Чӣ гуна Арабистони Саудӣ Дунолд Тромро бозӣ дод?

Ёддошти Фарид Закариё, таҳлилгари аршади омрикоӣ ва коршиноси ҳавзаи равобити байналмилал дар шабакаи CNN

Бомбгузории ин ҳафта дар шаҳр Манчестер дар Ангилис, яке дигар аз ҳаводиси талхе буд, ки ба мо гӯшзад кард, таҳдиди теруризми ифротӣ ҳамчунон идома дорад. Сафари Дунолд Тромп ба минтақаи Ховари Миёна нишон дод, ки ҳанӯз ҳам кишваре, ки ин теруризмро дар дунё интишор медиҳад, яъне Арабистони Саудӣ, тавонистааст аз зери бори масъулияти он фирор кунад. Дар воқеъ, Тромп ба Арабистони Саудӣ чароғи сабз нишон дод ва дасташро дар минтақа озод гузошт.

Ҳақоиқ равшан аст. Арабистони Саудӣ ба муддати панҷ даҳа нусхаи кӯтаҳбинона ва таҳаммулнопазирро дар саросари дунёи ислом тарвиҷ кардааст. Нусхае, ки дар ҳеч куҷои дигар иҷро намешавад. Усома бен Лодан ва 15 нафар аз 19 теруристи 11 сентябр тобеияти саудӣ доштанд. Бар асоси емайлҳои ифшошудаи Ҳилори Клинтун, вазири умури хориҷаи собиқи Омрико, мо медонем, ки дар солҳои ахир давлати Арабистони Саудӣ ва Қатар “аз ДОЪИШ ва соири гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа ҳимояти молӣ ва таҷҳизотии махфӣ кардаанд.”

Шаҳрвандони саудӣ дуввумин гурӯҳи бузурги ташкилдиҳандаи ҷангҷӯҳои хориҷӣ дар ДОЪИШ-ро ташкил медиҳанд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, ки шаҳрвандони саудӣ бештарин теъдоди теруристҳои ташкилдиҳанда дар Ироқ ҳастанд. ДОЪИШ боварҳои худро аз нусхаи ваҳҳобии исломи Арабистони Саудӣ гирифтааст. Ҳамон тавр, ки яке аз имомони ҷамоати собиқи масҷиди ҷомеъи саудӣ дар соли гузашта гуфт: “ДОЪИШ усули моро, ки дар китобҳоямон ёфт мешавад гирифт… Мо низ аз ҳамон мактаб пайравӣ мекунем, аммо онро ба шевае дигар ба кор мебандем.”

ДОЪИШ то замоне, ки тавонист барои мадорисаш китоби дарсӣ бинависад, аз кутуби дарсии Арабистони Саудӣ истифода мекард. Пули саудиҳо акнун дар ҳоли дигаргунии ислом дар Урупост. Гузоришҳои ифшошудаи сервисҳои иттилоотии Олмон нишон медиҳад, ки муассисоти хайрияи вобаста ба дафотири давлатии Арабистони Саудӣ, Қатар ва Кувайт, дар ҳоли таъмини молии масоҷид, мадорис ва имомҳои ҷамоат дар кишвари Олмон ҳастанд, то нусхаи таҳаммулношудании исломро дар саросари Олмон интишор диҳанд.

Горлуто Гол (Carlotta Gall), нависандаи рӯзномаи New York Times, ин фарояндро дар кишвари Кузуво (Косово) тавсиф мекунад, ки ба хотири он як суннати 500-солаи исломи миёнарав ва мӯътадил дар ҳоли аз байн рафтан аст. Вай менависад: “Имомони ҷамоати тарбиятшудаи саудӣ, аз пойгоҳҳои худ усул ва боварҳои ваҳҳобиятро тарвиҷ мекунанд; қонуни шариат ва дидгоҳҳои ҷиҳодӣ ва такфирии хушунатомез — ки куштани мусалмононе, ки “бидъатгузор” ҳастанд (ба назари ваҳҳобиҳо албатта) ва тафсири саудиҳо аз исломро қабул надоранд — бар ҳар асли дигар тарҷеҳ дода мешавад… Кӯмаки молии хайрияӣ ба ин шароит кӯмак кардааст. Ба хонаводаҳо дастмузди моҳиёна пардохт мешавад ба шарти он ки ба мавъизаҳои имомони масҷид гӯш дода шавад.”

Давлати Арабистони Саудӣ шурӯъ ба кунд кардани бисёре аз иқдомоти фоҳиши худ кардааст. Акнун ин кишвар амалан тавассути шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, ҷонишини валиаҳд идора мешавад; касе, ки ба назар фарде амалгаро ва ба сабку сиёқи Шайх Муҳаммад бен Рошид ал-Мактум, раҳбари Дубай аст. Аммо то кунун қисмати аъзами ислоҳот дар Арабистони Саудӣ ба сиёсати иқтисодӣ беҳтар анҷомидааст ва на ба гусаст аз созмон ва ниҳоди ҳокими мазҳабии он.

Суханронии Тромп дар мавриди ислом каме бо қабл тағйир карда буд ва мусалмононро қурбонии теруризми ҷиҳодӣ хонд. Вай замоне, ки гуфт, “ҳеч сӯҳбате дар бораи поён додан ба ин таҳдид комил нахоҳад шуд, магар ин ки ба давлате, ки ба теуристҳо иқоматгоҳи амн, кӯмаки молӣ ва иҷтимоӣ барои ҷазби нерӯ медиҳад, ишора шавад”, дар воқеъ сурати масъаларо пок кард.

Тромп дар мавриди мизбони худ, яъне Арабистони Саудӣ, сӯҳбат намекард, балки аз Эрон сухан мегуфт. Акнун агар бихоҳем шаффоф сӯҳбат кунем, бисёр нодуруст аст, ки Эронро ба унвони маншаи теруризми ҷиҳодӣ тавсиф кунем. Бар асоси таҳлили “Пойгоҳи додаи теруризми ҷаҳонӣ” мутаъаллиқ ба “Донишкадаи Лиф Венор Кинги Ландан” (Global Terrorism Database by Leif Wenar of King’s College London), беш аз 94 дарсад аз маргҳоеро, ки теруризми ифротӣ аз соли 2001 ба бор овардааст, ДОЪИШ, Алқоъида ва соири гурӯҳҳои ҷиҳодии муртабит бо Арабистон муртакиб шудаанд. Эрон бо ин гурӯҳҳо мубориза мекунад ва на ин ки ба онҳо кӯмак мекунад.

Тақрибан ҳамаи ҳамалоти теруристӣ дар ғарб, ба навъе бо Арабистони Саудӣ иртибот доранд. Тақрибан ҳеч кадомашон бо Эрон иртибот надоранд. Тромп аз дидгоҳи Арабистони Саудӣ ба масъалаи тарруризм нигоҳ мекунад. Дидгоҳе, ки подшоҳии саудиро табриа мекунад ва тақсирро ба гардани Эрон меандозад. Саудиҳо таваҷҷӯҳи музокиракунандагони бетаҷрибаи Тромпро ба қарордодҳои таслиҳотӣ ва кӯмакҳои молӣ ба сандуқи бонки ҷаҳонӣ маътуф карданд. (Сандуқи бонки ҷаҳониро Ивонко Тромп идора мекунад). Тромп замоне, ки номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико буд, дар паёме дар Фейсбук дар соли 2016 навишт: “Арабистони Саудӣ ва бисёре аз кишварҳое, ки пули ҳангуфте ба бунёди Клинтун медиҳанд, занонро барда медонанд ва ҳамҷинсбозонро мекушанд. Ҳилори бояд ҳамаи ин пулҳоеро, ки дарёфт кардааст, бозгардонад!

Washingtonpost



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: