Моҷарои Қатар; нигоҳ аз Теҳрон

Иқдоми Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ аз ҷумла Миср, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Яман ва Либӣ алайҳи Қатар дар ин бурҳа аз замон ва вазъияти минтақа, метавонад паёмадҳои нохушоянде ба ҳамроҳ дошта бошад. Барои баррасии шароити кунунӣ ва баррасии мавзеъи Эрон дар қиболи ин бӯҳрони тозаи минтақа, хабаргузории Khabaronline бо Ҳамидирзо Осифӣ, сафири асбақи ин кишвар дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтугӯ карда, ки машрӯҳи он дар зайл меояд:

— Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шумо дар Аморот будаед, қатъи равобити Қатар бо Саудӣ ва Аморот ба чӣ маъност?

— Иттифоқе, ки дар ҳоли ҳозир дар ин ҳавза ба вуҷуд омдааст, як масъалае аст, ки дар гузашта ҳам ду бор дар соли 92 ва 94 иттифоқ афтод, вале дар он мавқеъ кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс саъй карданд, ки аз фурӯпошии Шӯрои халиҷи Форс ҷилавгирӣ шавад ва ихтилофоти худро ба наҳве ҳаллу фасл карданд, аммо ин бор фазо сахттар ва печидатар шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоте, ки зарфи чанд соати гузашта ба вуҷуд омада, метавон гуфт, фазои мавҷуд бо фазое, ки дар гузашта вуҷуд дошт комилан мутафовит ва амиқтар аз гузашта аст.

— Бо таваҷҷӯҳ ба авзоъи феълии минтақа, Саудӣ бо чӣ ҳадафе Қатарро аз бозии минтақаӣ канор зад? Пешбинии шумо аз иқдоми мутақобили Қатар чист?

— Бо таваҷҷӯҳ ба ин иттифоқоте, ки афтодааст, метавон дарёфт, ки шароит амиқтар аз гузашта аст. Мавзӯъоти мухталифе матраҳ шудааст аз иллатҳои ин масоиле, ки ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла онҳо нигариши Қатар нисбат ба гурӯҳҳои фаластинӣ монанди Ҳамос, нигариши Қатар дар равобит бо Ихвон ва ҳамчунин нигариши ин кишвар ба мавзӯи Яман аст, албатта дар канори он, мавзӯи мунташир шудани фойли савтӣ. Иштибоҳ ва соддаангорӣ аст, ки касоне тасаввур кунанд, ки сирфи интишори як фойли савтӣ боиси чунин таҳаввулоте байни кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, Миср аз як сӯ, ва Қатар аз сӯи дигар шудааст.

Ба назар мерасад, ки таҳаввулот дар шурӯи кори худаш аст. Вале кишварҳое алоқа доранд бо миёнҷигарӣ ин мавзӯъро ҳаллу фасл кунанд, агарчи саудиҳо аз пазириши миёнҷӣ сарбоз мезананд ва бо он мувофиқат намекунанд. Ба ҳар ҳол, шароити кунунӣ бисёр печида шудааст. Аморот ҳамсӯ бо Саудӣ ба далели таҳаррукоте, ки ба гумони аморотиҳо Қатар дар Яман доштааст, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дорои сарбоз ва нерӯи зиёде дар Яман аст ва ҳамчунин ба иддаои ин кишварҳо, ҳимояти Қатар аз гурӯҳои теруристии ДОЪИШ ва амсоли он, даст ба чунин иқдоми тунде задаанд.

— Оё ин мавзӯъ иртиботе бо сафари Тромп ба минтақа дорад?

— Намешавад сафари Тромп ба минтақаро нодида гирифт. Ман дар рӯзи сафари Тромп ба минтақа, дар гуфтугӯе, ки бо ИСНО доштам, эълом кардам, ки баъд аз ин сафар, минтақа дучори таниш ва бӯҳрон хоҳад шуд. Тромп бо сафар ба минтақа, дар садади дӯшидани кишварҳои минтақа аст. Наметавон мунтафӣ донист, ки ин таҳаввулот бо сафари Тромп ба Саудӣ калид хурда шуда бошад. Бояд дид, ки Омрико аз барги барандаи худаш дар Қатар чӣ гуна истифода мекунад ва то чӣ ҳадд иҷоза медиҳад, ки кишварҳо ҷилавтар бираванд. Намешавад тасаввур кард, ки мо вориди як мақтаи низомӣ ва густурда шавем, бидуни ин ки ин кишварҳо назари кишваре мисли Омрикоро ҷалб накарда бошанд. Ва ҳамин тавр намешавад тасаввур кард, ки ин кишварҳо ногаҳонӣ ин тасмимро гирифта бошанд. Ба назар мерасад, решаи он ба чанд моҳи гузашта бармегардад ва сафари Тромп боиси ташдиди ин мавзӯъ шуд.

Ин ки дар оянда чӣ иттифоқе рух хоҳад дод, бояд дид, ки Қатар чӣ вокунише нишон медиҳад. То кунун Қатар саъй кардааст авзоъро ором кунад ва мавозеъи тунд нагирад, то битавонад фазоро барои ҳаллу фасл печидатар аз ин накунад.

— Ин вазъият барои мо чӣ вазъияте ба ҳамроҳ дорад ва Эрон чӣ мавзеъеро бояд иттихоз кунад?

— Чизе, ки ба Эрон бармегардад, диққат ва пайгирии мавзӯъ бо ниҳояти ҳассосият аст. Мо бояд аз эҷоди таниш дар ин кишварҳо ҳатман ибрози нигаронӣ кунем. Ва ин боиси хушҳолӣ нест, ки дар ҳамсоягии Эрон кишварҳо шароиташон муташанниҷ шавад, чаро ки ташаннуҷ агар мунҷар — Худой накарда — ба даргирӣ шавад, минтақаро таҳти таъсир қарор медиҳад. Аз ин рӯ бояд бо диққат мавзӯъотро дунбол кард. Ва агар имконаш ба вуҷуд омад, бо бархе аз кишварҳои бузург барои ҳаллу фасли авзоъ вориди гуфтугӯ шуд, чаро ки равобити мо бо Баҳрайн ва Саудӣ тавре нест, ки худамон битавонем миёнҷигарӣ кунем.

Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки ба ҳеч ваҷҳ набояд иҷоза дод ҳеч кадом аз тарафҳои даргир аз корти Эрон алайҳи дигаре истифода кунанд, дар ин сурат, шароит метавонад печидатар бошад ва боз шоҳиди эътилофҳо ва иттиҳодҳои дигаре бошем. Аз ин рӯ мо бояд бидуни ҳеч гуна тарафдорӣ аз гурӯҳи “Алиф” ё гурӯҳи “Б”, саъй ба ором кардани авзоъ дошта бошем ва ба ҳеч ваҷҳ ҳамон тавр, ки гуфтам, иҷоза надиҳем кишварҳо аз корти Эрон алайҳи якдигар истифода кунанд, чун моҷаро дар ибтидои кор аст. Ва албатта тавтиа ва талоши Омрико барои муташанниҷ кардани минтақа, ва режими саҳюнистӣ барои истифодаи ҳаддиаксари сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳатман набояд дур аз назар дида шавад. Дар ин ҷиҳат Ҷумҳурии Исломӣ бояд аз абзор ва имконоти худаш ниҳояти истифодаро ба амал биёварад.

Ба ҳар ҳол, ба гумони саудиҳо ва ҳампаймонони он, мавзӯи ҳимояти Қатар аз “теруризм”, ифротгароӣ ва ҳамчунин таҳаррукоташ дар Яман, таҳаррукоти таблиғотӣ ва расонаӣ, ки аз тариқи телевизиюни Алҷазира сурат мегирад, ва ҳамчунин нигариши ин кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, боиси ин таҳаввулот шудааст. Ва чун ин мавзӯот як ду ва се то нест ва чандваҷҳӣ шудааст, аз ин рӯ ҳаллу фасли он қадре печида ва мушкил аст ва бармагардад ба ин ки нуфуз ва дахолати кишварҳои дигар монанди Омрико, ки ин ду кишвари Қатар ва Саудӣ ва дӯстонаш аз он табаият ва ҳарфшунавӣ доранд, ки то чӣ ҳадд ба кор биёд оё Омрико ва соири кишварҳо моил ба ҳаллу фасли ин бӯҳрон ҳастанд ё идомаи онро дар ҷиҳати манофеи иқтисодӣ ва сиёсии худашон медонанд. Ба ҳар ҳол, Эрон бо сабр ва хештандорӣ ва таваҷҷӯҳ ва диққат бояд таҳаввулотро дунбол кунад ва аз ҳамаи зарфиятҳо барои контроли ин бӯҳрон истифода кунад.

Khabaronline



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: