Ислом ва Эронзамин (23)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (11)

Cанавияти зартуштӣ

Оё Эрон муқорини зуҳури ислом санавӣ будааст? Муҳимтарин посух дар бораи низоми фикрӣ ва эътиқодии эрониён (албатта минҳои яҳудиён ва масеҳиён ва будоиёни Эрон, ки маҷмӯан дар ақаллият буданд), посухи ҳамин пурсиш аст. Қаблан бояд бибинем, дар давраҳои қабл, Эрон аз ин лиҳоз чӣ вазъе доштааст? Дар фаслҳои пеш роҷеъ ба давраҳои қабл аз Зартушт баҳс кардем. Маълум шуд, ки ҳатто дар давраҳои табиатпарастӣ ва раббуннавъпарастӣ, ақидаи санавӣ дар руҳи мардуми ориё русухе доштааст, ва ба қавли Думезил (Georges Dumézil): “Эътиқод ба санавият, аз хусусиёти тарзи тафаккури эронӣ аст”. Умда ин аст ва махсусан бояд бидонем, ки худи Зартушт, ки ислоҳоте дар ақоиди ориёиҳо ба амал овард, чӣ гуна тафаккуре дар ин замина доштааст? Оё муваҳҳид буда ё санавӣ?

Агар Авастои соcониро милок қарор диҳем, шак нест, ки Зартушт санавӣ будааст, вале ҳамчунонки қаблан гуфтем, муҳаққиқон танҳо қисмати мухтасари “Готҳо”-ро қадимӣ ва азони Зартушт медонанд ва қисматҳои дигарро илҳоқӣ мешуморанд. Мундараҷоти Готҳо ҳарчанд сароҳати тамом надорад, вале ба тавҳид аз санавият наздиктар аст.

Тавҳид маротибе дорад: тавҳиди зот, тавҳиди сифот, тавҳиди афъол, тавҳид дар ибодат.

“Тавҳиди зот” иборат аст аз бемонандии зоти Ҳақ аз лиҳози вуҷуби вуҷуд ва қидами зотӣ ва истиқлол ва лоятаноҳӣ будан. Ҳамаи мосиво, аъамм аз муҷаррад ва моддӣ, мумкини биззот ва ҳодиси биззот аст ва қоим ба ӯ ва маҳдуд аст:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

(“Чизе монанди Ӯ (Худо) нест” (Сураи Шӯро, ояти 11)

وَلَهُ الْمَثَلُ الْأَعْلَى

(“Намунаи волои ҳар сифати бартар азони Ӯст” (Сураи Рум, ояти 27)

“Тавҳиди сифот” иборат аст аз ин ки ҳамаи камолоти зот айни зот аст. Агар олим ё қодир ё ҳай (зинда) ё нур аст, ба маънои ин аст, ки айни илм ва қудрат ва ҳаёт ва рӯшноист, ӯ ба тамоми маъно аҳад ва воҳид ва фард аст. Лозимаи вуҷуби зотӣ ва лоятаноҳӣ будани зоти Ҳақ ин аст, ки ҳеч ғайре ва соние барои ӯ ва дар мартибаи ӯ фарз намешавад. Ба иборати дигар, лозимаи камоли зотии Ҳақ, айнияти сифот бо зот аст. Муғойирати сифоти зот бо зот мусталзими маҳдудияти зот аст. Яъне танҳо дар мавриди умури мутаноҳӣ ва маҳдуд, фарзи сифати муғойир бо зот мумкин аст.

“Тавҳид дар афъол” иборат аст аз ин ки муассир ва фоили ҳақиқӣ дар низоми мавҷудот мунҳасиран зоти ӯст. Ҳар фоил ва муассире ба хости ӯ ва ба машияти ӯ фоил ва муассир аст. Ҳеч мавҷуде аъамм аз муҷаррад ё моддӣ, бо ирода ё бе ирода аз худ истиқлол надорад. Низоми иллату маълул танҳо маҷрои ирода ва машияти зоти Ҳақ аст. Ҳастӣ мулки ӯст ва ӯ дар мулки худ шарик надорад:

لَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَم يَكُن لَّهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ وَلَمْ يَكُن لَّهُ وَلِيٌّ مِّنَ الذُّلَّ وَكَبِّرْهُ تَكْبِيرًا

(“На фарзанде гирифта ва на дар ҷаҳондорӣ шарике дорад ва на хор буда, ки (ниёз ба) дӯсте дошта бошад ва ӯро бисёр бузург шумор”. (Сураи Исро, ояти 111)

“Тавҳид дар ибодат” марбут аст ба аксуламали банда дар баробари холиқ. Яъне ҳамон тавр, ки ӯ ягона дар зот ва дар сифот ва дар афъол аст, инсон низ дар мақоми парастиш бояд танҳо ӯро парастиш кунад ва ба ӯ мултаҷӣ шавад:

وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ

(“Ва фармон наёфта буданд ҷуз ин ки Худоро бипарастанд ва дар ҳоле ки ба тавҳид гаройидаанд, дини худро барои ӯ холис гардонанд…” (Сураи Байина, ояти 5)

Он чӣ дар мавриди Зартушт муҳаққақ аст ин аст, ки ба тавҳид дар ибодат даъват мекардааст. Аҳуромаздо, ки аз назари шахси Зартушт номи “Худои нодида, холиқи ҷаҳон ва инсон” аст, танҳо мавҷудест, ки шоистаи парастиш аст. Зартушт, ки расман худро мабъус аз ҷониби Аҳуромаздо мехондааст, мардумро аз парастиши девҳо, ки маъмули он замон будааст наҳй мекардааст.

Оқои дуктур Муин инкор дорад, ки ориёиён қабл аз Зартушт қувваҳои музирри табиатро ва ё девҳоро мепарастидаанд. Муддаӣ аст, ки ориёиён дар давраи табиӣ маҳз фақат қувваҳо ва арвоҳи судманди табиатро мепарастидаанд, на қувваҳо ва ё арвоҳи музирраро. Мегӯяд:

Онон (ориёиён) аз ин арвоҳи музирр мутанаффир буданд, онҳоро лаънат мекарданд ва ҳеч вақт дар садад барнамеомаданд, ки ризояти хотирашонро фароҳам ва ба воситаи қурбониҳо, аврод ва ибодатҳои мухталиф ғазаби эшонро мубаддал ба раҳмат созанд. Ва ҳамин худ яке аз вуҷуҳи ихтилофи асосии мӯътақадоти ақвоми ориёӣ бо ақвоми турк ва муғул мебошад; чӣ, мутобиқи ақидаи инон бояд қувваҳои музирро ба василаи ибодат ва қурбониҳо розӣ кард, бояд марҳамат ва дафъи мазаррати ононро харид ва бо эшон сохт”.

Агар сухани дуктур Муинро бипазирем, бояд бигӯем, Зартушт аз ин назар ислоҳе накардааст; парастиши девҳо дар миёни ориёиён маъмул набуда, то Зартушт наҳй кунад. Вале зоҳиран ин иддао иштибоҳ аст ва бар хилофи гуфтаи ҳамаи муҳаққиқон аст. Аз таъкидоти шадиде, ки аз Зартушт дар ин замина нақл шуда маълум мешавад, ки парастиши девҳо маъмул будааст.

Дар китоби “Торихи ҷомеи адён”, таълиф Ҷон Нос, тарҷумаи Алиасғари Ҳикмат, пас аз баҳсе дар бораи тағйироте, ки дар мафҳуми калимаи “Аҳуро” ва калимаи “дев” дар миёни ҳиндиҳо ва эрониҳо пайдо шудааст, мегӯяд:

Зартушт… биссароҳа (ба сароҳат) эълом фармуд, ки ин девҳо (маъбуди муғон ва тӯронён) ҳама арвоҳи ширрир ва зиёнкоранд, ки бо арвоҳи нек ва равонҳои хайр ва некӯкор дар ситез ва овез мебошанд. Онҳо падари дурӯғ ва фиребандаи ниҳодҳои пок мебошанд ва масдари шарр ва бадӣ ва зишткорианд ва одамиёнро аз парастиши Аҳуромаздо бозмедоранд. Пас, ибодати онҳоро манъ фармуд”.

Ҷон Нос даъвати Зартуштро дар матолиби зайл хулоса мекунад:

а) Эъломи беъсати худаш ва даъвати мардум ба қабули паёмбарии ӯ.

б) Аз он ҳама арвоҳи мутааддида (роиҷ ва маъмул дар миёни мардуми он аср) танҳо як равони хуб ва некӯ, ки Аҳуромаздо буд пазируфта ва ӯро болотарин ва бузургтарини худоён донист, офаридагор ва доно ва бартарини равонҳои илвӣ қарор дод, ва бар хилофи баъзе ақоиди мутааххирини ҷамоати зартуштиён, он пайғамбари бостонӣ гуфт, ки бар ҳасби машият ва иродаи мутаолии Аҳуромаздо тамоми мавҷудот офаридашудаанд ва чунонки дар ояти охирин аз Готҳо сароҳат дорад, Аҳуромаздо муҷиди (ба вуҷудоварандаи) ҳам нур ва ҳам зулмат ҳар ду мебошад.

в) Аҳуромаздо иродаи қуддусии илвии худро ба василаи руҳи муқаддас ва некӯниҳод аз қувва ба феъл меовард, ки ӯро “Спента-Майню” (Spentä Mainyu, хиради муқаддас) номидааст.

г) Бо он ки Аҳуромаздо дар арши ҷалоли худ ҳеч зидде ва нидде надорад, бо вуҷуди ин, Зартушт мӯътақид аст, ки дар баробари ҳар некӣ як бадӣ мавҷуд аст, чунонки дар баробари “Ашо” яъне ростӣ ва ҳақиқат, дурӯғ ва ботил ҷой гирифта ва дар баробари ҳаёт ва зиндагонӣ мавт ва марг қарор гирифтааст. Ба ҳамин қиёс, дар баробари руҳи муқаддаси пок “Спента-Майню” руҳи ширрир ва нопоки “Ангра-Майню” ҷой дорад, ки ба маънии равони палид аст… Рӯзи нахуст, ки ин ду равон тавъам бо якдигар падид омад, яке ҳаёт ва ҳастиро барқарор кард ва дигаре фано ва нобудиро, ва саранҷом ҷойгоҳи ҷовиди бадон (дӯзах) баҳраи пайравони дурӯғ хоҳад буд, лекин андешаи пок ва ҷойгоҳи ҷовиди некон яъне биҳишт насиби пайравони ростӣ хоҳад шуд… Аз ду равони тавъамон дар оғози офариниши ҷаҳон, он як, ки пок ва некӯкор аст, ба дигаре, ки душмани ӯ буд чунин гуфт: “То охирин рӯз, на дар ҷаҳони кунишу гӯишу маниш ва на дар олами арвоҳу аҷсом, мо ду равон бо якдигар ҳамоҳанг нахоҳем шуд”.

д) Нуқтаи аслӣ ва пояи асосии ахлоқ дар ойини Зартушт бар рӯйи ин қоида аст, ки нафс ва замири ҳар фарди одамизод як майдони набарди доимӣ байни хайру шарр аст ва синаи одамӣ танӯрест, ки оташи ин ҷанг ҳамвора дар он муштаъил мебошад. Рӯзе, ки Аҳуромаздо одамиро биёфарид, ӯро озодии амал ато кард, ки худ амали худро баргузинад. Яъне дорои нерӯи ихтиёр гардид, ки мобайни ду роҳи хато ва савоб ҳар якро бихоҳад интихоб намояд”.

Албатта, дар Готоҳо, ки як силсила муноҷотҳои манзум аст, матлаб ба ин сароҳат, ки Ҷон Нос мегӯяд нест. Аз баъзе оятҳои Готоҳо ҳамин матлаб истифода мешавад ва аз баъзе оятҳои дигар хилофи инҳо, ва ба ҳамин ҷиҳат дар ин ки ҳамаи Готоҳо аз Зартушт бошад, тардиде ҳаст. Худи оқои Ҷон Нос билохира мураддад аст, ки воқеан Зартушт Аҳуромаздоро холиқи “Ангра-Майню” (Аҳриман) медонистааст ва ё кошифи он. Аз ин рӯ мегӯяд:

… Нусуси китобҳои зартуштӣ дар бораи ҳадди масъулияти Аҳуромаздо дар масъалаи эҷоди руҳи ширрир (Аҳриман) бисёр мубҳам ва ғайримушаххас аст ва маълум нест, ки “Ангра-Майню” яъне равони палид ҳам аз рӯзи азал бо Аҳуромаздо муттафиқан ба вуҷуд омад ё он ки Аҳуромаздо баъдан ӯро офаридааст. Ба иборати дигар, оё Аҳуромаздо равони нопоки аҳриманиро халқ кард ё он ки “Ангра-Майню” мавҷуде буд палид ва Маздо ӯро кашф фармуд, аз ин рӯ ҳар ҷо, ки хубӣ буд, бадиро дар муқобил муайян сохт ва ҳар ҷо, ки рӯшноӣ буд, торикиро дар баробараш падидор намуд”.

Ҷузеф Геир (Joseph Gaer) дар китоби “Динҳои бузург” муддаӣ аст, ки пас аз он ки Зартушт ба дарбори Гуштосб дар Балх рафт ва миёни ӯ ва доноёни дарбори Гуштосб баҳсу гуфтугӯ шуд, аз ӯ пурсиданд: Ин офаридагори бузург кист? Ҷавоб дод: Аҳуромаздо парвардигори доно ва фармонравои бузурги ҷаҳон.

— Ту бар онӣ, ки ӯ ҳамаи чизҳои ҷаҳонро офаридааст?

— Ӯ ҳар чизро, ки некӯст офаридааст, зеро Аҳуромаздо ҷуз некӯӣ ба коре тавоно нест.

— Пас зиштиҳо ва палидиҳо сохтаи кист?

— Зиштиҳо ва палидиҳоро Ангра-Майню яъне Аҳриман бад-ин ҷаҳон овардааст.

— Пас, бад-ин гуна дар ҷаҳон ду Худо вуҷуд дорад?

— Оре, дар ҷаҳон ду офаридагор ҳаст…

Вале зоҳиран маъхази Ҷузеф Геир ривоёти зартуштӣ аст, на маохизи торихӣ. Агар бихоҳем ба ривоёти суннатии зартуштиён эътимод кунем, бидуни шак бояд Зартуштро санавӣ бидонем. Чӣ мадраке аз китоби “Вандидод”, ки ҷузъе аз Авастои соcонӣ аст болотар? Дар ин китоб ҳатто сарзаминҳо тақсим шудааст; сарзаминҳои пурхайру баракат махлуқи Аҳуромаздо ва сарзаминҳои бехайру баракат махлуқи Аҳриман муаррифӣ шудааст.

Ва чунонки гуфтем, мухталиф будани муфоди Готҳо сабаб шуда, ки донишмандон дар бораи санавият ва яктошиносии Зартушт ихтилофи назар дошта бошанд.

Гиршман (Roman Ghirshman), эроншиноси маъруф дар китоби “Эрон аз оғоз то ислом” мегӯяд:

Ойини зартуштӣ мабнӣ бар тавҳид набуд, вале дар аҳди соcонӣ бар асари нуфузи адёни бузург (масеҳият) ваҳдатро пазируфт”.

Ва баръакс, Думезил (Georges Dumézil) ҳамчунонки собиқан нақл кардем, мӯътақид аст, ки Зартушт ба тавҳид даъват мекардааст.

Шаҳристонӣ дар “Алмилал ван-ниҳал” Зартуштро муваҳҳид медонад. Шаҳристонӣ таҳти таъсири ақоиди фалсафӣ ва каломии исломӣ масъалаи хайру шаррро ба наҳве тавҷеҳ мекунад, ки фақат бо андешаҳои исломӣ мунтабиқ аст, на бо андешаҳои зартуштӣ.

Ҳақиқат ин аст, ки агар тавҳидро аз ҳамаи ҷиҳот дар назар бигирем, бисёр мушкил аст, ки битавонем ойини Зартуштро як ойини тавҳидӣ бидонем.

Маъмулан баҳс дар ин ки ойини Зартушт тавҳидӣ аст ё санавӣ, мубтанӣ бар ин қарор дода мешавад, ки оё Зартушт Аҳуромаздоро офаринандаи Аҳриман медонад ва Аҳриманро офаридаи ӯ? Ва ё он ки Аҳриманро қадим ва азалӣ ва дар арзи Аҳуромаздо медонад? Ва чунин фарз кардаанд, ки агар собит шавад, ки аз назари Зартушт Аҳриман офаридаи Аҳуромаздост, матлаб тамом аст ва ойини Зартушт ойини тавҳидӣ аст.

Ин матлаб аз назари тавҳиди зотӣ саҳеҳ аст, вале аз назари тавҳиди афъолӣ саҳеҳ нест, зеро он чӣ маълум аст ин аст, ки бино бар осори мавҷуд ва аз он ҷумла Готҳо, чизе, ки андешаи Зартуштро монанди соири ориёиҳои қадим сахт ба худ машғул доштааст, вуҷуди бадиҳост. Аз назари Зартушт, ҷаҳони мавҷуд, бар хилофи назми маъқулест, ки боист бошад. Як силсила ҳақоиқ мавҷуданд, ки “шарр” ва палиданд ва мавҷудоти муқаддас аз қабили Аҳуромаздо ва ё “Спента-Майню” аъзам ва аҷал аз ин ҳастанд, ки хилқати ин шурур ба онҳо нисбат дода шавад, пас бояд мавҷуди дигаре фарз кард, ки зотан хабис аст ва офариниши ашёи бад мунтасаб ба ӯст.

Бо ин тарзи тафаккур, хоҳ Аҳриман махлуқи Аҳуромаздо бошад ва хоҳ набошад, асоси тавҳид мутазалзил аст. Агар махлуқи Аҳуромаздо нест, ки возеҳ аст, ва агар махлуқи Аҳуромаздо ҳаст, аввалан ин пурсиши асосӣ боқист, ки агар Аҳуромаздо метавонад фоили шарр ҳам бошад, чӣ лузуме дорад, ки вуҷуди Ангра-Майню дар муқобили Аҳуромаздо ё Спента-Майню фарз шавад, он шурурро ба худи Аҳуромаздо, ки воҷибулвуҷуд аст ва ё ба Спента-Майню, ки содири аввал аст нисбат медиҳем. Ва агар истиноди шурур ба Аҳуромаздо мумкин нест, чӣ гуна Аҳуромаздо худи Ангра-Майнюро, ки мабдаи кулли шурур ва шарри маҳз аст офарид? Сониян, ҳоло, ки Ангра-Майню офарида шудааст, чӣ нақше дорад? Оё мустақиллан даст ба офариниш мезанад ва ё он ки хоста ва машияти болиғаи Аҳуромаздоро иҷро мекунад? Агар мустақиллан даст ба офариниш мезанад, пас Аҳуромаздо ба ҳар ҳол шарик дорад, ниҳоят дар фоилият ва холиқият. Ва ин айни ширк аст. Ва агар истиқлол надорад ва мисдоқи

وَمَا تَشَاؤُونَ إِلَّا أَن يَشَاءَ اللَّهُ

(“Ва то Худо парвардигори ҷаҳонҳо нахоҳад, (шумо низ) нахоҳед хост…” (сураи Таквир, ояти 29) аст, пас фарзи Ангра-Майню таъсире дар нафйи интисоби шурур ба Аҳуромаздо надорад.

Асосан, решаи санавият ин аст, ки башар ашёро ду навъ ташхис додааст: навъи хуб ва навъи бад. Барои хубҳо як мабдаъ ва як реша қоил шудааст ва барои бадиҳо мабдаъ ва решаи дигар. Фоили хайрро, ки дорои олитарин сифот ва камолот мешумурда бартар ва муназзаҳтар аз ин медониста, ки дар кори мавҷудоти муъзӣ ва зорра дахолат дошта бошад. Аз ин рӯ махлуқ будани онҳоро ба василаи инчунин мабдае инкор мекарда ва ночор мабдаи дигаре, ки шарри маҳз аст фарз мекардааст. Яъне инкори имкони махлуқ будани шурур ба василаи Худованд, мунҷар ба фарзи мабдае дигар дар арзи Худованд шудааст.

Аммо агар фарз кунем, ки он мабдаи дигар, ки холиқи шурур аст, дар арзи Худованд нест, балки махлуқи Худованд аст, ҳарчанд вуҷуди як асли қадими қоим биззотро дар баробари Худованд инкор кардаем, аммо асли матлаб яъне инкори интисоби хилқати бархе мавҷудот, ки шурур номида мешаванд, сар ҷойи худ боқист. Ба иборати дигар, барои Худованд шарике дар мартибаи зот қоил нашудаем, вале яке аз махлуқоти ӯро шарики ӯ дар холиқият қарор додаем.

Гузашта аз ин ки ширк дар холиқият, бар хилофи таълимоти ҳамаи паёмбарон аст, дар ҳикмати аъло мубарҳан аст, ки ширк дар холиқият, билмаол мусталзими ширк дар зот аст.

Ҳақиқат ин аст, ки ин навъ тарзи тафаккур, ки ношӣ аз гирифторӣ дар шашу панҷи хайру шарр аст, шаъни як нимафайласуф аст, на шаъни як набӣ ва на шаъни як файласуфи комил. Аз назари як набӣ, ки ҳастиро аз боло мебинад, ҷуз нур ва рӯшноӣ ва хайр ва раҳмат ва ҳикмат чизе нест ва ҷуз як машият, ки бар асоси ҳикмати болиға, низоми иллату маълул ва асбобу мусаббаботро барқарор карда, дастандаркор намебошад. Барои як набӣ ва ё як ориф, маҳол аст, ки чунин андешаҳое ӯро ба худ машғул созад ва аз назари як файласуфи комил низ ҳамаи шурур умуре адамӣ ва изофӣ ва нисбӣ мебошанд ва ин умури нисбӣ ва изофӣ бо ҳамин ҳол рукни низоми аҳсан ва акмал мебошанд ва муқтазои ҳикмати болиғаи илоҳӣ аст ва агар набошанд, низоми ҷаҳон ноқис аст.

Аз назари як дини тавҳидӣ, Худованди Мутаол комили мутлақ аст ва аз ҳар нақсе мубаррост, ҳамаи мавҷудот ба машият ва ирода ва ҳикмати болиғаи ӯ ба вуҷуд омада ва фонӣ мешаванд, вуҷуди ҳеч мавҷуде лағв ва абас нест, шарри ҳақиқӣ вуҷуд надорад, ҳама чиз нек офарида шуда:

الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ

(“Ҳамон касе, ки ҳар чизеро, ки офаридааст некӯ офарида…” (Сураи Саҷда, ояти 7)

Вуҷуд медиҳад, фонӣ месозад ва зинда мекунад, мемиронад:

يحيي ويميت، ويميت ويحيي

(“Ҳам ӯст зинда мекунад ва мемиронад, мемиронад ва зинда мекунад”. (Биҳорул-анвор, 76/194)

Рӯз ва рӯшноиро меоварад, шаб ва торикиро низ меоварад:

يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ

(“Худо шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро низ дар шаб дармеоварад…” (Сураи Ҳаҷ, ояти 61)

Ҳамон, ки нурро офарида зулматро низ офаридааст:

الْحَمْدُ لِلّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ

(“Ситоиш Худойро, ки осмонҳо ва заминро офарид, ва торикиҳо ва рушноиро падид овард…” (Сураи Анъом, ояти 1)

Қаблан аз китоби “Динҳои бузург” таълифи Ҷузф Геир, муҳовираи Зартуштро бо Гуштосб ва дарбориёни ӯ нақл кардем, ки чӣ гуна дар муҳовираи худ Худоро фақат офаринандаи хубиҳо медонад ва бадиҳо ва муъзиҳоро ба мавҷуде дигар мунтасаб мекунад ва хилқати онҳоро шаъни Худованд намедонад. Ҳарчанд мо дар асолати он муҳовира тардид кардем, вале ин муҳовира ба ҳар ҳол намояндаи тарзи тафаккури зартуштиён аст. Ин муҳовираро қиёс кунед бо муҳовираи Мӯсо ибни Имрон, паёмбари Худо бо подшоҳи асри хеш яъне Фиръавн, ки Қуръони Маҷид нақл кардааст.

Фиръавн ба Мӯсо ва Ҳорун хитоб карда, мегӯяд:

— Эй Мӯсо! Парвардигори шумо ду нафар кист?

— Парвардигори мо он касест, ки ба ҳар мавҷуде он офаринише, ки шоистаи ӯ буд ато кард ва сипас ӯро дар роҳи махсуси худаш ҳидоят фармуд. (Сураи Тоҳо, оятҳои 49 ва 50)

Мӯсо дар як ҷумлаи кӯтоҳ мегӯяд, ҳама чизро Худо офарида ва Худо ҳар мавҷудеро бар тибқи ҳикмат офарида ва он чиро мебоист ба ӯ аз назари офариниш бидиҳад додааст; ҳеч мавҷуде бар хилофи он чӣ бояд бошад нест, ҳар чизе ба ҷойи хеш некӯст, ҳеч чизе шарри воқеӣ нест, то гуфта шавад, он чизро Худованд наёфарида, мавҷуде дигар офаридааст. Оре, ин аст мантиқи паёмбарӣ.

Аз он чӣ гуфтем, маълум шуд фарзи Ангра-Майню ба унвони мавҷуде офаринандаи бадиҳо ва тавҷеҳкунандаи шурур ва ҷанбаҳои номаъқули ҷаҳони ҳастӣ ҳарчанд худаш офаридаи Аҳуромаздо бошад, бар хилофи усули тавҳидӣ ва бар хилофи мантиқи мусаллами паёмбарон аст.

Аз ин рӯ бар хилофи он чӣ Кристенсен (Arthur Christensen) иддао мекунад, ки дини Зартушт яктопарастии ноқис аст, бояд гуфт, фалсафаи ноқис аст яъне ба гуфтори як нимафайласуф шабеҳтар аст, то гуфтори як набӣ ё як файласуфи комил.

Оқои дуктур Муҳаммади Муин аз Ду Миноже чунин нақл мекунад:

Дар Қуръон ба пайдоиши шарр ва мабнои гуноҳи башар ишороте рафтааст. Ойини маздоӣ ба ин масъала посухи осон ва усулии хоссе медиҳад, бад-ин маънӣ, ки “шарр”-ро ба вуҷуде дар баробари Худо нисбат дода ва онро низ чун Худо қадим ва азалӣ муаррифӣ мекунад. Бегуфтугӯ “руҳи шарр” аз ҳайси нерӯ ва азамат ба пойи Худо намерасад ва билохира дар баробари вай бо шикаст мувоҷеҳ мегардад, бо ин ҳол, дар баробари Худо чун монеъе пайдо шуда ва аъмоли ӯро маҳдуд месозад. Посухе, ки ойини маздоӣ ба масъалаи хайру шарр медиҳад, лоақал ин натиҷаро дорад, ки Худоро аз масъулияти “бадиҳое”, ки дар ҷаҳон мебинем мубарро месозад”.

Дасти шумо дард накунад! Худованд сояи оқои Ду Миноже ва ойини маздоииро аз сари худаш ва ҳамаи малакути аъло каму кӯтоҳ нафармояд!

Агар ойини маздоӣ Худоро аз асос инкор мекард, беҳтар ӯро аз масъулияти бадиҳое, ки оқои Ду Миноже мебинад мубарро месохт. Ойини маздоӣ хоста абрӯи Худоро ислоҳ кунад, чашми Худоро кӯр кардааст. Хостааст бадиҳоро, ки як силсила умури изофӣ ва нисбӣ ва дар таҳлили ниҳоӣ адамӣ ҳастанд, ба Худо нисбат надиҳад, Худоро аз худоӣ дар ниме аз махлуқот маъзул кардааст. Дар ойини маздоӣ ба адамӣ будани шурур ва зарурӣ ва лоянфак будани инҳо аз ҷаҳони табиат ва ба фавоид ва осор ва ҳикматҳои ин ба истилоҳ шурур ва бадиҳо таваҷҷӯҳ нашудааст ва барои раҳоӣ аз ишколе, ки дучораш будааст, тешаро бардошта ва решаро қатъ кардааст.

Мо дар ин ҷо наметавонем вориди баҳси хайру шарр бишавем; баҳсест олӣ ва амиқ ва дилкаш, аз вартаҳоест, ки “дар он варта ҳазорон киштӣ фурӯ шуда ва тахтае аз он бар канор намондааст”. Яке аз он киштиҳо киштии ойини маздоӣ аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: