“Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муҷаддиди аср буд”

Устод Нурӣ (р) аз забони Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (р)

Ба баҳонаи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон

“Воқеъан ҳам, ҳар рӯзу ҳар соати умри кӯтоҳи ин шахсияти бузурги диниву сиёсии ҷаҳон Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пурбаракат буд. Ин абармард то лаҳзаҳои охир дар хидмати дини илоҳӣ умрашро сарф кард. Ҷойи ифтихор аст, ки ин шахсият тавонист дар ин муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор ҷавононро тарбия карда, ба камол расонад.

Бешубҳа, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муҷаддиди аср буд. Шахсияте буд, ки дар Мовароуннаҳр Исломи нобро ба маънии воқеъӣ ва бо ҳама абъодаш, ҳам бо маънавиёташ, ҳам бо аҳкому шариъаташ ва ҳам бо сиёсаташ дубора эҳё кард. Дар даҳаи солҳои ҳафтоду ҳаштод касе аз таҳсилкардагони улуми динӣ дар ин бора тасаввур ҳам намекарданд, ки рӯзе мерасад, ки Ислом бо тамоми абъод, бо буъди сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқиаш пешкашу арза мешавад.

Воқеъан ҳам, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тавонист ҷавонони рӯшанфикр ва тасилкардаро атрофаш ҷамъ оварад ва ин наҳзатро таъсис бидиҳад. Ин наҳзат, ки имрӯз дар қофилаи наҳзатҳои ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ эътирофи онро қоил аст.

Бешубҳа, таъкид мекунам, ки Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муҷаддид буданд, муҷаддиди қарн, муҷаддиди Ислом, агарчи Ислом ба зоти худ кӯҳна намешавад, вале дар қарни бистум, дар диёри Мовароуннаҳр ва дар бисёр кишварҳо мо шоҳиди он будем, ки душманони Ислом бо тамоми роҳу васоил кӯшиданд, то Исломро аз бех баркананд, вале натавонистанд. Ва чунин муҷаддидон, чунин шахсиятҳои барӯманди исломӣ дар роҳи хидмати дин камари ҳиммат бастанд, аз таъқибу фишорҳо дар шароити ниҳоят душвор наҳаросиданд, зиндонӣ шуданд, вале боз ҳам иродаашон шикаст нахӯрд, баъд аз зиндонҳои бисёр махуфи замони Шӯравӣ хориҷ шудан, боз ин роҳро, ин наҳзатро сарпарастӣ карданд ва умедвор ҳастам, ки роҳашон идома пайдо хоҳад кард.”

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (р), Раҳбари маънавии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Манбаъ: Сафаҳаи Домулло Муҳаммадсаъид Ризоӣ дар Фейсбук

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: