Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (9)

Бахши нӯҳум

Шарҳу тавзеҳи гуфтори Имом Ғаззолӣ дар баҳси таъвил

Дар қисмати ҳаштуми ин баҳс, бо назари Имом Ғаззолӣ (р) дар бораи таъвил ошно шудем. Дар ин қисмат мехоҳам ба шарҳу тавзеҳи ҳамон гуфтор бипардозам.

Имом Ғаззолӣ бар он аст, ки ҷамиъи тавоифи исломӣ таъвилро ба он маъно, ки дар фаслҳои пешин тавзеҳаш гузашт, қабул доранд. Ва ҳамчунин, ҳамаашон қабул доранд, ки фақат дар сурате бояд ба таъвил рӯй овард, ки ҳамли мазмуни гуфтори соҳиби шариат бар зоҳир имконпазир набошад, яъне бурҳони ақлӣ бар номумкин будани маънои зоҳир барпо шуда бошад.

Масалан, дар ривоят омадааст, ки: “Ҳаҷарул-асвад дасти рости Худо дар рӯи замин аст”. Барои ҳар оқиле рӯшан аст, ки Худои Мутаол, аввалан мисли мо махлуқот дорои даст нест, ва сониян, бар фарз, ки бипазирем Худо даст дорад, аммо на ба монанди дасти мо махлуқот, балки кайфият ва чигунагии дасти ӯ Таоло бароямон маҷҳул ва ношинохта аст, бо вуҷуди ин, рӯшан аст, ки қатъан Ҳаҷарул-асвад, ки як санг аст, он дасти бароямон ношинохтаи Худо ҳам намебошад. Зеро қарор бар ин аст, ки дасти ӯ Таоло барои мо маҷҳул аст, на маълум. Ва Ҳаҷарул-асвад, ки кайфият ва чигунагияш барои мо маълум аст, қатъан он даст нест. Ин, як бурҳони ақлӣ аст бар номумкин будани маънои зоҳир.

Дар ин ҷост, ки уламо ривояти номбурда ва амсоли онро ба зоҳираш ҳамл накардаанд, ҳатто имоми аҳлул-ҳадис Имом Аҳмади Ҳанбал, ки ба иддаои пайравонаш, парҳезкунандатарини афрод аз бакоргирии таъвил аст, ин ҷо ночор шудааст рӯй ба таъвил оварад, ки дар баҳсҳои пешин ба он ишора шуд.

Таъвил ҷуз ин нест. Ҳоло, достон ин ҷо поён намепазирад. Як мушкили дигар ҳаст, ки ба гуфтаи Имом Ғаззолӣ, то он ҳал нашавад, ихтилофи тавоифи исломӣ ҳам ба интиҳо намерасад. Ва он ин аст, ки агарчи ҳамагӣ қабул кардаанд, ки ҷуз дар сурати зарурат, набояд ба таъвил рӯй овард, ва он, замонест, ки бурҳони ақлӣ бар номумкин будани ҳамли мазмуни ривоят бар зоҳир барпо шуда бошад, аммо бо вуҷуди ин, ин тавоиф дар робита бо ин масъала, ки кадом чиз аз назари ақлӣ маҳол аст ва кадом чиз маҳол нест, иттифоқи назар надоранд.

Яке мегӯяд, исботи фавқ (дар боло қарор доштан) барои Худо, аз назари ақлӣ маҳол нест. Ва дигаре мегӯяд, ин маҳол аст. Севвуме мегӯяд, ба чашм дида шудани Худои Мутаол ақлан маҳол аст. Чаҳоруме муддаист маҳол нест ва ғайра…

Яъне ҳар яке, бурҳонеро, ки дигарӣ бар маҳол будан барпо кардааст, қабул накарда ва он бурҳонро бурҳони ақлӣ намедонад.

Ин ҷост, ки Имом Ғаззолӣ мегӯяд, барои ин ки тавоифи исломӣ дар ин замина ба як тавофуқ бирасанд, бояд “меъёри муайяне”-ро барои бурҳони ақлӣ таъйин кунанд; меъёреро, ки албатта мавриди қабули ҳамаашон бошад. Он гоҳ, агар бурҳони иқомашуда аз сӯи яке, тибқи он меъёр буд, ночор бояд бипазиранд, вагарна маълум мешавад, ки ғарази дигаре доранд.

Худи Имом Ғаззолӣ китобе ба унвони “Қистоси мустақим” дар ин замина навишта ва дар он, меъёрҳои панҷгонаеро матраҳ карда ва мӯътақид аст, ҳар инсони оқиле, агар нек дар ин меъёрҳо биандешад ва онҳоро хуб бифаҳмад, бе тардид қабул хоҳад намуд.

Намехоҳам ин ҷо ба тафсил перомуни он меъёрҳо баҳс ба амал оварам, чун баҳси мо гунҷоиши онро надорад. Хоҳишмандон метавонанд ба он китоб муроҷеа карда ва бо онҳо ошно шаванд.

Балки мехоҳам андаке перомуни бурҳони ақлӣ баҳс кунам. Фаҳми бурҳон, калиди фаҳми тамоми матолибест, ки Имом Ғаззолӣ дар ин фасл ба онҳо ишора кардааст. Барои фаҳми ин ки бурҳони ақлӣ чист, ночорем нахуст дар бораи илми мантиқ, ки баҳси бурҳон дар лобалои ин илм омӯхта мешавад, баҳс ба амал оварам.

* * *

Илми мантиқ

Мантиқ илмест, ки барои инсон равиши дуруст фикр карданро меомӯзад. Дар таърифи илми мантиқ гуфтаанд: “Мантиқ илмест, ки барои инсон як даста қоидаҳоеро меомӯзад, ки агар инсон он қоидаҳоро дар ҳангоми фикр кардан, нек ба кор гирад, ӯро аз хато дар фикр нигаҳ медоранд”.

Аммо худи фикр чист? Фикр иборат аст аз: “навъе амали зеҳн рӯйи маълумоти қаблӣ, барои дастёбӣ ба як натиҷа”.

Масалан, агар ин масъала бароямон ношинохта ва номаълум бошад, ки “оё дарахт фанопазир аст ё нест”, рӯйи маълумоте, ки аз пеш дар зеҳнамон дорем сайре намуда, чунин натиҷа мегирем:

1. Дарахт мавҷудест табиӣ (маълуми 1);

2. Ҳар мавҷуди табиӣ фанопазир аст (яъне фонӣ ва нобуд мешавад) (маълуми 2);

Пас, дарахт ҳам фанопазир аст. (Номаълуме, ки дар натиҷаи замми маълуми 1 бо маълуми 2, ба маълум табдил шуд).

Ин амалро фикр меноманд. Худи фикр кардан, ба навбати худ бар се қисм аст, яъне он ҷо, ки мехоҳем ба воситаи чанд масъалаи маълум дар зеҳни худ, номаълумеро ба маълум табдил бидиҳем, сайри зеҳни мо ба се гуна мумкин аст бошад:

1. Аз ҷузъӣ ба ҷузъӣ: мисли ин ки вақте бибинем шахсе ба номи Аҳмад одами хубест, натиҷа гирем, ки пас фарзандаш (ки ҳанӯз ӯро надидаем) низ хуб аст;

2. Аз ҷузъӣ ба куллӣ: дар ин ҷо, сайри зеҳн аз кучактар ва маҳдудтар ба бузургтар ва олитар хоҳад буд, (ба хилофи аввалӣ, ки сайри зеҳн дар он, аз як ҷузъӣ ба як ҷузъии дигар буд). Масалан, аз мушоҳидаи чанд ҳайвон, ки ҳангоми хӯрдан факки пойини худро меҷунбонанд, чунин натиҷа гирем, ки “пас, кулли ҳайвонот дар ҳоли хӯрдан, факки пойини худро меҷунбонанд, на факки болои худро”;

3. Аз куллӣ ба ҷузъӣ: дар ин ҷо, сайри зеҳни мо аз бузургтар ва олитар ба кучактар ва маҳдудтар хоҳад буд, мисли он ки аз ин масъалаи куллӣ, ки “ҳар инсоне фикркунанда аст” (як маълуми куллӣ), натиҷа гирем, ки “пас, Шокир ҳам, ки як инсон аст, фикркунанда мебошад” (ки фарз бар ин бошад, ки қаблан надонем оё Шокир фикркунанда аст ё нест).

Дар истилоҳ, аввалиро тамсил, дуюмиро истиқро ва сеюмиро қиёс мехонанд. Албатта, бояд ёдовар шавем, ки мурод аз қиёс дар мантиқ — ки сайри зеҳн аз як маълуми куллӣ барои дастёбӣ ба як маҷҳули ҷузъӣ аст — ғайр аз он қиёсест, ки дар фиқҳ ба кор мебаранд. Қиёси фиқҳӣ, аз назари мантиқӣ, тамсил аст.

Илми мантиқ қоидаҳоеро меомӯзад, ки ҳар инсоне дар ҳангоми фикр кардан, агар ба он қоидаҳо риоят намояд, аз хато дар фикр ӯро нигаҳ медоранд.

* * *

Қиёс

Муҳимтарин баҳс дар илми мантиқ, баҳси қиёс аст. Қиёс сурате дорад ва моддае.

Мурод аз “сурати қиёс”, роҳу равиш ва чигунагии чидани муқаддимот (яъне ҳамон маълумоти аз пеш дар зеҳнамон буда) аст барои расидан ба натиҷа. Мантиқ дар ин замина, як силсила қоидаҳое ба дастамон медиҳад, ки бояд ҳангоми чидани муқаддимот, ба онҳо риоят намойем. Масалан, агар ин ду муқаддима:

1. Дарахт мавҷудест табиӣ (суғро)

2. Ҳар мавҷуди табиӣ фанопазир аст (кубро)

− ро пушти сари ҳам бичинем, метавонем аз ин ду, ин натиҷаро ба даст оварем, ки:

Пас, “дарахт ҳам фанопазир аст”.

Яъне мо аз замми он ду муқаддима, ки дар истилоҳ, аввалиро суғро ва дуюмиро кубро меноманд, як масъалаи ҷадиде, ки қаблан ба он илм надоштем (яъне масъалаи “дарахт фанопазир аст”), ба даст овардем.

Дар ин навиштор қасди баёни так-таки он қоидаҳоро надорам, барои ошноӣ бояд ба китобҳои мантиқӣ муроҷеа кард.

Аммо мурод аз “моддаи қиёс”, мазмуни он муқаддимот аст (на тариқаи чидани онҳо). Масалан, ин мазмун, ки “Дарахт мавҷудест табиӣ”, ки суғрои истидлол аст, ва низ “Ҳар мавҷуди табиӣ фанопазир аст”, ки куброи истидлолро ташкил медиҳад, аз куҷо ба он илм пайдо кардаем? Оё аз роҳи дидан, шунидан, ё касе онро ба мо нақл карда ва ё аслан ин маълум аз ҷойе ба мо нарасида, балки аз маълумоти фитрист?

Қиёс аз назари модда (мазмун), ба панҷ қисм тақсим мешавад: бурҳон, ҷадал, хитоба, шеър ва муғолата. Он чи дар ин навиштор бароямон муҳим аст, бурҳон аст, зеро аз миёни ин панҷ қисм, танҳо бурҳон аст, ки агар тибқи шароити гузошташуда дар илми мантиқ бошад, натиҷааш сад дар сад дуруст хоҳад буд, ва касе наметавонад онро рад кунад (ва ба гуфтаи Имом Ғаззолӣ, агар оқил бошад).

* * *

Бурҳон

Дар таърифи бурҳон гуфтаанд:

“Бурҳон қиёсест ташкилёфта аз муқаддимоти яқинӣ, ки ҳатман натиҷаи яқинӣ ба даст медиҳад”.

Пас, дар бурҳон бояд муқаддимот маълумоте бошанд, ки сад дар сад яқинӣ ҳастанд.

Ва аммо муқаддимоти яқинӣ кадомҳоянд? Ба иттифоқи уламо, муқаддимоти яқинӣ (ё яқиниёт) шаш даста ҳастанд:

1. Аввалиёт, ки иборат аст аз масоиле, ки ба ҳадди зоти худ мавриди тасдиқи ақли башарӣ ҳастанд, яъне ақл ба худии худ онҳоро тасдиқ мекунад, мисли “ҳар маълуле иллат дорад”, “кулл бузургтар аз ҷузъ аст” ва ғайра;

2. Мушоҳадот, ки гоҳе маҳсусот низ хонда мешавад, масоиле аст, ки ақл ба воситаи он чи бо ҳоссаҳои худ (биноӣ, шунавоӣ, бӯёӣ, чашоӣ ва ломиса) идрок менамояд, ба он ҳукм мекунад;

3. Таҷрибиётмуҷарработ): масоиле, ки ақл дар асари такрори мушоҳида ба он ҳукм мекунад, монанди ҳукм ба ин ки “ҳар оташе гарм аст”, “ҷисм дар асари ҳарорат мунбасит мешавад” ва ғайра;

4. Мутавотирот: масоиле, ки ақл нисбат ба онҳо, сукун ва оромиш дорад ва бар онҳо қарор мегирад, ба гунае ки ҳеч шакке дар онҳо роҳ наёфта ва ҷазм ва қатъ нисбат ба онҳо ҳосил мешавад. Ва ин сукуну қарор, дар асари хабар додани гурӯҳест, ки тавофуқашон бар кизб ва низ хатои ҳамаи онҳо дар фаҳми ҳодиса мумкин нест, монанди илми мо ба вуҷуди шаҳрҳое, ки надидаем, ва ё илми мо ба ин нузули Қуръон бар Паёмбари Акрам (с) ва аз ин қабил;

5. Ҳадсиёт: масоиле, ки сабаби ҳукм ба он, ҳадси қавии нафс аст, ки ҳар гуна тардидеро мезудояд ва зеҳн ба мазмуни он эътироф ва ҷазм мекунад, монанди ҳукми мо ба ин ки кураи зуҳра, аторуд ва дигар сайёроти шамсӣ, нури худро аз нури хуршед мегиранд;

6. Фитриёт: масоиле, ки қиёси он ҳамроҳаш аст, аз ин рӯ, ниёз ба фикре надорад, балки ба маҳзи тасаввури матлуб, мавриди тасдиқ қарор мегирад, монанди ҳукми мо ба ин ки адади ду, як панҷуми адади даҳ мебошад. Ин ҳукм, ҳарчанд ниёз ба қиёс дорад, вале он қиёс дар зеҳн ҳозир аст ва ниёз ба назар надорад.

* * *

Хулоса

Пас, агар касе бурҳони ақлӣ бар номумкин будани масъалае барпо кунад, бояд бибинем, ки оё бурҳони ӯ, дорои шароити мазкур барои бурҳон, ки дар боло омад, мебошад? Яъне бурҳони ӯ, аввалан аз назари сурати қиёс дуруст аст? Сониян, аз назари модда, оё муқаддимоти бурҳон, аз масоили яқинӣ аст, яъне аз аввалиёт ё мушоҳадот ё таҷрибиёт ё мутавотирот ё ҳадсиёт ё фитриёт аст ё нест?

Агар чунин буданд, дигар бояд бипазирем ва роҳе барои инкори он дар пеш надорем, ва дар ҳақиқат, ҷуз кӯтаҳандеш наметавонад натиҷаи бурҳони ақлиро, ки яқинӣ аст инкор намояд.

Ва ин ҳам, ки Имом Ғаззолӣ дар поёни гуфтораш фармуд, ки агар дидем дар ин сурат низ ихтилоф воқеъ аст, сабабашро яке аз ин умур медонад, ки ин ҷо боз такрор мекунем:

а) ё ба хотири кӯтоҳназарии бархеҳо аз дарки тамомии шароити бурҳон;

б) ё ба ин ҷиҳат, ки бархеҳо дар арзёбии ашё, ба ҷойи меъёр, ба завқу салиқаи шахсӣ руҷӯъ кунанд, мисли он кас, ки пас аз фарогирии шарту шароити қофиябандӣ дар шеър, боз ҳам ба завқу салиқаи шахсӣ руҷӯъ мекунад, чун барояш арзаи ҳар шеъре бар он меъёрҳо сангин аст, ки дар ин сурат, баид нест, ки боз ҳам ба хато роҳ диҳад;

в) ё ба ин ҷиҳат, ки дар масоиле, ки муқаддимоти бурҳонро ташкил медиҳад, бо ҳам ихтилоф дошта бошанд. Зеро, масоиле, ки усули бурҳон ба шумор мераванд, ё таҷрубиёт ҳастанд, ё мутавотирот ҳастанд ва ё ғайри онҳо (ки дар боло ба яко-яки онҳо ишора шуд). Чи басо масъалае барои як нафар мутавотир бошад, вале барои як нафари дигар, ҳамон масъала мутавотир ба шумор наояд;

г) ё бад-ин ҷиҳат, ки барои бархеҳо масоили ваҳмӣ ва хаёлӣ бо масоили ақлӣ муштабаҳ гардад. (Масалан, як масъала, ки ақлӣ нест ва реша дар ваҳму хаёл дорад, барои касе ақлӣ вонамуд шавад, ва он гоҳ бар асоси он, бурҳон иқома кунад);

д) ё ба ин сабаб, ки барои баъзе аз мардум, суханони машҳуру писандида, бо масоили зарурӣ ва бадеҳӣ муштабаҳ гардад…

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: