Васияти Имом Алӣ (а) қабл аз шаҳодат

19-уми моҳи мубораки Рамазон, рӯзи зарбат хӯрдани ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (а) аст, ки ба дасти марде ба номи Абдурраҳмон ибни Мулҷам, ки иддао дошт мусалмон ҳам ҳаст сурат гирифт. Ибни Мулҷам аз Хавориҷ буд, ки мӯътақид буданд ҳазрати Алӣ (а) кофир аст. Ибни Мулҷам дар саҳаргоҳи 19 моҳи мубораки Рамазон ҳангоми адои намози бомдод ба фарқи сари мубораки он ҳазрат (а) ба шамшер зад; зарбате, ки бар асари он Имом Алӣ (а) ду рӯзи дигар, яъне дар 21 Рамазон, ба шаҳодат расид.

Имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан васияте ба фарзандони гиромияш Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн намуд, ки дар зайл хоҳад омад:

* * *

1. Шуморо ба тарс аз Худо суфориш мекунам. Ба дунёпарастӣ рӯй наёваред, гарчи дунё ба суроғи шумо ояд ва бар он чӣ аз дунё аз даст медиҳед, ғамгин нашавед. Ҳақро бигӯед ва барои подоши илоҳӣ амал кунед ва душмани золиму ёвари мазлум бошед;

2. Шуморо ва тамоми хонадону фарзандонамро ва касонеро, ки ин васият ба онҳо мерасад, ба тарс аз Худо ва назм дар корҳои зиндагӣ ва эҷоди сулҳу оштӣ дар миёнатон суфориш мекунам; чун ман аз ҷадди шумо Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидам, ки мефармуд: «Ислоҳкорӣ байни мардум, аз намозу рӯзаи яксола бартар аст.»

3. Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи ятимон. Накунад, ки онҳо гоҳе сер ва гоҳе гурусна бимонанд ва ҳуқуқашон аз байн равад!

4. Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи ҳамсоягон. Ҳуқуқашонро риоя кунед, ки васияти Паёмбари шумост; зеро ҳамеша ба хушрафторӣ бо ҳамсоягон суфориш мекард, то он ҷо, ки гумон кардем барои онҳо ирсе таъйин хоҳад кард;

5. Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи Қуръон. Мабодо дигарон дар амал кардан ба дастуроти қуръонӣ, бар шумо пешӣ гиранд!

6. Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи намоз; чаро ки намоз сутуни дини шумост;

7. Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи хонаи Худо, то ҳастед, онро холӣ нагузоред; зеро агар Каъба хилват шавад, мӯҳлат дода намешавад;

8. Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи ҷиҳод бо молу сарвату ҷонҳо ва забонҳои худ дар роҳи Худо!

9. Бар шумо бод пайвастан бо якдигар ва бахшиши ҳамдигар! Мабодо аз ҳам рӯй гардонед ва пайванди дӯстиро аз байн бубаред!

10. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк накунед, ки бадҳои шумо бар шумо мусаллат мешаванд, он гоҳ ҳар чӣ Худоро бихонед, ҷавоб нахоҳад дод!

11. Эй фарзандони Абдулмутталиб! Мабодо пас аз ман даст ба хуни муслимин фурӯ баред ва бигӯед, ки Амирал-мӯъминин кушта шуд! Бидонед, ки ғайр аз кушандаи ман (яъне Абдурраҳмон ибни Мулҷам), каси дигар набояд кушта шавад. Дуруст бингаред! Агар ман аз зарбати ӯ мурдам, ӯро танҳо як зарбат бизанед ва дасту по ва дигар аъзои ӯро набуред. Ман аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидам, ки фармуд: «Бипарҳезед аз буридани аъзои мардум, гарчи саги ҳор (девона) бошад.»

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 47)

* * *

Охирин ҷумлае, ки Имом Алӣ (а) қабл аз шаҳодат ба забон овард ин ҷумла буд:

فزت ورب الكعبة

«Ба Парвардигори Каъба қасам, ки растгор шудам!«

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Инсони муваффақ, Ислом, Машоҳир, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: