Сафари ҳайъате аз Ҳамос ба Теҳрон ба риёсати Исмоил Ҳания

Ҳайъате аз ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ба риёсати Исмоил Ҳания ба зудӣ ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузори Фаластин ал-явм, Усома Ҳамдон, масъули равобити байналмилалии ҷунбиши Ҳамос гуфт, ки ҳайъате ба риёсати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ин ҷунбиш, ба зудӣ ба Эрон сафар мекунад.

Вай афзуд, ки ҳайъати ҷунбиш ба риёсати Яҳё Ассинвор, масъули ин ҷунбиш дар Ғазза, ки ба Қоҳира сафар кардааст, ба навори Ғазза бозмегардад.

Ин мақоми Ҳамос бо баёни ин ки натоиҷи сафари Ассинвор ба Миср то кунун мусбат будааст, афзуд: “Дар ин сафар чандин тафоҳум дар бораи масоили дуҷониба муҳаққақ шудааст”.

Масъули равобити байналмилалии Ҳамос дар бахши дигаре аз суханони худ изҳор дошт: “Терурист хондани муқовимат аз сӯи Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон, аз сиёсатҳои ин кишвар нашъат мегирад”.

Вай афзуд: “Изҳороти Ал-ҷубайр алайҳи муқовимат аз лиҳози муҳтаво миллати Фаластинро шука накард, балки он чи шукакунанда аст, ин аст, ки ба сурати аланӣ матраҳ шудааст”.

Ҳамдон таъкид кард, ки муқовимат бо вуҷуди ҳамаи фишорҳое, ки дар дохили Фаластин ё хориҷ бо он мувоҷеҳ аст, шикаст нахоҳад хӯрд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: