Достони Имом Ҳасан ва марди шомӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Имом Ҳасан ибни Алӣ (а)

Имом Ҳасан фарзанди Алӣ ибни Абӯтолиб (а) бино ба ривояти машҳур дар шаби 15 моҳи мубораки Рамазони соли севвуми ҳиҷрат дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушуд. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар бораи Имом Ҳасан (а) менависад:

کان الحسن (رضی الله عنه) سیّداً کریماً حلیماً زاهداً ذا سکینة ووقار حشمة، جواداً ممدوحاً

Ҳасан (разияллоҳу анҳу) сарваре карим, бурдбор, зоҳид, дорои сакина ва виқору ҳишмат, аҳли ҷуд ва мавриди мадҳу ситоиш буд”. (Савоъиқ, с.82)

Заҳабӣ менависад:

الحسن بن على بن ابى­طالب بن عبدالمطلب بن هاشم بن عبد مناف، الامام، السید، ریحانة رسول الله (صلى الله علیه وآله) وسبطه، وسیّد شباب اهل الجنّه، ابو محمّد القرشى الهاشمى المدنى الشهید. وقد کان هذا الامام سیّداً، وسیماً، جمیلا، عاقلا، رزیناً، جواداً، ممدوحاً، خیّراً، دیّناً، ورعاً، محتشماً، کبیرالشان

Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдиманоф — имом, сарвар, гули Расули Худо (с) ва сибти ӯ, ва сарвари ҷавонони биҳишт, Абӯмуҳаммад, Қурашӣ, Ҳошимӣ, Маданӣ ва шаҳид аст. Ин имом, бузургворе буд танӯманд, аҳли хайр, бисёр диндор, бовараъ, дорои ҳишмат ва шаъни бузург”. (Сияр, 3/253)

Мубаррад дар китоби “Ал-комил фил-луғати вал-адаб” достони аҷиберо дар бораи Имом Ҳасан нақл кардааст. Албатта, Муҳаммад ибни Талҳаи шофеӣ (дар “Матолибус-саул”) ва дигарон низ ин достонро нақл кардаанд.

Менависад: Ибни Оиша ривоят кард, ки марде аз аҳли Шом гуфт, ман вақте вориди Мадина шудам ва мардеро дидам, ки бар хачире савор аст, зеботар ва хушсалиқатар аз ӯ надида будам… Ман аз он мард хушам омад ва аз шахсе пурсидам: ин мард кист?

Гуфтанд: Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аст.

Ба маҳзи шунидани номи Алӣ, синаам пур аз кина ва нафрат шуд, ва аз ин ки Алӣ ибни Абӯтолиб якчунин фарзанде доштааст буғз мекардам. Ба назди ӯ рафта ва ба ӯ гуфтам: ту писари Абӯтолиб ҳастӣ?

Фармуд: ман писари фарзанди ӯям.

Дар ин вақт, ман шурӯъ кардам ба дашноми ӯ ва падараш то ҷойе, ки метавонистам. Ва чун сухани ман тамом шуд, он ҳазрат рӯ ба ман карда, фармуд:

أحسبك غريباً

Яъне, ба гумонам ту ғариб ва бегонаи ин шаҳр ҳастӣ?

Гуфтам: оре.

Фармуд:

فإن احتجت إلى منزل أنزلناك، أو إلى مال آسيناك، أو إلى حاجة عاوناك

“Агар ниёзманди ҷой ва манзиле ҳастӣ, ба ту манзил диҳем, ва агар ниёз ба моле дорӣ, ба ту бидиҳем, ва агар ниёзи дигаре дорӣ, кӯмакат кунем?!”

Марди шомӣ гӯяд:

فانصرفت عنه، ووالله ما على الأرض أحد احب إلي منه

“Ман аз назди он ҳазрат рафтам дар ҳоле, ки аҳаде дар рӯйи замин назди ман аз вай маҳбубтар набуд”.

(Алкомил фил-луғати вал-адаб, 2/5, Ашшомила)

* * *

Ин ки он марди шомӣ ба маҳзи шунидани номи ҳазрати Алӣ, буғз ва кина ӯро фаро мегирад ва шурӯъ мекунад ба саббу дашноми Имом Ҳасан ва падари бузургвораш, худ достони ҷудое дорад, ки дар он даврон чӣ шуда, ки мардум ҷигаргӯшаи Расули Худо (с)-ро саббу дашном кунанд? Далелаш, ба гуфтаи муаррихони исломӣ, ин будааст, ки хулафои умавӣ дастур дода буданд, то дар минбари масоҷид ва дар хутбаҳо, ҳазрати Алӣ (а) саббу дашном шавад. Яъне, саббу дашноми ҳазрати Алӣ (а) як расми динӣ гардида буд, ва ба илова, аз ҳазрати Алӣ (а) чеҳрае дар миёни мардум тарсим мекарданд, ки гӯӣ ӯ як кофир аст ва ҳатто намоз намехонад.

Ва хушбахтона, Умар ибни Абдулазиз, халифаи парҳезгори марвонӣ, ин одат ва расми зишт ва нописандро, ки Муовия ибни Абӯсуфён поярезӣ карда буд лағв намуд. Имом Суютӣ дар “Торихул-хулафо” менависад:

كان بنو أمية يسبون علي بن أبي طالب في الخطبة فلما ولي عمر ابن عبد العزيز أبطله وكتب إلى نوابه بإبطاله

Бани Умайя Алӣ ибни Абӯтолибро дар хутбаҳои худ саббу дашном мекарданд, ва чун Умар ибни Абдулазиз халифа шуд, ба волиёнаш нома навишт ва ин расмро аз миён бурд…” (Торихул-хулафо, 1/201, Ашшомила)

Аз ин рӯ буд, ки Имом Ҳасан (а) вақте диданд он марди шомӣ ба эшон саббу дашном мегӯяд, чизе нагуфтанд, зеро медонистанд, ки ин мард айбу тақсире надорад, ба гӯшаш хондаанд, ки Алӣ кофир аст! Балки баръакс, ба ӯ фармуданд, ту ки ғариба ҳастӣ агар ниёз ба манзил ё пул ё чизе дигар дошта бошӣ, ҳозирам бароят фароҳам кунам. Ба ҷиҳати ин хулқи волои он ҳазрат аст, ки марди шомӣ мегӯяд: “Ман аз назди он ҳазрат рафтам дар ҳоле, ки аҳаде дар рӯйи замин назди ман аз вай маҳбубтар набуд”.

Расонаҳо дар он замон манобири масоҷид буданд, мисли телевизиюн дар имрӯз. Агар имрӯз таблиғот аз тариқи расонаҳои тасвирӣ ё савтӣ сурат мегирад, дар он замон аз тариқи минбари масоҷид сурат мегирифт. Наздик ба 100 сол ҳазрати Алӣ (а) аз минбарҳо саббу дашном мешуданд. Ҳатто дар мавориде, хулафои умавӣ ва марвонӣ баъзе аз саҳоба ва тобеъинро водор ба саббу дашноми Алӣ мекарданд, вале буданд дар миёни саҳоба ва тобеъин афроде, ки ҳозир намешуданд аз дастури онҳо итоат кунанд.

Дар Саҳеҳи Муслим аст, ки:

عَنْ سَهْلِ بْنِ سَعْدٍ قَالَ اسْتُعْمِلَ عَلَى الْمَدِينَةِ رَجُلٌ مِنْ آلِ مَرْوَانَ قَالَ فَدَعَا سَهْلَ بْنَ سَعْدٍ فَأَمَرَهُ أَنْ يَشْتِمَ عَلِيًّا قَالَ فَأَبَى سَهْلٌ فَقَالَ لَهُ أَمَّا إِذْ أَبَيْتَ فَقُلْ لَعَنَ اللَّهُ أَبَا التُّرَابِ فَقَالَ سَهْلٌ مَا كَانَ لِعَلِيٍّ اسْمٌ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنْ أَبِي التُّرَابِ

Саҳл ибни Саъд гӯяд: марде аз Оли Марвон бар Мадина волӣ гардид, сипас Саҳл ибни Саъдро пеши худ хонд ва дастур дод, то Алиро дашном диҳад, аммо Саҳл ибо варзид. Волӣ гуфт: чун аз саббу дашном ибо варзидӣ, ҳол бигӯ: Худованд Абӯтуробро лаънат кунад! Саҳл гуфт: Барои Алӣ номе маҳбубтар аз номи Абӯтуроб набуд…” (то поёни ривоят) (Саҳеҳи Муслим, 12/135, Ашшомила)

Ва дар ҳамин китоб яъне Саҳеҳи Муслим омадааст:

عَنْ عَامِرِ بْنِ سَعْدِ بْنِ أَبِي وَقَّاصٍ عَنْ أَبِيهِ قَالَ أَمَرَ مُعَاوِيَةُ بْنُ أَبِي سُفْيَانَ سَعْدًا فَقَالَ مَا مَنَعَكَ أَنْ تَسُبَّ أَبَا التُّرَابِ فَقَالَ أَمَّا مَا ذَكَرْتُ ثَلَاثًا قَالَهُنَّ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلَنْ أَسُبَّهُ لَأَنْ تَكُونَ لِي وَاحِدَةٌ مِنْهُنَّ أَحَبُّ إِلَيَّ مِنْ حُمْرِ النَّعَمِ

Аз Омир ибни Саъд ибни Абӯваққос аз падараш ривоят шуда, ки гӯяд: Муовия ибни Абӯсуфён Саъдро дастур фармуд, сипас гуфт: чӣ чизе монеъи ту аз ин аст, ки Абӯтуробро саббу дашном бикунӣ?! Саъд ибни Абӯваққос гуфт: Ёдоварии се чиз аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) (дар мавриди Алӣ) гуфтаанд аст, ки монеъи ман аз ин амал аст, ман ҳаргиз ӯро саббу дашном намекунам…” (то охири ривоят) (Саҳеҳи Муслим, 12/129, Ашшомила)

* * *

Саломи Худо бар Имом Ҳасан ва падари бузургвор ва мазлумаш!

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Достон ва ҳикоёт, Ислом, Машоҳир, Омӯзаҳои набавӣ, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: