CNN: “Ҳушдори шадиди Қатар ба Арабистон / Артиши Қатар ба ҳолати омодабош даромад”

Як манбаъи низомии омрикоӣ гуфт, Қатар нерӯҳояшро дар болотарин дараҷаи омодабош қарор дода ва ба Арабистон шадидан ҳушдор додааст.

Ин манбаъи омрикоӣ ба шабакаи CNN гуфт: “Омрико таҳаррукоти низомии Қатарро ба диққат расад мекунад ва ин кишвар ба Арабистон, Аморот ва Баҳрайн ҳушдор додааст, ки ба сӯи ҳар киштӣ, ки бихоҳад вориди обҳои Қатар шавад, оташ хоҳад гушуд”.

Ин манбаъи омрикоӣ ҳамчунин ёдвар шуд, ки Қатар нерӯҳояшро дар болотарин дараҷаи омодабош қарор дода ва артиши Қатар шуморе аз тонкҳоро аз пойгоҳҳои низомии худ хориҷ ва дар Дуҳа мустақар кардааст.

Вай афзуд: “Вазорати дифоъи Қатар номаҳое ба давлатҳои Арабистон, Аморот ва Баҳрайн дар 5 июн ирсол карда ва ба онҳо ҳушдор додааст, ки ҳар киштӣ, ки бихоҳад аз ин кишварҳо ба обҳои Қатар ворид шавад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт”.

Ӯ дар поён таъкид кард, ки шароити феълӣ дар Қатар таъсире бар фаъолияти артиши Омрико дар ин кишвар нагузоштааст.

Рӯзи душанбеи гузашта Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср эълом карданд, ки ба иллати он чи онро “ҳимояти Қатар аз теруризм ва Ихвонулмуслимин ва робита бо Эрон” мехонанд, тамоми равобити диплумотик, сиёсӣ ва иқтисодии худро бо Қатар қатъ кардаанд. Пас аз он кишварҳои Либӣ, давлат Мансур Ҳодӣ дар Яман, Молдив ва Кумур низ равобити худро бо Қатар қатъ карданд ва Ӯрдун низ сатҳи равобити худро ба кордор тақлил дод.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: