Афроде, ки танҳо ояте аз Қуръон дигаргунашон сохта

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар порае аз оятҳои қуръонӣ, Худованди Мутаол ин китоби илоҳиро ба унвони раҳмат ва шифо барои иддае аз мардумон ва мояи зиён ва хусрон барои иддае дигар муаррифӣ кардааст. Ба сухани дигар, Қуръони Карим, ин паёми осмонӣ, мисли борон аст, ки барои ҳамаи заминҳо меборад ва миёни онҳо табъизе қоил нест, вале замине аз оби борон баҳра мегирад ва истифода мебарад, ки қобил бошад, ва аммо он, ки қобил нест ва шӯр аст, бориши борон суде барояш намебахшад.

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ وَلاَ يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إَلاَّ خَسَارًا

Ва мо он чиро барои мӯъминон мояи дармон ва раҳмат аст, аз Қуръон нозил мекунем, вале ситамгаронро ҷуз зиён намеафзояд”. (Сураи Исро, ояти 82)

Пас, агар мебинем, Қуръони Карим барои иддае таъсире намебахшад, иллат дар худи онҳост, ки қобил нестанд, ҳол ё ба далели олуда будан ба гуноҳон, ё ба далели ситамгар будан (чунонки ҳамин оят ба он ишора дорад) ва ё ин ки аслан тараф аз аввал намехоҳад аз ин китоб баҳра ҷӯяд, яъне аз ибтидо мавзеъи манфӣ дар баробари он бармегирад. Вагарна, инсон агар “бихоҳад” – ки хостан худаш замина пайдо кардан аст ҳатто агар фарде гунаҳкор буда бошад – Қуръон хештанро бар ӯ мегушояд.

Мо дар таърих, афродеро суроғ дорем, ки чун заминаи баҳра ҷустан аз ҳидоят ва роҳнамоии Қуръони Карим дар вуҷудашон буд, на ин ки ҳамаи Қуръон ва ё нисфе аз онро хонда ва сипас ҳидоят ёфта бошанд, балки танҳо ояте аз Қуръони Карим, ки ба гӯшашон хӯрд, ҳамон лаҳза мунқалиб ва дигаргун шудаанд. Дар зайл ба чанд намуна ин афрод ишора мешавад:

* * *

Аллома Замахшарӣ дар тафсири “Кашшоф”-и худ аз Асмаъӣ нақл мекунад, ки аз масҷиди Басра берун омадам, ногаҳон чашмам ба як араби биёбонӣ афтод, ки бар маркабаш савор буд. Вақте бо ман рӯбарӯ шуд, гуфт: аз кадом қабилаӣ? Гуфтам: аз Банӣ Асмаъ. Гуфт: аз куҷо меойӣ? Гуфтам: аз он ҷо, ки сухани Худованди Раҳмон (Қуръони Карим)-ро мехонанд. Гуфт: барои ман ҳам бихон!

Ман оятҳое аз сураи Зориётро барои ӯ тиловат кардам, то ба ояти:

وَفِي السَّمَاء رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ

(“Ва рӯзии шумо ва он чи ваъда дода шудаед, дар осмон аст”. (22)) – расидам, гуфт: кофист! Ва бархост ва шутуре, ки бо худ дошт қурбонӣ кард ва гӯшти онро дар миёни ниёзмандон тақсим намуд, шамшер ва камонашро низ шикаст ва канор андохт ва рафт.

Ин достон гузашт. То ин ки ман (Асмаъӣ) бо Ҳорунаррашид ба зиёрати хонаи Худо рафтем. Машғули тавоф будем, ки ногаҳон дидем, касе бо садои оҳиста маро фаро мехонад. Нигоҳ кардам, дидам ҳамон марди араб аст. Лоғар шуда ва ранг аз сураташ паридааст. Пайдо буд, ки ишқи оташин бар ӯ чира гашта ва ӯро беқарор сохтааст. Вақте маро дид, салом кард ва гуфт: бори дигар ҳамон сураи Зориётро бароям бихон! Ҳангоме, ки ба ҳамон оят расидам, фарёд зад ва гуфт: мо ваъдаи Худои худро ба хубӣ ёфтем! Сипас гуфт: оё баъд аз ин ҳам ояте ҳаст? Ман ояти баъдро хондам:

فَوَرَبِّ السَّمَاء وَالْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِّثْلَ مَا أَنَّكُمْ تَنطِقُونَ

(“Пас, савганд ба парвардигори осмон ва замин, ки воқеан Ӯ ҳақ аст, ҳамон гуна ки худи шумо сухан мегӯед”. (23)).

Бори дигар фарёд зад ва гуфт:

یا سبحان الله من ذا الّذی أغضب الجلیل حتی ألجأه الی الیمین

Яъне, “Пок ҳаст Худой! Чӣ касе ӯро ба хашм оварда, ки савганд ёд мекунад!” Оё сухани ӯро бовар накарданд, ки ночор аз қасам шуда?!

Ин ҷумларо се бор такрор кард ва бар замин афтод ва мурғи руҳаш ба сӯйи ошёни малакут парвоз кашид.

* * *

Ҳикояте дигар:

Дар ҳадис омадааст, марде назди ҳазрати паёмбар (с) омад ва гуфт: аз он чи Худованд ба ту ёд дода ба ман биёмӯз! Паёмбар (с) сураи Зилзолро барои ӯ хонд. То ба ин ояти шарифа расид:

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ. وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

Касе, ки ҳамвазни заррае некӣ кунад, натиҷаи онро хоҳад дид. Ва ҳар ки ҳамвазни заррае бадӣ кунад, натиҷаи онро хоҳад дид”. (7-8)

Ӯ гуфт: ҳамин оят ё ҳамин сура маро кифоят мекунад! Паёмбар (с) дар бораи ӯ фармуданд:

“Ӯро ба ҳоли худаш вогузоред

رجع فقیها

Ӯ фақеҳ шуд ва бозгашт”.

(Манбаъ: Тафсири Амсал, зайли ояти фавқ)

* * *

Ҳикояти севвум:

Фузайл ибни Аёз, марде роҳзан буд, бар сари роҳи корвонҳои тиҷорӣ қарор мегирифт ва бо зӯр ва таҳдид амволи корвониёнро ба ғорат мебурд, дузде қаҳҳор ва чирадаст буд ва тамоми мардум ӯро бо ҳамин сифот мешинохтанд. Ӯ аз роҳи дуздӣ амволи фаровонеро ба даст оварда буд ва аз вазъи молии муносибе бархӯрдор буд. Шабе барои дуздӣ ба хонае ворид шуд.

Соҳиби манзил дар ҳоли қироати Қуръон буд. Фузайл рӯйи девори манзил қарор гирифт. Ҳамин, ки хост вориди хона шавад, қироати Қуръони соҳиби манзил таваҷҷӯҳашро ҷалб намуд. Соҳиби манзил ин оятро тиловат кард, ки:

أَلَمْ يَأْنِ لِلَّذِينَ آمَنُوا أَن تَخْشَعَ قُلُوبُهُمْ لِذِكْرِ اللَّهِ

Оё вақти он нарасидааст, ки қалбҳои касоне, ки имон овардаанд, бо ёди Худо хошеъ ва фурӯтан шавад?!” (16)

Фузайл ибни Аёз бо шунидани ин оят, тамоми вуҷудаш шӯълавар шуд ва аз девор пойин омад ва мисли ин ки ин оят бар ӯ нозил шуда бошад, таҳти таъсир қарор гирифт ва саранҷом аз олами ҳайвонӣ ба олами инсонӣ даромад ва дар ҷамъи мӯъминони ҳақиқӣ қарор гирифт. Вай бо як тасмими ҷиддӣ, аз тамоми гуноҳони худ тавба кард ва даст аз қимору шаробу шаҳватронӣ кашид ва то ҷойе, ки соҳибони амволи ба даст омада аз роҳи дуздиро мешинохт розӣ кард ва амволро бозгардонд, ба тавре, ки имрӯза дар ирфон ӯро дар зумраи зуҳҳоди бузург ба ҳисоб меоваранд.

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: