Вақте шарти дӯстӣ бо Оли Сауд, душманӣ бо муқовимати Фаластин қарор дода мешавад…

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Оли Сауд ҳамеша саъй мекард, воқеъиятро таҳриф намояд ва ба он ранги мазҳабӣ диҳад. Бинобар ин, бо харҷи сармояҳои ҳангуфт ва роҳандозии шабакаҳои гуногуни таблиғотӣ, тавониста буд зеҳни мардуми мусалмонро олудаи даргириҳои мазҳабӣ намояд ва ба ҷойи марзбандии сиёсии воқеъӣ, як марзбандии дурӯғини мазҳабӣ эҷод намояд. Дар натиҷаи ин таблиғоти шабонарӯзӣ, масъалаи аслии Ислом — Исроил, ба масъалаи ҷаълии Шиъа — Суннӣ таҳриф пайдо кард…

* * *

Худоро шукр марзбандии байни ҳаққу ботил дар саҳнаи сиёсӣ ҳар рӯз дорад ошкортар мегардад. Ин марзбандӣ, ҳам дар саҳнаи сиёсии ҷаҳони ислом ва ҳам дар саҳнаи дохилии Тоҷикистони худамон беш аз пеш дар ҳоли тамйиз ва ташхис аст. Албатта барои афроди огоҳ ҳаргиз амр муштабаҳ набуда ва марзи байни ҳаққу ботил дар ин саҳна ҳамеша барояшон мисли рӯз рӯшан будааст. Аммо барои умуми мардум, ки ҳамеша таҳти таъсири таблиғоти расонаӣ қарор доранд, ғолибан амр муштабаҳ мешавад ва дар ташхиси марзи байни ҳаққу ботил дучори иштибоҳ мегарданд.

Вале имрӯзҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳони ислом иттифоқоте дар ҳоли рух додан аст, ки ҳар гуна ибҳомро аз рӯи масъала бартараф мекунад. Ва ҳар касе, ки камтарин ақлу инсоф дошта бошад, ташхис медиҳад, ки ҳақ куҷост ва ботил куҷост.

Як намунаи рӯшан; режими Оли Сауд ва чанд ҳукумати дунболарави араби он, то ҳоло ба қавли маъруф, “ҳифзи зоҳир” мекарданд ва аланан аз режими ҷаълии “Исроил” тарафдорӣ намекарданд. Он ҷо ҳам, ки аз ин режим тарафдорӣ мекарданд, ба он ранги мазҳабӣ медоданд; мисли ҷараёни ҷанги 33-рӯза байни “Исроил” ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар соли 2006, ки он вақт муфтиҳои дарбории Оли Сауд ошкоро фатво дода буданд, ки: “дар ин ҷанг кӯмак кардан ва ҳатто дуо кардан барои пирӯзии Ҳизбуллоҳ ҳаром аст”; ба далели ин ки масалан Ҳизбуллоҳ шиъа мебошад!

Албатта натиҷа якест, зеро вақте Ҳизбуллоҳ ба ҳар далеле тазъиф шавад, “Исроил” пирӯз хоҳад шуд.

Аммо ҳоло дигар баҳонаи мазҳаб ва шиъа дар миён нест, зеро сухан дар бораи нерӯҳои муқовимати Фаластин мисли Ҳамос меравад. Ин ҷост, ки режими Оли Сауд ва дунболаравонаш ночор шуданд, ниқоб аз чеҳра баркашанд ва ошкоро эълом доранд, ки шарти дӯстӣ бо мо душманӣ бо муқовимати Фаластин аст. Ин яъне ҳимояти аланӣ аз “Исроил”. Бинобар ин ҳоло марзи байни ҳаққу ботил дар саҳнаи сиёсии ҷаҳони ислом хеле ошкор гаштааст. Як тараф Фаластин ва тарафдоронаш. Тарафи дигар, “Исроил” ва тарафдоронаш. Бо рӯшан шудани ин марзбандии ҳақиқӣ, бутлони марзбандиҳои дурӯғин ҳам худ ба худ ошкор мегардад — марзбандиҳои мазҳабӣ.

Масъала аз ин қарор аст, ки режими Оли Сауд ҳамеша саъй мекард, воқеъиятро таҳриф намояд ва ба он ранги мазҳабӣ дихад. Бинобар ин, бо харҷи сармояҳои ҳангуфт ва роҳандозии шабакаҳои гуногуни таблиғотӣ тавониста буд, зеҳни мардуми мусалмонро олудаи даргириҳои мазҳабӣ намояд ва ба ҷойи марзбандии сиёсии воқеъӣ, як марзбандии дурӯғини мазҳабӣ эҷод намояд. Дар натиҷаи ин таблиғоти шабонарӯзӣ, масъалаи аслии Ислом — Исроил, ба масъалаи ҷаълии Шиъа — Суннӣ таҳриф пайдо кард ва ба ҷойи ин ки нерӯҳои холиси ҷавонони мусалмон дар муқобили Исроили ғосиб қарор бигирад, дар баробари ҳамдигар қарор гирифт ва ба дасти худаш худашро хунсо кард.

Шумо фақат тасаввур кунед, агар ин хама нерӯҳои ҷавону пурангезаи мусалмон имрӯз на дар муқобили ҳамдигар, балки дар баробари режими ғосиби “Исроил” қарор мегирифтанд, чӣ мешуд?

Оё ҳоло аз Исроил асаре боқӣ мемонд?

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, Таҳлилот, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: