Тӯп дар замини Тромп аст

(Ҳамалоти теруристӣ дар Теҳрон, хатари ҷанги Эрон ва Арабистон)

Ёддошти Сайидҳусайни Мӯсавиён (муовини асбақи сиёсати хориҷии Шӯрои олии амнияти миллии Эрон) дар рӯзномаи Huffington Post

Порлумони Эрон ва марқади бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзи чаҳоршанбеи гузашта мавриди ҳамалоти теруристӣ қарор гирифт. Ин аввалин амалиёти муҳимми ДОЪИШ дар дохили хоки Эрон талаққӣ мешавад, ки мӯҷиби шаҳодати ҳаддиақал 13 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди эронӣ шуд. Ин бадтарин амалиёти теруристӣ дар як даҳаи гузашта дар дохили хоки Эрон дар замоне сурат гирифт, ки чанд соат қабл аз он Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи саудӣ, хостори “муҷозоти Эрон” шуда буд ва ҳамзамон ба бӯҳрони ҷадид бо Қатар доман зад. Адами контроли чунин раванди ташаннуҷзоӣ, метавонад ҳаводиси талхи ҷадиде дар минтақаро дар пай дошта бошад.

Дар ҳоле, ки аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ терур дар Теҳронро маҳкум карданд, раисиҷумҳури Омрико тайи мавзеъе, на танҳо ин терурро мустақим маҳкум накард, балки ба гунае Эронро мустаҳиққи ин ҷиноят қаламдод кард. Ӯ гуфт: “Мо барои қурбониёни терури Эрон дуо мекунем ва ғамгин ҳастем, аммо кишварҳои ҳомии теруризм бо ин риск мувоҷеҳанд, ки қурбонии шайтоне шаванд, ки худ сохтаанд”. Ин изҳороти Тромп, ҳам мӯҷиби нодида гирифтани воқеияти хатарноки теруризм аст ва ҳам риёкорона аст. Ӯ дар даврони муборизоти интихоботӣ хашми худро мустақиман мутаваҷҷеҳи Арабистон намуд ва гуфт: “Онҳо бузургтарин бонии теруризм ҳастанд”. Баъд аз интихобот, ӯ мавзеъи худро комилан тағйир дод ва Арабистонро “шарики истротежик” хонд ва иттиҳомоти теруристиро мутаваҷҷеҳи Эрон намуд.

Дар иҷлоси ахири Риёз, ӯ сиёсати минтақаии Омрикоро ба самти иттиҳоди тамомаёр бо саудӣ савқ дод ва сиёсати Убоморо, ки бар мабнои талош барои рафъи ташаннуҷ байни Саудӣ ва Эрон буд канор гузошт. Лобии Арабистон дар Вошингтун, ҳамчунин сармоягузории 270 милюн дулории саудӣ дар ҳутелҳои Тромп ва қарордоди 110 милёрд дулории таслеҳотӣ бо Арабистон, дар ин тағйири рӯйкард муассир буданд.

Ҷолиб ин ки дар сафари Риёз, Тромп Эронро дар ҳоле ҳадаф қарор дод, ки як калима дар мавриди Қатар сӯҳбат накард ва бо амири Қатар мулоқот ҳам кард, аммо вақте Арабистон равобит бо Қатарро қатъ кард, ӯ гуфт, ки “дар гуфтугӯҳояш дар Риёз роҷеъ ба мавзӯи теруризм, ҳамаи нишонаҳо ба самти Қатар буд ва аз ин рӯ умед аст ин қатъи робита шурӯи поён бахшидан ба теруризми ҳавлнок бошад”.

Ҷаҳон беш аз ин наметавонад бозӣ бо калимоти Тромп дар мавриди теруризмро таҳаммул кунад ва ё ин ки шоҳиди тағйири сиёсатҳои Омрико бар асоси манофеи шахсӣ бошад. Лозим аст Омрико барои мубориза бо теруризм иқдоми воқеӣ анҷом диҳад. Талоши Тромп барои манъи вуруди мусалмонон ба Омрико ва сарзанишҳои ӯ алайҳи шаҳрдори мусалмони Ландан, сирфан мӯҷиби безории мусалмонон ва тақвияти теруристҳо мешавад.

Ҳамалоти теруристии ахир дар Теҳрон ин воқеиятро ошкор кард, ки миллатҳо дар саросари олам бо таҳдиди муштараке ба номи “ДОЪИШ” мувоҷеҳ ҳастанд ва дар ҳамалоти теруристӣ дар ақсо нуқоти олам ҳамчун Сон Бернордину, Ландан, Порис, Бағдод, Кобул ва Теҳрон, қурбониёни бегуноҳ дар муқобили ин барбарият дар як киштӣ нишастаанд.

Зоҳиран оқои Тромп мутталеъ нест, ки баъд аз Инқлоби 1979, Эрон қурбонии бештарин терурҳо ва хушунати бархе аз давлатҳои дигар будааст, ки таҷовузи низомии Саддом ба хоки Эрон ва терури ҳазорон эронӣ тавассути гурӯҳаки теруристии мунофиқин намунае аз ин воқеият аст. Ин ҳафта Теҳрон ҳадафи ҳамалоти теруристии ДОЪИШ қарор гирифт, дар ҳоле, ки дар чанд соли ахир дар хатти муқаддами мубориза бо ДОЪИШ буд. Чунин воқеиятеро наметавон дар мавриди Арабистон муддаӣ шуд.

Дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ, раисиҷумҳури Эрон оқои Руҳонӣ, ба кӯмаки 97 милёрд дулории Арабистон ба Саддом дар даврони таҷовуз ба хоки Эрон ишора кард. Туркӣ ал-Файсал, вазири иттилооти собиқи саудӣ ҳам қаблан эътироф кард, ки бо бархе аз авомили ҳодисаи теруристии бурҷҳои дуқлуи Ню-йорк дидор доштааст. Ӯ дар нишасти солиёнаи гурӯҳаки теруристии мунофиқин, аз аҳдофи ин гурӯҳаки теруристӣ барои соқит кардани ҳукумати Эрон низ ҳимоят кард. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони барҷаста ва низ бархе мақомоти аршади Омрико аланан парда аз иртиботи давлати ваҳҳобии Арабистон бо ДОЪИШ бардоштаанд. Фарид Закариё, таҳлилгари аршади CNN-и Омрико тасреҳ кард, ки Арабистон тақрибан бо тамоми амалиёти теруристӣ дар ҷаҳони ғарб муртабит буда, дар ҳоле, ки ҳеч кадом аз ин вақойеи теруристӣ рабте ба Эрон надоштааст.

Ҳамлаи ахири теруристӣ дар Теҳрон, миллати Эронро беш аз пеш дар муқобила бо терур муттаҳид хоҳад кард. Дар даврони интихоботи риёсати ҷумҳурии Эрон, шоҳиди ихтилофоти дохилӣ дар мавриди кондидоҳо будем, аммо баъд аз ин терур, Эрон муттаҳид зоҳир хоҳад шуд. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон бар интиқоми хуни қурбониёни бегуноҳи ин ҳодисаи теруристӣ таъкид карда ва Арабистон ва Омрикоро дахил дар ин ҳодиса қаламдод кардааст.

Дар айни ҳол, Арабистон ва Эрон ҳар ду бояд муроқиб бошанд, ки дар доми як тақобули тамомаёр наёфтанд. Раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Эрон чанд сол аст, ки Арабистонро ба гуфтугӯ даъват кардаанд. Шоиста буд, ки ин гуфтугӯ қабл аз ташдиди даргириҳо дар Яман ва Сурия ва Ироқ ва низ густариши амалиёти теруристии ДОЪИШ сурат мегирифт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз даъвати Эрон барои ин гуфтугӯ ҳимоят кунад.

Теруризм марз намешиносад ва барои нобудии он, ҳамкории ҷамъии ҷаҳонӣ як зарурат аст. Ҷаҳони ғарб бояд Эронро дар мубориза бо ДОЪИШ муттаҳиди худ талаққӣ кунад ва на душман. Барои муқобила бо гурӯҳҳои теруристӣ мисли ДОЪИШ, ҷаҳони ғарб бояд ба таври ҷиддӣ бо манобеи идеулужкӣ ва молӣ ва таслеҳотии онҳо бархӯрд кунад. Лозимаи ин муҳим ин аст, ки Омрико беш аз ин ба Арабистон барои бесубот кардани минтақа корти сафед надиҳад ва ин кишварро ташвиқ кунад, ки даст аз бозии ҳосили ҷамъи сифр бо Эрон бардорад. Ба ҷойи сиёсатҳои кунунӣ, Тромп бояд сӯҳбати қотеъонае бо Арабистон ва муттаҳидонаш дошта бошад, ки аз ҳимоят аз теруристҳо даст бикашанд.

Дунолд Тромп акнун ин гузинаро дорад, ки ба коҳиши ташаннуҷи равобити Арабистон ва Эрон кӯмак кунад қабл аз ин ки вазъият ба шароити ғайриқобили контрол бирасад. Шарти лозим барои ифои чунин нақше ин аст, ки Омрико равобити худро бо қудратҳои минтақаӣ мутавозин кунад ва ҳамаро ба самти ҳамкории ҷамъӣ ва низ Арабистонро барои таъомул бо Эрон ташвиқ кунад. Аз ин рӯ тӯп дар замини Тромп аст.

Huffington Post

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: