Арабистон Шайх Юсуф Қарзовиро дар листи “теруристҳо” дохил ва таҳримаш кард

Арабистони Саудӣ ва ҳамроҳони минтақаияш, дар баёнияе, 12 гурӯҳ ва 59 шахсият аз ҷумла Шайх Юсуф Қарзовиро ба унвони “терурист” ва ҳомиёни “теруризм” таҳрим кард.

Бо идомаи таниш миёни Арабистон ва Қатар, Риёз ва ҳамроҳони минтақаияш, таҳримҳоеро алайҳи Дуҳа ва касоне, ки ба гумони Риёз, терурист талаққӣ мешаванд, вазъ карданд.

Ба гузориши пойгоҳи шабакаи Аларабия, бар асоси баёнияе, ки ба сурати муштарак аз сӯйи Арабистон, Баҳрайн, Аморот ва Миср мунташир шуд, 59 фард ва 12 гурӯҳ ва муассиса таҳти ин баёнияи муштарак, таҳрим шудаанд.

Арабистон ва дӯстонаш дар ибтидои баёнияи худ навиштаанд, ки бо теруризм ва манобеи молияш ҳар куҷо, ки бошад, мубориза хоҳанд кард.

Арабистон ва ёрони минтақаияш дар тайи сафари Тромп, марказе бо унвони “Маркази мубориза бо таъмини молии теруризм” дар Риёз поягузорӣ карданд, ки ба назар мерасад, таҳримҳои имрӯз аввалин иқдоми амалии он аст.

Дар феҳристи таҳримшудагон, номи 26 мисрӣ, 18 қатарӣ, 5 либиёӣ, 2 шаҳрванди ӯрдунӣ, 2 баҳрайнӣ, 2 кувайтӣ, 1 аморотӣ, 1 саудӣ, 1 шаҳрванди саудӣ-кувайтӣ ва як яманӣ дида мешавад.

Номи Шайх Юсуф Қарзовӣ, донишманди мисриюласли сокини Дуҳа низ дар феҳристи таҳримшудагони Арабистон ва ҳомиёнаш дида мешавад.

Дар феҳристи номи гурӯҳҳои таҳримӣ, номи гурӯҳҳое аз се кишвари Баҳрайн, Либӣ ва Қатар дида мешавад.

“Ҳаракати Аҳрори Баҳрайн”, “Ҳизбуллоҳи Баҳрайн”, “Сароё ал-муқовамаи Баҳрайн”, “Сароё ал-Мухтор ас-Сақфии Баҳрайн” ва “Эътилофи 14 феврали Баҳрайн”, аз шохистарин гурӯҳҳои баҳрайнии таҳримшуда ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: