“Ҳар сулҳе баночор бояд дастикам ду тараф дошта бошад”

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

«Сулҳро ба мо ҷасорати президентамон оварда буд ва Сулҳро ғурури ӯ ҳифз медорад! Ин Сулҳ моли миллат ва ҷасорати фардии Сарвари давлати мост… Агар ҷасорату ғуруру шарафи инфиродии Эмомалӣ Раҳмон намешуд, мо ба Сулҳу Ваҳдати инрӯза ҳаргиз намерасидем!!!» (Сайёфи Мизроб)… Назаратон чӣ аст? Шумо чӣ мегӯед? (Хоҳиш, бидуни таҳқир ва дашноми якдигар)

* * *

Ин матлаби дӯсти арҷмандам Маҳмудҷонро имрӯз ду-се-чаҳор бор хондаму худбахуд хандидам. “Хоҳиш, бидуни таҳқир ва душноми якдигар”-и ӯ маро кушта буд. Маҳмудҷон бо дили соффу бекинааш онро барои касоне нивишта буд, ки имкон дошт дар ҳамин фазои маҷозӣ ҳам тибқи ъодат ба ҷони ҳамдигар дарбиуфтанду ҳамдигарро латупор кунанд.

Аммо Маҳмудҷон ва соири ъазизони мо оё таваҷҷуҳ кардаанд, ки бузургтарин таҳқиру душном ҳамин нивиштаи Сайёфи Мизроб аст? Оё ҳеч таҳқиру душном бар як миллат фаротар аз оне ҳаст, ки Сайёф дар он чанд ҷумла гуфтааст? Бигӯед, то бигӯем…

Мисли одамоне, ки тоза ба дине рӯй овардаанд, зону бизанед ва такрор кунед: “Сулҳро ба мо ҷасорати президентамон оварда буд ва Сулҳро ғурури ӯ ҳифз медорад! Ин Сулҳ моли миллат ва ҷасорати фардии Сарвари давлати мост…” Ва ногаҳон дармеёбед, ки як дини дигар ҳам касб кардаед: чоплусӣ. (Тавзеҳот: дини чоплусӣ – роиҷтарин дини рӯи Замин аст ва ҳамаи чоплусон ба подош дар ҳамин дунё чашми умед бастаанд; ин дунёро ба он дунё супурдаанд ва тамоми адёни ҷаҳон барояшон пиллаконе беш нест, барои расидан ба дини чоплусӣ).

Ва худбахуд фаромӯш мекунед, ки ҳар ҷанге дастикам ду тараф дорад ва ҳар сулҳе ҳам баночор бояд дастикам ду тараф дошта бошад. Ин ки чиро Сайёф фақат як тарафро дида, масъала аст.

Шармовару хиҷолатбору инсонкуш аст ин ҳақиқат, ки имрӯза дар Тоҷикистон дини “чоплусӣ” бештарин пайравонро дорад. Ҳамаи динҳои дигар зери сояи дини чоплусӣ мепалаканд…

Дини чоплусӣ аз “ҷасорату ғуруру шарафи инфиродӣ” ҳам доди сухан додааст, аммо дар ҷасорату ғуруру шарафи инфиродӣ пиёда аст ва танҳо як нафарро мустаҳаққи он медонад. Бечорагон чорае надоранд, ҷуз курниш (таъзим).

Бечорагонро бояд ёрӣ кард. Шабеҳи бечорагон набояд шуд.

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: