Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (6)

Бахши шашум

Мисол барои вуҷуди ақлӣ ва вуҷуди шабаҳӣ

Ҳоло, чанд мисол барои вуҷуди ақлӣ:

وأما الوجود العقلي: فأمثلته كثيرة، فأقنع منها بمثالين: أحدهما: قوله صلى الله عليه وسلم: «من يخرج من النار يعطى من الجنة عشرة أمثال هذه الدنيا». فإن ظاهر هذا يشير إلى أنه عشرة أمثالها بالطول والعرض والمساحة، وهو التفاوت الحسي والخيالي. ثم قد يتعجب فيقول: إن الجنة في السماء، كما دلت عليه ظواهر الأخبار، فكيف تتسع السماء لعشرة أمثال الدنيا، والسماء أيضاً من الدنيا. وقد يقطع المتأول هذا التعجب، فيقول: المراد به تفاوت معنوي عقلي، لا حسي، ولا خيالي. كما يقال مثلاً: هذه الجوهرة، أضعاف الفرس، أي في روح المالية… المثال الثاني: قوله صلى الله عليه وسلم: «إن الله خمر طينة آدم بيده أربعين صباحا». فقد أثبت لله تعالى يداً. ومن قام عنده البرهان على استحالة يد لله تعالى، هي جارحة محسوسة، أو متخيلة، فإنه يثبت لله سبحانه يداً روحانية عقلية، أعني أنه يثبت معنى اليد، وحقيقتها، وروحها، دون صورتها. إن روح اليد ومعناها، ما به يبطش ويفعل، ويعطى ويمنع، والله تعالى يعطي ويمنع بواسطة ملائكته، كما قال عليه الصلاة والسلام: «أول ما خلق الله العقل، فقال: بك أعطي وبك أمنع». ولا يمكن أن يكون المراد بذلك العقل عرضاً، كما يعتقده المتكلمون، إذ لا يمكن أن يكون العرض أول مخلوق، بل يكون عبارة عن ذات ملك من الملائكة يسمى عقلاً، من حيث يعقل الأشياء بجوهره من غير حاجة إلى تعلم. وربما يسمى قلماً، باعتبار أنه تنقش به حقائق العلوم في ألواح قلوب الأنبياء، والأولياء وسائر الملائكة، وحياً وإلهاماً، فإنه ورد في حديث آخر: «أن أول ما خلق الله تعالى القلم»، فإن لم يرجع ذلك إلى العقل، تناقض الحديثان. ويجوز أن يكون لشيء واحد أسماء كثيرة، باعتبارات مختلفة: فيسمى «عقلاً» باعتبار ذاته، و«ملكا» باعتبار نسبته إلى الله تعالى في كونه واسطة بينه وبين الخلق، و«قلماً» باعتبار إضافته إلى ما يصدر منه من نقش العلوم بالإلهام والوحي. كما يسمى جبريل «روحاً» باعتبار ذاته، و«أميناً» باعتبار ما أودع من الأسرار، و«ذا مرة» باعتبار قدرته، و«شديد القوى» باعتبار كمال قوته، و«مكيناً عند ذي العرش» باعتبار قرب منزلته، و«مطاعاً» باعتبار كونه متبوعاً في حق بعض الملائكة. وهذا القائل يكون قد أثبت قلماً، ويداً عقلياً، لا حسياً وخيالياً. وكذلك من ذهب إلى أن اليد عبارة عن صفة لله تعالى: إما القدرة، أو غيرها كما اختلف فيه المتكلمون. وأما الوجود الشبهي: فمثاله الغضب، والشوق، والفرح، والصبر، وغير ذلك، مما ورد في حق الله تعالى. فإن الغضب مثلاً حقيقته: أنه غليان القلب، لإرادة التشفي، وهذا لا ينفك عن نقصان وألم. فمن قام عنده البرهان على استحالة ثبوت نفس الغضب لله تعالى، ثبوتاً ذاتياً، وحسياً، وخيالياً، وعقلياً، نزله على ثبوت صفة أخرى يصدر منها ما يصدر من الغضب، كإرادة العقاب. والإرادة لا تناسب الغضب في حقيقة ذاته، ولكن في صفة من الصفات تقارنها، وأثر من الآثار يصدر عنها، وهو الإيلام. فهذه درجات التأويل

Ва аммо вуҷуди ақлӣ, мисолҳояш фаровон аст, ки бо овардани ду мисол иктифо мекунам:

Мисоли аввал:

Паёмбар (с) мефармояд: “Охирин касе, ки аз оташи ҷаҳаннам хориҷ мешавад, барои ӯ ба андозаи даҳ баробари ин дунё дода мешавад”. Зоҳири ин ривоят ишора ба ин дорад, ки он чи барои якчунин касе дода мешавад, даҳ баробари ин дунёст дар тӯлу арзу масоҳат, ва ин тафовут, ки як тафовути ҳиссӣ аст, чи басо тааҷҷуби шахсро барангезад ва аз худ бипурсад: биҳишт, чунонки зоҳири ривоёти исломӣ далолат дорад, дар осмон қарор дорад, пас, осмон, ки худ ҷузъе аз ин дунёст, чӣ гуна гунҷоиши даҳ баробари ин дунёро метавонад дошта бошад? Он гоҳ таъвилкунанда ин тааҷҷуби хешро қатъ намуда, мегӯяд: муроди ин ривоят тафовути маънавӣ ва ақлист, на тафовути ҳиссӣ ва ё хаёлӣ, чунонки масалан гуфта мешавад, ин ҷавҳара (масалан пул ё тилло ва ё аз ин қабил ашёи баҳодор) чанд баробари ин асп аст, яъне чанд баробари он аз ҷиҳати арзиш ва маъно, на аз ҷиҳати шаклу андоза.

Мисоли дуюм:

Паёмбар (с) мефармояд: “Ҳамоно Худои Таоло тинат ва ниҳоди ҳазрати Одамро ба дасти худаш дар муддати чиҳил рӯз хамир кард”. Ин ривоят барои вуҷуди Худои Мутаол даст қоил аст. Дар ин ҷо касе, ки барояш бурҳони ақлӣ бар маҳол будани дасти ҳиссӣ ва ё хаёлӣ барои Худои Таоло барпо шудааст, ночор барои Худои Мутаол дасти маънавӣ ва ақлӣ қоил мешавад (на дасти ҳиссӣ, ки барои Худо маҳол аст). Яъне барои Худо маъно ва ҳақиқати дастро исбот мекунад, на шаклу сурати онро. Зеро руҳ ва маънои даст, “он чи ба воситааш қодир бар анҷоми кор мебошад” аст. Худои Мутаол, ки медиҳад ва бозмедорад (ва хулоса кор анҷом медиҳад), ба воситаи фариштагонаш анҷом медиҳад.

Чунонки ҳазрати паёмбар (с) мефармояд: “Нахустин чизе, ки Худо халқ кард, ақл буд; ба ӯ фармуд: ба воситаи туст, ки медиҳам ва ба василаи туст, ки бозмедорам”. Имкон надорад, ки мурод аз ақл дар ин ривоят, ҳамон ақле бошад, ки мову шумо мешиносем, ки як араз аст, чунонки мутакаллимон мегӯянд. Зеро ки мумкин нест, ки аввалин махлуқ араз бошад, балки (мурод аз ақл дар ин ривоят) иборат аз зоти фариштае аз фариштагон аст, ки “ақл” ном доштааст ба ин ҷиҳат, ки ашёро ба ҷавҳару зоташон мефаҳмида бидуни таълиму омӯзиш.

Ва чи басо “қалам” ном доштааст ба ин ҷиҳат, ки ба василаи ӯ, ҳақоиқи улум дар лавҳи қулуби анбиёву авлиёву соири фариштагон нақш бастааст, ки ҳамон ваҳйу илҳом аст. Дар ривоят аст, ки “Ҳамоно нахустин чизе ки Худои Мутаол офарид, қалам буд”.

Албатта, як чиз, ба эътибороти мухталиф, метавонад дорои номҳои бисёре бошад: “ақл” номида шавад ба эътибори зоташ, “фаришта” номида шавад ба эътибори нисбаташ ба Худои Мутаол дар ин ки восита аст байни зоти ӯ ва байни халқ, “қалам” номида шавад ба эътибори нисбаташ ба он чи аз ӯ содир мешавад, ки ҳамон нақш бастани улум аст ба илҳому ваҳй.

Чунонки ҳазрати Ҷабарил (а) “руҳ” ном дорад ба эътибори зоташ, “амин” ном дорад ба эътибори он чи аз асрор, ки дар вуҷуди ӯ ба вадиъа гузошта шудааст, “зу марра” ном дорад ба эътибори қудраташ, “шадидул-қуво” ном дорад ба эътибори камоли қувваташ, “макин дар назди соҳиби арш” ном дорад ба эътибори қурбу наздикии ҷойгоҳаш (ба Худои Таоло), “мутоъ” ном дорад ба эътибори он ки мавриди итоати баъзе аз фариштагон аст…

Пас, ин гӯянда, барои зоти Худои Мутаол қалам ва ё дасти ақлӣ исбот мекунад, на даст ё қалами ҳиссӣ ва хаёлӣ. Ва ҳамчунин аст касе, ки мӯътақид бошад, ки даст иборат аз сифати Худои Таолост; ё сифати қудрат ва ё сифати дигар, чунонки мутакаллимон дар ин маврид ихтилоф доранд.

Мисол барои вуҷуди шабаҳӣ

Ва аммо вуҷуди шабаҳӣ, пас мисолаш ғазаб, иштиёқ, хушҳолӣ, сабр ва ғайри он аз сифотест, ки дар ҳаққи зоти Худои Мутаол ворид шудааст. Зеро, ғазаб масалан, ҳақиқаташ, ба ҷӯш омадани хуни дил аст. Ва ин гуна сифат ҷудонопазир аз навъе нуқсону дард намебошад.

Пас, касе ки барояш бурҳони ақлӣ бар маҳол будани субути ғазаб (ба маънои ба ҷӯш омадани хуни қалб) барои Худои Таоло ба гунаи субути зотӣ, ё ҳиссӣ, ё хаёлӣ ва ё ҳатто ақлӣ барпо шудааст, ин гуфтори ҳазрати паёмбар (с)-ро чунин тафсир мекунад, ки сифати дигаре (барои вуҷуди муқаддаси Худои Мутаол) собит аст, ки аз ӯ он чи содир мешавад, ки аз ғазаб содир мешавад, мисли иродаи муҷозот. Иродаи муҷозот мутаносиби ғазаб дар ҳақиқати зоташ намебошад, вале дар сифате аз сифот, ки бо он ҳамроҳ аст, ва асаре аз осор, ки аз он содир мешавад, ғазабро шабеҳ аст. Ин буд дараҷаҳои таъвил”.

* * *

Тавзеҳи матлаб ин ки: дар порае аз ривоёт ворид шудааст, ки Худо ба ғазаб меояд, ва ё хушҳол мешавад, ва сабр мекунад ва ғайра…

Чунин сифоте, ҳамон тавр ки дар вуҷуди одамиён мешиносем, холӣ аз нақсу камбуд нест, ва ҳам медонем, ки зоти муқаддаси Худои Мутаол бариву пок аст аз нақсу камбуд. Масалан, сифати ғазаб, як ҳолатест, ки вақте барои инсон ҳосил мешавад, инсон мутаассир шуда ва хунаш ба ҷӯш меояд. Ин аст ҳақиқати ғазаб. Рӯшан аст, ки зоти Худо таъассур намепазирад, зеро таъассур пазируфтан ва таҳти таъсир қарор гирифтан, навъе нуқсон ва камбуд аст, ва зоти ӯ пок аст аз ин гуна ҳолот.

Аммо, ғазаб, як асар дорад, ва он ин ки вақте инсон ба ғазаб меояд, ба фикри интиқому муҷозоти касе, ки ӯро ба ғазаб овардааст мебарояд.

Дар мавриди Худои Субҳон, вақте зоти покаш ба сифати ғазаб васф мешавад, аз он чи барои сифати ғазаб баён шуд, фақат асари он, ки ҳамон иродаи муҷозот аст исбот мешавад. Пас, ғазаби Худо, яъне иродаи муҷозот намудани ӯ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: