Руҳонӣ: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом сулҳ кард”

Раисиҷумҳури Эрон, бо ишора ба ин ки шаҳомати бисёр зиёде мехоҳад, ки инсон барои масолеҳи ҷомеаи исломӣ дасти сулҳ дароз кунад, афзуд: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом ин корро кард ва бо сулҳи худ шамшер ва найзаеро таҳаммул кард, ки бисёр дардноктар аз шамшер ва найза дар майдони ҷанг буд”.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар маросими таҷлил аз ходимони қуръонӣ, китоби осмонии Қуръон ва оёти онро мӯъҷизаи ҷовид ва Паёмбари гиромии ислом (с) ва хонадони бузургвори эшонро мӯъҷизаи тарбияти ҳамин Қуръон ва мактаб муаррифӣ кард ва афзуд: “Агар бихоҳем таҷассуми Қуръонро бибинем, бояд онро дар вуҷуди Паёмбар (с) ва Аҳли байти ӯ дар калом, ахлоқ ва рафторашон бибинем”.‏

Вай изҳор дошт: “Инқилоби Исломӣ бар таъолими Қуръон ва пайравӣ аз Аҳли байти тарбиятёфта дар мактаби Қуръон устувор аст ва ҳосили наздикӣ ва ошноӣ бо Қуръон аст”.‏

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба ин ки рӯзгоре шунидани садои қориёни барҷастаи мисрӣ бо аввалин васоили забти садо ин орзуро дар мо бармеангехт, ки дар Эрон низ чунин қориёне дошта бошем, тасреҳ кард: “Имрӯз ба баракати Инқилоби Исломӣ ба ин орзу расидаем ва қориёни барҷастаи мо, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳузури дурахшоне доранд, мояи ифтихори низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд”.

Руҳонӣ хотирнишон кард: “Бавижа вақте, ки тавтиаҳое алайҳи ислом, шиъа ва Эрон вуҷуд дорад ва ин гуна таблиғ мекунанд, ки роҳи мо ва Қуръони мо бо исломи ҳақиқӣ тафовут дорад, ин қориён сардорони таблиғи исломи ҳақиқӣ ва раҳмонӣ ҳастанд, ки дар амал нишон медиҳанд, ки роҳ ва амали Ҷумҳурии Исломии Эрон чист?

Вай, бо ишора ба ин ки имрӯз рӯзи имоми сулҳ аст, бо табрики зодрӯзи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) гуфт: “Имрӯз рӯзи бисёр мубораке аст, чаро ки Имом Ҳасан (а) мазҳари ҳилм ва сабр буд. Сабр ва ҳилм барои сулҳ, сахттар аз сабр ва истиқомат дар майдони ҷанг аст”.

Раисиҷумҳури Эрон Қуръонро китоби ҳидоят ва хонадони рисолатро мояи хайри касир тавсиф кард ва гуфт: “Ин ду гавҳари гаронбаҳо ва ду сиқл ҳар ду мӯъҷизаи илоҳӣ буда ва мояи ифтихори мо мусалмонон ҳастанд”.

Руҳонӣ бо баёни ин ки Имоми роҳил (Имом Хумайнӣ) ҳар дуи ин ҳолот яъне сабр ва ҳилм дар сулҳ ва сабр ва истиқомат дар майдони ҷангро таҷриба кард ва мо ҳар дуро дар Имом дидем, изофа кард: “Шуҷоати Имом дар солҳои оғози Инқилоб ва даврони дифоъи муқаддас ва сабр ва ҳилми эшон дар даврони поёнии ҷанг дар пазируфтани сулҳ ба гунае буд, ки касоне ки дар матни умур буданд, метавонанд сахтии ин сабр ва шуҷоатро дарк кунанд”.

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба ҳадисе аз Паёмбари ислом (с), ки дар он, як шаби истодагӣ дар майдони набард ва дар роҳи дифоъ аз сарзаминро болотар аз шаби қадр медонад, гуфт: “Аз ҷон гузаштан ва шуҷоат дар майдони набард, кори душворе аст, аммо бо ин ҳол таҳаммули сулҳ бисёр душвортар аз ҷангидан аст, ва ин дар ҳолест, ки Имом Хумайнӣ (р) барои даврони Инқилоб ва ҷанг ҳаргиз нагуфт, ки ҷоми заҳр нӯшидам, аммо дар замони сулҳ ин матлабро баён кард”.

Руҳонӣ бо ишора ба ин ки шаҳомати бисёр зиёде мехоҳад, ки инсон барои масолеҳи ҷомеаи исломӣ дасти сулҳ дароз кунад, афзуд: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом ин корро кард ва бо сулҳи худ шамшер ва найзаеро таҳаммул кард, ки бисёр дардноктар аз шамшер ва найза дар майдони ҷанг буд”.‏

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба ҳадисе аз Амирулмуъминин Алӣ (а) гуфт: “Мабодо рӯзе фаро бирасад, ки бибинем ғайримусалмонон беҳтар аз мусалмонон ба маъно ва мафҳуми Қуръон амал мекунанд”.

Вай зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузури фаъоли ходимони Қуръон дар миёни миллати Эрон изҳор дошт: “Ҳама бояд талош кунем хидматгузори хубе барои Қуръон буда ва мубаллиғони ростине барои Қуръон ва роҳи Паёмбар (с) ва Аҳли байт (а) бошем”.



Рубрики:Қуръони Карим, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: