Сайид Қутб кист?

 

Дар дунёи ислом шахсиятҳои бузурге нидои озодӣ ва адолатхоҳӣ сар доданд ва мардумро ба бозгашт ба исломи ростин ва мубориза бо ситам даъват кардаанд. Яке аз ин шахсиятҳо, шаҳид Сайид Қутб аст.

Зиндагинома

Сайид Қутб дар соли 1906 дар рӯстои Муша аз тавобеъи Асюти Миср, ки ба рустои Абдулфаттоҳ низ муъруф аст, дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш Ҳоҷ Қутб Иброҳим, аз мӯҳтарамон ва фаъолони иҷтимоъии маҳалли худ буд. Даврони ибтидоиро дар ҳамон русто гузаронд ва аз кӯдакӣ ба омӯхтани Қуръон пардохт. Вай дар синни 10-солагӣ ҳофизи Қуръони Карим шуд. Аз он ҷо, ки падараш узви ҳизби «Ал-ивоъ» буд, ҳар ҳафта ҷаласоти баҳсу баррасии масоили муҳимми Миср ва ҷаҳони ислом дар манзилаш баргузор мегардид, ки вай низ ба таври фаъол ширкат дошт. Дар инқилоби 1919­и Миср, дар ҳоле ки беш аз 13 сол надошт, вай низ ҳамроҳи падар барои мардум суханронӣ мекард. Дар соли 1920 барои таҳсил ба Қоҳира рафт ва дар синни 16-солагӣ вориди Донишгоҳи Абдулъузайр ва пас аз он ба Донишгоҳи Дорулулум роҳ ёфт. Пас аз итмоми таҳсил, ба истихдоми вазорати таълиму тарбият даромад.

Ӯ нависандае наққод буд. Ибтидо румоне ба номи «Ашвок» (Хорҳо) навишт ва дар соли 1939 корманди вазорати маорифи Миср муаррифӣ шуд. Барои таҳсил дар бораи низомҳои омӯзишӣ, байни солҳои 1948 то 1950 бо бурсияи таҳсилӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Омрико рафт ва мадраки коршиносии аршади худро аз онҷо дарёфт кард.

Давлати Миср аз эъзоми Сайид Қутб ба Омрико ду ҳадафро дунбол мекард:

1. Сайид Қутб аз ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Миср дур шавад, то дигар натавонад азҳони умумиро мутаваҷҷеҳи ҳаракати исломӣ кунад;

2. Дар муддати иқомати худ дар Омрико таҳти таъсири фарҳанги ғарб қарор гирад.

Сафари ӯ ба Омрико на танҳо вайро аз ҳадаф ва ормонҳояш дур накард, балки мусаммамтар шуд, то бо падидаи истеъмор биҷангад.

Аввалин асари назарии муҳимми худ дар ҳавзаи нақди иҷтимоъиро ба номи «Адолати иҷтимоъӣ дар ислом» дар хориҷ аз кишвар дар соли 1949 мунташир кард. Ӯ дар Омрико аз масоиле монанди нажодпарастӣ, моддигароӣ, озодии фардӣ, низоми иқтисодӣ, ибтизол, мамнӯъият, талоқ, ихтилоти ҳайвонии ҷинсиятҳо ба шиддат интиқод мекард.

Сайид Қутб дар соли 1953 аз хадамоти давлатӣ истеъфо дод ва ба Ихвонул­муслимин пайваст. Вай дар ин давра ҳамзамон бо оғози тафаккур дар бораи ҳаракати исломӣ ва инқилобӣ бо нашриёте чун «Алкитобул­мисрӣ» ҳамкорӣ дошт. Мақолоти ӯ, дар мавриди интиқод аз истеъмор ва ҳамкории давлат бо онон ва ҳамчунин ба манзилаи даъвати мардум барои инқилоб, ташкили ҳукумати исломӣ ва тағйири ҳокимият буд.

Дар воқеъ ҷамъияти Ихвонул­муслимин муҳимтарин ҷамъият ё ташаккули исломии арабӣ буд, ки алайҳи истеъмор ва истибдод фаъолият дошт. Ин ҷамъият, ки дар солҳои 1939 то 1969 фаъолияти сиёсии шадиде дошт, дар бештари кишварҳои арабӣ фаъол буданд. Вале мағзи аслии он дар Миср ва поягузори бунёдини ин ҷамъият Ҳасанул-Банно буд.

Яке аз дағдағаҳои муҳимми ҷамъияти Ихвонул­муслимин, масъалаи Фаластин буд, то ҷое, ки дар соли 1948 ин ҷамъият ба кӯмаки миллати Фаластин шитофт. Мақолоти тунду сареҳи Сайид Қутб боис шуд, ки дар соли 1954 дастгир ва аз сӯи давлати Носир ба 15 сол зиндон маҳкум шавад, ки дар зиндон тафсири «Фи зилолил Қуръон«­ро навишт. Баъд аз 5 сол, ки дар зиндон буд мариз шуд ва ин маризӣ сабаб гардид раҳбарони Ихвонул­муслимин аз Абдуссалом Ориф, раисиҷумҳури вақти Ироқ, ҷиҳати озодии ӯ аз давлати Миср висотат намояд, ки Ориф ҳам висотат кард ва Сайид Қутб озод шуд.

Пас аз озодӣ аз зиндон, муҷаддадан ба фаъолиятҳои инқилобии худ алайҳи давлат идома дод, то ин ки дар соли 1965 дубора дастгир ва зиндонӣ шуд. Гурӯҳҳои кумунистии Миср, ки ба шиддат бо афкори Сайид мухолиф буданд, бар давлат фишор ворид намуданд, то ин ки Сайид эъдом шавад. Натиҷатан дар торихи 9 августи 1966 ба фармони Ҷамол Абдунносир ба иттиҳоми тавтиъа алайҳи режими Носир муҳокима ва эъдом гардид.

Андешаи Сайид Қутб

1. Дар андешаи Сайид Қутб, сабаби инҳитоти ҷомеаи исломӣ, ҷудоии ҳукумат аз ҳикмат аст, ва ормони Сайид ҳам пайванди ҳукумат бо ҳикмат буда ва роҳи ҳалли ӯ низ, бозсозии ҳукумати исломӣ мебошад.

Сайид Қутб марди андеша буд ва кӯшид, андешаи сиёсии хешро дар Миср ба иҷро дароварад, зеро мӯътақид буд, дар ҷомеае, ки давлати исломӣ надорад, ба ислом амал намегардад, ҳудуд ва дастуроти ислом нодида гирифта мешавад ва бо ақидаи мусалмонони воқеӣ мухолифат мегардад. Чунин ҷомеае ҷоҳил ва дорулҳарб аст.

Аз назари Сайид Қутб, вазифаи мусалмонон дар муқобили чунин ҷомеае, даст задан ба ҷанги озодибахш барои барандозии давлат аст, ва агар ҷанги озодибахш мумкин набошад, чорае ҷуз тан додан ба сулҳи давлати ҷоҳилӣ вуҷуд надорад.

Аз дидгоҳи Сайид Қутб, ҷомеа ба ду навъи ҷоҳилӣ ва исломӣ тақсим мешавад. Ӯ дар ин замина мегӯяд: «Имрӯз дар ҷоҳилияте ба сар мебарем, ки ҳангоми зуҳури ислом вуҷуд дошт. Балки ториктар аз он, тамомии ончи дар атрофи мост ҷоҳилӣ аст. Вазифаи мо ин аст, ки аввалан таҳаввуле дар даруни худ ба вуҷуд оварем, то бар асоси он битавонем ҷомеаро дигаргун кунем

Пас, аз дидгоҳи ӯ ҷомеаи ҷоҳилӣ, ҷомеае аст, ки ба ислом амал намекунанд ва ҷомеаи исломӣ, ҷомеае аст, ки дар тамомии абъоди ақида ва ибодат, шариъат ва аҳком, сулук ва ахлоқи исломӣ дар он муҳаққақ ёфтааст.

Бӯҳрони дигаре, ки дар андешаи Сайид Қутб вуҷуд дошт ва ҷомеаи исломиро ба инҳитот мекашонд, истеъморгарон буданд. Омрико, Ангилис, Фаронса ва дигар кишварҳои истеъморгар боиси озор ва шиканҷаи муслимин шуданд. Ба ҳамин далел ӯ мӯътақид аст, ки ҳар гуна муъоҳида ва ҳамкорӣ бо онҳо номашрӯъ аст ва албатта мардуми мусалмон ҳақ надоранд, ки дар амали номашрӯъе бо давлат ҳамкорӣ кунанд, балки бояд ба ҳар василае, ки мақдур бошад, давлатро аз иртикоби ҳар алами ҳароме боздоранд.

Сайид Қутб нисбат ба ҷунбиши яҳуд ва саҳюнизм шадидан бадгумон буд ва онро омили инҳитот ва ақибмондагии мусалмонон медонист.

Сайид Қутб офати бузурги ҷавомеъи исломиро миллигароӣ медонист ва мӯътақид буд, то ваҳдати мусалмонони ҷаҳон ҳосил нашавад, империёлизми ғарб бар манобеъи молии мусалмонон дар муқобили ваҳдати онон қарор хоҳад гирифт. Дар воқеъ, ин андешаи ӯ, дар муқобили андешаи носюнолизми арабии Ҷамол Абдунносир қарор дошт.

Сайид Қутб ҳамонанди Сайидҷамолуддини Асадободӣ бар марзи ҷуғрофиёии маҳдуд эътиқод надошт ва мӯътақид буд, ҳар ҷо мусалмоне ҳаст, он ҷо қаламрави ислом аст. Ҳатто ӯ дар ҷараёни миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон, тайи номае ба Оятуллоҳ Кошонӣ, аз ин тафаккур ҳимоят кард.

2. Чунон ки гуфта гузаштем, Сайид Қутб ҷудоии ҳукумат аз ҳикматро иллати аслии ақибуфтодагии ҷомеаи исломӣ медонист. Сайид Қутб мӯътақид буд, ки бояд тамаддуни ислом дубора эҳё шавад. Ислом, барои имрӯз ва фардои навъи башар ва бозёбии арзиш ва шарафи ростини он, дорои ҳадаф ва барномае аст, то башар баландии мақом ва улувви мартиба ёбад ва аз ҷоҳилият ва зиндагии ҷоҳилӣ, ки ӯро дар марҳилае аз хорӣ ва пастии ҳайвонӣ нигоҳ дошта, наҷот диҳад. Ҳол фарқе надорад, ки зиндагии миллатҳои пешрафтаи санъатӣ ва моддӣ, ё зиндагии асри ҷоҳилии милал ақибмонда бошад.

Инсон ҳаргиз ба ҳадафи аслӣ, ки ба он ишора шуд, нойил нахоҳад омад магар замоне ки тамаддуни исломӣ поягузорӣ шавад. Бинобар ин, лозим аст ончиро, ки бад-он ба унвони «тамаддуни исломӣ» таваҷҷӯҳ ва имон дорем рӯшан гардад, ва расидан ба тамаддуни исломӣ дар сояи амал ба мафоҳими дурусти исломӣ мебошад, ки дар он сурат инсон метавонад аз тасаллут ва чирагии авзоъи иҷтимоъӣ раҳоӣ ёбад ва худро аз чирагии муҳит наҷот диҳад.

Аз диди Сайид, мӯъмин метавонад бо истифода аз идеулужии ислом бикӯшад то дар тамоми заминаҳо, асли хилофат ва ҷонишиниро муҳаққақ сохта ва амонатдори илоҳӣ бошад. Дар ҳоле ки дар ҷомеаи ҷоҳилӣ (ки ба аҳкоми ислом амал намешавад), ӯ дар сарзамине, ки ҳаргиз ба ӯ имкони пешрафт дар чунин арсаеро намедиҳад, дастбаста ва маҳкум аст. Тамаддуни исломӣ, на танҳо бо ҳеч пешрафте мухолиф нест, балки мумкинтарин роҳ барои зисти инсонӣ дар ҳар макон ва ҷомеаеро дар дастрасӣ қарор медиҳад.

Сайид Қутб мӯътақид аст, бояд ҳикматро аз тариқи ҷомеа ҳамвор кард, то битавон бар мушкилот фоиқ омад. Азму иродаи Сайид Қутб барои бозгашт ба садри ислом ва ташкили ҳукумат бар асоси ҳикмат будааст, ва ҳикмат ҳамон усули исломи набавӣ аст.

3. Сайид Қутб пайванди ҳикмат бо ҳукуматро ормони худ медонад. Аз ин тариқ тафовути байни ҷомеаи ҷоҳилӣ ва ҷомеаи фозила рӯшан мешавад. Вақте ҳукумат бар асоси ҳикмат бошад, амал ба аҳкоми ислом айнӣ мешавад ва замина барои мубориза бо истикбор ва истеъмор фароҳам мешавад; ба ҳамин далел, Сайид Қутб ба ҳукумати Миср, ки дорои афкори носюнолизми арабӣ аст, ба далели набуди ҳикмат, метозад.

Вай мегӯяд: «Агар раҳбарони Миср дар изҳори имон ба ислом содиқанд, бояд тамоми ақоиди ғайриисломӣ назири сусиёлизмро ба дур афкананд; зеро ислом бо сусиёлизм ҳеч созише надорад. Ба иборате, сусиёлизм бар тасаввуроте чун рифоҳи иҷтимоъӣ ва хушбахтии моддӣ такя мекунад ва аз растгории маънавӣ ғофил аст, вале ислом ҳаргиз аз ҳамбастагиҳои моддӣ ва маънавии башар ғофил набудааст. Ва билъакс, манобеъ ва имконоти лозимро барои созгорӣ бо авзоъу аҳволи ҷадиди иҷтимоъӣ дорад

Итоат аз назари Сайид, ба маънои итоат аз ҳар касе ки бар мансаби аморат такя мезанад, нест. Ба ин маъно, ки итоат аз ҳоким ба далели ҳоким будани вай зарурӣ нахоҳад буд, балки итоат аз ӯ дар сурате ки ҳоким аз қавонини ислом пайравӣ менамояд, воҷиб аст. Чунончи ҳокими исломӣ аз қонуни илоҳӣ удул кунад, ба ҳеч ваҷҳ шоистаи итоат нест ва дастуроташ набояд иҷро шавад.

4. Роҳи ҳал ё дармони бӯҳрон дар андешаи Сайид Қутб: Сайид дар китоби «Маъолиму фит тариқ» (Нишонаҳои роҳ), пас аз тақсими ҷомеа ба ҷоҳила ва фозила, роҳи ҳалли дармонро дар ташкил ё бозсозии ҳукумати исломӣ, ҳукумате, ки шариатро иҷро кунад, медонад. Ӯ илова бар мабоҳиси пурбори худ дар боби ойин ва адолати исломӣ, дар табйини шеваи ҳукумати исломӣ бар пояҳои ҳукумати исломӣ, низоми молии ҳукумати исломӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукумати исломӣ ва ғайра ишора кардааст ва бо нигоҳи зираконааш тамомии ин маворидро баён карда ва ба гумони худ матлаберо фурӯ нагузоштааст.

Аз тарафи дигар, дар давлате, ки Сайид Қутб мезист, афкори чапгарона ба авҷи худ расида буд. Дар ин давра ҷавонон бидуни огоҳӣ аз кунҳу воқеъияти исломӣ фиреб мехӯрданд ва ҷазби шиъорҳои инқилобии кумунистҳо шуданд. Сайид Қутб дар ин мақтаъ низ ба вазифаи худ амал карда ва афкори кумунизмро таҷзия ва таҳлил ва нақд кард, ки бисёр ҳам муфид будааст. Ҳамчунон ки дар ин баррасӣ хоҳем дид, Сайид Қутб ба хотири дидгоҳи хосси мазҳабиаш, ба баҳс дар бораи ҳукумати исломӣ мепардозад. Сайид Қутб дар заминаи зарурати вуҷуди давлат сӯҳбате ба миён наёварда ва танҳо тавзеҳ медиҳад, ки чаро бояд аз байни тамоми ҳукуматҳо, ҳукумати исломӣ дошта бошем.

Сайид Қутб зимни ишора ба ин матлаб, ки ҳар низоме бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти давраи худ ба вуҷуд меояд ва дар воқеъ ҳар низоме бояд посухгӯи ниёзҳои иҷтимои худ бошад ва ҳамчунин аз ойини исломӣ ва адолати исломи чунин мегӯяд, ки: «Нахуст як ҷомеаи исломӣ, ки дар он қавонин ва усули исломӣ ҳукмфармо бошад, ташкил диҳед, он гоҳ хоҳед дид, ки ислом чӣ гуна ҳукумат хоҳад кард

Аз дидгоҳи Сайид, ҳокимият ва ҷомеаи мутамаддин, дорои шиш вижагӣ аст:

1. Ҷомеае мутамаддин аст, ки дар он Худо ба танҳоӣ ҳоким аст. Ин ҳокимият дар бартарӣ ва иҷрои шариат мутамассил аст ва ин танҳо дар сурате аст, ки башар дар он аз убудияти афроди дигар комилан ва ҳақиқатан озод мешавад. Албатта ин шариат фақат дар аҳкоми қонунӣ хулоса намешавад, балки ба арзишҳо ва мавозин, одот ва тақолид низ бармегардад.

2. Ҷомеае мутамаддин аст, ки иҷтимоъ дар он бар асоси ақида, ойин, андеша ва роҳи зиндагонӣ бошад ва ин умур ҳамагӣ аз маъбуде воҳид содир шуда бошанд, ва аммо агар ҷомеа бар асоси нажоду рангу қавмият ва маҳдудаи ҷуғрофиёӣ иҷтимоъ карда бошанд, чунин ҷомеае мутамаддин нест. Ва танҳо ҷомеае, ки бар асоси ақида ва андеша шакл гирифтааст, иҷтимоъи исломӣ аст.

3. Ҷомеае мутамаддин аст, ки дар он инсонияти инсон, волотарин арзишро дошта бошад ва хусусиёти инсон дар он мӯҳтарам шумурда шавад.

4. Ҷомеае мутамаддин аст, ки арзишҳо ва ахлоқи инсонӣ дар он барқарор шуда бошад ва ин арзишҳои ахлоқӣ дар чунин ҷомеае нисбӣ нестанд.

5. Ҷомеае мутамаддин аст, ки дар он асоси иҷтимоъ бар пояи хонавода ва ин хонавода бар асоси тахассуси завҷайн дар амал бино шуда бошад.

6. Ба таври куллӣ, ҷомеае мутамаддин аст, ки инсон дар он ба сурати саҳеҳ вазифаи халифаи илоҳии худро анҷом диҳад.

Сайид мӯътақид аст, ки дар пешрафт ва ихтироъоти моддӣ, танҳо маънои тамаддун нест, балки аз дидгоҳи ислом, тақаддуми моддӣ ва ахлоқӣ ҳар ду бо ҳам маънои тамаддун дар ислом аст. Пас, аз дидгоҳи Сайид ҷомеае, ки мутамаддин бошад, ҳамон иҷтимоъи исломӣ аст ва ҷомеае, ки мутамаддин набошад, иҷтимоъи ҷоҳилӣ аст.

Ба назари вай, иҷтимоъи ҷоҳилӣ, иҷтимоъе аст, ки танҳо барои Худованд бандагии маҳз намекунад. Вай сипас натиҷа мегирад, ки бо ин таъриф, дар ҳоли ҳозир, тамомии иҷтимоъҳо ва ҳукуматҳои мавҷуд ҳамагӣ иҷтимоъи ҷоҳилианд.

Албатта вай баён мекунад, ки дар таърифи иҷтимоъи ҷоҳилӣ чӣ ҳукуматҳое мегунҷад. Бар асоси назари вай, тамомии иҷтимоъҳои кумунистӣ, яҳудӣ ва насронӣ дар ин таъриф қарор дорад. Зеро ойини эътиқодии онҳо таҳриф шудааст ва дар ниҳоят ин ки тамомии иҷтимоъҳое, ки зоҳиран мусалмонанд низ ҷоҳиланд, зеро танҳо Худоро ибодат намекунанд.

Пас, ислом ба ановин таваҷҷӯҳ надорад, балки ба воқеъияти ҳар низом ва иҷтимоъе таваҷҷӯҳ мекунад. Пас агар ҷомеае хусусиятҳои мазкурро дошта бошад, ҷомеае ҷоҳилӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд исми ислом бар худаш бигузорад.

Сайид Қутб дар посух ба ин пурсиш, ки чаро ислом танҳо роҳи ҳукумат аст, баён мекунад, ки:

1. Танҳо Ислом аст, ки ҳам ба фикри ватанхоҳӣ ва ҳам ба фикри адолати иҷтимоъӣ аст ва ин ду фикр дар як ҷо таҳаққуқ мебахшад бидуни он ки муоризи якдигар бошад.

2. Танҳо шариати исломӣ қодир аст, ки ба шароити зиндагии имрӯзӣ ҷавоби мусбат диҳад ва бо пешрафт ва таҷаддуди ҳаёти башарӣ ҳамоҳанг бошад. Роҳе, ки мо ба сӯи он даъват мекунем, танҳо роҳе аст, ки зомини зиндагии шарифтар ва гаронбаҳотаре барои ин уммат аст.

3. Бояд ислом ҳукумат кунад; зеро ислом ягона ақидаи мусбат ва ҳаётдиҳанда аст ва дар уфуқе болотар аз масеҳият ва ҳукуматҳои кумунистӣ қарор дорад, зеро масеҳият даврони худро тай кардааст.

4. Билохира ислом бояд ҳукумат кунад; зеро ислом ҳам ба моҳият ворид буда ва ҳам ба табиъати зиндагонӣ ошнотар аст. Шоҳиди мо ин ояти Қуръон аст, ки «…Ҳар кас бар хилофи ончи фирисота ҳукм кунад, чунин касе аз кофирон хоҳад буд» (Моида, 44). Натиҷа ин ки бояд ҳукумате бошад, ки пас аз он ҳукумат ба қонунсозӣ ва назарияпардозӣ машғул шавад. Сайид дар исботи муддаои худ мисоли ҷолибе меоаварад ва он ин ки мусалмонон то замоне ки дар Макка буданд, чун ҳукумате надоштанд, Худованд Қуръонро тадриҷан нозил мекард. Оёте барои ҳукумат ва қонунгузорӣ ва умури дигар нозил намекард аммо замоне ки мусалмонон соҳиби давлат шуданд, яъне замоне ки дар Мадина ташкили ҳукумат доданд, он замон буд, ки оёте барои рафъи мушкилоти низоми исломӣ аз тарафи Худованд нозил шуд.

Нақшу ҷойгоҳи мардум дар ҳукумати исломӣ аз назари Сайид Қутб

Аз назари Сайид Қутб нақши мардум дар низоми сиёсии ислом (Сайид Қутб шӯроро навъи ҳукумати қатъии ислом медонад) ин аст: ки муҷриёни шариатро интихоб кунанд, аммо касе ки ба иҷрои қонун иқдом мекунад, қонунгузор нест ва танҳо муҷрӣ аст. Ӯ ҳаққи иқдом ба иҷро аз тариқи интихоби мардумро ба даст меоварад, вале итоат аз шахси ӯ нест, балки итоат аз шариати Худост, ки вай ба иҷрои он иқдом кардааст ва дар сурати таҷовуз аз шариати Худо, ҳаққи итоат бар мардумро надорад. Пас агар ихтилофе бар сари яке аз умури иҷроӣ падид омад, ҳукми масъала ҳамон аст, ки шариат гуфтааст.

Вай дар ҷои дигар вижагии низомҳои илоҳиро бармешуморад ва ба адами инҳисори ҳукумат ба дасти гурӯҳу ашхоси муъайян ва баробарии мардум дар ҳуқуқ ишора мекунанд: «Мо ба низоме фаро мехонем, ки дар он ҳокимият танҳо азони Худост ва ба ин тартиб барои фарде аз башар вазифа ва ҷамоате муайян баробарии ҳақиқӣ барқарор намешавад. Дар чунин ҳукумате ҳоким, ҳуқуқе фузунтар бар ҳуқуқи фарди оддии мардум, шахсияте болотар аз сатҳи қонун, маҳкамаҳои вижае барои мардум ва маҳкамаҳои вижае барои вазирон ё ғайри вазирон вуҷуд надоҳад дошт. Дар чунин низоме ҳокими кул бо ҳар кадом аз афроди мардум дар баробари дастгоҳи қазоӣ бидуни табъиз ва бартарӣ хоҳад истод. Мо ба низоме фаро мехонем, ки ҳамаи шаҳрвандонро аз ҳаққи умумӣ, сарватҳои умумӣ бархӯрдор кунад, зеро молики аслии ин сарват ҷамоат (ҷомеа) аст, ки ба ҷонишинии Худо молики он шудааст

Роҳкорҳои амалии Сайид Қутб

Сайид бо шинохт ва дарке, ки аз ислом дорад, роҳи мубориза ва ҷиҳодро матраҳ мекунад. Ӯ мӯътақид аст, усулан ислом дар ҷавҳари худ, ҷунбиши озодибахше аст, ки нахуст дили афрод ва сипас иҷтимоъоти башариро ислоҳу озод месозад. Аз назари Сайид Қутб, имкон надорад, ки мардум исломро ба унвони ақида ва тариқ бипазиранд, вале зулму ситам ва ҷиноятро ҳарчанд дар қолаби қонуну низом бошад, қабул кунанд.

Мубориза ва ҷиҳоде, ки Сайид Қутб матраҳ мекунад, барои тағйири вазъи мавҷуд, ҷанбаи ислоҳӣ ба маънои хосси калима надорад, балки ин ҷиҳод бояд қабл аз бинои ҷомеаи матлуби исломӣ ба дигаргунии ҷавомеъ бипардозад.

Ӯ дар китоби «Маъолиму фит тариқ«, мекӯшад тарҳи худро мутобиқи улгуи Паёмбари Ислом (с) дар табдили тағйири ҷомеаи ҷоҳилӣ ба ҷомеаи исломӣ ва густариши он бозсозӣ намояд. Ба эътиқоди ӯ, бояд ибтидо як пештоз пайдо шавад, то растохези кишварҳои исломиро ба зарурат табдил кунад ва ба дунболи он дер ё зуд ба зери сайтараи ислом дархоҳад омад.

Сайид Қутб ду марҳиларо аз таваллуди пештоз то истиқрори ҷомеаи исломӣ мушаххас менамояд. Марҳилаи аввал, булуғи маънавӣ аст, ки зимни он пештоз ва афроди мӯъмин пиромуни ӯ бо тамаркуз бар Қуръон нуфуз ва таъсири ҷоҳилиятро аз руҳи худ мезудоянд, ва марҳилаи дуввум, марҳилаи набард алайҳи ин ҷомеаи ҷоҳилӣ аст. Мафҳуми ҷиҳод, тамомии ин ҷараёнро аз талоши фардӣ гирифта то тафаккур дар бораи Қуръон ва муборизаи мусаллаҳона дарбар мегирад.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: