“Натиҷаи ин аъмол афзоиши нафрат аз Омрико ва авомили он ҳамчун Саудӣ аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи шуҳадои ҳодисаи теруристии Теҳрон, гуфт: “Натиҷаи қатъии инҳо чизе ҷуз афзоиши нафрат аз давлатҳои Омрико ва авомили онон дар минтақа ҳамчун Саудӣ нест”.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи ҳодисаи теруристӣ дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи мубораки Рамазон дар Теҳрон, ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми рӯзадор анҷомид, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ин кишвар паёми таслияте содир кард.

Матни ин паём ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Ҳодисаи теруристии рӯзи дувоздаҳуми моҳи мубораки Рамазон дар марқади Имоми роҳил ва дар Маҷлиси шӯрои исломӣ, ки ба шаҳодати теъдоде аз азизони рӯзадор ва захмӣ шудани ҷамъи бештаре анҷомид, нишонаи ошкоре аст аз кина ва душмании хабосатолуди муздурони истикбор бо миллати шарифи Эрон ва бо ҳар он чи марбут ба Инқилоб ва низоми исломӣ ва раҳбари фақиди азимушшаъни он аст.

Ин гуна ҷиноёт, ки ҳокӣ аз хабосат ва дар айни ҳол, ҳақорати мубоширон ва низ омирон ва мусаббибони он аст, басе кучактар аз он аст, ки дар азми миллати Эрон халале эҷод кунад.

Натиҷаи қатъии инҳо чизе ҷуз афзоиши нафрат аз давлатҳои Омрико ва авомили онон дар минтақа ҳамчун Саудӣ нест. Миллати Эрон, муттаҳид ва бо азми росих ба пеш хоҳад рафт, иншоаллоҳ!

Ёди шаҳидони ин ҳодисаро гиромӣ медорам ва ба хонаводаҳои онон табрик ва таслият арз мекунам ва беҳбуди маҷрӯҳон ва осебдидагонро аз Худованди Мутаъол масъалат мекунам.

Сайид Алии Хоманаӣ

19 Хурдоди 1396

* * *

Гуфтанист, маросими ташйеъи пайкари поки шуҳадои ҳодисаи теруристии рӯзи чаҳоршанбе (17 хурдод) пас аз иқомаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ҳузури густардаи мардуми рӯзадори теҳронӣ ва ҷамъе аз масъулон аз муқобили Донишгоҳи Теҳрон ба самти хиёбони Ҳофиз баргузор шуд.

Мардуми рӯзадори теҳронӣ дар маросими ташйеъи шуҳадои терур бо шиорҳои “Марг бар Омрико! Марг бар Исроил! Марг бар Оли Сауд!” ва шиори “Роҳи нуфузи душман масдуд бояд гардад // Доъиши омрикоӣ нобуд бояд гардад!” ҷиноёти теруристии ДОЪИШ ва Оли Саудро маҳкум карданд.

Тасовире аз ин маросим:

Реклама


Рубрики:Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: