Чаро душманонамон моро гӯл мезананд?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Хеле аз мо мусалмонон имрӯз мисли кабк сари худро зери барф кардаем ва гумон мекунем, айбу нуқсонамон ҳам мисли сарамон зери барф рафта ва аз диди мардум пинҳон мондааст.

Лутфан сари худро аз зери барф берун кунед ва чашмони худро боз намоед, то бубинед, ки саропои вуҷудамонро имрӯз айбу нуқсон фаро гирифта, ба ҳадде ки дигар ангуштнамои хоссу омми олам гаштаем.

Лутфан дигар номи бузургони гузаштаро ба забон наоред, ки онҳо аз вазъи имрӯзи мову шумо ор доранд. Дигар ҳеч ваҷҳи муштарак ва нуқтаи атфе байни имрӯзи мо бо садри ислом боқӣ намондааст, магар ҳамин исму расми холӣ.

Ба худовандии Худо қасам агар ин бебасиратӣ, бафаросатӣ, бемурувватӣ ва беғайратие, ки мусалмонони имрӯз доранд, мусалмонони садри ислом ҳам медоштанд, ислом дар ҳамон гаҳвораи худ мурда буд.

Охир, ин чӣ бадбахтӣ аст, ки мусалмон имрӯз ё аз бех бедарду беғайрат аст, ва ё агар дарду ғайрате ҳам дошта бошад, он ғайраташ ғайрати исломӣ нест, ким чӣ дигар аст; ё мазҳабгарост, ё миллигаро ва ё ҳатто маҳалгаро. Хулоса, ҳарчигаро ба ҷуз ислом.

Ин чи фоҷеъа аст, ки имрӯз бебасиратӣ, бедироятӣ ва бефаросатӣ ҳамзоду ҳамроҳу ҳамгӯри мусалмон гаштааст.

Воқеъан инсон ҳайратзада мешавад, ки як мусалмон имрӯз бо қасди қурбат мусалмонони дигарро мекушад. Вале дар муқобили душманони қасамхӯрдаи ислому инсоният — саҳюнистҳои ғосиб, ҳозир нест ҳатто садо баланд кунад.

Бебасиратӣ аз ин зиёд мешавад, ки мусалмоне барои кӯбидани мусалмони дигар бо душманони ислом ҳампаймон бишавад?

Ҳамокат аз ин бештар мешавад, ки касе барои ҳифзи шоха теша ба реша бизанад?

Бале, мусалмонон имрӯз дақиқан чунин коре доранд мекунанд. Ба хиёли дифоъ аз мазҳаби худ, ҳар кадом ба мазоҳиби дигар санг мезананд, дар натиҷа асли ислом зери ин сангхо сангборон мешавад.

Аз ҳама шигифтовараш ин аст, ки бо ин ҳама айбу нуқсон, вақте касе аз рафтори мусалмонон интиқоде намояд, зуд ба самташ ҳамлавар мешавем ки на, мо ҳама фариштаем, инҳо хамааш фитнаи душманон аст!

Чаро мо натавонистем душманони худро гӯл бизанем, вале онҳо ҳамарӯза доранд моро гӯл мезанад?

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Пароканда, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: