Дори Сарбадорон баланд аст

Ба қалами Устод Луқмон Бойматов

(Порае аз китоби ҷадиди “Сарбадорони Самарқанд. Ҳадсҳо ва воқеъиятҳо”)

Адами муҳити солими илмӣ дар фазои Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгҳҳои кишвар заминаро барои равнақи фасод фарохтар менамояд. Бо ин ҳама шикастҳо ва нотавонмандиҳои илмӣ, муҳимтарин гурӯҳҳои таҳқиқотии таърихии кишвар, боз ҳам намехоҳанд бар заъфи худ қоил бошанд. Бояд фарёд кашид, ки донишмандони бемояи таърих ба хотири дифоъи ҷойгоҳи пасти хеш шаъни сарбадорони таърихро дубора ба дори баландтаре мекашанд.

Масъулияти устодони таърихи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ дар таҳқиқ ва баррасии таърихи миллӣ камтар аз институтҳои таҳқиқоти илмии Академияи улум нест. Аз ин рӯ, назари интиқодӣ нисбат ба ҷойгоҳи марокази илмӣ-пажӯҳишии донишгоҳҳо бисёр муҳим ба назар мерасад.

Пӯшида нест, кафедраи «Таърихи халқи тоҷик»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки раҳбарияти онро ба муддати беш аз 30 сол доктори илмҳои таърих, профессор Роҳатой Набиева бар дӯш дошт, аз муҳимтарин марокази илми таърихшиносии кишвар ба шумор меояд. Дарки ин ҳақиқат талху дардовар хоҳад шуд, агар гӯем, ки аз замони таъсиси кафедраи «Таърихи халқи тоҷик» то кунун, пиромуни мавзӯъи баҳси ҳозир пажӯҳише, ки дар хӯри илм ва ё навишторе, ки шоистаи тамҷиду қадрдонӣ бошанд, анҷом нашудааст.

Хиҷолат бояд кашид, ки ҳар навъ навишторе, ки дар ин муддат роҷеъ ба таърихи қиёми Сарбадорони Самарқанд тавассути асотиди ин кафедра тадвин гардида бошад (аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурот ва ғ.), пурвозеҳ такрори маҳзи назароти донишмандони русзабони даврони шӯравӣ аст.

Зимнан, агар раҳнамоёни илм ва устодони таърихи миллӣ дар муҳимтарин донишгоҳи кишвар ҳарфи гуфтании хешро дар баробари андешаҳои макотиби илмии бегонагон надошта бошанд, фоҷиъа аст. Таъаҷҷуб бештар мешавад, бо ин ҳама заъф, раҳбарияти кафедраи мазбур ва бахусус ҳайъати шӯрои илмии дифоъи рисолаҳои дуктурӣ ҳозир нестанд, он чӣ ки дар илми имрӯз аз мавзӯъоти мавриди таҳқиқоташон матраҳ шудааст, бипазиранд ва ё нақду баррасӣ намоянд.

Бояд мутаваҷҷеҳ бошем, дидаву дониста чашм пӯшидани аъзоёни шӯрои илмии мазбур дар баробари вуҷуди таҳқиқоти тахассусӣ, дар воқеъ, эҳтиром нанамудани шахсийяти ахлоқии хеш аст. Олим қабл аз ин аз илм гӯяд, адли илмро риъоят кунад. Илме, ки арзишҳои инсониро помол месозад, тавҳинест бар шарафи инсон.

Дурустии ин иддиъоро дар наҳваи тадвини рисолаҳои дуктурии солҳои ахири ҳамин шӯрои илмии мазбур ба гунаи возеҳ метавон мушоҳида намуд. Чунончӣ, аз ҷадидтарин корҳое, ки ахиран, дар шӯрои илмии факултаи таърихи донишгоҳи миллӣ дар робита бо таърихчаи таҳқиқ ва баррасии наҳзати Сарбадорони Самарқанд сурат пазируфт, метавон аз рисолаи номзадии С. С. Шарофуддинов ном бурд.

Бахше, ки муаллифи рисолаи мазкур бар нақди назароти В. В. Бартолд пиромуни таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд ихтисос додааст, бидуни муҳобот маҳрум аз ҳама равишҳои илмист. Саъй мекунам, интиқодам ҳамроҳ бо пурсишҳое бошад, то ки рӯшан гардад, муаллифи рисолаи мазбур, аслан аз мавзӯъи историографияи мавзӯъи таърихи қиёми Сарбадорони Самарқанд сар дар намеоварад. Чунончӣ, далели чашмпӯшии муаллиф дар баробари силсилаи пажӯҳишҳои нигоранда дар робита бо мавзӯъи мавриди баҳсаш маълум нест.

Суол аз мутахассиси ҷавон ин аст: Оё мумкин аст бидуни баррасии историографии мавзӯъ даст ба интиқоди назароти донишмандон ва муҳақиқини гузашта зад? Оё мешавад, ки бидуни баррасиҳои масоили таърихнигории қиёми сарбадория, ҷойгоҳи андешаҳои таърихии В. В. Бартолдро холисона дар ҳавзаи илми таърихнигорӣ таъйин намуд? Чӣ метавон гуфт пиромуни рисолае, ки дар мавзӯъи историография бошаду вале мӯҳтаво бебаҳра аз дастовардҳои илм?

Бо камоли итминон изъон дошт, ки матлабе, ки дар рисолаи мазбур дар мавриди сарбадорон омадааст, саропо ба ҷуз интиқоли баёни В. В. Бартолд (он ҳам ба наҳви бисёр содаву якнавохти дилгиркунунда) чизи дигаре нест. Аз назари илмӣ, нақди мӯҳтавои рисолаи мазбур, ки ихтисос дар ҷиҳати таъйин ва нақди дидгоҳҳои вижаи В. В. Бартолд дар бораи наҳзати сарбадорияи Самарқанд дорад, фоқиди ҳамаи арзишҳои илмист.

Бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти кафедраи «Таърихи халқи тоҷик»-и Факультаи таърихи Донишгоҳи миллии кишвар нисбат ба масоили таърихи иҷтимоъии миллӣ, пеш аз ҳама пиромуни таърихи наҳзатҳои миллӣ-озодихоҳии даврони феодализм, аз як сӯ нишонгари адами дониши кофии раҳбарият бошад, аз сӯи дигар, надоштани салоҳияту масъулияти масъулин дар пеши миллат дорад.

Воқеъияти ин амри номатлуб, бояд гуфт мояи шармсорист, на пояи таърифи шавкати илми миллӣ, ки аз роҳи дурӯғу дурӯягӣ солҳои сол тамҷидаш мешуду мешавад.

Вазъи илми таърихнигории Академияи улуми кишвар дар баррасии масоили таърихи наҳзатҳои миллӣ-озодихоҳии даврони феодализм беҳтар аз вазъи донишгоҳҳои миллӣ нест. Баръакс, тахрибкори аслии улуми миллӣ худ Акдемияи улум аст. Мисоли рӯшани вазъи фасодзои илми таърихнигории Акдемия дар нашри ҷилди севуми «Таърихи халқи тоҷик» ба гунаи бисёр возеҳ ошкор аст. Чунонки дар пешгуфтори китоби мазбур зикр шудааст, баррасиҳои масоили марбут ба таърихи сиёсӣ-иҷтимоъӣ ва иқтисодии давлатҳои туркизабони Осиёи Марказӣ ва низ аз ҳассостарин мавзӯъоти таърихи миллӣ, аз ҷумла, ташреҳи наҳзатҳои миллӣ-озодихоҳии асри муғул, мутаъаллиқ ба қалами доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камоланд.

Баёни таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд дар китоби нави таърихи ҷомеъи миллӣ сафҳаи қӯҳнаи бемӯҳтаворо мемонад. Ҷолиб аст, муҳаққиқе, ки хостааст масоили мубрами таърихи наҳзати Сарбадоронро дар китоби ҷомеъи миллӣ ҷамъбаст намояд, маълум нест, ба чӣ далел бо овардани иқтибосҳои тӯлонӣ аз манбаъи дасти аввал варақи сафедро «сиёҳ» мекунад.

Бо камоли итминон метавон гуфт, ки тафсири профессор Ҳамза Камол аз таърихи сарбадорияи Самарқанд ба ҳадди таҳқиқоти илмӣ ва мӯҳтавояш фаротар аз мазмуни кори курсии донишҷӯёни риштаи таърих нест.

Пурвозеҳ аст, муаллифи китоби мазбур рӯи аҳамияти манобеъи таърихӣ ба ҷиддӣ кор накарда ва ғофил аз ҳама меъёрҳои илми манобеъшиносии таърихист. Чунончӣ, агар ин муҳаққиқ хусусиёти манобеъи таърихиро оиди таърихи Сарбадорон нек медонист, ҳаргиз иттилоъоти муаррих Абдурраззоқи Самарқандиро бар навиштаҳои Ҳофизи Абрӯ тарҷеҳ намедод. Ин дар ҳоле аст, ки додаҳои Ҳофизи Абрӯ, дар воқеъ, яке аз муҳиммтарин додаҳои манобеъи дасти аввал дар бораи наҳзати Сарбадорони Самарқанд аст ва Абдурраззоқи Самарқандӣ тамомии матлабашро аз Ҳофизи Абрӯ ба орият гирифта ва арзиши ҳикоёти ӯ аз диди илми таърихинигорӣ ба ҳадди навиштаҳои Ҳофизи Абрӯ нестанд.

Сариҳан метавон гуфт, ки дар китоби мавриди назар таҳлил ва муқоисаи додаҳои манобеъи дасти аввал ва интиқоди назароти донишмандон дар бораи вижагиҳои қиёми сарбадорон мавҷуд нестанд. Адами тавоноӣ ва иттилоъоти илмӣ нишонгари заъфи Ҳамза Камол на танҳо дар равиши таҳқиқ ва баррасии ҷойгоҳи манобеъи таърихӣ, балки дар масоили таърихи наҳзат низ метавонанд бошад.

Профессор Ҳамза Камол ё таваҷҷӯҳ бар аҳамияти мавзӯъ надошта ва ё бар умқи моҳияти илм нарасидааст. Бо ин ки ӯ дар китоби бузург мукарраран бар таълифи В. В. Бартолд ирҷоъ медиҳад, вале ҳаргиз ҳунари нақду такмили назароти ин кашшофи асли мавзӯъро надорад. Ин дар ҳолест, ки беш аз як қарн (с. 1907) ҳамин шарқшиноси маъруфи рус таъкид бар мавориде карда буд, ки ҳанӯз ҳам ҳоизи аҳамиятанд.

Маълум нест, муаллифи бахши мазбури китоби ҷомеъи таърихи миллӣ ба чӣ далел аз мутолиъа ва истифодаи навиштаҳои солҳои ахир сарфи назар кардааст? Масоиле, чун: манобеъшиносии таърихӣ; таърихчаи мавзӯъ (историографияи мавзӯъ); заминаҳои сар задани шӯриш; идеологияи Сарбадорон; ҷойгоҳи авомили дину мазҳаб дар густариши шӯриш; ҷойгоҳи раҳбарони наҳзат; нақши мардум дар мубориза бар зидди муғулон ва ғ. дар гузориши ба истилоҳ «илмӣ»-и муаллифи бахши мазбур ё ба шоистагӣ баррасӣ нашуда ё бо воситаи «қайчиву часп» тадвин шудаанд, ки моҳиятан намунаи шохиси чеҳраи шармсорӣ дар ойина илманд.

Ноогоҳии муаллифи бахши марбута аз китоби мавриди назар дар баёни таърихи наҳзати Сарбадорон ба вузӯҳ ҳувайдост. Аслитарин заъфи муҳаққиқи фавқ ин аст, ки ӯ дар таҳқиқ ва баррасии масоили таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд собиқаи пажӯҳишӣ аслан надоштааст. Шояд бад-ин сабаб бошад, ки ӯ дар ироаи назароти ҷадид пиромуни масоили таърихи Сарбадорон комилан оҷизу нотавон мондааст. Зимнан, бо пур кардани сафҳаи сафед аз хатти сиёҳ, дониши мо афзуда намешавад.

Хулласи калом, дидгоҳҳои ироашудаи профессор Ҳамза Камол гуфтаҳои кӯҳнаест дар либоси «таҳқиқи навин». Кофӣ аст, аз ин ҷиҳат бахшҳои марбутаи китоби мавриди назарро бо пажӯҳиши моядори Л. В. Строева, ки беш аз 60 сол ба табъ расидааст, муқоиса шавад!

Муаллифони ҷилди севуми мазбури китоби «Таърихи халқи тоҷик» ва аз ҳама муҳимм, муҳаррири он профессор Ҳ. Пирумшоев мутаваҷҷеҳ нестанд, ки масоили ношинохтаи илму дониш ба василаи «бозӣ» ва ё бо ироаи алфози фиребанда ҳаргиз ҳалл намешавад. Илми ҳақиқӣ фидокориро мехоҳад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: