Охирин бозии Бжезинский; мушовире, ки ноҷӣ нашуд

Ёддошти Серги Борсиқиён

Яке аз аксҳои мондагори олбуми (албоми) музокироти сулҳи Камп-Дэвид, Збигнев Бжезинский (Zbigniew Brzezinski) мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида дар давраи риёсати ҷумҳурии Ҷими Кортерро нишон медиҳад хира ба сафҳаи шатранҷ, нишаста рӯбарӯи Менохим Бегин, нахуствазири Исроил. Ҳар ду мутаваллиди Лаҳистон (Полша), яке роҳёфта ба муҳимтарин мақоми амниятии Кохи сафеди Омрико ва дигаре роҳёфта ба дафтари нахуствазирии Исроил. Дар ҳошияи музокироти сулҳи аъроб ва Исроил, вақти чидани мӯҳраҳо, Бегин ба Бжезинский мегӯяд, ки охирин бор, ки шатранҷ бозӣ карда 38 сол пеш буда. Ва ҳамин ҳарф мӯҷиб шуд, Бжезинский ӯро дастикам бигирад ва бо як иштибоҳ бибозад. Бжезинский фавран хост, ки як бори дигар бозӣ кунанд. Ин бор ҷиддитар бозӣ кард ва ба содагӣ бурд.

Ин мушовири амниятӣ баъд аз ҳар шикасте мехост дубора бозӣ кунад. Ҳатто вақте дар 25-уми апрели 1980, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои омрикоӣ дар ҷараёни “Амалиёти наҷот” дар саҳрои Табас (дар Эрон) замингир шуданд, ҳамроҳи онҳо шишаи умри давлати демукроти Кортер низ ба замин хӯрд ва шикаст. Гари Сик (Gary Sick), ҳамкори бонуфузи Бжезинский, ӯро аз як бозии ҷадид барои озодии гаравгонҳои омрикоӣ дар Теҳрон барҳазар медорад: “Амалиёти ҷадид бояд муваффақ шавад, вагарна вазъро аз ин ки ҳаст, бадтар мекунад”. Аз ҷумлаи мушкилоти ин амалиёт, набуди иттилооти дақиқ дар бораи маҳалли нигаҳдории гаравгонҳо буд.

Қалби ин муборизаҷӯи хастагинопазир, ошиқи мусобиқа ва рақобат ва бурдан, асри ҷумъа (26 майи 2017) дар 89-солагӣ аз кор истод. Ба гуфтаи духтараш Мико, ӯ дар “оромиш” даргузашт. Аммо давраи масъулияти ӯ дар давлати Кортер, бо оромиш нагузашт. Ин ду — Бжезинский ва Кортер — ду шахсияти ҷудогона доштанд, ва ба навиштаи Гари Сик, “ҳаргиз наметавонистанд дӯсти наздики ҳам бошанд, аммо метавонистанд мукаммили ҳам бошанд. Кортер аз вазъи мавҷуд норозӣ буд ва метавонист аз қудрати худ барои тағйири авзоъ истифода кунад. Бжезинский марде буд бо энержии бепоён, ки доим ба дунболи тарҳҳои ҷадид мерафт. Ӯ пайваста ақоиди наверо матраҳ мекард ва барои найл ба онҳо, дар қайду банди шароити мавҷуд боқӣ намемонд. Шояд Кортер ақоиди ӯро бештар аз он ки пазируфта бошад, рад карда бошад, аммо навовариҳои ҷасуронаи ӯро арҷ мениҳод”.

Шоҳи Эрон ҳам дар рӯзҳои бӯҳрон, гирандаи ду паём аз Омрико буд, ки аз ҳамин тафовути дидгоҳи Кортер ва мушовираш бармехост. Як тафаккур мегуфт, шоҳ бояд озодиҳоро афзоиш диҳад ва дигаре мӯътақид ба сиёсати мушти оҳанин буд, яъне сарбоз бифиристем ва он қадр одам бикушем, ки нооромиҳои Эрон дигар барои ҳамеша тамом шавад. Бжезинский тарафдори мушти оҳанин буд, вале Кортер намепазирфт ва ҳозир ба қабули чунин иқдоме набуд. Натиҷа ин шуд, ки Бжезинский бо Ардашери Зоҳидӣ тамос мегирифт ва барномаи худашро ба шоҳ медод ва он тараф диплумотҳои вазорати хориҷа аз тариқи Вилём Соливон (William Sullivan), сафири Омрико дар Теҳрон, шоҳро ба эътидол ва миёнаравӣ ташвиқ мекарданд.

Ҳенри Прект (Henry Precht), масъули мизи Эрон дар вазорати хориҷаи Омрико дар давраи инқилоби Эрон, ҳосили ин тавсияҳои мутаноқизро гиҷ шудани шоҳ дониста, ки аз Бжезинский як хатт мегирифт ва аз Соливон хатти дигар ва намедонист бояд чӣ кунад? Ин тавсияҳо барои шоҳи Эрон буд, ки чанд моҳ қабл Кортер дар сафар ба Теҳрон онро “ҷазираи субот” номида буд. Ба ҳамин далел навиштаанд, ки дарки Бжезинский аз масоили Ховари Миёна ҳаргиз ба пойи фаҳми ӯ аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ нарасид.

Шоҳ дар давраи саргардонӣ ҳам, паёмҳои мутаноқизе мегирифт. Бжезинский аз рӯгардонии Омрико ба муттаҳиди наздики худ нохушнуд буд, вале посухи Кортер ба ӯ ин буд: “Оё мехоҳӣ шоҳи Эрон дар Омрико теннисбозӣ кунад, дар ҳоле ки шаҳрвандони Омрико дар Теҳрон дуздида ё кушта шаванд?

Аввали ноябри 1979, се давлатмарди эронӣ (Маҳдии Бозаргон, нахуствазир, Мустафо Чамрон, вазири дифоъ ва Иброҳими Яздӣ, вазири хориҷа) дар мулоқот бо Бжезинский дар Алҷазоир, аз ӯ хостанд “шоҳро ба онҳо бидиҳад”. Яздӣ яке аз он “се фарди оқил ва фаҳмида” ба таъбири Бжезинский, ки ӯро сахт таҳти таъсир қарор доданд, гуфта буд, ки ҳузури шоҳ дар Иёлоти Муттаҳида давлати Эронро озор медиҳад, аммо танҳо се рӯз пас аз он дидор, сафорати Омрико дар Теҳрон ишғол шуд ва давлати Бозаргон истеъфо дод. Ин оғози бӯҳрони бузург барои Кортер буд.

Кортер бомдоди якшанбе 4 ноябри 1979 соати 5:10 аз тариқи телефони қирмизи рӯи мизи кораш хабарро гирифт. Аввал ҷиддӣ нагирифт, чун фикр кард монанди ишғоли сафорат дар 14 феврали 1979 мавзӯъ хатми ба хайр мешавад ва ҳеч тасаввур надошт, ки ин шурӯъи як бӯҳрони 444-рӯза аст. Бжезинский раиси як гурӯҳи кучаки ба куллӣ сиррӣ буд, ки масъулияти тарроҳӣ ва пешбурди гузинаҳои низомиро бар ӯҳда дошт ва ҷаласоти бештар дар дафтари кори ӯ баргузор мешуд.

Ду моҳ баъд аз гаравгонгирӣ, Кортер дастури таҳрики пинҳонии Саддом Ҳусайн, раисиҷумҳури вақти Ироқ, барои ишғоли ҷазоири Абӯмӯсо, Танби бузург ва Танби кучаки Эрон дар халиҷи Форсро содир кард. Гуфта шуда ин Бжезинский буд, ки ӯро ба судури ин дастур ташвиқ карда, аммо ин пешниҳод ҳаргиз иҷро нашуд. Бжезинский ба хабарнигори ВВС гуфта ин тарҳ “эҳтимолан дар вазорати умури хориҷа мутаваққиф шуд”. Бжезинский дар 4 январи 1980 дар гузориши ҳафтагии худ, ба Кортер навишта буд: “Шумо гуфтед, ки мо бояд Ироқро ба тасарруфи се ҷазира ташвиқ кунем. Ин дастуруламал ба вазорати умури хориҷа фиристода шудааст”.

Соли баъд гуфта шуд, ки ин Бжезинский буд, ки дар дидор бо Саддом Ҳусайн ӯро ба ҳамла ба хоки Эрон ташвиқ кард. Баъдҳо Гари Сик дар гуфтугӯ бо ”Таърихи эронӣ” чунин мулоқотеро такзиб кард ва гуфт: “Бжезинский ба таври мутлақ ва бе ҳеч ибҳоме ва ба сурати катбӣ, кулли достонро мункир шудааст”.

Бжезинский аммо дар хотироташ навишта, ки баъд аз талоши ноком барои барқарории тамос бо Оятуллоҳ Биҳиштӣ аз тариқи робитҳои алҷазоириаш, “Амалиёти наҷот”-ро пешниҳод дод, ки ба сурати олтернотив пешниҳод кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҷазираи Хорк (як пойгоҳи муҳимми нафтӣ)-ро дар халиҷи Форс ишғол кунад ва то замоне, ки эрониҳо ҳозир ба мубодилаи гаравгонҳо бо ҷазира шаванд, онро нигаҳ дорад. Дархости Бжезинскийро Элрик Ҳойнс, сафири Омрико дар Алҷазоир, рӯзи 13 январи 1980 бо Муҳаммад Сиддиқ ибни Яҳё, вазири хориҷаи Алҷазоир матраҳ кард ва ҷавоби рад гирифт.

Вақте “Амалиёти наҷот” дар саҳрои Табас ба шикаст анҷомид, боз ин Бжезинский буд, ки мегуфт, Омрико бояд ҳарчӣ зудтар даст ба тарроҳии амалиёти ҷадиде бизанад. Аммо дар ниҳоят, кор ба миёнҷигарии Алҷазоир кашида шуд. Ҳамчунон ин Бжезинский буд, ки пешниҳод кард ба эрониҳо гӯшзад шавад Иёлоти Муттаҳида тағйири дигаре дар мавозеъи худ нахоҳад дошт ва фурсат рӯ ба поён аст ва Теҳрон бояд дар сурати озод накардани сареъи гаравгонҳо, мунтазири зиёнҳои молӣ бошад. Ин паём бо мувофиқати Кортер ба Теҳрон расид, аммо Эрон гаравгонҳоро рӯзи савганди Рунолд Рейгон дар 20 январи 1981 озод кард; рӯзе, ки Бжезинский ҳам аз симати давлатӣ канора гирифт ва пас аз он то поёни умр ба тадрис дар донишгоҳ пардохт ва чандин китоб навишт.

Бжезинский дар охирин шатранҷи умраш бо сарнавишт, барои ҳамеша мот шуд. Аммо тӯша ва таҷрибааш дар кӯрони ҳаводис шаффоф монд.

Irdiplomacy



Рубрики:Машоҳир, Сиёсат, Таҳлилот

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: