Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (4)

Бахши чаҳорум

Имом Ғаззолӣ, баъд аз он ки ҳадду марзи куфру имонро тавзеҳ дод ва ёдовар шуд, ки бо ин ки ҳадду марзи куфру имон барои ҳамагон рӯшан аст, вале боз мебинем, макотиби мухталифи ақоидӣ якдигарро ба куфр нисбат медиҳанд, ба гуфтори хеш чунин идома дод:

التصديق: إنما يتطرق إلى الخبر، بل إلى المخبر

Тасдиқ дар ҳақиқат мутаваҷҷеҳи хабар аст, балки мутаваҷеҳи хабардиҳанда ҳам ҳаст”.

Шарҳ: Имом Ғаззолӣ мегӯяд, он ҷо, ки тасдиқ мекунем, дар воқеъ худи хабар мавриди тасдиқи мо қарор гирифтааст, аммо гоҳе худи хабардиҳанда ҳам мавриди тасдиқамон қарор мегирад. Масалан, агар як нафар ба номи Аҳмад ба мо бигӯяд: “Исмоили Сомонӣ поягузори давлати тоҷикон аст” ва мо ӯро тасдиқ намоем, ин тасдиқ, бо ин ки дар воқеъ тасдиқи муҳтавои хабар аст, вале гоҳе тасдиқи ин матлаб низ ҳаст, ки худи Аҳмад (хабардиҳанда) низ фарде ростгӯст.

Ҳол, Имом Ғазззолӣ шурӯъ ба баёни ҳақиқати тасдиқ мепардозад:

* * *

Ҳақиқати тасдиқ ва маротиби вуҷуд

Мегӯяд:

وحقيقته: الاعتراف بوجود ما أخبر الرسول صلى الله عليه وسلم عن وجوده، إلا أن للوجود خمس مراتب، ولأجل الغفلة عنها نسبت كل فرقة مخالفها إلى التكذيب، فإن الوجود: ذاتي، وحسي، وخيالي، وعقلي، وشبهي. فمن اعترف بوجود ما أخبر الرسول عليه الصلاة والسلام عن وجوده، بوجه من هذه الوجوه الخمسة، فليس بمكذب على الإطلاق

Ҳақиқати тасдиқ ин аст, ки мо ба вуҷуди он чи ҳазрати паёмбар (с) аз вуҷудаш хабар додааст эътироф кунем. Аммо вуҷуд, метавонад панҷ гуна бошад, ки ба сабаби ғафлат аз он, ҳар фирқае мухолифи худ дар андешаро ба такзиб нисбат додааст. Зеро вуҷуд; ё зотӣ аст, ё ҳиссӣ, ё хаёлӣ, ё ақлӣ ва ё шабаҳӣ. Пас, ҳар гоҳ касе ба сурате аз суратҳои панҷгонаи номбурда, ба вуҷуди он чи ҳазрати паёмбар (с) хабар додааст эътироф кунад, ӯ мутлақо такзибкунанда ба шумор намеояд”.

Шарҳ: Имом Ғаззолӣ мегӯяд, тасдиқи ҳазрати паёмбар (с) ва он чи эшон овардааст, ба ин сурат аст, ки мо ба гуфтаҳои он ҷаноб (с) ва ба он чи ҳазраташ (с) фармуда, эътироф кунем ва онҳоро рост бидонем. Масалан, вақте Қуръон бигӯяд, ва ё худи ҳазрати паёмбар (с) бигӯяд, ки Исро ва Меъроҷ дошт, ё фариштаи ваҳйе ҳаст ба номи Ҷабраил (а), ё дар охират тарозуе ҳаст, ки аъмоли бандагон бар он гузошта мешавад, ва ё оламе ҳаст ба номи барзах — ки одамӣ пас аз тарки ин дунё то барпоии қиёмат дар он ҷо хоҳад буд — ё Худо даст дорад, ва ё дар Арш қарор дорад ва ғайра… агар мо ба вуҷуди ин чизҳо эътироф кунем ва онҳоро рост донем, на дурӯғ, ин мешавад тасдиқ, вале агар Худой нокарда инҳоро дурӯғ ангорем, мешавад такзиб.

Матлаби муҳимме, ки Имом Ғаззолӣ дар ин гуфтор ба он ишора мекунад – ки дар воқеъ матлабест, ки адами огоҳӣ ба он, сабаб шуда, ки мазоҳиби ақоидӣ якдигарро ба такзиб ва дар натиҷа ба куфр нисбат диҳанд – ин, масъалаи гунаҳо ва суратҳои вуҷуд аст.

Мегӯяд, вуҷуди ҳар он чи ҳазрати паёмбар (с) хабар додааст, метавонад ба яке аз ин панҷ гунаҳои вуҷуд мавриди тасдиқ қарор гирад: зотӣ, ҳиссӣ, хаёлӣ, ақлӣ ва шабаҳӣ, ки ҳар якро баъдан таъриф хоҳад кард.

Мегӯяд, ҳеҷ фирқае аз фирқаҳои исломӣ, вуҷуди чизеро, ки ҳазрати паёмбар (с) гуфтааст, ба таври мутлақ инкор накардааст, ки агар чунон мекард, дар ин сурат, воқеан такзибкунандаи паёмбар (с) ба ҳисоб мерафт.

Инак, баёни ҳар як аз ин маротиб:

* * *

أما الوجود الذاتي: فهو الوجود الحقيقي الثابت خارج الحس والعقل، ولكن يأخذ الحس والعقل عنه صورة، فيسمى أخذه إدراكاً. وهذا كوجود السموات والأرض، والحيوان، والنبات، وهو ظاهر، بل هو المعروف الذي لا يعرف الأكثرون للوجود معنى سواه. وأما الوجود الحسي: فهو ما يتمثل في القوة الباصرة من العين، مما لا وجود له خارج العين، فيكون موجوداً في الحس، ويختص به الحاس، ولا يشاركه غيره، وذلك (كالحلم) الذي يشاهده النائم… قد تتمثل للأنبياء والأولياء في اليقظة والصحة صورة جميلة محاكية لجواهر الملائكة، ينتهي إليهم الوحي والإلهام بواسطتها، فيتلقون من أمر الغيب في اليقظة ما يتلقاه غيرهم في النوم، وذلك لشدة صفاء باطنهم، كما قال تعالى: «فتمثل لها بشراً سوياً»، وكما أنه عليه الصلاة والسلام رأى جبريل عليه السلام كثيراً، ولكن ما رآه في صورته إلا مرتين، وكان يراه في صور مختلفة يتمثل بها

Вуҷуди зотӣ: ҳамон вуҷуди ҳақиқӣ ва собит дар берун аз ҳиссу ақли одамӣ аст; ва ҳиссу ақли одамӣ сурате аз он бармегирад, ва ин суратгирӣ, идрок номида мешавад. Мисоли чунин вуҷуде, вуҷуди осмон, замин, ҳайвонот ва наботот аст, ва ин хеле рӯшан аст, балки он чи аз мафҳуми вуҷуд, ки назди мардум маъруфу машҳур аст, ҳамин мартиба аз вуҷуд аст, ва аксарияти мардум барои мафҳуми вуҷуд, ҷуз ин маъно намешиносанд.

Вуҷуди ҳиссӣ:

Ва аммо вуҷуди ҳиссӣ: вуҷудест, ки дар қувваи биноии одамӣ (яъне чашм) муҷассам мешавад ва дар берун аз ҳоссаи чашм, барои ин вуҷуд, вуҷуде нест, (балки дар берун аз ҳисс, шояд ба гунаи дигаре бошад). Пас, як чунин вуҷуде, танҳо дар ҳисс мавҷуд буда ва махсуси ҳосса аст, мисли он чи шахси хобида дар хоби худ мушоҳида мекунад…

Гоҳе барои паёмбарону авлиёуллоҳ, дар ҳолати бедорӣ ва тандурустӣ, сурати зебое муҷассам мегардад, ки нишондиҳандаи фариштагон аст (на воқеияти онҳо), ва ба воситаи ҳамин суратҳо ваҳйу илҳом ба эшон мерасад. Ва он гоҳ дар ҳолати бедорӣ, аз ғайб он чи дарёфт мекунанд, ки дигарон дар ҳолати хоб дарёфт мекунанд. Ва ин, ба хотири шиддати сафои ботини эшон аст, чунонки Худованди Мутаол фармудааст: “Мо ба сӯйи Марям руҳи худ (яъне фаришта)-ро фиристодем ва он гоҳ ба шакли одамӣ барои Марям намоён шуд”. (Сураи Марям, ояти 17) Ва ё он ҷо, ки ҳазрати паёмбар (с) ҳазрати Ҷабраил (а)-ро дидааст, зеро он ҷаноб (с), гарчи Ҷабраил (а)-ро бисёр дидааст, вале ба сурати воқеияш ҷуз ду бор надида, балки ӯро ба суратҳои гуногуни одамӣ, ки ба он шакл намоён мешуд, медид…”

Албатта қобили ёдоварӣ аст, ки Имом Ғаззолӣ дар ин ҷо — яъне дар мавриди вуҷуди ҳиссӣ — намехоҳад бигӯяд, вуҷуди ҳиссӣ вуҷудест, ки аслан дар хориҷ аз ҳисс дорои ҳеч воқеияте нест. Чунин чизе намегӯяд. Балки мегӯяд, он чи дар ҳисс зоҳир мешавад, вуҷудест, ки ба он сурате ки дар ҳисс зоҳир шудааст, фақат дар ҳисс аст, аммо дар берун аз ҳисс ин вуҷуд ба гунаи дигарест. Масалан, фариштагон, ки ба сӯйи паёмбарони илоҳӣ аз ҷониби Худои Таоло фиристода мешуданд, мисли мо одамиён мавҷудоти ҷисмонӣ нестанд, ки воқеияташон дорои шаклу сурату ин қабил ашё бошад, балки фариштагон мавҷудоти муҷаррад аз моддаву ҷисманд, ва аслан барои инсони моддӣ тасаввури мавҷуди муҷаррад маҳол аст. Мо наметавонем мавҷуди муҷаррадро тасаввур кунем, онҳо қабили тасаввур нестанд.

Ин ки ҳазрати паёмбар (с) Ҷабраили Амин (а)-ро ба шаклҳои гуногун медид, ин шаклҳо, ҳикоятгари ҳазрати Ҷабарил (а) буд, на воқеияти ӯ.

Руҳе, ки ба сӯйи ҳазрати Марям (а) аз ҷониби Худо фиристода шуд, худаш ба воқеияташ зоҳир нашуд, аслан маҳол аст, ки бо воқеияташ барои як одамӣ зоҳир шавад, балки дар баробари дидагони ҳазрати Марям (а) ба шакле намоён ва муҷассам гардид, ки шояд он шаклу сурат фақат пеши ҳоссаи ҳазрати Марям (а) падид омада бошад.

Дар идома Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

فإن كنت لا تصدق، فصدق عينك، فإنك تأخذ قبساً من نار كأنه نقطة، ثم تحركه بسرعة، حركة مستقيمة، فتراه خطاً من نار، وتحركه حركة مستديرة، فتراه دائرة من نار. والدائرة والخط مشاهدان، وهما موجودان في حسك، لا في الخارج عن حسك، لأن الموجود في الخارج، هي نقطة في كل حال… وأما الوجود الخيالي: فهو صورة هذه المحسوسات إذا غابت عن حسك، فإنك تقدر على أن تخترع في خيالك صورة فيل وفرس وإن كنت مغمضاً عينيك، حتى كأنك تشاهده، وهو موجود بكمال صورته في دماغك لا في الخارج. وأما الوجود العقلي: فهو أن يكون للشيء روح، وحقيقة، ومعنى، فيتلقى العقل مجرد معناه، دون أن يثبت صورته في خيال، أو حس، أو خارج، كاليد مثلاً، فإن لها صورة محسوسة ومتخيلة، ولها معنى هو حقيقتها، وهي القدرة على البطش. والقدرة على البطش هي اليد العقلية. وللقلم صورة، ولكن حقيقته ما تنقش به العلوم، وها ما يتلقاه العقل من غير أن يكون مقروناً بصورة قصب وخشب وغير ذلك من الصور الخيالية والحسية. وأما الوجود الشبهي: فهو أن لا يكون نفس الشيء موجوداً، لا بصورته ولا بحقيقته، لا في الخارج، ولا في الحس، ولا في الخيال، ولا في العقل، ولكن يكون الموجود شيئاً آخر يشبهه في خاصة من خواصه، وصفة من صفاته. وستفهم هذا إذا ذكرت له مثاله في التأويلات

Агар гуфтаи моро (дар мавриди вуҷуди ҳиссӣ) бовар накунӣ, ба чашмони худат, ки бовар дорӣ! Масалан, агар порае аз оташро, ки фақат як нуқта аст, ба дастонат бигирӣ ва он гоҳ бо суръат онро ба ҳаракати мустақим ба ҳаракат дароварӣ, мебинӣ, ки гӯи як хатт аз оташ бошад. Ва агар бо ҳамин суръат ба ҳаракати даваронӣ ба ҳаракат дароварӣ (яъне чарх бизанонӣ), мебинӣ, ки гӯи доирае аз оташ бошад. Ҳам доираро мебинӣ ва ҳам хаттро. Ва ин ду дар воқеъ пеши ҳисси ту мавҷуданд, аммо дар берун аз ҳисс, бо ҳамин шакл мавҷуд нестанд, балки ба шакли як нуқта мавҷуд ҳастанд.

Вуҷуди хаёлӣ:

Вуҷуди хаёлӣ: ҳамон сурати (боқимонда аз) чизҳои эҳсосшуда (яъне дидашуда, ё шунавидашуда, ё бӯидашуда, ё ламскардашуда ва ё чашидашуда) аст замоне ки аз ҳисси ту (ин маҳсусот) ғоиб ва нопадид мешаванд. Зеро ту (баъд аз нопадид шудани фил ва ё асп, ки дида будӣ масалан), метавонӣ дар хаёли худ сурате аз он фил ва ё асп ихтироъ кунӣ, гарчи ду чашмонатро баста бошӣ, ба гунае (пеши худ биёварӣ), ки гӯи онро мебинӣ. Пас, ин чунин вуҷуде, ба тамоми сураташ, фақат дар мағзи ту мавҷуд аст, на дар берун.

Вуҷуди ақлӣ:

Вуҷуди ақлӣ он аст, ки як чиз дорои ҳақиқат ва маъное бошад ва ақл танҳо маънои онро дарёфт кунад бидуни ин ки сурати он чиз дар хаёл, ё дар ҳисс ва ё дар берун аз ҳисс ҳосил шавад. Масалан, даст дорои сурати маҳсус ва хаёлӣ аст (ки ҳамон дастест, ки мову шумо бо чашмонамон ва ё дар зеҳн мебинем), вале ҳамин даст дорои як маъное ҳам ҳаст, ки ҳақиқаташ ҳамон аст, ва он, “қудрат бар анҷоми чизе” аст. “Қудрат бар анҷоми чизе”, ҳамон дасти ақлӣ аст. Қалам ҳам дорои шакл ва суратест (ки ба чашмонамон мебинем), вале ҳақиқати он, “он чи ба воситааш дониш нақш меёбад” аст. Ва ҳамин ҳақиқат аст, ки ақл онро дарёфт мекунад бидуни он ки ҳамроҳ бо сурати чӯбе ва ё ғайри он аз суратҳои хаёлӣ ва ё ҳиссӣ бошад.

Вуҷуди шабаҳӣ:

Вуҷуди шабаҳӣ он аст, ки як чиз на ба сураташ вуҷуд дошта бошад ва на ба ҳақиқаташ, на дар берун аз ҳисс, на дар ҳисс, на дар хаёл ва на дар ақл, балки мавҷуд чизи дигаре бошад, ки дар хоссияте аз хоссиятҳо ва ё сифате аз сифатҳояш шабеҳи вай бошад. Ба зудӣ ин маротибро он ҷо, ки бароят мисолҳояшро дар таъвилот мезанам хоҳӣ фаҳмид”.

* * *

Пас, то ин ҷо, гуфтори Имом Ғаззолӣ дар баёни маротиби вуҷудро нақл кардам, иншоаллоҳ вақте барои ҳар як аз ин вуҷуд мисол мезанад, масъала бароятон бештар рӯшан хоҳад шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: