Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (8)

Бахши ҳаштум

Таъвил

Имом Ғаззолӣ дар ин фасл аз рисолаи худ, ба тафсил роҷеъ ба таъвил ва қоидаҳое, ки бояд мавриди риояти таъвилкунанда қарор бигирад, баҳс ба амал овардааст. Мо дар ин қисмат аз мақола, фақат тарҷумаи гуфтори Имом Ғаззолиро пешкаш мекунем, ва дар қисмати баъдӣ, ба шарҳу тавзеҳи ин суханон мепардозем.

Мегӯяд:

فاسمع الآن قانون التأويل، فقد علمت اتفاق الفرق على هذه الدرجات الخمس، في التأويل، وأن شيئاً من ذلك ليس من حيز التكذيب. واتفقوا أيضاً على أن جواز ذلك موقوف على قيام البرهان على استحالة الظاهر. والظاهر الأول هو الوجود الذاتي، فإنه إذا ثبت تضمن الجميع، فإن تعذر فالوجود الحسي، فإنه ثبت تضمن ما بعده، فإن تعذر فالوجود الخيالي، أو العقلي، وإن تعذر فالوجود الشبهي المجازي. ولا رخصة للعدول عن درجة إلى ما دونها إلا بضرورة البرهان، فيرجع الاختلاف على التحقيق إلى البراهين. إذ يقول الحنبلي: لا برهان على استحالة اختصاص الباري بجهة فوق. ويقول الأشعري: لا برهان على استحالة الرؤية. وكأن كل واحد لا يرضى بما ذكره الخصم، ولا يراه دليلاً قاطعاً. وكيفما كان، فلا ينبغي أن يكفر كل فريق خصمه، بأن يراه غالطاً في البرهان، نعم يجوز أن يسميه ضالاً أو مبتدعاً: أما ضالاً، فمن حيث إنه ضل عن الطريق عنده. وأما مبتدعاً، فمن حيث إنه ابتدع قولاً لم يعهد من السلف الصالح التصريح به، إذ المشهور فيما بين السلف أن الله تعالى يرى. فقول القائل لا يرى بدعة. وتصريحه بتأويل الرؤية بدعة، بل إن ظهر عنده أن تلك الرؤية معناها مشاهدة القلب، فينبغي أن لا يظهره ولا يذكره، لأن السلف لم يذكروه. لكن عند هذا يقول الحنبلي: إثبات الفوق لله تعالى مشهور عند السلف، ولم يذكر أحد منهم أن خالق العالم ليس متصلاً بالعالم ولا منفصلاً، ولا داخلاً ولا خارجاً، وأن الجهات الست خالية عنه، وأن نسبة جهة فوق إليه كنسبة جهة تحت، فهذا قول بدع، إذ البدعة عبارة عن أحداث مقالة غير مأثورة عن السلف. وعن هذا يتضح لك أن هاهنا مقامين: أحدهما: مقام عوام الخلق. والحق فيه الاتباع، والكف عن تغيير الظاهر رأساً، والحذر من إبداع التصريح بتأويل لم تصرح به الصحابة، وحسم باب السؤال رأساً، والزجر عن الخوض في الكلام، والبحث، واتباع ما تشابه من الكتاب والسنة، كما روي عن عمر رضي الله عنه أنه سأله سائل عن آيتين متعارضتين، فعلاه بالدرة. وكما روى عن مالك، رحمه الله، أنه سئل عن الاستواء، فقال: (الاستواء معلوم، والإيمان به واجب، والكيفية مجهولة، والسؤال عنه بدعة). المقام الثاني: بين النظار الذي اضطربت عقائدهم المأثورة المروية، فينبغي أن يكون بحثهم بقدر الضرورة، وتركهم الظاهر بضرورة البرهان القاطع، ولا ينبغي أن يكفر بعضهم بعضاً بأن يراه غالطاً فيما يعتقده برهاناً؛ فإن ذلك ليس أمراً هيناً سهل المدرك وليكن للبرهان بينهم قانون متفق عليه، يعترف كلهم به، فإنهم إذا لم يتفقوا في الميزان لم يمكنهم رفع الخلاف بالوزن، وقد ذكرنا الموازين الخمسة في كتاب (القسطاس المستقيم) وهي التي لا يتصور الخلاف فيها بعد فهمها أصلاً، بل يعترف كل من فهمها بأنها مدارك اليقين قطعاً.والمحصلون لها يسهل عليهم عقد الإنصاف والانتصاف، وكشف الغطاء ورفع الاختلاف، ولكن لا يستحيل منهم الاختلاف أيضاً. إما لقصور بعضهم عن إدراك تمام شروطه، وإما في رجوعهم إلى محض القريحة والطبع، دون الوزن بالميزان، كالذي يرجع بعد تمام تعلم العَروض في الشعر، إلى الذوق، لاستثقاله عرض كل شعر على العروض، لا يبعد أن يغلط. وإما لاختلافهم في العلوم التي هي مقدمات البراهين، فإن من العلوم التي هي أصول البراهين، تجريبية وتواترية، وغيرها. والناس يختلفون في التجربة والتواتر، فقد يتواتر عند واحد ما لا يتواتر عند غيره، وقد يتولى تجربة ما لا يتولاه غيره. وإما لالتباس قضايا الوهم بقضايا العقل. وإما لالتباس الكلمات المشهورة المحمودة، بالضروريات، والأوليات، كما فصلنا ذلك في كتاب: محك النظر

Инак, гӯш бисупор ба қонун ва чорчӯбаи таъвил. То ин ҷо бароят равшан шуд, ки ҳамаи фирқаҳои исломӣ гунаҳои панҷгона дар таъвил (ки дар фаслҳои пешин мавриди ишора қарор гирифт)-ро қабул доштаанд (ҳоло, гарчи баъзеяшон ба забон рад мекунанд, вале дидем, ки амалан ба он рӯй овардаанд), ва ҳеч мавриде аз он, дохил дар қаламрави такзиб набудааст.

Ҳамчунин, қабул доштаанд, ки ҷоиз будани таъвил, бастагӣ дорад бар қиёми бурҳони ақлӣ бар маҳол будани зоҳир (-и он чи соҳиби шариат аз вуҷуди он хабар медиҳад, вагарна таъвил раво нест. Ва аммо зоҳир кадом аст?)

Зоҳир, дар навбати аввал, ҳамон вуҷуди зотӣ (-и он чи ҳазрати паёмбар (с) аз вуҷуди он хабар медиҳад) аст… Аммо агар вуҷуди зотӣ имконпазир набуд, зоҳир дар дараҷаи дуввум, вуҷуди ҳиссӣ аст… Дар сурати адами имкони вуҷуди ҳиссӣ, вуҷуди хаёлӣ ва ё вуҷуди ақлӣ зоҳир ба шумор меояд… Агар ин ду ҳам имконнопазир буданд, вуҷуди шабаҳии маҷозиро бояд зоҳир гирем.

(Лозим ба ёдоварӣ бошад, ки) убур аз як дараҷа ба дараҷаи пойинтар (масалан, аз вуҷуди зотӣ ба вуҷуди ҳиссӣ, ва ё аз вуҷуди ҳиссӣ ба вуҷуди хаёлӣ ё ақлӣ ва ғайра…) фақат дар сурате ҷоиз ва мавриди рухсат мебошад, ки бурҳони ақлӣ (бар маҳол будани дараҷаи болоӣ) барпо бошад.

Аммо, ин ҷо ҳам бо як мушкиле рӯбарӯ ҳастем; мушкил дар атрофи ин масъала, ки кадом чиз маҳол аст, ва кадом чиз мумкин?

Зеро ҳанбалӣ мегӯяд: бурҳони ақлӣ бар маҳол будани ҷиҳат доштани Худо барпо нест. (Яъне ҷиҳат доштани Худо, аз назари ақлӣ, маҳол нест, балки мумкин аст).

Ашъарӣ мегӯяд: бурҳони ақлӣ бар маҳол будани дида шудани Худо барпо нест. (Яъне аз назари ақлӣ, маҳол нест, ки Худо мавриди руъйат қарор бигирад).

Гӯи ин ки ҳар як аз инҳо он чиро, ки мухолифаш ёдовар шудааст намепазирад ва далели ӯро далели қатъӣ намедонад.

Ҳоло, ҳар чӣ буд, бошад, аммо дар ин сурат ҳам, набояд ҳеч фирқае мухолифи худ (дар андеша)-ро такфир кунад. (Яъне ҳатто дар сурате, ки далели мухолифашро нодуруст ва ӯро дар иқомаи бурҳон иштибоҳкунанда пиндорад ҳам, набояд кофираш хонад).

Оре, метавонад ӯро гумроҳ ва ё бидъаткор ҳисобад (аммо на кофир). Гумроҳ метавонад биномад ба ин ҷиҳат, ки мухолифаш аз он роҳе, ки ба назари ӯ дуруст менумояд, гумроҳ шудааст. Бидъаткор метавонад бишуморад бад-ин сабаб, ки мухолиф гуфтореро аз пеши худ овардааст, ки салафи солеҳ онро ба забон наовардаанд. Чаро ки он чи дар байни салаф машҳур будааст ин аст, ки Худои Мутаол мавриди руъйат қарор мегирад ва дида мешавад.

Пас, ин гуфтори гӯянда, ки мегӯяд, Худо дида намешавад, бидъат аст, ва ҳам тасреҳи ӯ ба таъвили руъят низ бидъат аст.

Ҳоло, агар барояш чунин зоҳир шуда бошад, ки он руъйате, ки дар мавриди зоти Худо матраҳ аст, ба маънои мушоҳидаи қалб аст (на мушоҳидаи чашм), дар ин сурат, бояд чунин тафсиреро изҳор накунад ва аён насозад, зеро ки салаф онро зикр накардаанд.

Аммо дар ин ҷо ҳанбалӣ мегӯяд: исботи фавқ (боло қарор доштан) барои зоти Худои Мутаол, назди салаф машҳур аст ва касе аз эшон нагуфтааст, ки офаридгори ҳастӣ на муттасил (пайваста) ба ин олам аст, на мунфасил (ҷудошуда) аз он, на дохил дар он ва на берун аз он. Ва ҳам нагуфтааст, ки ҷиҳоти шашгона (пеши рӯ, пушти сар, тарафи рост, тарафи чап, боло ва пойин) холӣ аз Худоянд, ва нисбати ҷиҳати фавқ ба ӯ, монанди нисбати таҳт (пойин) аст. Пас, он гуфтор, гуфтори навпайдо ва бидъат аст, чун бидъат иборат аст аз: эҷоди гуфторе, ки аз салаф ба мо нарасидааст.

Аз ин ҷост, ки бароят рӯшан мешавад, ки дар ин миён ду мақом ҳаст:

Мақоми аввал: мақоми мардуми авом аст. Он чи дар ин мақом дуруст мебошад, ин пайравии маҳз, худдорӣ аз тағйири зоҳир, парҳез аз тасреҳ ба таъвили он чи саҳоба ба он тасреҳ накардаанд, бастани дари суол аз ибтидо ва худдорӣ аз баҳсу гуфтугӯ (дар ин мавзӯъ) аст, чунонки аз Умар (р) ривоят шудааст, ки касе дар бораи ду ояти мутаориз суол кард, пас Умар (р) ӯро ба шаллоқ зад. Ва чунонки аз Молик (р) ривоят шудааст, ки аз ӯ дар бораи истиво (дар арш қарор доштани Худо) пурсиданд, ки чӣ гуна аст? Ӯ дар посух гуфт: истиво маълум аст, имон ба он воҷиб аст, кайфият ва чигунагии истиво маҷҳул аст, ва суол дар бораи он (ки чӣ гуна аст) бидъат аст.

Мақоми дуюм: мақоми аҳли назар аст, ки ақоиде, ки аз тариқи нақл барояшон дастрас шудааст, дучори изтироб гардида. (Бар ин тоифа аст, ки перомуни ақоид баррасӣ кунанд, аммо) баҳсу баррасияшон, ба миқдори зарурат буда ва он чи аз зоҳир, ки раҳо мекунанд, ба воситаи бурҳони ақлии қатъӣ бошад. Дар ин ҷо ҳам набояд бархе аз пайравони мазоҳиб бархеи дигарро такфир кунанд, ба ин баҳона, ки мухолифи ӯ дар ақида, дар он чи бурҳони ақлӣ медонад иштибоҳ намудааст. (Яъне ҳатто дар сурате ки далели мухолифашро нодуруст ва ӯро дар иқомаи бурҳон иштибоҳкунанда пиндорад ҳам, набояд кофираш хонад). Зеро ки ин амр (яъне ташхиси ин ки кадом чиз бурҳони қатъӣ аст ва кадом чиз нест) кори осоне нест.

Ба ҳамин ҷиҳат, (беҳтарин роҳи ҳал дар ин замина он аст, ки) қабл аз ҳар чиз, ҳамагӣ, мизон ва меъёрҳои муайянеро дар миёни худ довар қарор диҳанд, албатта ба ин шарт, ки ин меъёрҳо мавриди қабули ҳамаашон бошад, ва он гоҳ ҳар он чиро, ки тарафи мухолиф бурҳони қатъӣ медонад, бар ин мизону меъёрҳо бисанҷанд, ки агар тибқи он меъёрҳо бурҳон буд, бипазиранд, вагарна метавонанд рад кунанд. Чун агар дар мавриди меъёр бо ҳам иттифоқ надошта бошанд, ҳаргиз рафъи ихтилоф барояшон муяссар намешавад. Мо (Ғаззолӣ) меъёрҳои панҷгонаеро дар китоби “Қистоси мустақим” ёдовар шудаем, ки агар дуруст фаҳм шаванд, тасаввур намеравад, ки касе дар мавриди онҳо ихтилоф намояд…

Пас, донишҷӯён ва касоне, ки нек он меъёрҳоро дарк мекунанд, барояшон хеле осон хоҳад буд, ки роҳи инсоф пеша кунанд, парда аз чеҳраи матлаби печидае бардоранд, ихтилофи фимобайни худро бартараф созанд.

Албатта, маҳол нест, ки боз ҳам ихтилоф аз миёнашон бардошта нашавад. Сабабаш ҳам бармегардад ба чанд чиз:

а) ё ба хотири кӯтоҳназарии бархеҳо аз дарки тамомии шароити бурҳон;

б) ё ба ин ҷиҳат, ки бархе, дар арзёбии ашё, ба ҷои меъёр, ба завқу салиқаи шахсӣ руҷӯъ кунанд, мисли он кас, ки пас аз фарогирии шарту шароити қофиябандӣ дар шеър, боз ҳам ба завқу салиқаи шахсӣ руҷӯъ мекунад, чун барояш арзаи ҳар шеъре бар он меъёрҳо сангин аст, ки дар ин сурат, баъид нест, ки боз ҳам ба хато роҳ диҳад;

в) ё ба ин ҷиҳат, ки дар масоиле, ки муқаддимоти бурҳонро ташкил медиҳад, бо ҳам ихтилоф дошта бошанд. Зеро, масоиле, ки усули бурҳон ба шумор меоянд, ё таҷрубиёт ҳастанд, ё мутавотирот ҳастанд ва ё ғайри онҳо (ки дар китобҳои мантиқӣ ба тафсил дар бораи онҳо баҳс шудааст). Чи басо масъалае барои як нафар мутавотир бошад, вале барои як нафари дигар, ҳамон масъала мутавотир ба шумор наравад;

г) ё бад-ин ҷиҳат, ки барои бархе, масоили ваҳмӣ ва хаёлӣ бо масоили ақлӣ муштабаҳ гардад. (Масалан, як масъала, ки ақлӣ нест ва реша дар ваҳму хаёл дорад, барои касе ақлӣ вонамуд шавад, ва он гоҳ бар асоси он, бурҳон иқома кунад);

д) ё ба ин сабаб, ки барои баъзе аз мардум, суханони машҳуру писандида, бо масоили зарурӣ ва бадеҳӣ муштабаҳ гардад, чунон ки дар китоби “Маҳаккун-назар” инро ташреҳ кардаем…

Иншоаллоҳ дар қисмати баъдии мақола, ба шарҳу тавзеҳи ин суханон хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: