Раҳбари Эрон: “Инҳоро медӯшанд ва дар ниҳоят забҳашон мекунанд”

Раҳбари Эрон, бо баёни ин ки афроде нолоиқ сарнавишти бархе ҷомеаҳои исломиро дар давлатҳое ҳамчун Саудӣ дар даст гирифтаанд ва тасаввур мекунанд, метавон бо пул самимияти душманони исломро ҷалб кард, гуфт: “Воқеият ин аст, ки самимияте вуҷуд надорад ва ҳамон тавр, ки худи омрикоиҳо гуфтанд, инҳоро медӯшанд ва дар ниҳоят забҳашон мекунанд”.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, дар нахустин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, маҳфили “Унс бо Қуръони Карим” ба муддат се соат дар ҳузури раҳбари Эрон баргузор шуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим, бо ибрози хурсандӣ аз шукуфтани гулҳои қуръонӣ дар бӯстони бузурги Эрон, гуфт: “Базри мубораки Қуръон дар ин сарзамин пошида шудааст ва имрӯз фазои умумии кишвар бо Қуръон ошност ва кӯдакон ва навҷавонон дар нуқоти мухталифи кишвар бо Қуръон унс доранд, дар ҳоле ки дар даврони тоғут фазои умумии кишвар бо Қуръон бегона буд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар бахше аз суханони худ, наҷот аз ин гирифториҳоро дар гарави ҳидояти Қуръон донист ва гуфт: “Мутаассифона, имрӯз ҷомеаи исломӣ монанди соири ҷомеаҳо дучори мушкил аст ва афроде нолоиқ сарнавишти бархе ҷомеаҳои исломиро дар давлатҳое ҳамчун Саудӣ дар даст гирифтаанд”.

Раҳбари Эрон, иллати эҷоди чунин вазъеро дурӣ аз имон ва ҳақоиқи Қуръон хонд ва хотирнишон кард: “Ин афрод дар зоҳир ба Қуръон мӯътақид ҳастанд ва ҳатто милюнҳо нусха аз Қуръонро мунташир мекунанд, аммо дар амал, бар хилофи дастури Қуръон, бо куффор маънус ҳастанд ва амволеро, ки бояд сарфи беҳбуди зиндагии мардуми худ кунанд, тақдими куффор ва душманони мардум мекунанд”.

Вай, бо ишора ба хаёли воҳии бархе кишварҳои муртаҷеъ, ки тасаввур мекунанд метавон бо пул самимияти душманони исломро ҷалб кард, гуфт: “Воқеият ин аст, ки самимияте вуҷуд надорад ва ҳамон тавр, ки худи омрикоиҳо гуфтанд, онҳоро медӯшанд ва дар ниҳоят забҳашон мекунанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҷрибаи миллати Эрон ва пирӯзӣ дар ҷанги таҳмилӣ, гуфт: “Миллати мо бо дасти холӣ дар ҷанги таҳмилӣ пирӯз шуд, миллати мо бар тавтиъаи душманон пирӯз шуд, миллати мо 40 сол аст, ки дар муқобили як ҷабҳаи қудратманди моддӣ, ки аз ҳама тараф бар ӯ шамшер кашида, истодааст”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар лузуми афзоиши ҷаласот ва омӯзишҳои қуръонӣ, ба масъалаи тиловати Қуръон ҳамроҳ бо таваҷҷӯҳ ба маъонӣ ва мафоҳими Қуръон ишора кард ва афзуд: “Дар тиловати Қуръон, авҷ ва фуруд ва лаҳн бояд ба гунае бошад, ки маъонӣ ва мафоҳими он ба шунаванда мунтақил шавад, бинобар ин, бояд ҳар чӣ бештар бо Қуръон маънус шуд ва забони Қуръонро фаро гирифт”.

Тасовире аз ин маросим:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: