Ислом ва Эронзамин (24)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (12)

Шайтон

Як нукта, ки лозим аст ин ҷо тавзеҳ дода шавад ин аст: мумкин аст бархе хаёл кунанд, ки Аҳриман дар кеши зартуштӣ бо шайтон дар дини ислом фарқе надорад. Яъне агар Аҳриманро махлуқи Аҳуромаздо бидонем, мусовӣ мешавад бо шайтон, ки аз назари ислом махлуқи Худо ва омили бадиҳост.

Вале ин тавр нест. Шайтон аз назари ислом нақше дар офариниши ашё надорад. Дар ислом хилқати ҳеч чизе ба шайтон нисбат дода намешавад. Дар ислом аслан чунин андешае вуҷуд надорад, ки дар низоми хилқат, мавҷудоти номатлубе ҳаст ва мебоист набошад ва чун ҳаст, пас аз як мавҷуди палид ношӣ шудааст. Аз назари ислом ҳамаи ашё бо дасти қудрати Худованд ба вуҷуд омадааст ва ҳар чӣ офарида хуб ва нек офаридааст:

الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ

(“(Худованд) ҳамон касест, ки ҳар чизеро, ки офаридааст, некӯ офарида…” (Сураи Саҷда, ояти 7)

رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

(“Парвардигори мо касест, ки ҳар чизеро хилқате, ки дар хӯри ӯст дода сипас онро ҳидоят фармудааст”. (Сураи Тоҳо, ояти 50)

Қаламрави шайтон аз назари ислом, ташреъ аст на таквин. Яъне шайтон фақат метавонад фарзанди одамро васваса кунад ва ба гуноҳ ташвиқ кунад. Шайтон беш аз ҳадди даъват кардан, султа ва қудрате бар инсон надорад:

وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيْكُم مِّن سُلْطَانٍ إِلاَّ أَن دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي

(“Маро бар шумо ҳеч тасаллуте набуд, ҷуз ин ки шуморо даъват кардам ва иҷобатам намудед…” (Сураи Иброҳим, ояти 22)

Моҳияти шайтон ҳар чӣ бошад, инсон будани инсон ба ин аст, ки соҳиби ақлу ирода ва қувваи интихоб аст. Интихоб вақте мумкин аст, ки дар марҳилаи аввал ақл ва ташхисе бошад ва дар марҳилаи дуввум ду роҳи мумкин дар ҷилави инсон бошад. Ҳар кадом аз ин ду рукн агар набошад, ихтиёр ва интихоб ва дар воқеъ инсонияте дар кор нест:

إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا. إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

(“Мо инсонро аз нутфаи мухталите офаридем ва ӯро меозмойем ва ба ҳамин ҷиҳат ӯро шунаво ва бино қарор додем. Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ шокир бошад ва пазиро гардад ё носипос”. (Сураи Инсон, оятҳои 2-3)

Васвасаи нафси аммора ва шайтон, шарти ихтиёр ва интихоб ва инсонияти инсон аст. Ҳамон тавре, ки даъват ба хайр ҳаст ва илҳомоти хайр ҳаст, бояд васвасаи шарр ҳам бошад, то инсон яке аз ин дуро “интихоб” кунад ва гоме дар роҳи инсоният, ки роҳи интихоб ва ихтиёр аст бардорад. Ба қавли Мавлоно:

Аз ҷаҳон ду бонг меояд ба зидд,

То кадоминро ту бошӣ мустаид.

Он яке бонгаш нушури атқиё,

В-он яке бонгаш фиреби ашқиё.

Шайтон ва ё ҷинн дар Қуръон, дар арзи мавҷудоти табиӣ аст, на дар арзи малоика ва фариштагон. Малоика аз назари Қуръон, расулон ва маъмурони парвардигоранд ва дар низоми офариниш коргузорӣ мекунанд, вале ҷинну шайтон ҳеч нақше дар кори хилқат надоранд, аз ин ҷиҳат мисли мавҷудоти заминӣ мебошанд. Аз ин ҷо метавон фаҳмид, ки андешаи махлуқоти бад ва ношоист ва ин ки низоми офариниш ноқис аст, ба ҳеч ваҷҳ дар андешаҳои қуръонӣ роҳ надорад.

Дар ин ҷо лозим аст аз фурсат истифода карда, тазаккур диҳем, ки гоҳе дар тарҷумаҳои форсии оятҳои Қуръон ва ё аҳодис, калимаи шайтон ба “дев” ва ё “Аҳриман” тарҷума мешавад. Албатта ин тарҷума саҳеҳ нест. Калимаи шайтон муъодили форсӣ надорад, аз ин рӯ бояд айни ин калима ё калимаи Иблис, ки дар арабӣ муъодили он аст оварда шавад. Дев ё Аҳриман ба мафҳуми ҳақиқӣ, аз назари Қуръон ба ҳеч ваҷҳ вуҷуди хориҷӣ надорад ва муғойири мафҳуми шайтон аст, ки дар Қуръон омадааст.

* * *

Ойини зартуштӣ аз назари фиқҳи исломӣ

Дар хотима ёдоварӣ мекунем, ки тардиди мо дар баҳси гузашта дар тавҳидӣ будани ойини Зартушт, танҳо аз ҷанбаи торихӣ аст. Яъне агар торих ва мадорики торихиро милок қарор диҳем ва муҳтаваёти аснод ва мадорики торихии мавҷудро бо мавозини илми тавҳид бисанҷем, наметавонем ойини зартуштиро ойини тавҳидӣ бидонем. Теурии Зартушт дар бораи низоми хилқат тибқи ин мадорик ва аснод ба наҳве аст, ки фаразан “Ангра-Майню”-ро офаридаи Аҳуромаздо талаққӣ кунем, бо тавҳид созгор нест.

Вале мо мусалмонон метавонем аз зовияи дигар ба ойини Зартушт назар афканем ва бо милоки дигаре дар бораи ин ойин қазоват кунем. Он, аз зовияи фиқҳ ва ҳадис ва бо милокоти хосси исломӣ аст, ки ҷанбаи таъаббудӣ дорад ва барои як мусалмони боимон ҳуҷҷат ва мӯътабар аст. Аз ин зовия ва аз ин назар ҳеч монеъе нест, ки ойини зартуштиро як ойини тавҳидӣ бидонем. Яъне ойине бидонем, ки дар асл ва реша тавҳидӣ буда ва ҳамаи ширкҳо — чӣ аз ноҳияи санавият ва чӣ аз ноҳияи оташпарастӣ ва чӣ аз ноҳияҳои дигар — бидъатҳое, ки баъдҳо илҳоқ шудаанд талаққӣ шавад. Эътибори асноди торихӣ агар ба марҳилаи қатъ ва яқин бирасад, кофист, ки аз назари фиқҳӣ низ милок қарор гирад, вале чун ғайри тавҳидӣ будани ойини зартуштӣ ба ҳасби аслу реша мусаллам нест, агар мавозини фиқҳӣ эҷоб кунад, ҳеч монеъе нест, ки ин ойин, тавҳидӣ талаққӣ шавад, ва ба истилоҳ, зартуштиён аз “аҳли китоб” талаққӣ шаванд. Дар гузашта, ки мусалмонон онҳоро дар радифи “аҳли китоб” овардаанд, ба истиноди ҳамин мадорик будааст, агарчӣ аз назари фуқаҳо ҳамвора мавриди ихтилоф будааст ва фуқаҳои исломии эрониюласл камтар аз дигарон назари мухолиф надоштаанд.

Баҳси тафсилӣ дар бораи мадорики фиқҳӣ ва ҳадисӣ аз ҳадафи ин китоб хориҷ ва мавкул ба вақти дигар аст. Дар баҳси “низоми хонаводагӣ” он ҷо, ки дар бораи издивоҷ бо маҳорим сухан хоҳем гуфт, андаке дар ин бора баҳс хоҳад шуд.

* * *

Санавият пас аз Зартушт

Агар тардиде бошад, танҳо дар бораи худи Зартушт ва ойини аслии маздоии зартуштӣ аст, ки оё тавҳидӣ аст ё санавӣ, аммо дар ин ки давраҳои баъд бахусус давраи Соcониён, ки мунтаҳӣ ба вуруди ислом ба Эрон гашт, “санавӣ” будааст, ҷойи кучактарин тардиде нест. Ҳамаи онҳое, ки Зартуштро муваҳҳид медонанд, бо изҳори таассуф изҳор медоранд, ки тавҳиди зартуштӣ баъдҳо олуда ба санавият шуд. Ҷон Нос, ки каму беш Зартуштро муваҳҳид медонад мегӯяд:

Эътиқод ба мабдаи шарр ва омили табаҳкорӣ ва хато дар тӯли замон таҳаввуле ҳосил карда ва рафта-рафта дини Зартуштро ба сурати як ойини дугонапарастии (дуолизми) ахлоқӣ даровард… Дар тайи замон “Ангра-Майню” иблисе нерӯманд гардидааст, ки дар баробари Аҳуромаздо муқовимат карда ва он ҳар ду ба сурати ду омили мутасовӣ бо якдигар ба ситез ва набард пардохтанд. Дар қатаъот ва аҷзои Авасто, ки аз осори қуруни ахир аст “Ангра-Майню”-ро ҳамшаън ва ҳамтирози Худой Аҳуромаздо мешиносад”.

Ва касоне, ки Зартуштро санавӣ медонанд, мегӯянд, санавият баъд аз Зартушт устувортар гашт. Ду Миноже мегӯяд:

Дугонапарастии Готҳои Зартушт ба дугонапарастии устувортаре мубаддал шуд, ки тамоми мавҷудоти оламро миёни хайру шарр тақсим мекард…

Китоби “Вандидод”, ки ҷузъе аз Авастои феълӣ аст ва чоп шудааст, сареҳан “Ангра-Майню”-ро офаринандаи ноҳияҳои бади замин, сармои яхбандони зимистон, ҳарорати сӯзони тобистон, морҳо ва афъиҳо… муаррифӣ мекунад.

Дар давраи исломӣ, зартуштиён ақоиди санавии хешро озодона изҳор мекарда ва аз он дифоъ мекардаанд ва бо имомони атҳор алайҳимус-салом ва ҳамчунин бо уламо ва мутакаллимини исломӣ сареҳан дар ин бора баҳсу ҷидол мекардаанд. Дар китобҳои ҳадисии шиъа аз қабили “Тавҳиди Садуқ”, “Эҳтиҷоҷи Табарсӣ”, “Уюну ахборир-Ризо” ва “Биҳорул-анвор” ин баҳсу ҷидолҳо нақл шудааст. Ва ин худ мерасонад, ки зартуштиён дар давраи соcонӣ санавӣ будаанд ва ҳамон ақидаро дар давраи исломӣ ҳифз карда ва аз он дифоъ мекардаанд.

Яке аз китобҳои маъруфи зартуштиён, ки дар давраи исломӣ (қарни севвуми ҳиҷрӣ) таълиф ёфта китоби Динкард (Dēnkart) аст. Мегӯянд, беш аз ниме аз ин китоб дар дифоъ аз санавият дар муқобили адёни калимӣ ва масеҳият ва ислом аст.

Кристенсен (Arthur Christensen) мӯътақид аст, ки дар давраи соcонӣ мӯътақадоти “зарвонӣ” — ки қаблан ба онҳо ишора кардем — дар миёни зартуштиён русух ёфта буд. Ақоиди зарвонӣ маҷмӯан бисёр печида ва мубҳам ва дарҳам ва хурофӣ аст. Ба ақидаи Кристенсен (Arthur Christensen), зартуштиён пас аз зуҳури ислом аносури зарвониро ба дур афканданд ва аз як санавияти фалсафии қобили дифоъ, дифоъ карданд. Вай мегӯяд:

Шариати зартуштӣ, ки дар замони Соcониён дини расмии кишвар маҳсуб мешуд, мубтанӣ бар усуле буд, ки дар поёни ин аҳд ба куллӣ тиҳӣ ва бемағз шуда буд. Инҳитот қатъӣ ва ногузир буд. Ҳангоме, ки ғалабаи ислом давлати соcониро, ки пуштибони руҳониюн буд вожгун кард, руҳониюн дарёфтанд, ки бояд кӯшиши фавқулъода барои ҳифзи шариати худ аз инҳилоли томм бинамоянд. Ин кӯшиш сурат гирифт. Ақида ба зарвон ва асотири кӯдаконаро, ки ба он таъаллуқ дошт дур андохтанд ва ойини маздаясниро бидуни шоибаи зарвонпарастӣ муҷаддадан суннат қарор доданд. Дар натиҷа қиссаҳое, ки роҷеъ ба таквини ҷаҳон дар миён буд табдил ёфт. Парастиши хуршедро мулғо карданд, то тавҳиди шариати урмаздӣ беҳтар намоён бошад ва мақоми Митро (меҳр)-ро тавре қарор доданд, ки мувофиқ бо меҳри яшти атиқ бошад. Басе аз ривоёти диниро ё ба куллӣ ҳазф карданд ё тағйир доданд ва бахшҳое аз Авастои соcонӣ ва тафосири онро, ки олуда ба афкори зарвония шуда буд, дар тоқи нисён ниҳоданд ё аз миён бурданд. Ин нукта қобили таваҷҷӯҳ аст, ки яштҳои марбут ба таквин, ки хулосаи онҳо дар Динкард боқӣ монда, ба қадре таҳлил рафта, ки чанд сатре беш нест ва аз он ҳам чизе мафҳум намешавад. Ҳамаи ин тағйирот дар қуруни торик баъд аз инқирози Соcониён воқеъ шудааст. Дар ҳеч як аз китобҳои порсӣ ишора бад-ин ислоҳот нарафтааст. Ин шариати ислоҳшудаи зартуштиро чунин вонамуд кардаанд, ки ҳамон шариате аст, ки дар ҳамаи азминаи собиқ барқарор будааст”.

Мо баъдан хоҳем гуфт, ки хидмати ислом ба кеши зартуштӣ ва мардуми зартуштӣ, камтар аз хидматҳои дигари ин ойин набудааст. Ислоҳоти ислом дар ойини зартуштӣ ҳарчанд ғайримустақим сурат гирифт, аз ислоҳоти Зартушт дар ойинҳои бостонӣ муассиртар афтод.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: