Муфтии Арабистон: “Иқдомот алайҳи Қатар, ба нафъи худи қатариҳост”

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Шайх, муфтии аъзами Арабистон ва аз наводагони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (поягузори ҷараёни ваҳҳобият) гуфт, иқдомоти Арабистон ва кишварҳои дигар алайҳи Қатар “ба нафъи мусалмонон ва худи қатариҳост”.

Вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудии “Алҳаёт” гуфт: “Иқдомоти ахири Арабистон ва кишварҳои дигар алайҳи Қатар иқдомоте аст, ки ба нафъи мусалмонон аст ва барои ояндаи худи қатариҳо муфид аст. Ин иқдомот бар пояи ҳикмат ва басират аст ва барои ҳамагон фоида дорад”.

Вай муддаӣ шуд: “Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон як сиёсатмадори обдида аст, ки иттилооти зиёде дорад ва дар масири хайр ва хубӣ ҳаракат мекунад”.

Оли Шайх афзуд: “Иттиҳомоте, ки ба Арабистон ворид шуда ботил ва дурӯғин аст. Арабистон як кишвари исломии дурусткор аст ва хидмати зиёде ба ислом ва мусалмонон кардааст. Арабистон як кишвари амн ва мутмаин аст ва дар умури ҳеч касе мудохила намекунад ва дар масири ҳақ ҳаракат мекунад. Аз ҳеч касе бадӣ надидааст, чаро ки ҳамеша дар масири дуруст будааст”.

Оли Шайх гуфт: “Талошҳое барои хадшадор кардани чеҳраи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (бунёнгузори ҷараёни ваҳҳобият) вуҷуд дорад. Даъвати вай як даъвати ислоҳгароёна барои дурӣ аз ширк буд. Баёнияе, ки ахиран наводагони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб содир карда ва аз нисбати амири собиқи Қатар ба эшон бароат ва безорӣ ҷустанд, барои ҳамагон возеҳ буд. Касе, ки худро ба Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мансуб мекунад, дар ҳоле, ки аз вай нест, бояд инро тарк кунад”.

Вай дар бораи фатвоҳои Ихвонулмуслимин алайҳи Арабистон ва нақшаш дар минтақа гуфт: “Мусалмонон бояд тақвои илоҳӣ дошта бошанд ва равишашон дар бораи китоб (Қуръон) ва суннат возеҳ бошад ва аз ғулув худдорӣ кунанд. Ман аз Ихвонулмуслимин ва дигарон мехоҳам ба назароти бархеҳо таъассуб наварзанд. Иттиҳомоти онҳо алайҳи Арабистон дуруст нест”.



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: