Таниши равобити Арабистон бо Қатар фақат ба нафъи Телавив аст

Ёддошти Роид Солиҳа дар рӯзномаи Алқудс ал-арабӣ

Коршиносони омрикоӣ бар ин боваранд, ки далоили ихтилофи Арабистон бо Қатар, ба ҳимояти Дуҳа аз гурӯҳҳои исломӣ ё озодии матбуот ё таъкид бар адами қатъи равобит бо ҳамсояаш (Эрон) бознамегардад, балки далоили решадортаре дорад, ки ҳамон равобит бо Исроил аст.

Нозирони омрикоӣ ба намунаҳои бештаре мабнӣ бар ҳамкории Арабистон ва Исроил дар масоили амниятӣ ишора кардаанд, ки намунаи он тавофуқи ҳастаии Эрон дар замони давлати собиқи Омрико ба риёсати ҷумҳурии Борок Убомо аст.

Бар асоси дидгоҳи бисёре аз таҳлигарони омрикоӣ, Исроил ва Арабистон бо истифода аз раванди кунди музокироти ҳастаӣ. дар садади барномарезӣ ва сенориюҳои мухталиф баромаданд то ҷойе, ки рӯзномаи Тоймз дар соли 2013 эълом кард, ки ҳамкории Риёз- Телавив ба марҳилае ҷиддӣ расида, ки шомили тавофуқи ду тараф ба истифода аз ҳарими ҳавоии Арабистон барои ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон аст.

Ба гуфтаи бисёре аз таҳлилгарони омрикоӣ, акнун исроилиҳо аз ихтилофи Арабистон бо Қатар бисёр хушнуданд, чаро ки бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти Риёз мабнӣ бар ин ки Қатар аз теруристҳо ҳимоят мекунад ва манзур ҳимояти Қатар аз қазияи Фаластин аст, метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки Риёз ба дархости Исроил ба қатъи равобит бо Қатар иқдом кардааст.

Дар ҳамин иртибот, Ҷок Нувок (Jack Novak), таҳлилгари омрикоӣ изҳор дошт, мухолифати Қатар бо қатъи иртибот бо сарони ҷунбиши муқовимати Фаластин ё ҳамон Ҳамос, мӯҷиб шуд такопуи Арабистон бавижа пас аз сафари Тромп ба Риёз, дучандон шавад.

Нувок мӯътақид аст, сафари Тромп ба Ховари Миёна аз ҷумла Арабистон ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин, мӯҳри таъйиде бар ҳамкории рӯ ба тавсиъаи Риёз ва Телавив аст.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари омрикоӣ, тасмими Арабистон мабнӣ бар фишор бар Қатар дар иртибот бо қатъи ҳимоят аз Ҳамос баъд аз сафари Тромп ба Риёз, ногаҳонӣ набудааст. Танҳо душмани Ҳамос Исроил аст ва на Арабистон, дар натиҷа танҳо тарафе, ки аз талошҳои Арабистон барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои Қатар суд мебарад, ҳамон Исроил аст.

Ҳамчунин коршиносон ва таҳлилгарони омрикоӣ иддаоҳои Арабистон алайҳи Қатар дар бораи ҳимоят аз теруризмро тааҷҷубовар хонда ва изҳор доштанд, ки худи саудиҳо ҳомиёни мустақим ва ғайримустақими гурӯҳҳои теруристӣ дар минтақа ба шумор меоянд.

Омрикоиҳо мӯътақиданд, ҳамаи кишварҳои минтақа аз ин бӯҳрони Арабистон ва Қатар мутазаррир хоҳанд шуд.

Alquds



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: