такзиби Қуръону суннати паёмбар (с) аст, ва такзиби паёмбар (с) куфр.

* * *

Ихтилофи ашоира ва ҳанобила бо мӯътазила дар масъалаи дида шудани Худо

Яке дигар аз нуқоти ихтилофи ин макотиб, дар масъалаи ҷоиз будан ва ё набудани дида шудани Худост. Мӯътазила бар пояи шеваи ақлӣ, ки дар исботи масоили ақоидӣ ба он такя мекарданд, мегуфтанд, аз назари ақл маҳол аст, ки Худо бо чашм дида шавад, чун ҳар он чи бо чашм дида мешавад, бояд мисли мо махлуқот дар ҷиҳате қарор гирад, ва Худо барӣ ва пок аст аз ин ки ҷиҳате дошта бошад. Ва аммо он чи дар мавриди дида шудани Худо дар китобу суннат ворид шудааст-ро мӯътазила таъвил мекарданд. Мегуфтанд, мо бояд дида шудани Худоро ба гунае тафсир кунем, ки шоистаи мақоми зоти поки ӯ бошад.

Он гоҳ ашоира ва ҳанобила мӯътазиларо кофир қаламдод мекарданд, чун ба назари онҳо, оятҳои Қуръон ва низ ривоятҳои ворида дар масъалаи ҷоиз будани дида шудани Худо, сареҳанд ва таъвилу тафсирбардор нестанд, аз ин рӯ, инкори мӯътазила навъе такзиби Қуръону суннати паёмбар (с) аст, ва такзиби паёмбар (с) куфр.

* * *

Ихтилофи мӯътазила бо ашоира дар масъалаи робитаи сифоти Худо бо зоти Худо

Яке дигар аз нуқоти ихтилофи мӯътазила бо ашоира, дар мавриди робитаи сифатҳои Худо бо зоти Худои Таолост. Қобили ёдоварист, ки ҳамаи ин макотиб дар мавриди ин ки зоти Худо ягона аст ва ҳамтое надорад, ихтилофе надоранд. Ихтилофи онҳо дар мавриди чигунагии робитаи сифатҳои Худо бо зоти ягонаи Худо буд.

Тавзеҳи матлаб ин ки: баъд аз исботи зоти муқаддаси илоҳӣ ва ин ки ӯ дорои сифоте чун илм, қудрат, ҳаёт, ғино (яъне бениёз будан), басотат (яъне мураккаб набудан), қидмат (азалӣ будан), абадият ва ғайра аст, бо чунин масъалае рӯбарӯ мешавем, ки чӣ гуна ин сифатҳо бар зоти ӯ ҷараён доранд?

Мӯътазила гуфтаанд: агар мо қоил шавем, ки Худо дорандаи сифотест, бояд эътироф кунем, ки Худо таркибёфта аз зот ва сифот мебошад, чун ҳар сифате ғайр аз мавсуфаш аст. (1) Ва ин, бо мақоми зоти муқаддаси илоҳӣ, ки зотест басит ва бениёз, созгор намебошад. (2) Ва аз тарафе ҳам, наметавонем аз Худо сифатҳоро нафй кунем, чун лозимааш нақсу камбуд дар зоти ӯст ва дар Қуръон ҳам ба сароҳат зоти Худо ба сифатҳое васф шудааст. Пас, танҳо роҳе, ки метавонад моро аз ин ду бунбаст раҳоӣ бахшад, ин аст, ки қоил шавем ба “ҷонишинии зот аз сифот”.

Тавзеҳ ин ки: Худо фақат зот асту бас ва сифоте ҷудо аз зот вуҷуд надорад, то таркиб пеш ояд. Вале, ин ба маънои он ҳам нест, ки Худо дорои илм, қудрат, ҳаёт ва дигар сифот намебошад, балки зоти муқаддаси ӯ ба ҷои ҳамаи он сифот менишинад, ва ба таъбири худи мӯътазила, зот ноиби сифот мегардад.

Ва аммо ашоира мӯътақид буданд, ки Худо сифоте дорад ва сифоташ ҳам зоид бар зоти ӯ аст, чунонки дар ҳар дорандаи сифате, сифат зоид бар зот аст. Зеро сифат ғайр аз мавсуф аст. Ва танҳо фарқе, ки байни Худои Субҳон ва байни дигар дорандагони сифат ҳаст ин аст, ки сифатҳои Худо ба монанди зоташ қадим (азалӣ) ва доим (абадӣ) мебошанд, вале сифоти махлуқот ҳодис (3) ҳастанд. (4)

Он гоҳ ашоира мӯътазиларо кофир хонданд ба ин пиндор, ки мӯътазила мункири сифот барои Худо ҳастанд, ва ин, такзиби Қуръону суннати паёмбар (с) аст, ва такзиби онҳо куфр.

Ва мӯътазила низ ба навбати худ ашоираро кофир донистанд, ба ин гумон, ки лозимаи эътиқоди ашоира дар ин масъала он аст, ки қоил ба таъаддуд (чандгонагӣ) дар мавриди Худо бошем, чун Худо бар пояи эътиқоди ашоира, мураккаб аст аз зоти қадим ба иловаи сифоти қадим, ва ин, ниёзманд донистани Худост (чун ҳар мураккабе ниёзманд аст), ҳол он ки Қуръону суннати паёмбар (с) ба сароҳат Худоро ба сифати бениёзӣ васф кардаанд. Пас, лозимаи эътиқоди ашоира, такзиби Қуръону суннати паёмбар (с), ва такзиби онҳо куфр аст.

Ин буд шарҳу тавзеҳи гуфтори Ғаззолӣ. Иншоаллоҳ дар гуфторҳои баъдӣ, ба шарҳу тавзеҳи бақияи суханони Ғаззолӣ хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

1) Масалан, агар мо шахсе ба номи Зайдро бо сифати илм тавсиф карда бигӯем, ки “Зайд дорандаи сифати илм мебошад”, зоти Зайд (ки мавсуф аст) ғайри илм (ки сифат аст) мебошад. Пас “Зайди олим” мураккаб аз зот ва сифат хоҳад буд.

2) Зеро, аввалан Худои Субҳон басит аст, на мураккаб, ва сониян, агар ҳам фарз кунем, ки мураккаб аст, аз он ҷо ки ҳар мураккабе ниёзманд мебошад, таркиб бо бениёзии ӯ созгор нест.

3) Ҳодис, яъне аввал набуда ва баъдан ҳосил шуда. Масалан, агар касе ба номи Зайдро бо сифати илм тавсиф карда гӯем, ки “Зайд дорандаи илм аст”, ба ин маъност, ки аввал Зайд илм надошта, балки баъдан барояш чунин сифате ҳосил шуда, ба хилофи илми Худои Субҳон, ки қадим аст, яъне аз азал Худо илм дошта ва чунин набуда, ки зоти Худо буда, вале сифати илм надошта ва баъдан ин сифат барои ӯ пайдо шуда.

4) Ин ҷо лозим аст ба як нукта ишора намоем. Ва он ин ки ҳар ду гурӯҳ, ҳам мӯътазила ва ҳам ашоира, фарзро бар ин гирифтаанд, ки агар ҳар ҷо сифате пайдо шавад, бояд он сифат ғайр аз мавсуф (зот) ва зоид бар он бошад, ва фарзи сифатеро, ки бо мавсуфи (зоти) худ яке буда ва айни он бошад маҳол ва номумкин донистаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки мӯътазила исботи сифот барои Худоро ба ин далел, ки лозимааш таркиби Худои Субҳон аз зот ва сифат хоҳад буд, инкор ва “ниёбат” (ҷонишинӣ)-ро ба унвони роҳи ҳал матраҳ кардаанд.

Ва дар муқобил, ашоираро низ мебинем, ки барои гурез аз лузуми таркиб (дар сурати зоид донистани сифот бар зот), қоил ба якчандтоии қадимҳо (зоти қадим ба иловаи чанд сифоти қадим) шудаанд бе он ки миёни зот ва он сифот таркибе вуҷуд дошта бошад. Ва ҳам ин ки чун дидаанд, ки сифоти махлуқот ҳодис ҳастанд, қоил ба қадим будани сифоти Худо ҳамонанди қадим будани зоташ шудаанд то нақсе дар зоти Худои Субҳон пеш наояд.

Лозимаи қабули роҳи ҳалли мӯътазила (яъне назарияи ниёбати зот аз сифот) инкори сифоти зоти Ҳақ Таолост, ки на бо ақл созгор аст ва на бо сареҳи Қуръон ва ривоятҳо. Ва лозимаи қабули роҳи ҳалли Ашоира, на ин ки мушкилеро ҳал мекунад, балки бар мушкилот меафзояд, зеро бино бар ин назария, бояд мӯътақид бар навъе тааддуд (якчандтоӣ) шуд, ки бо руҳи тавҳидгароёнаи ислом созгорӣ надорад.

Илова бар ин, як мушкили дигареро низ ба дунбол меоварад. Ва он ин аст, ки Худои Субҳон, ки бино бар ин назария зоташ ғайр аз сифоташ фарз шудааст, дар мақоми огоҳӣ ба умур ва ё халқи онҳо, ниёзманд ба чизе ғайри зоташ хоҳад шуд. Зеро, ҳарчанд соҳибони ин назария қоил ба таркиби зот ва сифот нестанд, вале аз онҳо мепурсем, ки зоти муқаддаси Худо вақте бихоҳад ба чизе огоҳ ва ё чизеро халқ кунад, оё дар огоҳӣ ба он чиз ва ё халқи он, худи зоташ кофист, ё ин ки на, бояд огоҳӣ ёбад ба василаи илми худ, ки ғайри зоти ӯст ва ё халқ кунад ба василаи қудрати худ, ки ғайри зоти ӯст?

Ҳатман ҷавобашон ин аст, ки зоташ кофӣ нест, балки бо сифоташ чунину чунон мекунад. Пас, нохудогоҳ қоил ба ниёзмандии зоти Худо дар мақоми феъл ба чизе ғайри зоташ шудаанд, гар чӣ он чиз сифоти ӯ бошад.

Агар ин ду гурӯҳ, аз аввал фарзро бар ин намегирифтанд, ки ҳар ҷо сифат ва мавсуфе бошад, ҳатман сифат ғайр аз мавсуф аст, балки мавориде дорад, ки дар он, сифат айни зот буда ва ҳеҷ дугонагӣ ва ғайрияте байни зот ва сифат тасаввур нашавад, ҳалли мушкил барояшон ҳеҷ душворие надошт.

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: