Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (10)

Бахши даҳум

Таъвил бар асоси занн (гумон)

Имом Ғаззолӣ дар ин фасл аз гуфтори худ мегӯяд:

من الناس من يبادر إلى التأويل بغلبات الظنون من غير برهان قاطع، ولا ينبغي أن يبادر أيضاً إلى كفره، في كل مقام، بل ينظر إليه، فإن كان تأويله في أمر لا يتعلق بأصول العقائد ومهماتها، فلا نكفره، وذلك كقول بعض الصوفية: إن المراد برؤية الخليل عليه السلام الكوكب والقمر والشمس، وقوله: «هذا ربي» غير ظاهرها، بل هي جواهر نورانية ملكية، ونورانيتها عقلية لا حسية، ولها درجات في الكمال ونسبة ما بينها في التفاوت، كنسبة الكوكب والقمر والشمس. ويستدل عليه بأن الخليل عليه السلام، أجل من أن يعتقد في جسم أنه آله، حتى يحتاج إلى أن يشاهد أفوله. أفترى أنه لو لم يأفل أكان يتخذه إلها، لو لم يعرف استحالة الإلهية من حيث كونه جسماً مقدراً؟ واستدل بأنه: كيف يمكن أن يكون أول ما رآه الكوكب، والشمس هي الأظهر، وهي أول ما يرى؟ واستدل بأن الله تعالى قال أولاً: «وكذلك نري إبراهيم ملكوت السموات والأرض». ثم حكى هذا القول. فكيف يمكن أن يتوهم ذلك بعد كشف الملكوت له؟ وهذه دلالات ظنية وليست براهين. أما قوله: «هو أجل من ذلك» فقد قيل: إنه كان صبياً لما جرى له ذلك، ولا يبعد أن يخطر لمن سيكون نبياً في صباه، مثل هذا الخاطر، ثم يتجاوزه على قرب، ولا يبعد أن تكون دلالة الأفول على الحدوث عنه، أظهر من دلالة التقدير والجسمية

Мардумоне ҳастанд, ки бар асоси ғалабаи занн (гумон), бе он ки бурҳони қатъӣ дар даст дошта бошанд, ба таъвил мешитобанд. Дар ин ҷо низ набояд зуд ба такфири якчунин афроде шитоб варзид, балки бояд нигарист, ки агар таъвили ӯ дар масъалае бошад, ки марбут ба усули ақоид нест, кофираш намехонем.

Масалан, бархе аз сӯфиҳо гуфтаанд: мурод аз дидани ҳазрати Иброҳими Халил (а) ситораву маҳтобу хуршедро ва ин суханаш, ки гуфт: “Ин парвардигори ман аст!”, зоҳири ин иборат нест, балки (он чи дида буд) гавҳарҳое буданд нуронӣ ва малакутӣ, ва нуронияти онҳо ақлӣ буда на ҳиссӣ, ва ҳар як дорои дараҷоте аз камол буданд, ки тафовут мобайни онҳо дар камол, мисли тафовути ситораву маҳтобу хуршед аз якдигар будааст.

Ва ин гурӯҳ аз сӯфия (бар ин гуфтори хеш) чунин истидлол мекунанд, ки Иброҳими Халил (а) волотар аз ин аст, ки ҷисмеро (ки масалан хуршеду маҳтобу ситорагон бошад) Худо бидонад, ба наҳве, ки вақте мебинад ғуруб мекунад ва нопадид мегардад, бигӯяд, пас ин Худо набудааст! Гумон мекунед, агар (ин ҷисм) ғуруб намекард ва нопадид намешуд, оё онро Худо медонист? Оё намедонист, ҷисме, ки дорои ҳаҷму андозаи муайянест, маҳол аст, ки Худо бошад?

Ҳамчунин, истидлол мекунанд, ки чӣ гуна имкон дорад нахустин чизе, ки дидааст, ситорагон бошанд, ҳол он ки хуршед зоҳиртар аз онҳост? Оё ситорагон нахустин чизе ҳастанд, ки дида мешаванд (ё хуршед)?

Низ истидлол мекунанд, ки Худои Мутаол аввал фармудааст: “Ва ин гуна малакути осмонҳо ва заминро ба Иброҳим намоёндем, то аз ҷумлаи яқинкунандагон бошад(Сураи Анъом, ояти 75), ва пас аз ин, он гуфторро ҳикоят кардааст.

Пас, баъд аз ошкор шудани малакут барои ҳазрати Иброҳими Халил (а), чӣ гуна дар бораи ӯ чунин гумон бишавад (ки аҷсоми муайянеро Худо медониста ва баъд аз нопадид шуданашон, фаҳмида, ки Худо набудаанд)? (Поёни истидоли бархе аз сӯфия).

(Имом Ғаззолӣ мегӯяд), якчунин далелҳое далелҳои заннӣ ҳастанд, на бурҳони қатъии ақлӣ.

Аммо дар посух ба истидлоли (бархе аз он сӯфия), ки мегӯяд, “Иброҳими Халил (а) волотар аз ин аст, ки… (то охири сухан)”, бархе гуфтаанд, ки ӯ, ҳангоме ки чунин ҳодисае барояш иттифоқ афтод, ҳанӯз кӯдак буд, ва баъид нест, ки барои касе, ки дар оянда паёмбар хоҳад шуд, монанди чунин матолибе ба зеҳнаш хутур кунад, сипас зуд аз ин марҳила бигузарад.

Ва ҳамчунин баъид нест, ки далолати ғуруби чизе, бар ҳодис будани он чиз дар назди Иброҳими Халил (а), зоҳиртару гӯётар аз далолати андоза доштану ҷисм будани чизе бар ҳодис будани он чиз бошад”.

* * *

Гуфтори ахири Имом Ғаззолӣ каме ниёз ба тавзеҳ дорад. Ӯ дар посухи касе, ки мепиндорад, “Иброҳими Халил (а), ки қатъан медонист зоти поки Худои Мутаол ҷисм ва дорои ҳаҷму андоза нест, балки зотест барӣ аз ҷисму ҷисмоният ва ҳадду ҳудуде надорад, пас чӣ гуна дар бораи ӯ метавон гумон бурд, ки вай, бо ин ки медонист, хуршеду маҳтобу ситорагон ҷисмҳое ҳастанд бо як андоза ва ҳаҷми муайян, Худо бошанд” — мегӯяд: баъзе аз донишмандон гуфтаанд, аввалан, Иброҳими Халил (а) ҳангоме ки ин ҳодиса барояш пеш омад, ҳанӯз кӯдак буд, ва касе, ки дурнамои паёмбар шуданро дар пеш дорад, вале ҳанӯз дар айёми кӯдакӣ ба сар мебарад, ба дур нест, ки ба зеҳнаш чунин афкоре хутур кунад.

Ва сониян, уламо ҷисмонӣ ва дорои андоза ва ҳаҷми муайян будани чизеро, далели ҳодис будани он чиз, ва дар натиҷа, Худо набуданаш медонанд. Ҳодис яъне чизе, ки қаблан набуда, баъд ба вуҷуд омада. Аз он ҷо, ки ҳодис будан, бо худоӣ созгор нест, чун Худо қадим аст, аз ин рӯ, уламо ҳодис буданро нишонаи Худо набудан гирифтаанд.

Имом Ғаззолӣ сипас мегӯяд, чӣ касе гуфтааст, ки мо фақат ҷисмонияту андоза доштанро далел ва нишонаи ҳодис будан гирем? Магар нопадид шудани чизеро, наметавон нишонаи ҳодис буданаш гирифт? Чӣ ишколе дорад, ки бигӯем, дар зеҳни ҳазрати Иброҳим (а) – он ҳам дар айёми кӯдакӣ – Худо зоте буда, ки абадан нопадид намешавад, ҳамвора пайдост ва ҳаргиз ғуруб намекунад, ва ҳар он чи дар бурҳае аз замон нопадид мешавад, далел бар ҳодис будан ва дар натиҷа, далел бар Худо набуданаш аст. Ва чун дид, ки ситораву хуршеду маҳтоб дар бурҳае аз замон нопадид мешаванд, пас ҳодисанд ва Худо нестанд.

Нуктае, ки қобили таваҷҷӯҳ дар ин посухи Имом Ғаззолӣ аст ин аст, ки гӯи Имом Ғаззолӣ худаш ба ин ду посух қонеъ нест, чун, агар қонеъ мебуд, ҳаргиз онро аз забони дигарон нақл намекард. Қаноати дохилии худашро нақл мекард. Ба ҳар ҳол, якчунин истидлоли баъзе аз сӯфиҳоро Имом Ғаззолӣ бурҳони ақлӣ намедонад, онро занне бештар намеҳисобад.

Дар идома мегӯяд:

وأما رؤية الكوكب أولاً، فقد روي أنه كان محبوساً في صباه في غار وإنما خرج بالليل. وأما قوله تعالى أولاً: «وكذلك نري إبراهيم ملكوت السموات والأرض»، فيجوز أن يكون الله تعالى، قد ذكر حال نهايته، ثم رجع إلى ذكر بدايته. فهذه وأمثالها ظنون يظنها براهين من لا يعرف حقيقة البرهان وشرطه. فهذا جنس تأويلهم. وقد تأولوا «العصا» و«النعلين» في قوله تعالى: «اخلع نعليك» «وألق ما في يمينك». ولعل الظن في مثل هذه الأمور التي لا تتعلق بأصول الاعتقاد يجري مجرى البرهان في أصول الاعتقاد، فلا يكفر فيه، ولا يبدع. نعم إن كان فتح هذا الباب يؤدي إلى تشويش قلوب العوام فيبدع به خاصة صاحبه في كل ما لم يؤثر عن السلف ذكره. ويقرب منه قول الباطنية إن «عجل» السامري، مؤول؛ إذ كيف يخلو خلق كثير من عاقل يعلم أن المتخذ من الذهب لا يكون إلهاً؟ وهذا أيضاً ظن، إذ لا يستحيل أن تنتهي طائفة من الناس إليه كعبدة الأصنام، وكونه نادراً لا يورث يقيناً. وأما ما يتعلق من هذا الجنس بأصول العقائد المهمة، فيجب تكفير من يغير الظاهر بغير برهان قاطع، كالذي ينكر حشر الأجساد، وينكر العقوبات الحسية في الآخرة، بظنون وأوهام واستبعادات من غير برهان قاطع، فيجب تكفيره قطعاً، إذ لا برهان على استحالة رد الأرواح إلى الأجساد… وكذلك يجب تكفير من قال منهم: إن الله تعالى لا يعلم إلا نفسه، أولا يعلم إلا الكليات؛ فأما الأمور الجزئية المتعلقة بالأشخاص، فلا يعلمها، لأن ذلك تكذيب للرسول صلى الله عليه وسلم قطعاً. وليس من قبيل الدرجات التي ذكرناها في التأويل؛ إذ أدلة القرآن والأخبار على تفهيم حشر الأجساد، وتفهيم تعلق علم الله تعالى بتفصيل كل ما يجري على الأشخاص، مجاوز حد لا يقبل التأويل، وهم معترفون بأن هذا ليس من التأويل. ولكن قالوا: لما كان صلاح الخلق في أن يعتقدوا حشر الأجساد؛ لقصور عقولهم عن فهم المعاد العقلي. وكان صلاحهم في أن يعتقدوا أن الله تعالى عالم بما يجري عليهم، ورقيب عليهم ليورث ذلك رغبة ورهبة في قلوبهم. جاز للرسول عليه السلام أن يفهمهم ذلك، وليس بكاذب من أصلح غيره، فقال ما فيه صلاحه، وإن لم يكن كما قاله. وهذا القول باطل قطعاً؛ لأنه تصريح بالكذب

Ва аммо (дар посух ба ин матлаби бархе аз сӯфия, ки мегӯяд, “чӣ гуна имкон дорад, ки нахустин чизе ки дидааст ситорагон бошанд, ҳол он ки хуршед зоҳиртар аз онҳост? Оё ситорагон нахустин чизест, ки дида мешаванд (ё хуршед)?”, бояд бигӯем, ривоят шудааст, ки ҳазрати Иброҳими Халил (а) дар кӯдакӣ (яъне аз лаҳзаи нахусти таваллуд) дар як ғоре қарор дошт (ва чизе надида буд), ва ҳамин ки барои аввалин бор (аз он ғор) берун омад, шабонгоҳ буд (ва аз ин рӯ, нахустин чизе, ки ба чашмонаш хӯрд, ин ситорагон буданд).

Ва аммо (дар посух ба истидлоли ин сӯфия, ки мегӯяд, “қабл аз ҳикояти он гуфтори ҳазрати Иброҳим (а), ин оят омадааст, ки “Ва ин гуна малакути осмонҳо ва заминро ба Иброҳим намоёндем, то аз ҷумлаи яқинкунандагон бошад”, пас, чӣ гуна баъд аз ошкор шудани малакут барои ҳазрати Иброҳими Халил (а), ин гумон дар бораи ӯ бишавад, ки ӯ аҷсоми муайянеро Худо медониста ва баъд аз нопадид шуданашон, фаҳмида, ки Худо набудаанд?!”, мегӯем: Худои Мутаол дар Қуръони Карим шояд дар ибтидо поёни ҳолати Иброҳим (а)-ро ёдовар шуда, сипас оғози ҳолаташро зикр намуда бошад.

Ба ҳар ҳол, амсоли чунин истидлолҳое занну гумонҳое беш нестанд, ки касе, ки аз ҳақиқати бурҳон ва шарту шароити он огоҳ нест, онҳоро бурҳон пиндошта. Ин, ҷинсе аз таъвилҳои эшон аст.

Ҳамчунин, асо ва наълайни ҳазрати Мӯсо (а)-ро дар ин ду оят, ки мегӯяд: “Пойпӯши худ берун овар(Сураи Тоҳо, ояти 12), ва низ “Он чи дар дасти рости худ дорӣ бияндоз(Сураи Тоҳо, ояти 69) таъвил кардаанд.

Эҳтимолан, гумон дар мисли ин умур, ки марбут ба усули ақоид нест, ҷорӣ дар маҷрои бурҳон дар усули ақоид бошад, аз ин рӯ, гӯяндаи чунин гуфторе на кофир дониста мешавад ва на бидъатгузор. (Ба ин маъно, ки таъвил дар маҷоли фурӯи ақоид бар асоси гумон, мисли таъвил дар маҷоли усули ақоид бар пояи бурҳони ақлӣ аст. Аз ин рӯ, ҳамон тавр, ки таъвилкунанда бар асоси бурҳони ақлӣ дар маҷоли усули ақоид, кофиру бидъатгузор ба шумор намеравад, ҳамин тавр касе, ки дар маҷоли фурӯи ақоид, бар асоси занну гумон таъвил намояд, кофир ҳисобида намешавад).

Оре, (дар як сурат аст, ки ҳатто чунин таъвиле ҳам раво нест, ва он дар ҷоест, ки) агар фатҳи боб (-и таъвил дар ин маҷол) мунҷар ба ташвиши қулуби мардуми авом гардад, ки дар ин сурат бидъатгузор маҳсуб мешавад, аммо фақат соҳиби чунин таъвил (на ҳамаи гӯяндагон), ва он ҳам, дар мавориде, ки аз салаф чизе нақл нашуда бошад.

Ҳамчунин, ба ин гуфтор (-и он сӯфӣ) наздик аст гуфтори баъзе аз ботиния, ки мегӯянд, гӯсолаи Сомирӣ таъвил мешавад, зеро чӣ гуна дар миёни он ҳама мардумони зиёд, оқиле мавҷуд набошад, ки бидонад, он чи аз тилло Сомирӣ сохтааст, ҳатман Худо буда наметавонад? (Яъне ба назар намерасад, ки дар миёни он ҳама мардумон, агар мурод зоҳири оят бошад, касе мавҷуд набошад, ки бидонад, ин Худо буда наметавонад).

Ва ин ҳам гумоне беш нест, чун маҳол нест, ки гурӯҳе аз мардумон ҳолашон чунин гардад, мисли парастандагони бутҳо…

Ва аммо дар мавриди усули ақоиди муҳим, он касе, ки зоҳирро бидуни ҳеч бурҳони қатъӣ тағйир медиҳад, бояд кофир хонда шавад, мисли касе, ки мункири маъоди ҷисмонӣ ва ҷазоҳои ҳиссӣ дар рӯзи охират ба воситаи гумону хаёлҳои пуч ва бе ягон бурҳони қатъӣ аст. Пас, якчунин фарде қатъан такфир мешавад, чун бурҳоне бар маҳол будани баргаштани руҳҳо ба ҷасад надорем…

Ҳамчунин, бояд такфир шавад он касе, ки мегӯяд, Худои Таоло ба ҷуз худаш, касе ё чизеро намедонад, ва ё (агар медонад) ҷуз калимаҳоро намедонад (яъне илми Худои Мутаол фақат ба умури куллӣ тааллуқ мегирад). Ва аммо ба умури ҷузъӣ илми Худо тааллуқ намегирад.

Чунин гуфторҳое, қатъан такзиби Расули Худо (с) аст, ва аз қабили он дараҷоте, ки дар мавриди таъвил ёдовар шудем нест; чун далелҳои қуръонӣ ва аҳодис бар вуҷуди ҳашр ба ҷасад дар охират ва низ тааллуқи илми Худои Мутаол ба ҷузъиёт, беш аз он ҳаддест, ки қобили таъвил бошад. Худи эшон эътироф доранд, ки ин корашон аз қабили таъвил нест, балки гуфтаанд: чун мардум (дар он даврон) оҷиз аз дарки маъоди ақлӣ буданд, аз ин рӯ, маслиҳат ин буд, ки мӯътақид ба ҳашри ҷасадӣ бошанд. Ҳамчунин, маслиҳат ин буд, ки мӯътақид бошанд, ки Худои Мутаол олим ба ҷузъиёти корашон ва муроқиби тамомии аҳволашон аст, то ин ки чунин эътиқоде дар дилашон тарсу рағбати бештар эҷод кунад. Барои паёмбар (с) низ ҷоиз буд, ки барояшон чунин бигӯяд (гарчи воқеият ғайри он аст), зеро ҳар ислоҳкунандае дурӯғгӯ ба шумор намеравад. Пас, паёмбар (с) он чиро ба маслиҳати эшон буд гуфт, ҳарчанд воқеият ғайри он чизест, ки мегуфт.

Чунин гуфторе низ қатъан ботил аст, зеро сароҳатан паёмбар (с)-ро ба дурӯғ нисбат медиҳад…”

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: