Фарқи сифоти худовандӣ бо сифоти инсонӣ

Пурсиш: Сифоти Худо аз нигоҳи адёни осмонӣ, тибқи гуфтаи аксари динҳои осмонӣ, Худованд дорои қудрати фавқулода аст, яъне Ӯ хориҷ аз ҷаҳони моддӣ аст. Вале дар мутуни аксари ин динҳо хусусиятҳои волои Худо тақрибан фарқе аз инсон надорад. Чунин хусусиятҳоро мо дар дунёи худ ҳамвора мебинем ва аксари одамҳо талош мекунанд, то баъзе аз ин хусусиятҳоро дошта бошанд. Оё ин, суолеро ба миён намеоварад, ки динҳо метавонанд сохти худи инсон бошанд? Оё динҳо, махсусан дини ислом, барои ин суол ҷавобе дорад?

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Суоли бисёр хуб. Суоле, ки ҳам фалосифаи илоҳӣ (чӣ мусалмон ва чӣ ғайримусалмон) ба ин пурсиш посух гуфтаанд (бо такя бар бароҳини ақлӣ), ва ҳам худи Қуръони Карим ва ривоёт ва ахбори исломӣ посухи ин суолро бароямон додааст.

Ва чун овардани посухи фалосифа ниёз ба муқаддимачиниҳои зиёд дорад, аз овардани он худдорӣ мекунам, ва фақат посухи Қуръони Карим ва ривоёт ва ахбори исломиро бароятон меоварам.

Ҳол, посухи ин пурсиш, бо таваҷҷӯҳ ба нукоти зерин бароятон равшан хоҳад шуд:

1. Нуктаи аввал ин ки: мо инсонҳо ҳаргиз зоти поки Худованд ва сифоти муқаддаси ӯро на метавонем он чунонки ҳаст тасаввур кунем ва на метавонем зоти ӯро он чунонки ҳаст тавсиф намоем. Ва ба таъбири Қуръони Карим: «Халқро ҳаргиз ба зоти ӯ иҳота ва огоҳӣ нест”. (Сураи Тоҳо, ояти 110).

الذي لا يدركه بُعد الهمم ولا يناله غوص الفطن

«(Худое, ки) афкори жарфандеш зоти ӯро дарк намекунанд ва дасти ғаввосони дарёи улум ба ӯ нахоҳад расид». (Наҳҷул-балоға, хутбаи аввал)

Ва далелаш ҳам он аст, ки мо башар мавҷудоти «маҳдуд» ҳастем ва Худованд зотест «номаҳдуд». Мавҷуди маҳдуд ҳар гоҳ чизеро тавсиф намуд, маънояш ин аст, ки ба он чиз иҳота ёфтааст ва он чиз ба андозаи дарки ин мавҷуд, ба ҳадду марзе маҳдуд гардида.

وإنك أنت الله الذي لم تتناه في العقول فتكون في مهبّ فكرها مكيّفا ولا في رويّات خواطرها فتكون محدودا مصرّفا

«Ту ҳамон Худои номаҳдуде ҳастӣ, ки дар андешаҳо нагунҷӣ, то чигунагии зоти туро дарк кунанд, ва дар хаёл ва ваҳм наёӣ, то туро маҳдуд ва дорои ҳолоти гуногун пиндоранд». (Наҳҷул-балоға, хутбаи 91)

Ва аз ҳамин ҷост, ки Қуръони Карим бароямон чунин омӯхта, ки вақте Худоро ба сифатҳое мехонед, аввал бояд зоти поки ӯро аз он чӣ ба миқдори дарки худатон васф кардаед, пок ва муназзаҳ бидонед, яъне тасбеҳаш бигӯед. Тасбеҳ яъне ин ки «Худоё! Аз он чӣ туро ба андозаи дарки худамон тавсиф мекунем, пок ва муназзаҳ медонем!» Ва ҳатто вуҷуди нозанини Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

لَا أُحْصِي‌ ثَنَآءً عَلَيْكَ أَنْتَ كَمَا أَثْنَيْتَ عَلَي‌ نَفْسِكَ

«Ман наметавонам сано ва ситоиши туро (он чунон ки ҳастӣ) баршумурам; ту он чунон ҳастӣ, ки худат хештанро сано гуфтаӣ».

* * *

2. Нуктаи дигар он ки: бо вуҷуди ин ки мо инсонҳо аз дарки зот ва сифоти илоҳӣ — он чунонки ҳаст — оҷиз ва нотавонем (ба хотири маҳдудиятамон), вале чунин ҳам нест, ки тамоман қодир ба дарки асли вуҷуд ва сифоти ӯ набошем, чунонки гурӯҳе ба номи Муъаттила иддаъо мекарданд. Балки ба ин миқдор метавонем бифаҳмем, ки: “ӯ ҳаст ва вуҷуд дорад ва низ зоти поки ӯ ороста ба як силсила сифоте мебошад”.

لم يطلع العقول على تحديد صفته ولم يحجبها عن واجب معرفته

«(Худованд) ақлҳоро бар ҳақиқати зоти худ огоҳ насохта, аммо аз маърифат ва шиносоии худ бознадоштааст». (Наҳҷул-балоға, хутбаи 48)

Ва далелаш ҳам он аст, ки ҳастӣ ва вуҷуд (ва куллан камолот), партаве аз ҳастӣ ва вуҷуди Худост; зеро ҳама офарида ва осори ӯянд. Мо, аз ҳастии мавҷудот, пай ба ҳастӣ ва вуҷуди Худо мебарем. Ба иборати дигар: ҳастии мавҷудот мартибае нозил ва заъифе аз ҳастӣ ва вуҷуди ӯ Таъолост. Масалан, сифатҳое чун: илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра аз сифатҳои вуҷудӣ (камолот), ки мову шумо дар худамон ва соири мавҷудот мешиносем, инҳо партаве аз илм, қудрат, ҳаёт ва соири сифатҳои Худоянд; бо ин тафовут, ки ин сифот дар мавҷудот ба сурати маҳдуд вуҷуд доранд ва аммо дар зоти ӯ Таъоло ба гунаи номаҳдуд ва бепоён.

Аз ҳамин ҷост, ки вақте Худоро «алим» (огоҳ) ва ё «қодир» (тавоно) ё «ҳай» (зинда) ва ғайра аз сифот мехонем, чунин нест, ки аз ин мафоҳим ҳеч чиз нафаҳмем, балки маъное, ки аз ин сифатҳо ба зеҳнамон меояд, ҳамон маъноест, ки дар башар суроғ дорем; бо ин фарқ, ки барои Худо ин сифот ба сурати “номаҳдуд” ҳастанд, вале барои мавҷуде мисли инсон ба сурати “маҳдуд”. Ва албатта, чунонки дар нуктаи аввал гуфтем, тасаввури «номаҳдуд» — чунонки ҳаст — бароямон ғайримумкин аст, зеро маҳдуд ҳаргиз «номаҳдуд»-ро наметавонад чунонки ҳаст тасаввур намояд. (Дар нуктаи аввал, роҷеъ ба ин сӯҳбат шуд).

Пас, хулоса ин шуд, ки агар Худоро ба сифате мисли сифати «илм» масалан васф мекунем, бояд ин сифатро аз он чӣ дар мавриди башар дида мешавад, пироста кунем. Яъне, Худо «алим» (огоҳ) аст, аммо ба илм ва огоҳии номаҳдуд ва бепоён, на он чунонки дар башар дида мешавад. Тасбеҳ ҳамин аст. Ин меъёр ҳамеша мадди назарамон бошад.

Пас, дар мавриди сифатҳое мисли «илм», «қудрат», «ҳаёт» ва ғайра, ки Худоро ба онҳо мехонем, меъёр ба дастамон омад. Аммо баъзе аз сифатҳо низ ҳастанд (мисли сифати «раҳмат» ва «ғазаб»), ки Худо ба онҳо ороста ва муттасиф аст ва ин сифот дар мавриди башар омехта бо навъе нақс ва камбудӣ аст. Дар нуктаи баъдӣ, роҷеъ ба ин матлаб баҳс мекунем.

* * *

3. «Раҳмат» сифатест, ки Худованд ба он ороста аст. Ибтидо лозим аст моҳияти ин сифатро дар мавриди инсонҳо баррасӣ кунем. «Раҳмат» сифат ва ҳолатест, ки барои инсон ҳангоме, ки манзараи шафқатангезеро (масалан) мушоҳида мекунад, ҳосил меояд. Масалан, агар касеро мушоҳида кунем, ки ҳоҷат ва ниёзе барояш пеш омада ва ба сӯямон барои баровардани ҳоҷаташ даст дароз кунад, ҳолате моро фаро мегирад (ки номашро ба тоҷикӣ «раҳму шафқат» ҳам мегӯем), ва сипас ин ҳолати ба вуҷуд омада дар мо, водорамон мекунад, то барои баровардани ҳоҷати он бандаи Худо иқдом намоем.

Мо дар ин ҷо дар воқеъ ду марҳиларо пушти сар мекунем. Марҳилаи аввал, ҳамон ҳолат ва таъассурест, ки дар вуҷудамон ҳангоми мушоҳидаи манзараи шафқатангез ҳосил меояд. Ва марҳилаи дуввум, марҳилаи бахшоиш ва ато намудан аст, яъне он ҳангом ки бар асари он ҳолат ва таъассуре, ки дар вуҷудамон пайдо шудааст, ба баровардани ниёзи ҳоҷатманд иқдом намоем. Ин аст маънои «раҳмат» дар мавриди мо инсонҳо.

Ҳол, дар мавриди Худои Субҳон, вақте зоти покаш ба сифати «раҳмат» васф мешавад, аз маъное, ки барои «раҳмат» дар мавриди инсонҳо баён шуд, фақат марҳилаи дуввуми он, яъне марҳилаи бахшоиш ва ато намудан фаҳмида мешавад, ва аммо марҳилаи аввал (ҳолат ва таъассур) дар мавриди Худо дуруст нест. Зеро зоти поки ӯ комил аст ва ҳеч навъ тағйиру дигаргунӣ дар зоти муқаддаси ӯ падид намеояд. Тағйир ва дигаргунӣ, аломат ва нишонаи нақс ва камбудӣ аст.

Ҳамчунин аст сифати «ғазаб». «Ғазаб» дар инсон ҳолатест, ки дар асари омилҳои махсусе барои ӯ ҳосил меояд ва тавъам аст бо навъе таъассур ва тағйири ҳолат дар ӯ. Масалан, касе ӯро дашном медиҳад ва ин дашном сабаб мешавад, ки дар ӯ як ҳолат ва як таъассур падид ояд ва чи басо дар садади интиқом барояд.

Аммо «ғазаб» дар мавриди Худо чунин чизеро дарбар надорад. Яъне дар зоти ӯ тағйир ва дигаргунӣ падид намеояд, чунонки гуфта гузаштем. Балки «ғазаб» дар мавриди Парвардигор ба маънои «барчидани доманаи раҳмат ва дареғ доштани лутф аз касонест, ки муртакиби аъмоли зиште шудаанд.»

Ба ин ривоят таваҷҷӯҳ бифармоед. Ровӣ мегӯяд:

كنت في مجلس أبي جعفر عليه السلام إذ دخل عليه عمرو بن عبيد فقال له: جعلت فداك قول الله تبارك وتعالى: « ومن يحلل عليه غضبي فقد هوى » ما ذلك الغضب؟ فقال أبوجعفر عليه السلام: هو العقاب يا عمرو إنه من زعم أن الله قد زال من شئ إلى شئ فقد وصفه صفة مخلوق وإن الله تعالى لا يستفزه شئ فيغيره

«Дар маҷлиси Абӯҷаъфар (Имом Боқир (а)) будам, ки баногаҳ Амр ибни Убайд ворид шуд ва гуфт: ҷонам фидоят! Ин ки Худо мефармояд: «Ва ҳар ки хашм ва ғазаби ман бар ӯ фурӯ ояд, бе гумон ҳалок шавад» (Сураи Тоҳо, ояти 81), ин ғазаб ба кадом маъност? Имом Боқир (а) дар посухи пурсиши ӯ фармуд: ғазаби Худо ъиқоби ӯст эй Амр! Ҳар ки пиндорад, Худо аз як ҳолат ба ҳолате дигар дармеояд, Худоро бо сифати махлуқ васф карда. Худоро чизе таҳрик намекунад, то ӯ тағйир кунад». (Усули Кофӣ, ҷ.1, с.110)

* * *

Фикр мекунам ба ҳамин андоза кофӣ бошад. Агар боз суоле пеш омад, дар хидматем.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Наҳҷул-балоға, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: