“Ҳамла ба Қатар пеш аз иди фитр баъид нест”

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Замоне, ки ду рӯз пеш эълом кардем, ки ҷанг миёни Қатар аз як сӯ ва душманонаш дар ҳошияи халиҷ (-и Форс) аз сӯи дигар оғоз шуда, ҳарфи муболиғаомезе матраҳ накардем. Ва дар ҳоле, ки дар рӯзи даҳум аз моҳи рамазон аз хоб бармехезем, шоҳиди тасмимҳои ғайримунтазираи қатъи равобити диплумотик ва бастани марзҳо ва таваққуфи тамоми парвозҳо ва ихроҷи шаҳрвандони қатарӣ будаем ва танҳо ин монда, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ қасри амири Қатарро бомбборон карда ва тонкҳо ба сӯи ишғоли Қатар ҳаракат кунанд ва амири ҷадидеро барои ин кишвар интихоб кунанд.

Он чизе, ки ҳамакнун дар ҷараён аст, амалиёти муҳками хафа кардани иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии давлати Қатар буда ва ҷудо кардани ин кишвар аз ҷаҳони араб ва ҷомеаи байналмилал ва эъломи ҷанги диплумотик ва иқтисодӣ алайҳи ин кишвар ба унвони марҳилаи охир ва ҷанги низомӣ аст.

Давлати Қатар душманони чаҳоргонаи худ (Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср)-ро муттаҳам карда, ки ба дунболи таҳмили дидгоҳҳояшон ба ин кишвар буда. Ва мушкил ин аст, ки Қатар худро дар баробари ин суномӣ, ки аз чаҳор тараф таҳдидаш мекунад, худро танҳо мебинад, магар он ки муъодилот дар соатҳо ва рӯзҳои оянда тағйир карда ва шоҳиди тағйир дар нақшаи эътилофҳо бошем.

* * *

Баъид нест, ин иқдомот ба хубӣ мутолеашуда бошад ва ба сурати муҳкаме ва аз ҳафтаҳо ва чӣ басо моҳҳо омодасозӣ шуда. Ва Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико низ дар сафари худ ба Риёз ва бо гирифтани 460 милёрд дулор баҳои ин иқдомро гирифта бошад.

Баёнияи рӯзи гузаштаи Рикс Тилерсун, вазири умури хориҷаи Омрико, ки тайи он аз кишварҳои ҳавзаи халиҷ (-и Форс) хоста, то аз ваҳдати худ муҳофизат карда ва дар ростои ҳалли ихтилофот гом бардоранд, бар чароғи сабзи Омрико ва ҳимоят аз ин сенорию хабар медиҳад.

Ин баёния ба гунае бо иқдоми кишварҳои чаҳоргона алайҳи Қатар ҳамроҳӣ карда ва моро ба ёди баёнияе меандозад, ки тавассути Обрил Гилосбӣ, сафири вақти Омрико ва дидор бо Саддом Ҳусайн меандозад, ки пас аз он замина барои ҳамлаи Ироқ ба Кувайт омода шуд.

Гумон намеравад, ки вазъият дар шароити кунунӣ боқӣ бимонад ва вокуниши кишварҳои чаҳоргона дар қатъи равобит, берун рондани қатариҳо аз ин кишварҳо, бастани марзҳо ва берун кашондани шаҳрвандони ин чаҳор кишвар мутаваққиф шавад. Касоне, ки шабакаҳои “Аларабия”-и Арабистон ва Sky News Arabia-и Аморотро мушоҳида мекунанд, шоҳиди шунидани садои табли ҷанг буда ва барои ҳамагон ин итминон ҳосил шуда, ки рӯйдодҳои бузурге дар роҳ аст.

Сайид Мустафо ал-Бакрӣ, узви порлумони Миср, ки бисёр ба Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср наздик аст, дар шабакаи “Аларабия” дар бораи ҷанги наздик ва тағйири низом дар Қатар бо нерӯи низомӣ сӯҳбат ва таъкид кард, ки пештар низ бар зарурати иттихози ин гом сӯҳбат карда будем, чун Қатар аз гурӯҳҳои теруристӣ дар Сино ва Сурия ва Либӣ ҳимоят карда ва ба таъмини молии гурӯҳҳои ифротӣ назири Алқоъида ва ДОЪИШ мапардозад.

Шигифтовар набуд, ки шоҳиди эъломи пайвастани Фоиз Ассироҷ, раиси Маҷлиси риёсати Либӣ ба эътилофи мухолифи Қатар бошем. Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси истеъфододаи Яман низ бар қатъи равобит бо Қатар хабар дод. Ин кишварҳо аз назарияи маъруфи Ҷурҷ Буш пайравӣ мекунанд, ки гуфта буд, ҳар он ки бо мо нест, зидди мост. Ва Арабистон, ки сарон ва намояндагони 56 кишварро ба Арабистон фаро хонд, то барои суханронии Тромп дар нишасти Риёз даст бизананд, аз тамоми ин кишварҳо ва бахусус Ӯрдун, Марокаш, Судон ва чӣ басо Тунис бихоҳад, ки масири мушобеҳеро тай карда ва дар амалиёти ташдиди фишорҳо бар Қатар ва тағйири низом дар ин кишвар мушорикат кунанд.

Аз дидгоҳи душманони Қатар ва бахусус Арабистон, ин кишвар сиёсати мустақиллеро дар муқоиса бо бародари бузургтари худ иттихоз карда ва сиёсати бозтареро дар қиболи Эрон ифо карда ва аз ҷунбиши Ихвонулмуслимин ва шохаҳояш дар Либӣ ва Миср ва Яман ва навори Ғазза ва Туркия ҳимоят ва сарвати молии ҳангуфти худро дар ин масир ҳазина мекунад. (Даромади солиёнаи фурӯши нафту гози Қатар ба ҳудуди 86 милёрд дулор мерасад). Аммо мақомоти қатарӣ аз ин мавзӯъ шигифтзада шудаанд, ки пойгоҳи Аладиди Омрико дар Қатар дигар монеъ аз мудохилаи низомӣ дар ин кишвар намешавад.

* * *

Дар сояи ҳамдастии Омрико, сукути Туркия ва чашмпӯшии дигар кишварҳо, ҳамла ва ишғоли Қатар баъид ба назар намерасад. Ин чаҳор кишвар таҷрибаи мудохилаи низомӣ барои бозгардондани Шайх Халифа ибни Ҳамад, падарбузурги амири кунунӣ ба қудратро пас аз кудетои сафеди писараш Шайх Ҳамадро доштанд ва нерӯҳои ҳамлакунанда вориди сарзамини Қатар дар соли 1996 шуданд, аммо ин мудохиларо ветои Омрико ва пойгоҳи Аладид ноком гузошт. Ва аз ин ҷост, ки метавон аҳаммияти чароғи сабзи Омрикоро дарк кард. Чӣ басо дар сафари Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Абӯзабӣ ва Муҳаммад бен Салмон, ҷонишини валиаҳди Арабистон ба Вошингтун ва Маскав ин мавзӯъ ҳамоҳанг шуда бошад…

Омодасозиҳое барои ҷойгузин кардани низоми кунунии Қатар дар ҳоли анҷом буда ва расонаҳои мисрӣ аз Сауд бен Носир Оли Сонӣ ба унвони номзади аслӣ барои ҷонишинии амири кунунии Қатар ном мебаранд. Миср ва Арабистон ва Аморот, Сауд бен Носирро вориси шаръии Шайх Аҳмад бен Алӣ, аввалин амири Қатар пас аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1971 медонанд, ки бо инқилоби сафед ва тавассути падарбузурги амири кунунии Қатар ва замоне, ки дар сафар ба Теҳрон ба сар мебурд сарнагун шуд.

Ҳамон тавр, ки субҳи душанбе бо хабари қатъи равобит шигифтзада шудем, баъид нест, ки як субҳи дигари моҳи рамазон ва чӣ басо пеш аз иди фитр аз хоб баланд шавем ва хабари мудохилаи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ барои сарнагунии амири кунунии Қатарро бишнавем.

Чӣ касе дар муқобили ин иқдом хоҳад истод? Созмони Милал? Туркияи сокит? Эрон (ки баёнияе чандваҷҳӣ содир кард)? Оё Русия, ки чанд рӯз пеш амири Қатар ба он ҷо сафар кард ва бо ин кишвар тавофуқномаҳои пинҳонӣ ва ошкор имзо кард, дар ин масир гом бармедорад?

Тамоми ин тарафҳо, ки бархе аз онҳо ҳампаймонони қудратманде барои Қатар ба шумор меоянд, сурати худро ба сӯи дигар ронда ё сари худро дар дохили шенҳо фурӯ бурдаанд ва намехоҳанд дар ин бора чизе бидонанд, чун ҳаддиақал то кунун хостори мудохила нестанд.

Ба назар мерасад, ки нақши Қатар ба поёни худ мерасад ва шояд низ ин нақш ба поён расидааст ва Худованд донотар аст.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: