Рафтану мондан

Ба қалами Азиз Нақибзод

Аз соли 1991 ба ин сӯ тоҷикон тарки Ватан мекунанд. Мушкилоти Ватан эшонро ба ҳиҷрат водор месозад. Солҳои охир ин падида бештар шуд. Муҳоҷирони мавсимӣ манзур нестанд. Онҳое, ки ба кишварҳои дигар кӯчидаву мекӯчанд дар назаранд.

Агар қисме аз онҳоро ҳаваси зиндагии осуда ба хориҷа бурда бошад, ниме аз онҳо аз ночорӣ рӯ ба ғурбат ниҳодаанд, чун рӯзашон дар Ватан ба таври шоиста нагузашта аст. Гурӯҳи дигар қадр нашуданашон дар Ватанро баҳона барои ҳиҷрат медонанд. Ҷамъе ҳам гурезаҳои иҷбориву сиёсианд. Қисмате низ барои наҷоти тиҷорату сармояашон рӯ ба хориҷ намудаанд.

Аммо гурӯҳе, ки фикр мекунам аз ҳама бештаранд ва рӯ ба афзоиш доранд, онҳоеанд, ки ноумед шудаанд. Яъне аз беҳтар шудани фазои ҳуқуқиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дигар умедашонро кандаанд. Ва ин раванд идома дорад.

Аз тарафи ҳукумат ин падида тамоман нодида гирифта мешавад. Касе дар паи пешгирии ин раванд нест. Ангор кори ҷузъие бошад.

Вале ин падидаро бурдаш барои миллат бештар аст ё бохт?

Аслан ба назарам рафтани ҳар тоҷики ба истилоҳ қаториро мо боястӣ ба мисли фоҷиъа қабул намоем. Вале шӯрбахтона элитаи илмии мо доранд тарки кишвар мекунанд. Шумо боре мутаваҷҷеҳ шудаед, ки фарзандони олимони маъруфтарини Тоҷикистони шӯравӣ, ки ҳар кадомашон номзади илму доктори илманд, дигар дар Душанбе нестанд? Оё аз набудани эшон миллат бурд мекунад?

Ба ҷуз ин, ки беҳтаринҳои мо аз мо мераванд, раванди дигаре ҳам ҳаст, ки ҷои андешаву нигаронӣ дорад. Донишҷӯёни дар Аврупову Амрико ва ҳатто дар Русия таҳсил намудаи мо ба Ватан барнамегарданд. Бовар надоранд, ки мо барояшон ҷои кори сазовор ва маоши зарурӣ пешниҳод мекунем. Нерӯи ҷавонӣ ва дониши андӯхтаи онҳо харҷи кишварҳои бегона мегардад.

Аз ҳамватанони ба ғурбатуфтода пӯзиш мехоҳам. Мақсадам сангзанӣ ба Шумо нест. Ҳамаи Шуморо дарк мекунам. Аммо фикр мекунам, рафтан роҳи наҷоти миллат нест. Рафтан парешонист ва дар парешонӣ муваффақ нахоҳем шуд.

Торихро пеши назар оред, дар тамоми давроне, ки ба сари Ватан ва миллат мушкил омад, асилзодагонаш тарки Ватан карданд.

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Ин байт чанд қарн аст, ки шиор ва тавҷеҳи ҳамватанони муҳоҷири мост.

Солҳои оғози асри бист тоҷиконе, ки ба зулми русҳо дар Самарқанду Фарғона тоб наоварданд рӯ ба Бухоро оварданд. Як сол ду сол нагузашта лашкари рус ба Бухоро ҳуҷум кард. Гурезаҳои самарқандиву фарғонӣ бо гурезаҳои бухороӣ ҳамроҳ шудаву рӯ ба Афғонистон оварданд. Ҳафтод соли Шӯравӣ ба умеди аз байн рафтани давлати сурхҳо ва дубора ба Ватан баргаштан зистанд. Орзуи Ватанро аксарашон ба гӯр бурданд.

Тоҷик ба таври ҳамешагӣ рафтан наметавонад. Ба нияти муваққат меравад. Гурезаҳои замони Инқилоби Уктобр дар Афғонистон барои худ зиндагӣ насохтанд. Хонаҳои муваққатӣ бино карданд ва ба умеди он, ки рӯзе Ватан дубора “мусулмонободӣ” мешаваду бармегарданд, умр гузаронданд. Оре, умр гузаронданд, зиндагӣ накарданд.

* * *

Гуфтем, ки тоҷик дар ҳиҷрат зиндагӣ намекунад, рӯз мегузаронад. Дар Маскав ҳам миллионерҳои тоҷикро дидам, ки хонаашонро таъмир намекунанд. Яъне худро муқимӣ намедонанд ва дар фикри баргаштан ба Ватан мебошанд. Аммо ҳоло не! Мехоҳанд, ки рӯзе муъҷизае рух медиҳаду ватанашон обод мегардад ва он гоҳ бармегарданд. Ҳамин тавр ҳамаи муҳоҷирон хоҳ дар Аврупо хоҳ дар Амрико зиндагии муваққатӣ доранд. Вале оё дар воқеъ муъҷиза рух медиҳад?

Додоҷони Атовулло рӯзноманигори маъруфи тоҷик боре навист, ки ҳамаи тоҷикони хориҷбуда дар орзуи баргаштан ба Ватан ҳастанд ва ҳамаи дар ватанбудаҳо дар фикри ҳиҷрат.
Воқеан чунин аст. (Шахсан худам чандин бор ҷомадонамро ғун кардаам). Аммо дар ҳоле, ки ҳамаи рафтаҳо дар орзуи омадананд орзуи рафтан доштани мо чӣ маънӣ дорад? Бо рафтан мо аз мушкилот мегурезем, аммо мушкилот, ки боқӣ мемонад. Магар мо масъули бартараф намудани мушкилот нестем?

Баргардем ба замони Инқилоби Уктобр. Гурезаҳои мо дар Афғонистон ба умеди ба вуҷуд омадани муъҷиза менишастанд, ки нисфи ҳудуди Ватанамонро, балки қалби кишварамонро болшевикон ба саҳронишинон доданд. Нисфи Ватан ва қалби Ватан аз даст рафт!

Худо медонад, ки ҳоло бархе аз кишварҳои дуру наздик нисбат ба ояндаи кишвари кучаки мо чӣ нақша доранду чӣ тадбирҳо меандешанд. Дар ҳоле, ки мо тарки Ватан мекунем, Чин ҳамин ҳоло бо ҳар баҳона шаҳрвандонашро дар кишвари камзамини мо ҷо мекунад. Ҳоло дарк каред, ки мо ҳануз дар сатҳи бобоёни оғози асри нуздаҳамон меандешем? Ҳоло қабул мекунед, ки Ватан ба будани ҳар яки мо дар дохил ниёз дорад?

Зимнан бояд зикр намоям, ки дар Ватан будан ва нисбати рухдодҳои кишвар бетафовут будан, ҳам аз ҳиҷрат кардан фарқ надорад. Солҳои бистум ҳам агар беҳтарин фарзандони Ватан дур аз Ватан ба ёди Ватан ашк мерехтанд, аксари дохилбудагон дар ҳоли бетафовутӣ ба сар мебурданд.

Тасаввур кунед, агар элитаи тоҷик солҳои бистум фирор намекарданд, шояд мо чандин Шотемуру Чинор Имомову Абдуқодир Муҳиддинов медоштем. Ва табиист, ки аз буданашон бештар ба миллат манфиат мерасид.

Ҳамин ҳоло инсофан бингарем беҳтаринҳои мо дар хориҷ ба сар мебаранд. Ва ҳатман барои Ватану миллат дар дохил буданашон фоидаи зиёдтар медошт.

Чину Малайзияву Сингапур барои баромадан аз бӯҳрон аввалин коре, ки кардан донишҷӯёнашонро ба беҳтарин Донишгоҳҳои дунё фиристоданд. Ва ҳамин донишҷӯён баргашта бо тафаккури тозаву донишҳои нав сабаби рушди кишварҳояшон шуданд. Шигифт ҳам дар ин ҷост, ки мутахассисони беҳтарини мо мераванд, аммо мижаи касе хам намехурад.
Давлат барои овардани хатмкардагони Донишгоҳҳои хориҷӣ ҳеч барномае надорад.
Муҳоҷирони тоҷик дар ҳар гӯшаи ҷаҳон муттаҳид нестанд ва ягон барномаи муштарак надоранд.Ками андар ками онҳо дар андешаи онанд, ки бо чи роҳе метавонанд, барои ояндаи Ватан ва пешрафташ коре бикунанд.

Солҳои бистум хиёнати ду тоҷик ҳамагӣ ду нафар сабаби шикасту бадбахтии ҷуброннопазири миллат шуд. Файзулло Хоҷаев ва Абдулло Раҳимбоев. Имрӯз ҳамаамон ба ин ду нафар нафрин мефиристем. Аммо оё танҳо ҳамин ду нафар гунаҳкоранд? Оё бетафовутии дигарон гуноҳ набуд?

Ва имрӯз ҳам нисбати Ватану миллат бепарво будани элитаи тоҷик магар ҷурми андак аст?

Ҳоло бигӯед, ки бимонем ё биравем?

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: