Эросмус, Мавлоно ва Ғаззолӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Андешаҳои ислоҳгароёнаи динӣ, ҳам дар ҷаҳони масеҳият матраҳ шудаанд ва ҳам дар ҷаҳони ислом. Албата ин ҷо манзурам, андешаҳои ислоҳгароёнаи сиёсӣ нестанд; мисли ин ки иллати ақибуфтодагии мусалмонон аз назари сиёсӣ кадом аст ва ин ки ҷаҳони муқтадири исломӣ чаро пора-пора шуд ва чӣ бикунем, ки аз нав ва муҷаддадан он иқтидорро ба ҷойи худ баргардонем ва аз ин қабил мабоҳис… Манзурам инҳо нестанд. Дар ин росто, Сайидҷамол, Иқбол, Муҳаммад Абдуҳ ва Ҳасан ул-Банно ва дигарон андешаҳое ироа намудаанд.

Муроди ман аз ислоҳ дар ин навиштор инҳо нестанд, балки матлабе амиқтар аз ин аст; чизе, ки ҳатто ҳамон “ҷаҳони муқтадири исломӣ” пеш аз суқуташ ҳам ниёз ба ин ислоҳ дошт, вале ба он роҳ надод ва ҳукком ва руҳонияти ҳамон вақт, ки қудрат дар ихтиёри онҳо буд, монеъ аз иҷрои ислоҳи мавриди назар шуданд.

Он чӣ мавриди назарам дар ин навиштори мухтасар аст ин аст, ки дар олами масеҳият, оғоз ва чараққаи ренусонс (наҳзат), ки шукуфоии имрӯзи Урупо ва ҷаҳони ғарб марҳуни он аст, ба дасти руҳониҳои ислоҳгаройе чун Дисидриюс Эросмус ва Мортин Лутер будааст. Инҳо буданд, ки ин ҷараққаро заданд. Коре, ки ин ду ва ҳамандешон ва пайравонашон карданд ин буд, ки инҳо дар омӯзаҳо ва маорифи динӣ (масеҳият) таҷдиди назар карданд. Гуфтанд, умдатарин мушкили мо, ин дар фаҳм ва бардошти ғалати мо аз омӯзаҳои Исои Масеҳ (а) ва китоби муқаддас (Инҷил) аст. Хулоса, корҳои азиме дар ин росто карданд ва ба тадриҷ андешаҳо ва афкорашон дар ҷомеа таъсир гузошт ва зеҳни ҷомеа ва нигоҳи ҷомеа ба динро мутаҳаввил ва дигаргун сохт.

Албатта, як паёмади манфие, ки ренусонс ба ҳамроҳ дошт ин буд, ки ба тадриҷ дин аз матни ҷомеа рахт барбаст ва дар кунҷу завоёи калисоҳо ҷой гирифт. Албатта ин паёмади манфӣ, на ба далели корҳои ислоҳгароёнаи Эросмус буданд, балки табиати ойини масеҳияти таҳрифшуда саранҷоме ҷуз ин надошт. Яъне айб дар ислоҳ набуд (чунонки бархеҳо мепиндоранд), ҳаргиз!, балки айб дар худи ойини масеҳияти таҳрифшуда буд, ки қобили ислоҳ набуд.

Ҳол, баҳси ман ин буд, ки кори ислоҳгароёнаи динӣ, ки шахсе мисли Дисидриюс Эросмус дар ҷаҳони ғарб анҷом дод ва зеҳн ва нигоҳи инсони урупоиро ба дин мутаҳаввил ва дигаргун сохт, айни ҳамин корро ва балки беҳтар ва амиқтар аз онро, донишмандони мо низ даҳҳо сол пеш аз ӯ анҷом додаанд, вале бо камоли таассуф, ки барои он бояд хун гирист, ин андешаҳо ва ин ислоҳ ҷойи муносиби худро дар ҷомеаи исломӣ пайдо накард ва то ба имрӯз матрук ва маҳҷур ва ба он эътино ва таваҷҷӯҳе намешавад.

Китоби “Дар ситойиши девонагӣ” (The Praise of Folly) таълифи Дисидриюс Эросмус, дар ин замина воқеъан як шоҳкор аст. Мегӯянд, асосан ҷараққаи ислоҳи динӣ дар Урупо ҳамин асари Эросмус будааст… Ҳол, касе ки китоби “Эҳёи улуми дин”-и Имом Ғаззолӣ ва ё “Маҳаҷҷатул-байзо”-и Файзи Кошониро хонда ва ё бо Маснавии Мавлоно хуб ошност, вақте китоби “Дар ситойиши девонагӣ”-и Эросмусро мехонад, айни ҳамин андешаҳоро, аммо ба сурате амиқтар, дар осори Ғаззолӣ ва Кошонӣ ва дар Маснавӣ пайдо мекунад; бо ин тафовут, ки талоши Эросмус барои ислоҳи як ойини таҳрифшуда аст, вале кӯшиши инон дар як дини дастнахӯрда ва орӣ аз таҳриф. Аз ҳамин рӯст, ки дар мавориде дар ҳамон китоб, Эросмус дар асли дурустии паёми китоби муқаддас шакку тардид мекунад ва мегӯяд: “Ё ин Инҷил нест, ё ман масеҳӣ нестам.”

Хуб, бо вуҷуди ин ҳама, кори Эросмус дар ҷомеа барои худ ҷойи пойе боз мекунад ва таъсиргузор воқеъ мешавад ва зеҳнҳо ва нигоҳҳоро мутаҳаввил ва дигаргун месозад.

Аммо мутаассифона, ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст, афкор ва андешаҳои ислоҳгароёнаи Имом Ғаззолӣ ва хусусан Мавлоно, дар ҷомеаи исломӣ барои худ ҷой пайдо накарда ва матрук аст. Ҳатто ҳамин муллоҳои мо, ки аҳёнан аз Ғаззолӣ сухан мегӯянд ва ё аз китоби “Эҳё”-аш баҳс ба миён меоваранд, нигоҳашон ин аст, ки китоби ӯ як китоби “ахлоқӣ” аст, яъне фақат ду бахш аз ин китоб, ки яке дар “муҳликот” (ахлоқи ҳалокатовар) ва дигаре дар “мунҷиёт” (ахлоқи наҷотдиҳанда) аст, мавриди назари инҳост, аммо бақияи абвоби ин китобро ё аслан нахондаанд ва ё хонда, вале нафаҳмидаанд. (Чун агар мефаҳмиданд, вазъ қатъан ин гуна ки имрӯз ҳаст, намебуд).

Имом Ғаззолӣ, ки ҷойи худ, вале Мавлоно ва Маснавии ӯ ҳам ҳамин ҳолат гиребонгираш аст. Дар ҳоле ки Мавлоно дар муқаддимаи Маснавӣ мегӯяд: “Ва ҳува усулу усули усулид дин” (ин китоб “решаи решаҳои решаҳои дин” аст, яъне агар дини ислом решае дошта ва он реша боз решае дигар ва то се реша дошта бошад, Маснавӣ ҳамон решаи охирин аст), аммо дар ҷомеаи исломӣ ин асар ба унвони як девони шеърӣ ва достонсароӣ ва қиссасароӣ бештар талаққӣ намешавад. Аз хондани ашъораш лаззат мебаранд, аз достонҳо ва қиссаҳояш лаззат мебаранд, вале маъонӣ, мафоҳим ва мазмунҳои баланде, ки ин ашъор ва ин достонҳо дарбардорандаи онҳост, мавриди таваҷҷӯҳ нестанд.

Мавлавӣ метавонист, афкор ва андешаҳояшро ба сурати як китоби илмии сирф ва дар қолиби алфоз ва истилоҳоти печидаи илмӣ ироа бидиҳад (мисли корҳое, ки Ибни Сино анҷом дода), вале хост, онҳоро дар қолиби достонҳо ва қиссаҳо ва шеър, ки оммаписанд аст ироа бикунад, то мардуми оддӣ ва кӯчаву бозор ҳам баҳраманд бишаванд. Ин ҳам худаш як ҳунар аст, ки шумо як мабҳаси илмиро дар қолиби як достон ва шеър ироа бикунед.

Аммо бо ин ҳама, на танҳо он афкор ва андешаҳои баланд дар ҷомеа ҷойи пойи худро пайдо накард, ки ҳатто донишмандон ва уламои мо онро дарк накарданд ва нагирифтанд.



Рубрики:Ислоҳи динӣ, Пароканда, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: