Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (5)

Бахши панҷум

Мисол барои вуҷуди ҳиссӣ ва вуҷуди хаёлӣ

Имом Ғаззолӣ дар ин фасл аз гуфтораш, барои ҳар як аз гунаҳои вуҷуд, ки дар баҳси пешин ба онҳо ишора кардем, мисол мезанад.

Дар робита бо вуҷуди зотӣ, ки Имом Ғаззолӣ гуфта буд, вуҷуди зотӣ ҳамон вуҷуди ҳақиқӣ ва собит дар берун аз ҳиссу ақли одамист, мисоле намезанад, ва ниёзе ҳам нест, ки мисол оварад. Зеро, маҷоли вуҷуди хориҷӣ маҷоли таъвилу тафсир нест. Агар ҳазрати паёмбар (с) бигӯяд, фариштае ҳаст, арше ҳаст, курсие ҳаст, охирате ҳаст ва ғайра… ҳар мусалмоне, чи ашъарӣ бошад ва чӣ мӯътазилӣ, чӣ салафӣ бошад ва чи шиъа, ҳама ба вуҷуди ин чизҳо эътироф менамоянд ва вуҷуд доштани онҳоро тасдиқ мекунанд. Мусалмоне нест, ки вуҷуди ин мавҷудотро инкор кунад, чун аз забони Қуръону забони ростгӯйтарини мардумон, ки ҳазрати паёмбар (с) бошад содир шуда.

Ҳоло, агар мо наметавонем даркашон кунем ва бароямон қобили тасаввур нестанд, ин ҷо дигар кӯтоҳӣ аз мо одамиён аст, ки қобилияти дарки онҳоро надорем. Қарор ҳам нест инсон ҳар чиро, ки натавонад дарк кунад, инкораш намояд. Хеле аз чизҳо ҳаст, ки барои ҳавосси инсон қобили дарк нестанд, аммо дар воқеъ вуҷуд доранд, мисли вуҷуди худи ҳазрати парвардигор, ки ҳеч инсоне он зоти покро наметавонад дарк кунад.

Ва аммо мисолҳо барои гунаҳои дигари вуҷуд, яъне вуҷуди ҳиссӣ, хаёлӣ, ақлӣ ва шабаҳӣ фаровон аст, ва ин ҷоҳост, ки макотиби ақоидӣ, дар асари адами дарки манзури тарафи муқобил, якдигарро такфир кардаанд.

Инак, аз забони худи Имом Ғаззолӣ ба онҳо гӯш месупорем:

* * *

Ду мисол барои вуҷуди ҳиссӣ

وأما الوجود الحسي: فأمثلته في التأويلات كثيرة، وأكتفي منها بمثالين: أحدهما: قول الرسول صلى الله عليه وسلم: «يؤتى بالموت يوم القيامة في صورة كبش أملح فيذبح بين الجنة والنار». فإن من قام عنده البرهان على أن الموت عرض، أو (عدم عَرَض)، وأن قلب العرض جسماً مستحيل غير مقدور، ينزل الخبر على أن أهل القيامة يشاهدون ذلك ويعتقدون أنه الموت، ويكون ذلك موجوداً في حسهم، لا في الخارج، ويكون سبباً لحصول اليقين باليأس من الموت، بعد ذلك، إذ المذبوح ميئوس منه. ومن لم يقم عنده هذا البرهان، فعساه يعتقد أن نفس الموت ينقلب كبشاً في ذاته ويذبح

Ва аммо вуҷуди ҳиссӣ (ки гуфта буд, вуҷуди ҳиссӣ, вуҷудест, ки дар ҳоссаи чашм муҷассам мешавад, аммо дар берун аз ин ҳосса, барои ин вуҷуд, вуҷуде нест, балки дар берун шояд ба гунаи дигаре бошад), мисолҳояш дар таъвилот фаровон аст, ки танҳо бо овардани ду мисол басанда мекунем:

Мисоли аввал:

Ин гуфтори ҳазрати паёмбар (с), ки фармудааст: “Рӯзи қиёмат маргро ба сурати як барраи нари хокистарӣ меоваранд, ва он гоҳ байни биҳишту дӯзах сарашро мебуранд”. Дар ин ҷо касе, ки барояш бурҳони ақлӣ бар ин матлаб барпо шуда бошад, ки марг араз аст, ва табдили араз ба ҷисм маҳол ва номумкин аст, дар ин сурат, гуфтори номбурдаро чунин тафсир мекунад, ки аҳли қиёмат сурати барраро мушоҳида мекунанд ва мӯътақид мешаванд, ки марг аст. Ва ин сурат (яъне сурати барраи нари хокистарӣ), фақат дар ҳисси эшон мавҷуд мешавад, на дар хориҷ аз ҳисс, ва он гоҳ (ин мушоҳида) боиси ҳусули яқин ба ноумедӣ аз марг мегардад; зеро чизе ки сар бурида мешавад, дигар инсон аз он ноумед аст (яъне дар қиёмат дигар марге нест). Аммо касе, ки барояш чунин бурҳон (ки марг араз аст ва табдили араз ба ҷисм маҳол аст) барпо нашуда бошад, шояд мӯътақид аст, ки худи марг ба баррае мубаддал шуда ва он гоҳ сараш аз тан бурида хоҳад шуд”.

Шарҳ: Ин ҷо каме ниёз ба шарҳу тавзеҳ дорад. Имом Ғаззолӣ барои вуҷуди ҳиссӣ мисол мезанад. Мегӯяд, ин ки ҳазрати паёмбар (с) фармудаанд, ки марг ба сурати як барра дар рӯзи қиёмат оварда шуда ва сараш аз тан ҷудо карда мешавад, то ҳамагон дигар мутмаин бошанд, ки дигар марге нест, яъне дар қиёмат маргу мире нест, ин гуфтор, мавриди тасдиқу эътирофи ҳамаи мусалмонон аст. Аммо бо як тафовут.

Ва ин тафовут ин аст, ки мусалмоне ҳаст, ки медонад, марг араз аст, на ҷавҳар. Ҷавҳар ба чизе мегӯянд, ки вуҷудаш қоим ба худаш аст ва барои таҳаққуқ ёфтан, ба чизи дигаре эҳтиёҷ надорад мисли ҷисм. Аммо араз он аст, ки вуҷудаш вобаста ва қоим ба чизи дигар аст, мисли ранг. Бибинед, сурхӣ, ки навъе ранг аст, вақте мехоҳад таҳаққуқ ёбад, чунин нест, ки худаш таҳаққуқ ёбад, балки ҷисме бояд бошад, ки ранг ба он ориз гардад. Аммо он чи араз ба он ориз мешавад, ҷавҳар аст, ки дар таҳаққуқ ёфтан, ниёз ба чизе надорад.

Агар хеле ба забони содда баён бикунем, метавонем ҷавҳарро ба зот, ва аразро ба сифат таъбир кунем. Масалан, мо дар хориҷ, агар касе дошта бошем ба номи Аҳмад, ки шуҷоъ бошад, худи Аҳмад зот аст, ва шуҷоат сифати ӯ. Сифати шуҷоат, ки як воқеият аст, барои он ки дар хориҷ таҳаққуқ ёбад, чунин нест, ки худаш таҳаққуқ биёбад, балки як зоте лозим аст, ки бояд ба он ориз шавад. Аммо худи зот, барои таҳаққуқ, ба чизе ниёз надорад.

Матлаби дигар он ки: дар ҷои худаш собит шудааст, ки як араз наметавонад табдил ба ҷавҳар гардад, ин кор маҳол аст, мисли он ки мегӯем, маҳол аст “ду зарб дар ду панҷ” шавад.

Матлаби севвум ин: ки барои ҳамагон рӯшан аст, ки марг араз аст, на ҷавҳар. Марг бар касе ориз мешавад, на ин ки ба худии худ дар хориҷ таҳаққуқе пайдо кунад.

Ҳоло, Имом Ғаззолӣ мегӯяд, ин мусалмоне, ки барояш як чунин бурҳони ақлие бар маҳол будани табдили араз ба ҷавҳар барпо шудааст, ин гуфтори ҳазрати паёмбар (с)-ро на ин ки инкор кунад, балки онро чунин тафсир мекунад, ки аҳли қиёмат, ки маргро ба сурати барра мушоҳида мекунанд, чунин нест, ки воқеан марг ба як барра табдил шуда бошад, чун ин кор маҳол аст, зеро марг араз аст, ва барра ҷавҳар, балки он чи ба сурати барра мушоҳида мекунанд, вуҷуди ҳиссӣ аст, ки фақат дар ҳоссаи онон намоён мешавад, аммо дар хориҷ аз ҳоссаи эшон, марг ҳамон марг аст.

Аммо касе, ки барояш чунин бурҳоне қоим нашудааст, шояд мӯътақид бошад, ки марг воқеан ба баррае тадбил шуда ва сар аз танаш ҷудо мегардад.

Имом Ғаззолӣ мехоҳад чунин натиҷа бигирад, ки шояд дастаи дуввум дастаи аввалро кофир шуморанд ба ин гумон, ки онон гуфтори ҳазрати паёмбар (с)-ро такзиб мекунанд, ки марг ба сурати баррае дар рӯзи қиёмат оварда шуда ва сар аз танаш ҷудо мешавад, ва такзиби паёмбар (с) ҳам, ки куфр аст.

Имом Ғаззолӣ мегӯяд, дастаи аввал паёмбар (с)-ро такзиб намекунанд, балки каломи он ҷаноб (с)-ро тафсир мекунанд. Такзиб ҷойест, ки мусалмон аз реша вуҷуди як чунин чизеро мункир шавад. Яъне он барра, на ба вуҷуди зотӣ мавриди тасдиқаш бошад, на ба вуҷуди ҳиссӣ, на ба вуҷуди хаёлӣ, на ба вуҷуди ақлӣ ва на ба вуҷуди шабаҳӣ.

Ҳоло, ба мисоли дуввуми Имом Ғаззолӣ таваҷҷӯҳ кунед:

* * *

Мисоли дуввум

المثال الثاني: قول رسول الله صلى الله عليه وسلم: «عرضت علي الجنة في عرض هذا الحائط». فمن قام عنده البرهان على أن الأجسام لا تتداخل، وأن الصغير لا يسع الكبير، حمل ذلك على أن نفس الجنة لم تنتقل إلى الحائط، لكن تمثل للحس صورتها في الحائط، حتى كأنه يشاهدها. ولا يمتنع أن يشاهد مثال شيء كبير في جرم صغير، كما نشاهد السماء في مرآة صغيرة، ويكون ذلك إبصاراً مفارقاً لمجرد تخيل صورة الجنة؛ إذ تدرك التفرقة بين أن ترى صورة السماء في المرآة، وبين أن تغمض عينيك فتدرك صورة السماء في المرآة على سبيل التخيل

Ин гуфтори ҳазрати паёмбар (с), ки мефармояд: “Биҳишт бар ман арза шуд дар арзи ин девор”. Дар ин ҷо касе, ки барояш бурҳони ақлӣ бар ин матлаб қоим шуда бошад, ки ҷисмҳо дар як дигар тадохул намекунанд, ва чизи кучак наметавонад чизи бузургеро дар худ бигунҷонад, дар ин сурат, гуфтори номбурдаро ҳамл бар ин менамояд, ки худи биҳишт ба девор мунтақил нашудааст, балки барои ҳисс сурати биҳишт дар он девор намоён гарида ба гунае ки гӯи онро мушоҳида мекарда бошад. Ва маҳол ҳам нест, ки мисоли чизи бузурге, дар як ҷирми кучак мавриди мушоҳида қарор гирад, ҳамон тавре ки осмонро дар як ойинаи кучаке мушоҳида мекунем, ва албатта чунин мушоҳидае фарқ дорад бо тахайюли биҳишт (дар хаёлгоҳ), зеро ки ту худ фарқро миёни ин ки сурати осмонро дар ойина мушоҳида кунӣ ва миёни он ки чашмонатро бибандӣ ва сурати осмонро дар ойина ба гунаи тахайюл пеши худ биёварӣ, некӯ дарк мекунӣ”.

Як мисол барои вуҷуди хаёлӣ

وأما الوجود الخيالي: فمثاله قوله صلى الله عليه وسلم: «كأني أنظر إلى يونس بن متى عليه عباءتان قطوانيتان، يلبي وتجيبه الجبال، والله تعالى يقول له: لبيك يا يونس». والظاهر أن هذا إنباء عن تمثيل الصورة في خياله، إذ كان وجود هذه الحالة سابقاً على وجود رسول الله صلى الله عليه وسلم، وقد انعدم ذلك، فلم يكن موجوداً في الحال. ولا يبعد أن يقال أيضاً: تمثل هذا في حسه حتى صار يشاهده كما يشاهد النائم الصور، ولكن قوله: (كأني أنظر) يشعر بأنه لم يكن حقيقة النظر، بل كالنظر. والغرض التفهيم بالمثال، لا عين هذه الصورة

Ва аммо вуҷуди хаёлӣ, мисолаш ин фармудаи ҳазрати паёмбар (с) аст, ки мефармояд: “Гӯи ман ба Юнус ибни Матто менигарам, ки бар танаш ду абои (ҷомаи) сафеди кӯтоҳ дорад ва талбия мегӯяд ва кӯҳҳо ӯро иҷобат мекунанд, ва Худои Таоло ба ӯ мегӯяд: Лаббайк, эй Юнус!

Зоҳири ривоят он аст, ки ин, хабар додани ҳазрати паёмбар (с) аст аз муҷассам гардидани он сурат дар хаёлгоҳи он ҷаноб (с). Зеро ки вуҷуди як чунин ҳолате қабл аз вуҷуди он ҳазрат (с) буд ва инак аз байн рафтааст, ва дар он замоне ки расулуллоҳ (с) буданд, мавҷуд набуд. Ба дур нест, ки дар мавриди ин ҳадис чунин ҳам гуфта шавад, ки ин манзара дар ҳисси он ҷаноб (с) намоён гардид ба гунае ки онро мушоҳида мекард чунон ки шахси хобида суратҳоеро дар хоб мебинад. Аммо ин гуфтааш, ки мефармояд: “Гӯи ман менигарам…”, чунин мерасонад, ки ин мушоҳида нигаристани ҳақиқӣ набудааст, балки шабеҳ ва монанди нигаристан будааст, ва ҳадаф, фаҳмонидани матлаб будааст бо мисол, на айни он сурат…

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: