“Эҳсоси ӯзбекбадбиниро аз хурдӣ дар дили тоҷикон ҷой медиҳанд”

Ёддошти Ҳумайрои Бахтиёр

Дар аҷабам аз эҳсоси миллатпарастии баъзе аз дӯстон ва ҳамкасбон! Ҳеч боре эҳсос кардаед, ки мо хеле шовинист/фашист шудаем? Ҳеч эҳсос кардаед, ки мо миллатҳои дигарро ҳамеша бад мебинем? Ҳеч мушоҳида кардаед, ки — агар нафаре иштибоҳ кард, ҳатман мегӯем «тоҷик» нестӣ?

Воқеан хеле таассуф мехӯрам, ки чунин як фазое дар ҷомеа вуҷуд дошта, бо «хидмати» баъзе қалам ба дастон доман паҳн карда, устувор мешавад. Барои мисол, шурӯъ мекунем аз ҳамсояҳо. Эътироф бояд кард, ки эҳсоси ӯзбекбадбиниро аз хурдӣ дар дили тоҷикон ҷой медиҳанд. Бо шӯхӣ ва масхараҳои ноҷо, ба монанди «охир ӯзбак аст», «ақли ӯзбак баъд аз обед медарояд», «ӯзбак», «ӯзбаксифат», «қарлук», «лақай», «ҷӯгӣ»… сар шуда, ин эҳсоси «миллатгароии тоҷикона» бо таҳқиру тамасхури сиёсӣ ва расонаӣ идома доштаву дорад. Ҳамин ҳоло як дӯстам акси нони Самарқандро монда, ҳасрати дурӣ аз ин шаҳрро навиштаанд. Дар шарҳ, яке навиштааст, ки мо тоҷикони содда аз бӯйи нони ӯзбак…

Мутаассифам. Ростӣ, ин эҳсоси «дигар»бадбинии тоҷикон хеле вақт аст, ки азиятам мекунад. Аммо ҳеч вақте барои навиштан пайдо намешуд. Чанде пеш яке аз ҳамкасбамон силсила матлаб дар мавриди ифротгароӣ навишт, ки мазмунаш араббадбинӣ буд. Хуни «тоҷикона»-и баъзеҳо бо арабситезӣ ҷорӣ шудааст. Он замон хостам нависам, хеле фикр кардам ва ба хулосае расидам, ки нанависам. Зеро, ҳатман мӯҳри «арабпараст» пуштам мекӯфтанд.

Мушкили арабситезиро намебинанд ва шояд ҳатто ифтихор ҳам аз ин нафринашон дошта бошанд.

Аҷаб таззоде, эҳсоси ифтихор аз мавҷудияти ҳисси нафрат… ҳиссе, ки сирати инсонро хароб мекунад! Ва, агар сират хароб шуд, сурату ақл ба кор меоянд?!

Ҳамин тавр сари ҳар чанд муддат мо «шоҳиди» таркиши лафзии гурӯҳи қалам ба даст мешавем. Чӣ қадар таҳқирҳои сиёсиву расонаӣ дар мавриди русҳо буд. Рус, ин яъне «майзада», «фоҳиша», «кофар». Ҳамин тавр дар мавриди арабҳо.

О агар шумо эҳсоси тоҷикӣ доред ва «бофарҳанг» ҳастед, ба шумо чӣ ки дар рӯйи дунё чӣ менӯшад, чӣ мехӯрад?!

Интиқоду масхара аз хӯрдану ошомидани дигар миллатҳо магар исботи бефарҳангӣ нест!?

Ва ин ҳолатҳо эҳсосеро ба вуҷуд меоваранд, ки ҳама «бад», танҳо тоҷик нағзу содда!

Ба ёд орем он мушкили марзие, ки бо кирғизҳо доштем, он мушкили бунбасти комуникатсионие, ки бо ӯзбекҳо доштем. Чӣ қадар ҳарфҳо гуфта шуданд. Он тарафтари харитаи ҷуғрофи меравем. Каме чаптар, Чину Муғул, тарафи рост, русу турку, арабу…

Чунин бардошт, ки кулли миллатҳои ҷаҳон, ки дар тӯли таьрих бо мо «даъво» доштанд, ҳама бад, ҳама душман, таҷовузгар, хама дузду хиёнаткор. Ҳама моро азият карданд!

Мӯҳтарам тоҷикон, чаро моро, мо кистем? Чаро ҳама омада истисморамон карданд, дуздиданд, садди роҳ бастанд? Чаро? Шояд камбуди аз мо буд? Пас, мо хеле заъиф будем, ки ҳама моро мағлуб кард. Ва шояд ин заъифнолиамон меросист?

Охир, дар таърих лашкаркашиҳои зиёде анҷом ёфтааст. Яке талоши ривоҷи замин дошт, дигарӣ талоши роҳандозии фарҳанг, саввуми таърих, чаҳоруми дин, панҷуму шашум мехост илму донишро бубарад… аз ин на ҷои шикоят ҳасту на ҷои бечоранолӣ! То ин замон хелеҳо ҷон фидо карданд, то харитае пайдо шавад, хелехо хун рехтанд, то кишварҳояшон дар харита ҷойгир шавад. Мо ҳам ҳамин тавр!

Он гунае, ки ба мо ҳуҷум кардаанд, ҳамон гуна тоҷик/форс ҳам лашкар кашидааст. Ва ҳеч лашкаркашие дар таърих бидуни дуздиву, тору мору хиёнату таҷовуз анҷом наёфтааст!

Пас, чӣ ҷойи кинатӯзиву бадбинӣ? Чӣ ҷойи нигаҳ доштани нафрат?

Ва ҳам набуданд кашмакашиҳо бо баъзе сиёсатмадорҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар аввалин фурсат ба онҳо эҳсоси «бегона» буданро медоданд.

Чаро? Ростӣ, намефаҳмам, ки ин ҳама нафрату заҳр ба мо чӣ медиҳад? Ба хусус дар ҳамин шабу рӯзе, ки мушкили мо тоҷикон аз худи тоҷикон вобаста аст.

Агар аз ғорат, таҷовуз, қатл, фасод ва ҳар амали нодурусти таърихӣ ин қадар оташин шуда интиқод мекунед, чаро аз ин ҳама рафторҳои ношоистаи имрӯза, ки сабабгораш баръало маълум аст, чизе намегӯед?

Ё интиқод аз қатлу хиёнату фасоду таҷовуз аз дасти тоҷик нороҳататон намекунад?

Ё, гуфтани вокеъият бар зарари эҳсоси «тоҷиконаатон» мешавад?

Хулоса, баъзан фикр мекунам, ки мо ҳамчун як миллат, миллати муттаҳиду ғамхори ҳамдигар набудему нестем. Ба ҷойи кӯмак ва фазосозӣ, мо ба кишти тухми бадбинӣ барои садсолаҳои оянда машғулем. Ҳанӯзам, дар ҳар мусибатамон ё ҳамсояро гунаҳкор мекунем ё гурӯҳеро бад мекунем. Бо ин вазь ба ҷойе нахоҳем расид!

Дӯст бояд дошту эҳтиром кард! Дӯст доред, дин, фарҳанг ва одату суннати дигар миллатро, агар дӯст дошта наметавонед, ҳаддиақал эҳтиром кунед. Аммо, бад набинед!

Бояд дӯст доштанро омӯхт! Бояд дӯстиву эҳтиром ба башарро омӯхт, новобаста аз қавму нажод! Инсон будан ҳамин аст. Эҳсоси эҳтироми худу башар! Ҳар эҳсоси дигар ба нобудӣ мебарад. Чӣ ифтихор бошад, чӣ нафринхонӣ!

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: