Шайтон дар моҳи рамазон дар ғиллу занҷир аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ривоёт ҳаст, ки дар моҳи мубораки рамазон шаётин дар ғиллу занҷиранд ва бандагони Худо аз шаррашон дар амон. Баъзе азизон ин суолро матраҳ карданд, ки агар чунин аст, пас оё метавон гуфт, одамҳо дар ин моҳ ба куллӣ аз шарри шаётин дар амонанд, ва сониян, чаро мебинем афроде дар ин моҳ даст ба гуноҳ мезананд?

Барои посух ба ин суол, ибтидо лозим аст ба суроғи асли ривоят рафта ва кӯшиш кунем, то ба диққат онҳоро маъно кунем ва бибинем ба кадом мазмун ҳастанд. Дар ин замина чанд ривоят ҳаст, ки дутои онҳоро меоварем:

1) Ривояти аввал аз Абӯҳурайра (р) аст, ки аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунад:

أتاكم شهر رمضان، شهر مبارك، فرض الله عليكم صيامه، تفتح فيه أبواب الجنة، وتغلق فيه أبواب الجحيم، وتغل فيه مردة الشياطين، وفيه ليلة هي خير من ألف شهر، من حرم خيرها فقد حرم

Моҳи рамазон шуморо омад, моҳест муборак, Худованд рӯзаи онро бар шумо фарз карда, дар ин моҳ дарҳои биҳишт гушуда ва дарҳои дӯзах баста мешаванд ва моридоне аз шаётин ба ғилл (занҷир) баста мешаванд, ва дар ин моҳ шабе ҳаст, ки бартар аз ҳазор моҳ аст ва касе аз хайри он шаб маҳрум шавад, маҳрум аст”. (Саҳеҳул-ҷомеъ, 55)

2) Ривояти дуввум низ аз Абӯҳурайра (р) аст, ки гӯяд, Расули Худо (с) фармуд:

إذا جاء رمضان فتحت أبواب الجنة، وغلقت أبواب النار، وصفدت الشياطين

Ҳар гоҳ рамазон фаро расид, дарҳои биҳишт гушуда ва дарҳои дӯзах баста мешаванд ва шаётин ба занҷир баста мешаванд”. (Саҳеҳул-ҷомеъ, 470)

Ва чанд ривояти дигар низ ба ҳамин мазмун омадаанд.

Барои фаҳми маънои ин ду ривоят, ибтидо бояд маънои дақиқи чанд калима равшан шавад:

1) “تُغلّ” (туғаллу) аз моддаи “غًلّ” (ғулл) аст ва он, “василае аст махсус, ки бо қарор додани аъзои бадан монанди даст, по ё гардан дар миёни он, инсонро ба банд мекашанд”. (Муфрадот, с.610) Бешак ин кор барои он аст, ки фарди дар банд, имкони фаъолият надошта бошад.

2) “تُصفّد” (тусаффаду) аз моддаи “صفد” (сафад) аст, ки маънояш “бастан ва ба банд кашидан аст”. (Маҷмаъул-баҳрайн, 3/8). Ва чун ба боби “тафъил” рафтааст, маънояш шадидтар шудааст. (Алмуъҷамул-васит, с.516) Пас, маънои “тасфид”, ки масдари “тусаффаду” аст, “ба шиддат бастан ба василае монанди таноб ё ҳамон ғилл хоҳад буд. (Аттаҳқиқ, 6/249)

3) “المردة” (марада) ҷамъи “морид” аст, ки вақте бо шайтон ба кор меравад, манзур “шаётини инсу ҷинне ҳастанд, ки аз хайрот ва некиҳо бебаҳра ва дуранд”. (Алмуфрадот, с.764)

Ҳол, бояд бибинем, вожаи “غُلّ” (ғилл) дар Қуръони Карим ба кадом маъно ба кор рафтааст.

Дар ояти 64 сураи Моида аст, ки яҳуд мегуфтанд:

وَقالَت اليَهُودُ یَدُ اللَّهِ مَغْلُولَةٌ 

Ва Худованд ҷавоб медиҳад:

بَلْ يَدَاهُ مَبْسُوطَتَانِ يُنفِقُ كَيْفَ يَشَاءُ

Хуб, агар бихоҳем ин оётро тарҷумаи луғавӣ кунем, маъно чунин мешавад: яҳуд мегуфтанд, дасти Худо дар ғиллу занҷир аст, он гоҳ Худо посух медиҳад, ки на! Дастони Худо боз аст ва дар ғиллу занҷир нест.

Аммо, на манзури яҳуд ин буд ва на Худо мехоҳад бигӯяд, дастони Худо аз ғиллу занҷир боз аст, балки ба қаринаи:

يُنفِقُ كَيْفَ يَشَاءُ

(Ҳар гуна бихоҳад, инфоқ мекунад ва мебахшад) фаҳмида мешавад, ки мурод маънои киноии ин таъбирҳост. Баста будани даст киноя аз бухл аст, ва боз будани он киноя аз ҷуду бахшиш. (Маҷмаъул-баён, 3/340)

Шабеҳи ҳамин маънои киноиро метавон дар ояти 29 сураи Исро низ мушоҳида кард, он ҷо, ки Худованд ба паёмбараш (с) мефармояд:

وَلاَ تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَى عُنُقِكَ وَلاَ تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ

Ва дастатро ба гарданат ғиллу занҷир макун ва бисёр ҳам гушодадастӣ манамо…”, ки қатъан мурод бастани даст ба гардан бо василае ба номи ғилл нест, балки манзур ҳамон маънои киноӣ дар урф аст, ки мегӯянд, дастбаста набош ва дар муқобил вақте мегӯем, дасту дилбоз бош, бешак манзурамон боз будан даст аз ғиллу занҷир нест.

Ҳол, агар мо он ривоётро назири ин оёт маънои киноӣ кунем, тарҷума онҳо чунин мешавад:

“Дар моҳи рамазон дасту боли шаётин барои васваса баста аст”. Ва ин ба далели фазои ҳоким бар зиндагии рӯзадорон аст, ки дин бо дастуроте, ки додааст, амалан дасту боли шаётинро бастааст. Касе, ки соатҳо чизе намехӯрад ва намеошомад ва муҷоз ба ирзои ғаризаи ҷинсӣ нест ва низ муроқиб аст, то гуноҳе аз ӯ сар назанад ва дар зимн, ба намоз эҳтимом дорад ва қироати Қуръон вориди барномаи рӯзонаи ӯ шудааст, амалан коре карда, ки шайтон натавонад ба ӯ роҳ биёбад. Ва ин ҳамон маънои киноии дастбаста будане аст, ки ривоят ба он ишора дорад.

Ин ҳолат шабеҳ ва ё наздик ба ҳамон ҳолатест, ки барои мухласин рух медиҳад; албатта бо ин тафовут, ки шаётин дар муқобили онҳо ҳамеша дастбастаанд ва наметавонанд коре аз пеш бибаранд. (Ояти 40 сураи Ҳиҷр)

Ҳол, натиҷа ин аст, ки: ҳар чӣ рӯзадор бештар ҷониби тақворо риоят кунад ва худро ба бандагони мухласи Худо шабеҳтар кунад, дасту боли шаётин дар муқобили ӯ бастатар хоҳад буд. Ва баръакс ҳар кас нисбат ба гуноҳон бетақвотар бошад, дасту боли шаётин барои шикори ӯ бозтар хоҳад буд.

Хулоса ин ки: “дар ғиллу занҷир будани шайтон”-ро бояд ба сурати киноӣ маъно кард ва чунин гуфт: дар моҳи рамазон бандагони мӯъмини Худо бо амал ба дастуроти илоҳӣ, амалан дасту боли шаётинро баста ва иҷозаи шайтанат ба онҳо намедиҳанд. Ҳол, ҳар кас, ки рӯзадорӣ ва тақвояш дар ин моҳ муҳкамтар бошад, дасти шаётинро муҳкамтар бастааст, ва аммо касоне, ки коре ба ин моҳ надоранд ва дар бединии худ ғӯтаваранд, ҳарчанд худ аз шаётинанд, аммо бидонанд, ки дастони шаётин ба рӯйи онҳо бози боз аст.

Дар поён ин нуктаро ҳам ёдовар бишавам, ки ҳамеша низ ин гуна нест, ки шайтон дар иртикоби гуноҳони инсон сад дар сад дахил ва муқассир бошад. Бисёре аз гуноҳонеро, ки инсон муртакиб мешавад, худи вай анҷом медиҳад. Ҳамон гуна, ки медонем, шайтон ҳеч гоҳ инсонро маҷбур ба фармони хеш намекунад, балки тибқи сареҳи Қуръон, ӯ даъват ба нофармонӣ аз Худо ва дастуроташ мекунад, аммо ин худи инсон аст, ки бо ихтиёри худ ба ҷойи лаббайк ба даъвати паёмбарон, даъвати шайтонро иҷобат мекунад, он вақт ӯро муқассир мегирад:

وَقَالَ الشَّيْطَانُ لَمَّا قُضِيَ الأَمْرُ إِنَّ اللّهَ وَعَدَكُمْ وَعْدَ الْحَقِّ وَوَعَدتُّكُمْ فَأَخْلَفْتُكُمْ وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيْكُم مِّن سُلْطَانٍ إِلاَّ أَن دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي فَلاَ تَلُومُونِي وَلُومُواْ أَنفُسَكُم مَّا أَنَاْ بِمُصْرِخِكُمْ وَمَا أَنتُمْ بِمُصْرِخِيَّ إِنِّي كَفَرْتُ بِمَآ أَشْرَكْتُمُونِ مِن قَبْلُ إِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Ва чун кор аз кор гузашт (ва доварӣ сурат гирифт), шайтон мегӯяд: дар ҳақиқат Худо ба шумо ваъдаи рост дод ва ман ба шумо ваъда додам ва бо шумо хилоф кардам ва маро бар шумо ҳеч тасаллуте набуд, ҷуз ин ки шуморо даъват кардам ва иҷобатам намудед. Пас, маро маломат накунед ва худро маломат кунед! Ман фарёдраси шумо нестам ва шумо ҳам фарёдраси ман нестед. Ман ба он чӣ пеш аз ин маро (дар кори Худо) шарик медонистед, кофирам. Оре, ситамкорон азобе дарднок хоҳанд дошт”. (Сураи Иброҳим, ояти 22)



Рубрики:Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Рамазон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: