Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ; аз як зовияи дигар

Ба баҳонаи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке ду ҳафта пеш дар ёддоште кӯтоҳ дар Фейсбук, пешниҳоде матраҳ карда будам мабнӣ бар ин ки яке аз хиёбонҳои пойтахт ба номи Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гузошта шавад. Вокунишҳо мухталиф буданд. Яке аз азизон мегуфт, марҳуми Устод қобили қиёс бо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд нест ва ин ки шаҳид Масъуд чеҳрае ҷаҳонӣ аст ва Устод чеҳраест маҳдуд дар худи Тоҷикистон. Зеро пешниҳод шуда буд, хиёбонеро ба номи шаҳид Масъуд бигузоранд. Ва яке дигар аз азизон низ ин суолро матраҳ карда буд, ки магар Нурӣ чӣ кор кардааст, ки хиёбоне дар Душанбе ба номи вай гузошта шавад?!

Ба назарам, ин ду намуна аз вокуниш, нишондиҳандаи дидгоҳи қишре азим аз мардуми имрӯзи Тоҷикистон аст.

Ин навъ дидгоҳ дар бораи марҳуми Устод, агар ҳикоят аз чизе мекунад, ҳокӣ аз ин аст, ки марҳуми Устод ҳанӯз дар ҷомеаи мо, ҳатто дар миёни фарҳехтаҳо ва соҳибназарон, ба таври шоиста ва сазовор шинохташуда нест. Бештари афроде, ки иддао доранд ӯро мешиносанд, танҳо бо Сайид Абдуллоҳи Нурии солҳои 1997 то 2006 ошноӣ доранд, ва ё ҳаддиақал бо Нурии солҳои 1992 то охирҳои умраш. Ва бисёр андак ва ангуштшуморанд афроде, ки бо Нурии солҳои 1973 то авоили фурӯпошии Шӯравӣ, аз наздик ва ба сурати дақиқ, ошно бошанд. Яъне Устод Нурии ин солҳо ношинохта монда, дар ҳоле ки ба назарам, шинохти шахсияти вай, бидуни дар назар гирифтани зиндагӣ ва фаъолиятҳои марҳум дар хилоли ин солҳо (яъне аз 1973 то замони фурӯпошии Шӯравӣ) имконпазир нест.

Ба сухани дигар, афроде, ки дар солҳои 1997 ба баъд, дар гирду атрофи ӯ ҷамъ шуда буданд ва муддаӣ ҳастанд ӯро шинохтаанд ва мешиносанд, бештарашон (албатта на ҳамаи онҳо) дар атрофи марде гирд омада буданд, ки ба унвони як сиёсатмадор ва касе, ки метавонад фардеро барои тасаддии мақоме дар як вазоратхона муаррифӣ кунад матраҳ буд, на фарде, ки солҳо аз умри худро дар роҳи мубориза сипарӣ карда ва сахтиҳо ва душвориҳоеро пушти сар кардааст. Ва ин афрод, ки атрофи ӯ гирд омада буданд, асосан мафоҳиме чун: мубориза, озодихоҳӣ, зиндон ва ғайра… барояшон мафоҳиме ғайримаънус буд. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бо даргузашти марҳум, ин афрод ё куллан гуму гӯр шуданд ва ё аҳёнан дар баробари ҳизби таъсискардаи Устод қад алам карданд. Ва аммо афроде, ки аз аввал бо ӯ буданд ва ӯро хуб мешиносанд, дар ҳоли ҳозир ё дар зиндонанд ва баъзе ҳам дар муҳоҷират.

Инҷо ҷо дорад як гилае аз афроде бикунам, ки дар муаррифии Устоди солҳои 1973 то замони фурӯпошии Шӯравӣ кӯтоҳӣ карда ва мекунанд. Одамизод ғолибан пиндораш ин аст, ки он чӣ ӯ дар бораи мавзӯе медонад, ҳатман тасаввури дигарон ҳам дар бораи он мавзӯъ ҳамон гуна аст. Дар ҳоле ки чунин нест. Инон, шояд бо ҳамин пиндор, ба муаррифии чеҳраи Устод намепардохтанд, ва аз ин рӯ, кӯтоҳӣ карданд ва ҳанӯз кӯтоҳӣ мекунанд. Ин азизон намедонанд, ки ҷомеа аз Устоди солҳои 1973 то фурӯпошии Шӯравӣ, кучактарин тасаввуре надорад. Китоби “Нур дар зиндон”-и Муҳаммадалӣ Аҷамӣ низ шабеҳи як румони хиёлӣ аст, то муаррифиномаи чеҳраи ҳақиқии Устод. Албатта китоби хубест, воқеиятҳоро дар қолиби як румон баён карда, вале ин кофӣ нест.

Гуфтам, афроде, ки Устоди солҳои 1973 то фурӯпошии Шӯравиро мешиносанд, бисёр андак ва ангуштшуморанд. Баъзе аз онҳоро ном мебарам (касонеро, ки ҳузури зеҳн дорам ва шояд баъзе аз онҳо аз қаламам биуфтанд, албатта касоне, ки зинда ҳастанд ном мебарам). Афроде мисли Домулло Сайидумар (ки дар зиндон аст), Домулло Қаландар Садруддин (падари Домулло Муҳаммадиқбол), Холиди Абдусалом, Махдуми Саттор (ки дар зиндон аст), Домулло Сайидиброҳими Гадо, Домулло Зубайдулло (ки эшон ҳам дар зиндонанд), Эшони Қиёмуддин, Домулло Абдураҳими Карим, Шамсуддини Саъид ва ғайра… Инҳо марҳуми Устодро беш аз дигарон мешиносанд ва аз аввал дар канори ӯ буданд. Гилаи ман аз ҳамин афрод аст, ки дар муаррифии Устоди он солҳо бисёр кӯтоҳӣ кардаанд. Албатта, ҳанӯз ҳам дер нашудааст, бояд даст ба қалам шаванд, ва ё агар аҳли қалам нестанд, хотироти худро забт кунанд, то дигарон онро рӯи коғаз пиёда кунанд. Зеро, чунонки гуфтам, шинохти Устод Нурӣ, бидуни дар назар гирифтани зиндагӣ ва фаъолиятҳои ӯ дар он солҳо, аслан имконпазир нест.

* * *

Ин ёддоштро банда фақат ба ин хотир навиштам, ки барои ин азизон ҳамин нуктаро ёдоварӣ карда бошам, ки ба вазифаи худ амал кунанд. Агар имрӯз ҷомеа ва бахусус ҷавонон, аз марҳуми Устод ба таври шоиста шинохте надоранд, далелаш ҳамин аст. Ба назарам, Устоди солҳои 1997 ба баъд, дар муаррифии чеҳраи ӯ кофӣ нест. Ҷомеа бояд бо Устод Нурии замони мубориза ва фаъолиятҳо ва замони сахтиҳо ва душвориҳои ӯ дар роҳи озодихоҳӣ маърифат пайдо кунад, он вақт аст, ки ӯро хоҳанд шинохт.

Ҳол, ба сурати хеле мухтасар (то ҷое, ки медонам) мехоҳам аз Устоди он солҳо бинависам. Устоди он солҳо, яъне фарде, ки дар замоне, ки ҳатто ба хоби касе ҳам намеомад, ки бо як режим ва низоми сар то ба по муҷаҳҳаз ва яке аз абарқудратҳои ҷаҳони он рӯз (яъне СССР) мубориза ва пайкор кунад ва сухан аз истиқлоли Тоҷикистон ба миён оварад, аммо ӯ ба ҳамроҳи чанд ҷавони ҳамандеш ва шогирдонаш ҷамъ мешавад ва тасмим мегирад ҳизберо таъсис кунад, ки яке аз аҳдофи ин ҳизб, мубориза бо ин режим аст. Дар ибтидои кор, ӯ ва шогирдонаш ба кори равшангарӣ мепардозанд, бо сабр, ҳавсала, барномарезӣ ва тарҳҳои кӯтоҳмуддат ва миёнмуддат ва дарозмуддат. Инки баъзеҳо мегӯянд, ҲНИТ дар воқеъ ҷузъе аз Наҳзати Исломии СССР аст, ин дуруст нест. Наҳзати Исломии СССР, ки дар Острохони Русия (дар охирҳои Шӯравӣ) таъсисаш эълон шуда буд, дар воқеъ бо ташаббус ва талоши ҷавонони озодихоҳи тоҷик таъсис шуда буд; тоҷикҳое, ки ҳудуди 15 сол таҷрибаи мубориза ва фаъолият доштанд. Дар воқеъ ин тоҷикҳо, яъне ҳамин Домулло Сайидумар ва Домулло Сайидиброҳим ва Муҳиддин Кабирӣ ва Шамсуддини Саъид буданд, ки дар таъсиси он саҳми бузурге доштанд. Ба ҳамин хотир аст, ки ба маҳзи фурӯпошии Шӯравӣ, ҲНИТ ба кори худ дар дохили Тоҷикистон идома дод.

Ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар солҳои 1990 ва 1992 бо ҲНИТ тоза ва барои аввалин бор ошно шуданд (албатта, дар сатҳи давлатмардон ва сиёсатмадорон, на мардуми оддӣ), дар воқеъ бо ҳизбе ошно шуданд, ки ҳудуди 17 сол таҷрибаи мубориза ва фаъолият дар корномаи худ дошт, ва ба ҳадде аз пухтагӣ расида буд, ки метавонист ихтиёри ҳидояти кишварро аз назари сиёсӣ ба даст бигирад. Яъне, ҲНИТ дар солҳои 1991 ва 1992, як гурӯҳи тозатаъсис ва хом набуд, балки гурӯҳе буд комилан “расида”. Аз ин рӯ, ба маҳзи фурӯпошии Шӯравӣ, дар воқеъ ин ҲНИТ буд, ки тавонист ҳамаро басиҷ кунад ва ҳатто аҳзоби демукрот ва соири аҳзоби тозатаъсисро низ бо худ ҳамроҳ созад.

Ва ин нуктаро ҳам лозим аст инҷо ёдовар шавам, ки ҲНИТ ва аҳзоб ва гурӯҳҳои ҳамроҳи он, ҳаргиз хоҳони ҷанг набуданд. Ҷанг бар онҳо таҳмил шуд. Иншоаллоҳ дар як мақолае ҷудо анқариб хоҳам навишт, ки касоне, ки алайҳи ҲНИТ бархостанд ва ҷангро бар вай таҳмил карданд, дар воқеъ касоне буданд, ки намехостанд Тоҷикистон мустақил гардад, балки мехостанд Тоҷикистон дар ҳайъати СССР боқӣ бимонад. Инро торих набояд фаромӯш кунад, ва албатта фаромӯш ҳам намекунад. Ин ки гуфта мешавад, ҷанг аз берун таҳмил шуда, як ҳарфи дурӯғ ва таҳрифи торих аст. Бале, аз берун, Русия ва баъзе аз кишварҳои ҳамсоя, мухолифони ҲНИТ ва куллан аҳзоби ҳамроҳи онро кӯмак карданд, то зимни кушту куштор, ҲНИТ-ро аз Тоҷикистон берун биронанд. Ин аст воқеият. Дар ин хусус мақолае ҷудо хоҳам навишт иншоаллоҳ!

* * *

Хуб, Устод Нурии солҳои 1973 то фурӯпошии СССР, дар воқеъ фардест, ки барои истиқлоли Тоҷикистон, барои озодии он аз СССР ва сарбаландӣ ва иззати кишвар, пой бар арсаи мубориза ва пайкор гузоштааст. Ӯ дар ин роҳ бисёр сахтиҳо ва душвориҳоеро аз сар гузоронида; аз таъқибҳо, зиндонҳо, тӯҳматҳо ва иттиҳомот гоҳе ба “ваҳҳобият” ва гоҳе ба “ватанфурӯшӣ” (ватан яъне СССР) ва ғайра, вале аз ҳамаи онҳо убур кард ва ба ҳадафаш расид, ки ҷуз истиқлоли Тоҷикистон ва озодии он набуд. Аммо дар ин миён, иддае мавҷсаворӣ карданд ва тамоми он дастовардҳоро ба номи худ сабт карданд ва имрӯза ба унвони “ноҷӣ”-и Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд; афроде, ки дар асл яке аз мухолифони сарсахти истиқлоли Тоҷикистон буданд.

Ҳол, бо ин ҳисоб, оё метавон Устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба унвони фарде, ки барои истиқлоли кишвар ва озодии он, пайкор кардааст, ба фаромӯшӣ супурд ва аҳёнан сиёҳ нишон дод?!

* * *

Дар поёни ин ёддошт, боре дигар аз афроде, ки Устод Нурии солҳои мубориза ва пайкорро мешиносанд, хоҳиш мекунам ба вазифаи худ амал кунанд ва нагузоранд ин абармард ношинохта бимонад.



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , ,

1 reply

  1. Барои вазифа ҷангид, барои вазифа мурд. Ира ман як наҳзатӣ мегӯм va isbot mekunum. Пируш ира гуфтагиай ки одами хуб нест. И агар вазифа намегуфт, сулҳа ба ин расвогӣ имзо намекард. Ҳазрати Истаравшан! Заб қаҳрамоне ёфтӣ !

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: