Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (7)

Бахши ҳафтум

Тасдиқкунандагон

Дар ин фасл, Имом Ғаззолӣ дар бораи ин нукта, ки чӣ касоне метавонанд тасдиқкунандагон маҳсуб шаванд, сӯҳбат мекунад. Мегӯяд:

اعلم أن كل من نزل قولاً من أقوال صاحب الشرع على درجة من هذه الدرجات، فهو من المصدقين. وإنما التكذيب أن ينفي جميع هذه المعاني، ويزعم أن ما قاله لا معنى له، وإنما هو كذب محض، وغرضه فيما قاله التلبيس، أو مصلحة الدنيا. وذلك هو الكفر المحض، والزندقة. ولا يلزم كفر المؤولين ماداموا يلازمون قانون التأويل كما سنشير إليه. وكيف يلزم الكفر بالتأويل، وما من فريق من أهل الإسلام إلا وهو مضطر إليه؟ فأبعد الناس عن التأويل أحمد بن حنبل رحمة الله عليه، وأبعد التأويلات عن الحقيقة وأغربها أن تجعل الكلام مجازاً، أو استعارة، وهو الوجود العقلي، والوجود الشبهي. والحنبلي مضطر إليه وقائل به، فقد سمعت الثقات من أئمة الحنابلة ببغداد يقولون إن أحمد بن حنبل رحمه الله تعالى صرح بتأويل ثلاثة أحاديث فقط

أحدها: قوله صلى الله عليه وسلم: «الحجر الأسود يمين الله في الأرض»

والثاني: قوله صلى الله عليه وسلم: «قلب المؤمن بين إصبعين من أصابع الرحمن»

والثالث: قوله صلى الله عليه وسلم: «إني لأجد نفس الرحمن من قبل اليمن»

فانظر الآن كيف أول هذا، حيث قام البرهان عنده على استحالة ظاهره، فيقول: اليمين تقبل في العادة تقرباً إلى صاحبها، والحجر الأسود يقبل أيضاً تقرباً إلى الله تعالى. فهو مثل اليمين، لا في ذاته، ولا في صفات ذاته، ولكن في عارض من عوارضه، فسمي لذلك يميناً. وهذا هو الوجود الذي سميناه الوجود الشبهي، وهو أبعد وجوه التأويل. فانظر كيف اضطر إليه أبعد الناس عن التأويل. وكذلك لما استحال عنده وجود الإصبعين لله تعالى حساً، إذ من فتش عن صدره، لم يشاهد فيه إصبعين، فتأوله على روح الإصبعين، وهي الإصبع العقلية الروحانية. أعني أن روح الإصبع ما به يتيسر تقليب الأشياء. وقلب الإنسان بين لمة الملك ولمة الشيطان، وبهما يقلب الله تعالى القلوب، فكنى بالإصبعين عنهما. وإنما اقتصر أحمد بن حنبل رضي الله عنه على تأويل هذه الأحاديث الثلاثة، لأنه لم تظهر عنده الاستحالة إلا في هذا القدر، لأنه لم يكن ممعناً في النظر العقلي، ولو أمعن لظهر له ذلك في الاختصاص بجهة فوق وغيره، مما لم يتأوله

والأشعري والمعتزلي لزيادة بحثهما تجاوزا إلى تأويل ظواهر كثيرة

وأقرب الناس إلى الحنابلة في أمور الآخرة، الأشعرية وفقهم الله، فإنهم قرروا فيها أكثر الظواهر إلا يسيراً. والمعتزلة أشد منهم توغلاً في التأويلات، وهم مع هذا ـ أعني الأشعرية ـ يضطرون أيضاً إلى تأويل أمور، كما ذكرناه من قوله: «إنه يؤتى بالموت في صورة كبش أملح». وكما ورد في وزن الأعمال بالميزان، فإن الأشعري أول وزن الأعمال فقال: توزن صحائف الأعمال، ويخلق الله فيها أوزاناً بقدر درجات الأعمال. وهذا رد إلى الوجود الشبهي البعيد؛ فإن الصحائف أجسام كتبت فيها رقوم تدل بالاصطلاح على أعمال هي أعراض. فليس الموزون إذن العمل، بل محل نقش يدل بالاصطلاح على العمل. والمعتزلي تأول نفس الميزان وجعله كناية عن سبب، به ينكشف لكل واحد مقدار عمله، وهو أبعد عن التعسف في التأويل بوزن الصحائف. وليس الغرض تصحيح أحد التأويلين، بل أن تعلم أن كل فريق، وإن بالغ في ملازمة الظواهر فهو مضطر إلى التأويل، إلا أن يجاوز الحد في الغباوة والتجاهل، فيقول: الحجر الأسود يمين تحقيقاً. والموت وإن كان عرضاً يستحيل فينتقل كبشاً بطريق الانقلاب. والأعمال، وإن كانت أعراضاً، وقد عدمت، فينتقل إلى الميزان، ويكون فيها أعراض هيا الثقل. ومن ينتهي إلى هذا الحد من الجهل، فقد انخلع من ربقة العقل

Бидон, ҳар он касе, ки сухане аз суханони соҳиби шариат (Қуръон ва ё ҳазрати паёмбар (с))-ро бар яке аз он гунаҳо (-и панҷгонаи вуҷуд) гузошта маъно кунад, ӯ аз тасдиқкунандагон аст. Такзиб танҳо дар ҷойест, ки ҳамаи он маъниҳоро инкор кунад ва бипиндорад, ки он чи шариат гуфтааст, бе маъност ва дурӯғи маҳз аст ва ҳадафи ӯ (яъне ҳадафи шариат аз ин гуфтаҳо) ҷуз талбис (пӯшондани ҳақиқат) ва ё маслиҳати дунявӣ нест. Ин аст куфри маҳз ва зиндиқ будан.

Таъвил модоме ки таъвилкунандагон қонуни онро риоят кунанд, боиси куфр нахоҳад шуд, ва ба зудӣ ба он ишора хоҳем намуд.

Чӣ гуна таъвил боиси куфр гардад дар ҳоле, ки ҳеч фирқае нест магар ин ки аз таъвил ногузир аст?! Дар миёни мусалмонон, парҳезкунандатарин шахс аз ба коргирии таъвил Аҳмад ибни Ҳанбал (р) аст, ва аз сӯйе ҳам, аз ҳақиқат дуртарини таъвилҳо, таъвилест, ки як суханро дар маънои маҷозӣ ё дар истиъора қарор диҳӣ, ки ин ҷуз ҳамон вуҷуди ақлӣ ва вуҷуди шабаҳӣ (ки ишора карда будем) нест, ва Аҳмад ибни Ҳанбал ба ин кор ногузир шуда ва ба як чунин таъвиле қоил шудааст.

Ман (Ғаззолӣ) из имомони сиқаи (мавриди эътимоди) ҳанбалӣ дар Бағдод шунидам, ки мегӯянд, Аҳмад ибни Ҳанбал (р) тасреҳ кардааст, ки фақат се ҳадис аст, ки таъвил мешавад, ки иборат ҳастанд аз:

1) Ин ҳадиси ҳазрати паёмбар (с), ки фармуда: “Ҳаҷарул-асвад (санги сиёҳе, ки дар Каъбатуллоҳ қарор дорад) дасти рости Худо дар рӯи замин аст”;

2) Ин ҳадиси ҳазрати паёмбар (с), ки мефармояд: “Қалби мӯъмин байни ду ангушт аз ангуштони Худои Раҳмон қарор дорад”;

3) Ин ҳадиси он ҷаноб (с), ки мефармояд: “Ман бӯйи Худоро аз ҷониби Яман эҳсос мекунам”.

Пас, инак худ бингар, ки чӣ гуна ҳадиси аввалиро таъвил мекунад, чун барояш бурҳони ақлӣ бар маҳол будани зоҳири он барпо шудааст. Мегӯяд: дасти рост (-и бузургон)-ро одатан бӯса мекунанд ба ин ҷиҳат, ки ба эшон тақарруб ҷӯянд, ва Ҳаҷарул-асвадро низ мебӯсанд ҷиҳати тақарруб ва наздикӣ ба Худои Таоло. Пас, Ҳаҷралул-асвад мисли дасти рост (-и Худои Таоло) аст, аммо на дар зот ва на дар сифоти зоташ, балки дар асаре аз асарҳояш (ки гуфтем, ҳамон бӯса карда шуданаш аст), ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки (Ҳаҷарул-асвад) дасти рост (-и Худо) номида шуда.

Ва ин гуна вуҷуд, ҳамон вуҷудест, ки мо онро вуҷуди шабаҳӣ ном гузоридем, ки (аз ҳақиқат) дуртарини гунаҳои таъвил мебошад.

Ҳоло худ бингар, ки чӣ гуна шахсе, ки парҳезкунандатарини мардум аз ба коргирии таъвил ба шумор меравад, худ ночор ба таъвил шудааст.

Ва ҳамчунин, вақте ки барояш маҳол будани вуҷуди ду ангушти ҳиссӣ аз барои Худо собит шуда, онро ба руҳ ва маънои ду ангушт таъвил карда, ки ҳамон ангушти ақлӣ ва руҳонист, ва (гуфтем, ки) руҳ ва ҳақиқати ангушт, “он чи ба воситааш битавон ашёро гардонид” мебошад. Қалби инсон байни роҳнамоии фариштаву васвасаи шайтон қарор дорад, ки Худои Таоло ба воситаи он дуст, ки қалбҳоро мегардонад. Пас, ду ангуштон киноя аз он ду аст.

Албатта, Аҳмад ибни Ҳанбал (р), ки фақат дар мавриди ин се ҳадис рӯй ба таъвил овардааст, ба ин ҷиҳат аст, ки дар назди вай, маҳол будан, ҷуз дар ин се маврид падидор нашуда, зеро ӯ дар масоили ақлӣ шахси жарфнигар набуд. Агар бештар диққат ба харҷ медод ва амиқтар фикр мекард, бе тардид дар ин масъала ҳам, ки Худо дорои ҷиҳати фавқ (боло) аст ва ё ғайри ин — аз масоиле, ки бояд таъвил мешуданд, вале ӯ таъвил накард — низ рӯй ба таъвил меовард. Аммо мӯътазилӣ ва ашъарӣ, ба хотири машғулияти зиёд бо баҳсу ковишҳои ақлӣ, зоҳири ривоёти зиёдеро таъвил кардаанд.

Оре, дар мавриди ривоёте, ки дар бораи рӯзи охират ва аҳволи он сухан гуфтаанд, наздиктарини мардум ба ҳанобила ашоира ҳастанд, зеро онон дар ин масоил, ба ҷуз андак, зоҳири ривоётро иқрор намудаанд.

Дар ин замина, он ки беш аз дигарон дар таъвилот фурӯ рафтааст, мӯътазила мебошанд. Албатта, ашоира низ ногузир аз таъвили умуре шудаанд, чунонки ба ин матлаб, он ҷо, ки ин ҳадисро, ки “Рӯзи қиёмат марг ба сурати барраи нари хокистарӣ оварда шуда ва …” ёдовар шудем, ишора шуд, ва ҳамчунин дар мавриди вазн кардани аъмол дар тарозу ҳам ногузир ба таъвил шудаанд.

Ашъарӣ дар мавриди вазни аъмол гуфтааст: номаҳои аъмол вазн карда мешаванд ва Худованд дар онҳо вазнҳоеро ба андозаи дараҷоти аъмол халқ мекунад. Ва ин, баргардон ба вуҷуди шабаҳии баъид аст, зеро ки номаҳо ҷисмҳое ҳастанд, ки дар онҳо арқоме навишта шудаанд, ва он арқом истилоҳан далолат бар аъмол, ки араз мебошанд мекунанд. Пас, он чи вазн карда мешавад, амал нест, балки маҳалли навиштаҳои он аъмол аст, ки истилоҳан далолат бар амал мекунад.

Мӯътазилӣ, худи тарозуро таъвил кардааст ва онро киноя аз сабабе дониста, ки ба василаи он, барои ҳар шахсе, миқдори амалаш ҳувайдо мешавад.

Ҳоло, ҳадафи мо дар ин ҷо ин нест, ки тавзеҳ бидиҳем кадом як аз ин ду таъвил дуруст аст ва кадомин нодуруст, балки ҳадаф ин аст, ки бидонӣ, ҳар фирқае, ҳарчанд дар мулозимати зоҳири оёту ривоёт муболиға мекунад, аммо ногузир аст аз таъвил, ва дар мавориде чорае ҷуз таъвил кардан надорад, магар ин ки дар ҳамоқату нодонӣ аз ҳадд гузашта бошад ва бигӯяд: Ҳаҷарул-асвад ҳақиқатан дасти рости Худост, ва марг гарчи араз аст ва маҳол аст ба ҷавҳар табдил гардад, аммо воқеан ба як гӯсфанди нари хокистарӣ табдил хоҳад шуд, ва аъмол гарчи аразанд ва инак нобуд шудаанд, аммо ҳақиқатан ба тарозу кӯчонида шуда ва вазн карда хоҳанд шуд.

Касе ки то ба ин ҳадд аз нодонӣ расида бошад, воқеан ақли хешро як сӯ гузоштааст”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: