Ормонҳои Имом Хумайнӣ (р)

Ба баҳонаи 28-умин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (р)

Ба қалами Ядуллоҳи Ҷавонӣ

Сиёсат дар назди Имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори Инқилоби Исломӣ дар Эрон, маъное мутафовит аз таърифҳои роиҷ дар асри ҳозир дорад. Ӯ сиёсатро на ба унвони мавзӯи қудрат, балки ба унвони амре барои ҳидояти инсонҳо ва ҷавомеи башарӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.

Имом Хумайнӣ (р) дар ин бора мегӯяд: «Сиёсат ин аст, ки ҷомеаро ҳидоят кунад ва роҳ бибарад, тамоми масолеҳи ҷомеаро дар назар бигирад ва тамоми абъоди инсон ва ҷомеаро дар назар бигирад ва онҳоро ҳидоят кунад ба тарафи он чизе, ки салоҳашон аст, салоҳи миллат аст, салоҳи афрод аст. Ва ин мухтас ба анбиёст ва ба табаъи онҳо, уламои бедори ислом

Бар ҳамин асос, ормонҳои Имом Хумайнӣ (р)-ро метавон дар се ҳавзаи фарҳангӣ-тарбиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ кард:

а) Ормонҳои фарҳангӣ-тарбиятӣ:

Муҳимтарин ормонҳои Имом Хумайнӣ (р), дар ҳавзаи фарҳангӣ ва тарбиятӣ аст. Инқилоби Исломӣ инқилобе бо моҳияти динӣ аст ва дини ислом асосан худро як дини инсонсоз муаррифӣ мекунад. Дини ислом ба дунболи саодати навъи башар аст ва бар ҳамин мабно, яке аз умдатарин ва аслитарин ормонҳои Инқилоби Исломӣ дар Эрон, фароҳам кардани бистарҳо ва шароит барои расидани инсонҳо ба саодат аст.

Имом Хумайнӣ (р) ҳадафи ормони тамоми анбиёи илоҳиро инчунин баён медорад: «Анбиё омаданд, ки моро ҳушёр кунанд, тарбият кунанд. Анбиё барои инсон омадаанд ва барои инсонсозӣ омадаанд. Кутуби анбиё кутуби инсонсозӣ аст. Қуръони Карим китоби инсон аст...»

Бинобар ин, ормони Имом Хумайнӣ (р) дар ин ҳавза, тамаркуз бар тарбияти инсонҳо дар ду буъди фардӣ ва иҷтимоӣ дорад. Бештарин дағдағаҳои Имом Хумайнӣ (р), ба ҳамин ҳавза бармегардад. Ӯ барои ислоҳ ва тарбияти фард ва ҷомеа, бештарини талошҳоро дошт. Имом Хумайнӣ (р) тарбияти инсонҳои солеҳро, дар раъси тамоми барномаҳои инқилобии худ қарор дода, дар ин бора мегӯяд: «Он қадр ки инсони ғайри тарбиятшуда музирр (зараровар) аст ба ҷавомеъ, ҳеч шайтоне ва ҳеч ҳайвоне ва ҳеч мавҷуде он қадр музирр нест, ва он қадр ки инсони тарбиятшуда муфид аст барои ҷавомеъ, ҳеч малоикае ва ҳеч мавҷуде он қадр муфид нест. Асоси олам бар тарбияти инсон аст

б) Ормонҳои сиёсии Имом Хумайнӣ (р):

Имом Хумайнӣ (р) барои ташкили ҳукумати исломӣ ва пиёдасозии ислом қиём кард. Ормонҳои вай дар ин ҳавза иборат аст аз:

1. Таъсиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Истиқрори як низоми динӣ ба ҷойи низоми шоҳаншоҳӣ, аз ормонҳои муҳимми Имом Хумайнӣ (р) ба шумор меояд. Бар ҳамин асос, билофосила пас аз фурӯ рехтани тахти шоҳ дар Эрон, Имом Хумайнӣ (р) таъсиси Ҷумҳурии Исломии Эронро пешниҳод кард ва ба раъйи мардум гузошт. Аз назари Имом Хумайнӣ (р) низоми динӣ моҳияти комилан мутафовит аз тамоми низомҳои сиёсии роиҷ дар ҷаҳон дорад.

Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Ҳукумати исломӣ ҳукумате аст бар пояи қавонини исломӣ. Дар ҳукумати исломӣ истиқлоли комил ҳифз мешавад. Мо хостори Ҷумҳурии Исломӣ мебошем. Ҷумҳурӣ фурм ва шакли ҳукуматро ташкил медиҳад ва исломӣ, яъне муҳтавои он фурм, ки қавонини илоҳӣ аст

2. Дифоъ аз мустазъафон ва мубориза бо мустакбирон: Эҳқоқи ҳуқуқи мустазъафон ва истодан ва мубориза кардан бо золимон, аз ормонҳои бисёр муҳимми Имом Хумайнӣ (р) аст. Дифоъ аз миллати мазлуми Фаластин аз як сӯ ва мубориза бо Омрико ва режими саҳюнистӣ аз сӯи дигар, аз масодиқи барҷастаи ин навъ ормонхоҳии Имом Хумайнӣ (р) аст.

Имом Хумайнӣ (р) Инқилоби Исломиро сароғози инқилоби ҷаҳонии ислом медонист ва мӯътақид буд, ки ислом қудрати раҳоии мустазъафон аз чанголи мустакбиронро дорад. Истодагӣ дар баробари золимон ва раҳоии мустазъафон, аз ормонҳои асили Имом Хумайнӣ (р) аст. Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Касе тасаввур накунад, ки мо роҳи созиш бо ҷаҳонхоронро намедонем, вале ҳайҳот, ки ходимони ислом ба миллати худ хиёнат кунанд!.. Агар банд-банди устухонҳоямонро ҷудо созанд, агар сарамонро болои дор баранд, агар зинда-зинда дар шӯълаҳои оташамон бисӯзонанд, агар зану фарзандон ва ҳастиамонро дар ҷилави дидагонамон ба асорат ва ғорат баранд, ҳаргиз амонномаи куфр ва ширкро имзо намекунем

3. Таҳаққуқи сулҳи ҷаҳонӣ: Таҳаққуқи сулҳи ҷаҳонӣ ва доштани як зиндагӣ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни тамоми инсонҳо ва ҷавомеи башарӣ, аз ормонҳои Имом Хумайнӣ (р) аст. Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Мо сулҳ мехоҳем, мо бо ҳамаи мардуми дунё сулҳ мехоҳем, мо мехоҳем мусолимат бо ҳамаи дунё дошта бошем

в) Ормонҳои иқтисодӣ:

Дар андешаҳои ормонии Имом Хумайнӣ (р), таваҷҷӯҳ ба пешрафтҳои моддӣ дар канори пешрафтҳои маънавӣ ва доштани як иқтисоди пӯё ва таъмини маъишат ва рафоҳи мардум, ҷойгоҳи хоссе дорад. Ормонҳои Имом Хумайнӣ (р) дар ҳавзаи иқтисодиро метавон дар ду меҳвар хулоса кард:

1. Таҳаққуқи адолати иқтисодӣ дар ҷомеа: Имом Хумайнӣ (р) ба таҳаққуқи адолати иқтисодӣ ва таъмини ҳуқуқи мустазъафон ва ҷилавгирӣ аз ғорати амвол ва ҳуқуқи побараҳнагон аз сӯи гарданғафсҳо, инояти хоссе дошт. Бинобар ин, таҳаққуқи адолати иқтисодӣ аз ормонҳои Имом Хумайнӣ (р) аст ва ӯ дар ин бора мегӯяд: «Ман умедворам, ки ҳукумати исломӣ дар Эрон ташкил шавад ва мазоёе, ки дар ҳукумати исломӣ ҳаст, бар башар равшан гардад, то башарият бифаҳмад, ки аввалан ислом чӣ гуна аст… иҷрои адолат ба чӣ сурат аст ва шахси аввали мамлакат дар зиндагӣ бо раъият ҳеч фарқе надорад… Ин навъ ҳукумат собиқа надорад

2. Дастёбӣ ба истиқлоли иқтисодӣ: Раҳоӣ аз вобастагиҳо ва расидан ба истиқлоли иқтисодӣ ва навъе худиттикоӣ, аз ормонҳои Имом Хумайнӣ (р) дар ҳавзаи иқтисодӣ аст. Пешрафтҳои илмӣ ва расидан ба фанновариҳои навин барои рӯйи пойи худ истодан, аз ормонҳои Имом Хумайнӣ (р) аст. Ӯ иззати исломиро дар пайрезии тамаддуни исломӣ ва расидан ба истиқлол дар ҳамаи абъоди он медид. Имом Хумайнӣ (р) дар васиятномаи худ ин бора мегӯяд: «Васияти ман ба ҳама он аст, ки бо ёди Худои Мутаъол ба сӯи худшиносӣ ва худкифоӣ ва истиқлол бо ҳамаи абъодаш ба пеш равед ва бетардид дасти Худо бо шумост

Basirat



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: