Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (11)

Бахши ёздаҳум

Баҳсе дигар перомуни такфир

Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

اعلم أن شرح ما يكفر به وما لا يكفر به، يستدعي تفصيلاً طويلاً يفتقر إلى ذكر كل المقالات والمذاهب، وذكر شبهة كل واحد ودليله، ووجه بعده عن الظاهر، ووجه تأويله. وذلك لا يحويه مجلدات، ولا تتسع لشرح ذلك أوقاتي. فاقنع الآن بوصية وقانون

أما الوصية: فان تكف لسانك عن أهل القبلة ما أمكنك، ماداموا قائلين لا إله إلا الله، محمد رسول الله، غير مناقضين لها. والمناقضة تجويزهم الكذب على رسول الله صلى الله عليه وسلم بعذر، أو غير عذر، فإن التكفير فيه خطر. والسكوت لا خطر فيه

أما القانون: فهو أن تعلم أن النظريات قسمان: قسم يتعلق بأصول القواعد، وقسم يتعلق بالفروع

وأصول الإيمان ثلاثة: الإيمان بالله، وبرسوله، وباليوم الآخر. وما عداه فروع. واعلم أنه لا تكفير في الفروع أصلاً، إلا في مسألة واحدة، وهي أن ينكر أصلاً دينياً علم من الرسول صلى الله عليه وسلم بالتواتر. لكن في بعضها تخطئة، كما في الفقهيات. وفي بعضها تبديع، كالخطأ المتعلق بالإمامة وأحوال الصحابة. واعلم أن الخطأ في الإمامة، وتعيينها وشروطها، وما يتعلق به، لا يوجب شيئ منه تكفيراً. فقد أنكر ابن كيسان أصل وجوب الإمامة، ولا يلزم تكفيره. ولا يلتفت إلى قوم يعظمون أمر الإمامة، ويجعلون الإيمان بالإمام مقروناً بالإيمان بالله ورسوله، ولا إلى خصومهم المكفرين لهم بمجرد مذهبهم في الإمامة. فكل ذلك إسراف؛ إذ ليس في واحد من القولين تكذيب للرسول صلى الله عليه وسلم أصلاً

ومهما وجد التكذيب، وجب التكفير، وإن كان من الفروع. فلو قال قائل مثلاً: البيت الذي بمكة ليس الكعبة التي أمر الله بحجها، فهذا كفر، إذ قد ثبت تواتراً عن رسول الله صلى الله عليه وسلم خلافه. ولو أنكر شهادة الرسول صلى الله عليه وسلم لذلك البيت بأنه الكعبة لم ينفعه إنكاره، بل يعلم قطعاً أنه معاند في إنكاره، إلا أن يكون قريب عهد بالإسلام، ولم يتواتر عنده ذلك. وكذلك من نسب عائشة رضي الله عنها إلى الفاحشة، وقد نزل القرآن ببراءتها فهو كافر؛ لأن هذا وأمثاله لا يمكن إلا بتكذيب الرسول، أو إنكار التواتر. والتواتر ينكره الإنسان بلسانه، ولا يمكن أن يجهله بقلبه

نعم لو أنكر ما ثبت بأخبار الآحاد، فلا يلزمه به الكفر

ولو أنكر ما ثبت بالإجماع، فهذا فيه نظر؛ لأن معرفة كون الإجماع حجة قاطعة، فيه غموض يعرفه المحصلون لعلم أصول الفقه. وأنكر النظام كون الإجماع حجة أصلاً، فصار كون الإجماع حجة مختلفاً فيه. فهذا حكم الفروع

وأما الأصول الثلاثة، وكل ما لم يحتمل التأويل في نفسه، وتواتر نقله، ولم يتصور أن يقوم برهان على خلافه، فمخالفته تكذيب محض. ومثاله: ما ذكرناه من حشر الأجساد، والجنة والنار، وإحاطة علم الله بتفاصيل الأمور. وما يتطرق إليه احتمال التأويل، ولو بالمجاز البعيد، فننظر فيه إلى البرهان: فإن كان قاطعاً، وجب القول به. ولكن إن كان في إظهاره مع العوام ضرر، لقصور فهمهم، فإظهاره بدعة. ولم يكن البرهان قطعياً، لكن يفيد ظناً غالباً، وكان مع ذلك لا يعلم ضرره في الدين، كنفي المعتزلة الرؤية عن الله تعالى، فهذه بدعة، وليس بكفر. وأما ما يظهر له ضرر، فيقع في محل الاجتهاد والنظر، فيتحمل أن يكفر، ويحتمل أن لا يكفر

ولا ينبغي أن يظن أن التكفير ونفيه ينبغي أن يدرك قطعاً في كل مقام، بل التكفير حكم شرعي، يرجع إلى: إباحة المال، وسفك الدم، والحكم بالخلود في النار. فمأخذه كمأخذ سائر الأحكام الشرعية: فتارة يدرك بيقين، وتارة بظن غالب، وتارة يتردد فيه. ومهما حصل تردد، فالوقف فيه عن التكفير أولى، والمبادرة إلى التكفير إنما تغلب على طباع من يغلب عليهم الجهل، ولا بد من التنبيه على قاعدة أخرى، وهي أن المخالف: قد يخالف نصاً متواتراً، ويزعم أنه مؤول، ولكن ذكر تأويله لا انقداح له أصلاً في اللسان، لا على بعد، ولا على قرب، فذلك كفر، وصاحبه مكذب، وإن كان يزعم أنه مؤول

Бидон, ки шарҳу тавзеҳи он чи бад-он, касеро бояд кофир хонд ва низ баёни он чи бад-он, инсон кофир дониста намешавад, баҳси тӯлониеро металабад ва ниёзманди ёдоварии так-таки гуфтаҳои мазоҳибу фирақи мухталифи исломӣ ва тамоми шубаҳоте, ки матраҳ кардаанд ва нақли далели ҳар як ва ғайра мебошад ва бояд чанд ҷилд китоб барои он ихтисос дод ва вақти мо ҳам барои шарҳу тавзеҳи ҳамаи он намерасад, аз ин рӯ, бо зикри як тавсия ва як қоида иктифо мекунам:

* * *

Тавсия

Ва аммо тавсияи ман (Ғаззолӣ) ин аст, ки ҳатталимкон забонатро аз (такфири) аҳли қилба боздор модоме, ки эшон гӯяндаи “Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадур расулуллоҳ” буда ва нақзкунандаи ин калима набошанд. Нақз ҳам, замонест, ки дурӯғ бар Расули Акрам (с)-ро, чи бо узр ва чи бе узр, ҷоиз шуморанд. Зеро, дар такфир хатар аст, вале дар сукут ҳеч хатаре нест.

* * *

Қоида

Ва аммо қоида: бидон, ки дидгоҳҳо ду гуна ҳастанд: навъе, марбут ба усули дин аст, ва навъе дигар, марбут ба фурӯи дин. Усули дин (ва ё усули имон) се тост: имон ба Худо, имон ба Расули Худо ва имон ба рӯзи охират. Ва ғайри ин се, ҳама фурӯъ ба ҳисоб меоянд.

Бидон, ки дар фурӯъ, аслан такфир нест (яъне касе, ки дар фурӯот дидгоҳе бар хилофи дидгоҳи ту иброз дошта бошад, ҳатто агар ба назари ту хато ҳам буда бошад, ӯ кофир хонда намешавад), магар дар як масъала, ва он ин ки: масъалаеро, ки ба тавотур аз ҳазрати Расули Акрам (с) ба мо расидааст (ҳатто як масъалаи фаръӣ бошад) инкор намояд. Ва дар бархе маворид, тараф фақат хатокор хонда мешавад, чунонки як масъалаи фиқҳиро инкор кунад. Ва дар порае аз маворид, бидъаткор шумурда мешавад, мисли он ҷо, ки дар масъалаи имомат ва аҳволи саҳоба ба хато ва иштибоҳ роҳ дода бошад.

Бидон, ки иштибоҳ ва хато дар масъалаи имомат — чи дар асли он, ки аз назари ислом оё воҷиб аст касе (баъд аз ҳазрати паёмбар (с)) имом ва халифа таъйин гардад ё воҷиб нест, ва чи дар таъйини шахсе, ки баъд аз ҳазрати паёмбар (с) мутасаддии ин мақом бишавад, ва чи дар шурути имомат, ки имом ва халифа чӣ шарту шурутеро бояд дошта бошад – (хато дар ҳеч як аз ин масоил) мӯҷиби кофир донистани хатокор намешавад.

Ибни Кайсон (1) асли имомат ва хилофатро инкор намудааст ва ин сабаби кофир донистани ӯ намешавад. Ва ҳамчунин, ба гурӯҳе, ки амри имоматро бузург мешуморанд ва имон ба имомро дар канори имон ба Худо ва расулаш (ба унвони усули дин) қарор медиҳанд, таваҷҷӯҳ намешавад, ва низ ба мухолифинашон, ки онҳоро танҳо ба хотири мазҳабашон дар масъалаи имомат, кофир меҳисобанд низ таваҷҷӯҳ намешавад. Ҳамаи ин умур, исроф ва зиёдаравӣ аст; чун дар ҳеч як аз ин ду қавл, такзиб ва дурӯғ донистани Расули Акрам (с) вуҷуд надорад.

Пас, (қоидаи куллӣ ин аст, ки) ҳар куҷо такзиб мавҷуд бошад, такфир ҳам воҷиб аст, гарчи дар фурӯот бошад (яъне агар касе як масъалаи фаръиеро инкор кунад ва лозимаи инкораш такзиби Расули Худо (с) бошад, бояд такфир шавад). Масалан, агар гӯяндае гӯяд: байте, ки дар Макка қарор дорад, он Каъбае нест, ки Худо амр ба ҳаҷҷи он намудааст, ин куфр аст; чаро ки ба тавотур аз Расули Акрам (с) хилофи он собит шуда. Агар мункири гувоҳии Расули Акрам (с) ба ин ки ин байт ҳамон Каъба аст бишавад, чунин инкоре аз вай суде надорад, балки ба таври қатъӣ маълум аст, ки ӯ муъонид (инодварзанда) аст дар инкори хеш, магар ин ки аз касоне бошад, ки дар замони наздик ба замони Расули Акрам (с) зиндагӣ дошта ва Каъба будани ин байт барои вай ба тавотур нарасида бошад.

Ҳамчунин аст ҳоли касе, ки ҳазрати Оиша (р)-ро ба фоҳиша (алаёзу биллоҳ) нисбат бидиҳад; зеро Қуръон дар бораи пок будани ҳазрати Оиша (р) оят фурӯ фиристодааст. Пас, ӯ кофир хоҳад буд. (2) Зеро чунин нисбате мумкин нест, магар ба такзиби Расули Акрам (с) ё инкори тавотур. Ва тавотур ҳам чунон аст, ки инсон метавонад онро ба забон инкор кунад, вале мумкин нест қалби ӯ онро нодида бигирад.

Оре, агар он чиро, ки ба воситаи ахбори оҳод собит шудааст инкор намояд, куфри ӯ лозим намеояд. Аммо агар он чиро, ки ба воситаи иҷмоъ собит шудааст мункир шавад, дар ин сурат, ин маҳалли таъаммул аст. Зеро ки дар шинохти ҳуҷҷати қатъӣ будани иҷмоъ, ғумуз ва печидагӣ вуҷуд дорад, ки уламои илми усули фиқҳ инро медонанд. Наззом (яке аз уламои исломӣ) аслан ҳуҷҷат будани иҷмоъро мункир аст. Пас, ҳуҷҷат будани иҷмоъ, маҳалли ихтилоф аст.

То ин ҷо ҳар чи гуфтем, перомуни масоили фаръӣ буд.

Ва аммо усули сегона (имон ба Худо, имон ба паёмбар ва имон ба рӯзи охират):

Ҳар он чи (аз ин усул, ки) таъвилбардор набошад ва ба тавотур нақл шудааст, тасаввур надорад, ки барҳони ақлӣ бар хилофи он барпо шавад. Пас, бо ин ҳисоб, мухолифат бо он, такзиби маҳз аст. Мисолаш ҳам он чи ёдовар шудем аз ҳашри мурдагон, биҳишт, дӯзах, иҳотаи илми Худованд ба ҷузъиёти умур (ва ғайра…)

Ва аммо он чи (аз ин усул, ки) таъвилбардор аст гарчи ба маҷоз, дар ин сурат, бояд ба бурҳон ва далел нигоҳ кунем. Агар бурҳон ва далел қатъӣ бошад, воҷиб аст ба он қоил бишавем. Албатта, агар дар изҳори он далел, барои авом зарару зиёне бошад ба ҷиҳати қусури фаҳми эшон, изҳори он бидъат аст. Ва аммо агар бурҳон ва далел қатъӣ набошад, вале ифодакунандаи занни ғолиб (гумони қавӣ) бошад, ва аз сӯе, зарару зиёне ҳам мутаваҷҷеҳи дин нашавад – мисли инкори мӯътазила руъяти Худои Таъолоро – дар ин сурат, ин биъдат аст, на куфр. Ва аммо он ҷо, ки зарару зиёне аз он мутаваҷҷеҳи дин бишавад, дар ин сурат, маҳалли иҷтиҳод ва назари соҳибназарон воқеъ мешавад. Яъне, эҳтимол дорад такфир шавад ва эҳтимол ҳам дорад, ки такфир нагардад…

Ва сазовор нест чунин пиндошта шавад, ки такфир ва нафйи он, лозим аст дар ҳар мақоме ба сурати қатъӣ дарк шавад, балке (бояд бидонем) такфир ҳукми шаръист, ки бозгашташ мубоҳ шумурдани мол, рехтани хун, ҳукм ба хулуди соҳибаш дар оташи ҷаҳаннам аст. Пас, маъхаз ва сарчашмаи он мисли соири аҳкоми шаръӣ аст, ки гоҳе ба яқин дарк мешавад, ва гоҳе ба гумони ғолиб ва гоҳе низ дар мавриди он шакку тардид аст. Ва ҳаргоҳ шакку тардид ҳосил шавад, пас, худдорӣ аз такфир беҳтар аст. Шитоб кардан ба такфир, ҳамоно бар табиати касоне ғолиб меояд, ки ҷаҳл ва нодонӣ бар онон чира шудааст. Аз ин рӯ ногузир бар қоидаи дигаре ҳам ин ҷо таваҷҷӯҳ кунем. Ва он ин ки: мухолиф (мухолифи мо дар ақида ва мазҳаб) гоҳе ба як насси мутавотире мухолифат меварзад ва гумон мекунад, ки таъвил шуда ва лекин таъвилаш аслан беҷост, ки ин куфр аст ва соҳибаш такзибкунанда аст гарчи гумон кунад таъвил намуда.”

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ибни Кайсон, Абӯбакр Абдурраҳмон ибни Кайсони Асамм (вафотёфтаи ҳудуди 200 ҳ.қ) аст. Ибни Ҳаҷар дар бораи ӯ мегӯяд: “Ӯ дар табақаи Абӯҳузайли Аллоф (вафотёфтаи 216 ҳ.қ) ва қадимтар аз ӯст”. Ӯ аз сарони мӯътазила ва дорои мақоми арҷмандест. Қозӣ Абдулҷаббори Ҳамадонӣ ӯро дар Табақот ул-муътазила ёд мекунад ва ӯро аз фасеҳтарин, порсотарин ва фақеҳи мардум ба шумор меоварад. Ӯ тафсире дорад бар мабнои аҳли эътизол  ва низ китобе дар усули маорифи исломӣ ба номи Ал-мақолот фил-усул, ки ҷойгоҳи баланде дар ҷомеаи исломӣ дорад. Саълабӣ аз тафсири вай баҳра бурда аст. (Таърих ат-турос ал-арабӣ, ҷилди аввал, ҷ 4, с 61, Лисон ул-мизон, ҷ 3, с 427, шумораи 1685).

(2) Лозим ба ёдоварист, ки аҳёнан баъзе аз ғаразварзон ва кинатӯзон чунин пиндореро тарвиҷ мекунанд, ки гӯё ҳамаи шиъаён ҳазрати Оиша (р)-ро ба фоҳиша будан — алаёзу биллоҳ — нисбат медиҳанд. Дар ҳоле ки чунин нест. Бале, чӣ дар қадим ва чӣ дар имрӯз, будаанд ақаллияте дар миёни онҳо, ки ин нисбати нораворо додаанд, аммо аксарияти эшон чунин нестанд. Ва балки баъзе аз уламо ва мароҷеи шиъа – чӣ дар қадим ва чӣ имрӯз – китобҳои мустақилле дар пок будани ҳазрати Оиша (р) ва дар радди пиндори ғолиёни шиъа ба риштаи таҳрир даровардаанд мисли Аллома Абдулҷалили Розӣ (560 ҳ.қ), ки китобе навишта ба унвони “Танзеҳи Оиша”. Ин китоб дар баёни покии ҳазрати Оиша аз нисбати ношоисти зино ва дар исботи покдомании ӯ мебошад.

Бале, шиъаён умуман, нигоҳе, ки аҳли суннат ба ҳазрати Оиша (р) доранд-ро надоранд. Шиъаён интиқодоти шадиде ба эшон ва бархе саҳоба ворид мекунанд ба ҷиҳати мухолифати онҳо бо ҳазрати Алӣ (к) ва ҷангидан бо он ҳазрат, ки баҳсаш ҷудост ва дар ҷойи худ ба он мепардозем.

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: