Фарқи як равшанфикр бо сиёсатмадор

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Фарқи як равшанфикр бо сиёсатмадор дар ин аст, ки сиёсатмадор ҷомеаро ба шакли як корвоне мебинад, ки бояд онро дуруст роҳбарӣ кунад ва аз он дар муқобили хатарҳои берунӣ ва дуздони сарироҳӣ муҳофизат намояд.

Вале як равшанфикр ҷомеаро ба шакли як организми зиндае мебинад, ки бояд саломати онро таъмин намояд ва аз он дар баробари хатарҳо ва бемориҳои дарунӣ муроқибат кунад.

Нақши сиёсатмадор нисбат ба ҷомеа нақши сорбон аст ва нақши равшанфикр нисбат ба ҷомеа нақши табиб.

Бинобар ин, ниёзи ҷомеа ба равшанфикрон, беш аз ниёзи он ба сиёсатмадорон аст, зеро аз дили як ҷомеаи бемор чӣ басо сиёсатмадорони бемор низ берун оянд ва он гоҳ ба ҷои роҳбарии корвони ҷомеа, мумкин аст ба ғорати он бипардозанд.

Бадтарин навъи бемории иҷтимоӣ, вуҷуди зулму ситам дар ҷомеа мебошад ва бадтарин навъи зулму ситам, зулму ситами расмӣ ва ниҳодина дар ҷомеа аст.

Зулму ситами расмӣ, яъне ҳамон худкомагӣ ва диктотураи сиёсӣ аст. Ба иборати дигар, диктотура нишонгари авҷи бемории иҷтимоӣ ва инҳитоти равонии ҷомеа аст. Дар воқеъ модари диктотураи сиёсӣ ҳамон бемориҳои иҷтимоӣ аз қабили бетафовутӣ, бемасъулиятӣ, худбохтагии миллӣ, худбартарбинии маҳаллӣ ва монанди он аст.

Агар ҷомеае дучори якчунин бемориҳои иҷтимоӣ бишавад, бе ягон шакку тардид гирифтори диктотураи сиёсӣ ҳам хоҳад шуд. Ва то он даме, ки равшанфикрони ҷомеа ба дармони ин бемориҳо камари ҳиммат набанданд, ҳеч сиёсатмадоре онро ислоҳ нахоҳад кард, на танҳо ислоҳ намекунанд, балки аз он истиқбол ва суистифода ҳам хоҳанд кард. Ин ҷост, ки мо ба нақши табибгуна ва шифобахши равшанфикрон дар саломат ва саодати ҷомеа пай мебарем.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: