“Аҳли суннат, шиъа, исмоилия ва ибозия ҳамагӣ мусалмон ва мӯъминанд”

Шайх Солеҳ ибни Аввод ал-Мағомисӣ, аз мубаллиғони маъруфи саудӣ ва имом-хатиби масҷиди Қубо дар Мадинаи Мунаввара таъкид кард: “Аҳли суннат, шиъа, исмоилия ва ибозия ҳамагӣ мусалмон ва мӯъмин ба шумор меоянд ва набояд дар миёни онҳо ҷангу хунрезӣ бошад”.

Ба гузориши рӯзномаи Уккоз (Арабистони Саудӣ), ал-Мағомисӣ — ки суханрониаш аз шабакаи аввали Арабистони Саудӣ пахш шуд – бо ишора ба ин ки “ман ба шумо як матлабро ошкоро бигӯям, матлабе, ки хелеҳо ҷуръати гуфтани онро надоранд, аммо ман мегӯям”, хотирнишон кард: “Аҳли суннат, шиъа, исмоилия ва ибозия, ҳамагӣ ба Худованд ҳамчун парвардигор ва ба ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчун паёмбар ва ба ислом ҳамчун дин имон доранд, ҳамагӣ ба Каъба ба унвони қибла боварманд ва ба Қуръон ҳамчун китоби Худо ва ба рӯзи қиёмат ва ба биҳишт ва дӯзах имон доранд ва қурбонӣ мекунанд”.

Вай афзуд: “Ҳазрати Паёмбар (с) вақте қурбонӣ кард фармуд, ки: ин, аз ҷониби касоне аз уммати ман аст, ки қурбонӣ накарданд, ва ҳазраташ ду шартро зикр фармуд, яке ин ки ба ягонагии ту (эй Худованд) гувоҳӣ диҳанд ва ба паёмбарии ман шаҳодат диҳанд. Пас, набояд миёни инон ҷангу хунрезӣ бошад, ва ҳар яке ҳақ дорад иҷтиҳод кунад, назари худро дошта бошад…

Ин мубаллиғи саудӣ идома дод: “Ҳар як аз инон (мусалмонон) дар ҳар кишваре, ки ҳастанд ва зиндагӣ мекунанд, бояд бидонанд, ки сарнавишти воҳиде доранд, ва душман агар Худой нахоста бар онҳо ҳамла кунад, ҳаргиз миёни онон ҷудо намекунад (ки ту суннӣ ҳастӣ ё шиъа)… Аз ин рӯ, бояд ҳавои якдигарро дошта бошанд, якдигарро кӯмак кунанд ва бидонанд, ки нуқоти муштараки фаровоне онҳоро гирди ҳам меоварад, набояд миёни онҳо кина ва душманӣ вуҷуд дошта бошад”.

Ал-Мағомисӣ, аз такфири тоифае аз тоифаҳои мусалмонон ба сурати куллӣ ва мубоҳ шумурдани хуни онон шадидан барҳазар дошт ва гуфт: “Ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Баъди ман кофироне машавед, ки баъзе аз шумо гардани баъзеи дигарро бизанад! Ба ин маъно, ки мабодо баъди ман яке аз шумо дигареро кофир бихонад. Ва вақте кофир хонд, рехтани хунашро мубоҳ шумурдааст. Ин аъмол ҷуз ба заъф ва нотавонии уммати исломӣ ва ҳуҷуми душманон бар онҳо мунҷар намешавад”.



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислоҳи динӣ, Такфир, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: