“Ҳамаи мо, ҳатто Омрико, дар Сурия иштибоҳ кардем”

Нахуствазири собиқи Қатар дар мавриди ҳимояти ин кишвар аз бархе гурӯҳҳо дар Сурия, гуфт: “Дар Сурия ҳама иштибоҳ карданд, ҳатто кишвари шумо (Омрико) низ иштибоҳ кард. Вақте дар Сурия инқилобе рух дод, ҳамаи мо аз ду утоқи амалиёт вориди амал шудем, яке дар Ӯрдун ва дигаре дар Туркия. Аввалин утоқи амалиёт дар Ӯрдун буд, ки бархе аз кишварҳо, ки дар миёни онҳо кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аморот, Қатар ба чашм мехӯрд, ба ҳамроҳи Омрико ва кишварҳои дигар аз он ҷо фаъолият мекарданд ва ҳамаи мо аз як гурӯҳ ҳимоят мекардем. Дар Туркия низ мо ҳамон корро мекардем. Бо гузашти замон, мутаваҷҷеҳ шудем, ки гурӯҳҳое, ки аз онҳо ҳимоят мекунем, як барномаи дигар ва мутафовит дар сар доранд. Ва тавассути дӯстони худ пай бурдем, ки ин гурӯҳҳо дар Сурия хуб нестанд, он гоҳ яке-яке онҳоро ҳазф кардем”.

Инак, машрӯҳи гуфтугӯи шайх Ҳамад бен Ҷосим Оли Сонӣ, нахуствазири собиқи Қатар, дар гуфтугӯ бо барномаи Чорли Роуз (Charlie Rose):

Шайх Ҳамад бен Ҷосим Оли Сонӣ дар хусуси қатъи робитаи Арабистон ва бархе кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс бо Қатар гуфт: “Мо аз қатъи робитаи ин кишварҳо мутаҳайир шудем. Амири мо ба ин конфронс (иҷлоси Риёз) рафта буд. Фикр мекунам, ки дидори хубе бо раисиҷумҳури Омрико дошт ва ҳамчунин мавзӯъҳое дар бораи ду кишвар ва кишварҳои дигар матраҳ шуд”.

Вай идома дод: “Ҳамакнун онҳо мегӯянд, ки мо бо Эрон ҳисси ҳамдардӣ ва равобити хосс дорем ва ҳамчунин мегӯянд, ки мо аз теруризм ҳимоят мекунем ва будҷаи онро таъмин мекунем. Дар ваҳлаи аввал дар хусуси Эрон бояд бигӯям, ки дар заминаи иртибототи тиҷорӣ, Қатар дар муқоиса бо дигар кишварҳои халиҷ (-и Форс), як ҳазорум бо Эрон равобити тиҷорӣ дорад”.

Ҳамад бен Ҷосим Оли Сонӣ тавзеҳ дод: “Ҳатто дар баҳси Сурия ва ҷанги Сурия, Эрон ва Қатар бо якдигар ихтилофоте доранд. Бале, мо ҳамчунон талош мекунем, то равобити хуб ва мӯътадиле бо Эрон дошта бошем, зеро мо ду кишвари ҳамсоя ҳастем ва як майдони гозиро бо якдигар ба иштирок гузоштаем ва ин як амри оддӣ ва қонунӣ аст”.

Нахуствазири собиқи Қатар дар идома гуфт: “Аммо ин ки мо робитаи хоссе бо Эрон, алайҳи бародарони худ дар эътилофи кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) дошта бошем, ин комилан иштибоҳ аст”.

Вай сипас ба баҳси иттиҳоми ҳамкории Қатар бо теруристҳо ишора кард ва гуфт: “Агар баҳси теруризмро бихоҳем матраҳ кунем, баъд аз ҳамалоти 11 сентябр, Қатар яке аз шарикони Омрико ба ҳисоб меояд. Омрико замоне артиши худро ба хоки Қатар овард ва аз тамоми таъсисоти мо қабл аз он ки таъсисоти худро бино кунанд, истифода карданд. Мо шабона онҳоро замоне ки аз Арабистон ба Қатар омаданд, таҷҳиз кардем. Агар ба хотир дошта бошед, Бен Лодан дар он замон гуфта буд, ки ҳеч кишвари исломӣ набояд пазирои артиши Омрико бошад. Мо дар он замон артиши шуморо пазируфтем ва ҳамаи тақсирҳоро ба гардан гирифтем”.

Ин диплумоти қатарӣ тасреҳ кард: “Аз он замон, Қатар дар муборизаи шумо дар Афғонистон, Яман, Сурия ва ғайра шарики шумо буд. Мо амнияти комилро барои нерӯҳои шумо, ки дар кишвари мо мустақар буданд таъмин кардем ва дар тамоми ин солҳо мизбони онҳо будем, ба ҳамин далел бисёр тааҷҷуб кардем, ки шунидем ба ҳимоят аз теруризм муттаҳам шудем. Мо аз чӣ теруризме ҳимоят мекунем?”

Вай дар бораи иттиҳомоте, ки ба Қатар ворид шуда аз ҷумла ҳимояти ин кишвар аз Ихвонулмуслимин ва Ҳамос ва мавзӯи Эрон ишора кард ва гуфт: “Бале, онҳо равобити диплумотик бо Эронро қатъ карданд ва дархости онро дар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс матраҳ карданд ва мо бо он мухолифат кардем. Онҳо масъалаи бастани сафоратхонаҳояшон дар Эрон ё сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳояшонро дар Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) матраҳ накарданд. Ҳатто фикри он ҳам матраҳ нашуд, аммо инҳо бо Қатар чунин коре карданд”.

Мардуми Миср Ихвонулмуслиминро интихоб карданд, артиш онҳоро барканор кард

Ҳамад бен Ҷосим Оли Сонӣ дар бораи Ихвонулмуслимини Миср сӯҳбат кард ва гуфт: “Ихвонулмуслимин як исми бузург аст, ки анвои мухталифе дорад. Бархе аз онҳо дар бархе кишварҳо бахше аз порлумон маҳсуб мешаванд ва бархе аз онҳо ба дунболи таҳоҷум ҳастанд, ки мо бо онҳо мухолифем. Баъзе аз онҳо сулҳомез ҳастанд. Мо бояд ташхис бидиҳем, ки бо кадом Ихвонулмуслимин рӯ ба рӯ ҳастем. Дар Миср мардуми ин кишвар Ихвонулмуслиминро интихоб карданд ва артиши Миср ва Ассисӣ онҳоро барканор карданд, аммо амири Қатар ҷузъи аввалин нафароте буд, ки вақте Ассисӣ рӯйи кор омад, аз ӯ ҳимоят кард”.

Вай дар идома афзуд: “Миср мушкилоти дохилии зиёде дорад ва онҳо ба касе ниёз доранд, ки тақсиротро ба гардани ӯ биандозанд. Оё фикр мекунед, ки Қатар ин тавонмандиро дорад, ки авзои иқтисодии кунунии Мисрро тағйир диҳад? Алорағми милёрдҳо дулоре, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба ин кишвар кӯмак мешавад, Миср бояд иқдомоти бештаре дар дохили кишвар анҷом диҳад. Ман тамоюл дорам шоҳиди он бошам, ки Миср яке аз қудратмандтарин кишварҳо дар ҷаҳон бошад, зеро Миср яке аз кишварҳои бузурги арабӣ аст”.

Ин диплумоти қатарӣ тавзеҳ дод: “Дар Тунис низ тағйир сурат гирифтааст. Як давлати исломӣ рӯйи кор буд, ки канор рафт ва як давлати дигар рӯйи кор омад, аммо нигоҳ кунед, ки мо бо давлатҳои дигар, ки Ихвонулмуслимин нестанд, чӣ гуна ҳамкорӣ мекунем. Мо ҳамакнун ба Тунис кӯмаки молӣ мекунем. Онҳо Ихвонулмуслимин нестанд, аммо мо аз онҳо ҳимоят мекунем. Мо дар воқеъ аз суботи ҳар минтақае, ки аз мо дархости кӯмак кунад, ҳимоят мекунем”.

Вай, дар суоле матраҳ кард: “Қатар аз бесубот шудани минтақа тавассути Ихвонулмуслимин ва ё ҳар гурӯҳи дигаре чӣ суде мебарад?

Дар Сурия ҳамаи мо ҳатто Омрико муртакиби иштибоҳ шуд

Нахуствазири собиқи Қатар дар суоле марбут ба ҳимоят аз бархе гурӯҳҳо дар Сурия гуфт: “Дар Сурия ҳама иштибоҳ карданд, ҳатто кишвари шумо (Омрико) низ иштибоҳ кард. Вақте дар Сурия инқилобе рух дод, ҳамаи мо аз ду утоқи амалиёт вориди амал шудем, яке дар Ӯрдун ва дигаре дар Туркия. Аввалин утоқи амалиёт дар Ӯрдун буд, ки бархе аз кишварҳо, ки дар миёни онҳо кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аморот, Қатар ба чашм мехӯрд, ба ҳамроҳи Омрико ва кишварҳои дигар аз он ҷо фаъолият мекарданд ва ҳамаи мо аз як гурӯҳ ҳимоят мекардем. Дар Туркия низ мо ҳамон корро мекардем. Бо гузашти замон, мутаваҷҷеҳ шудем, ки гурӯҳҳое, ки аз онҳо ҳимоят мекунем, як барномаи дигар ва мутафовит дар сар доранд. Ва тавассути дӯстони худ пай бурдем, ки ин гурӯҳҳо дар Сурия хуб нестанд, он гоҳ яке-яке онҳоро ҳазф кардем”.

Вай хитоб ба Омрико гуфт: “Шумо низ дар як бурҳа аз замон аз гурӯҳҳое иштибоҳ ва нодуруст ҳимоят кардед, аммо баъд аз муддате ҳимоят аз онҳоро мутаваққиф кардед. Ин ба мафҳуми он нест, ки мо дар он ҷо кори иштибоҳе муртакиб намешавем, балки ба ин маъност, ки оё мо аз қасд чунин коре мекунем? На, чунин чизе сиҳҳат надорад”.

Ин диплумоти қатарӣ таъкид кард: “Агар кори теруристҳо дар Сурия тамом шавад, чӣ мекунанд? Онҳо ба таври қатъ ба суроғи мо меоянд. Ин комилан табиӣ аст. Оё мо дар маърази таҳдид қарор надорем? Мо дар маърази таҳдид ҳастем”.

Барои мубориза бо Эрон бояд боҳуштар бошем

Вай дар иртибот бо мушкилоти минтақаӣ миёни Риёз ва Теҳрон гуфт: “Мушкилоти андаке дар минтақа вуҷуд дорад. Яке аз мушкилот ин аст, ки рафтори Эрон дар минтақа рафтори дурусте нест. Ман ҳамеша мегӯям, ки Эрон бо иқдомоте, ки дар Сурия, Яман, Лубнон ва Ироқ анҷом медиҳад, дар воқеъ суботи минтақаро дучори тазалзул мекунад ва агар бихоҳем бо Эрон мубориза кунем, бояд боҳуштар бошем. Албатта манзурам мубориза бо силоҳ нест, манзурам муборизаи зеҳнӣ бо онҳо аст”.

Ҳамад бен Ҷосим Оли Сонӣ тавзеҳ дод: “Мушкили мо ин аст, ки дар Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) мо истротежии чӣ гуна мубориза карданро надорем. Мо бархе авқот ибтикори амалҳоеро иттихоз мекунем, то бо ҳамалот муқобила кунем. Мушкил бесуботии зеҳни мост, бинобар ин мо бояд роҳи муқобила бо ҳамалоти Эрон ва ҳамчунин адами мудохила дар минтақаро пайдо кунем, аммо оё мехоҳед бо мунзавӣ кардани Қатар, ба ин ҳадаф ноил ойед?

Иттиҳомот алайҳи Қатар ҳеч асоси муҳкаме надорад

Вай идома дод: “Ҳокимият ва тамомияти арзии Қатар муҳимтарин масъала барои ин кишвар аст ва мо то охирин лаҳза аз он дифоъ мекунем. Ҳеч кадом аз иттиҳомоти ахир дар бораи Қатар ҳеч асоси мустаҳкаме надорад. Оё таҳрими Қатар кори дурусте аст? Пас қавонини байналмилалӣ куҷост? Онҳо Қатарро таҳрими ғизоӣ карданд. Масирҳои дарёӣ ва ҳавоиро масдуд карданд… Онҳо қаблан чунин иқдомеро дар бораи Ғазза карданд ва ҳама ва шумо (Омрико) гуфтед, ки иқдоми иштибоҳе аст”.

Иқдомот алайҳи Қатар нишон дод, ки ҳеч суботе дар қавонини кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷ вуҷуд надорад

Вай дар бораи паёмадҳои иқдомоти Риёз ва дигар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс алайҳи Қатар гуфт: “Ин иқдомот мавқеиятҳои зиёдеро дар Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) тағйир дод, ба ин шакл, ки ҳар кадом аз аъзои ин шӯро метавонанд ба ҳар далел ё бидуни далел аз хоб бархезанд ва бигӯянд, ки мехоҳанд робитаи худро бо як кишвар қатъ кунанд. Ва ин ба мафҳуми он аст, ки ҳеч суботе дар қавонини мавҷуд байни ин шаш кишвари Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) вуҷуд надорад, ва ин ба мафҳуми он аст, ки онҳо бо якдигар нестанд”.

Ин мақоми қатарӣ сипас бо мисоле тавзеҳ дод: “Тасаввур кунед, ки байни ду кишвари урупоӣ мушкиле ба вуҷуд биёяд, оё онҳо марзҳоро ба рӯйи якдигар мебанданд ё ин ки ин масъаларо дар иттиҳодия Урупо матраҳ мекунанд?

Мавзеи Омрико дар рӯёрӯӣ бо мушкили Қатар ва Арабистон шаффоф набуд

Ин диплумоти қатарӣ сипас ба мавозеи Омрико дар рӯёрӯӣ бо мушкиле, ки миёни Қатар ва дигар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс вуҷуд омада, ишора кард ва гуфт: “Омрико, ки ҳампаймони ҳар ду кишвари Арабистон ва Қатар аст, дар заминаи чигунагии мудирияти мушкили ба вуҷуд омада миёни Қатар ва Риёз шаффоф амал накард. Омрико бояд дар рӯёрӯӣ бо ин мушкил мунсифонатар амал мекард ва баррасӣ мекард, ки чӣ гуна метавон ин мушкилро рафъ кард”.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё саудиҳо пушти ин қазия ҳастанд, гуфт: “Ин чизе нест, ки ман бихоҳам ба он эътиқод дошта бошам. Онҳо худашон чунин чизеро эълом карданд. Онҳо худашон эълом карданд ва аморотиҳо низ худашон чунин чизеро эълом карданд. Миқёси коре, ки онҳо (алайҳи Қатар) анҷом доданд, қобили тавҷеҳ нест”.

Омрико бояд бо мулоҳизаи бештар мавзеъгирӣ кунад

Ин диплумоти қатарӣ дар вокуниш ба мавозеи Омрико ба ин масъала гуфт: “Ҳар миёнҷигаре то замоне ки ба шавоҳиди дуруст даст пайдо кунад, мебоист нигоҳи яксонеро ба мавзӯе, ки байни ду тараф ба вуҷуд омада дошта бошад. Масъалаи дувум ин аст, ки Тромп, ки ман барои вай эҳтиром қоил ҳастам, фикр мекунам бидуни дар назар гирифтани аснод ва мадорики воқеӣ, алайҳи Қатар мавзеъгирӣ кард. Фикр мекунам Омрико ба унвони як кишвари бузург ва як абарқудрат, бояд бо мулоҳизаи бештаре мавзеъгирӣ кунад”.

Вай идома дод: “Ман аз Омрико интиқод дорам, зеро ҳампаймони мо ҳастанд ва мо аз онҳо интизор дорем, ки мавзеи мунсифонае иттихоз кунад. Мо интизор надорем, ки ба мо кӯмак кунанд, балки мавзеи мунсифонае иттихоз кунанд”.

Ин диплумоти қатарӣ тавзеҳ дод: “Ман итминон дорам, ки Омрико дар ниҳоят иқдоми дурустро дар пеш мегирад, зеро онҳо ниҳодҳое доранд, ки ин масъаларо баррасӣ мекунанд ва пай мебаранд, ки фарзияҳо ва теуриҳо дуруст нест”.

Ҳимояти Қатар аз Эрон як латифаи бузург аст

Вай тавзеҳ дод: “Ҳимояти Қатар аз Эрон, як латифаи бузург аст. Фақат як мавридро ном бибаранд, ки мо дар он аз Эрон ҳимоят кардем. Ҳеч мавриде вуҷуд надорад. Мо равобити маъмулӣ дорем, аммо равобити мо дар олитарин сатҳи худ нест, агар ҳамкории мо бо Эрон дар олитарин сатҳ буд, мо бо онҳо дар Сурия мубориза намекардем. Ин комилан як латифа аст”.

Мо намепазирем бархе кишварҳо сиёсатҳои худро ба мо дикта кунанд

Ин диплумоти қатарӣ бо ишора ба ин ки масъалаи Риёз ва дигар кишварҳои арабӣ бо Қатар, Эрон нест, гуфт: “Агар мавзӯи Эрон буд, мо омодагӣ доштем бо онҳо дар ин бора вориди гуфтугӯ шавем, аммо масъалае, ки вуҷуд дорад ин аст, ки бархе кишварҳо мехоҳанд сиёсатҳои худро ба мо дикта кунанд, ки мо чунин чизеро намепазирем. Мо як кишвари мустақил ҳастем ва ҳақ дорем ба унвони як кишвари оддӣ сиёсатҳои худро вақте мутобиқ бо қавонини байналмилал аст, дар пеш бигирем”.

Шикофе дар Шӯрои ҳамкори халиҷ ба вуҷуд омадааст

Вай дар интиқод аз Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс гуфт: “Ин бӯҳрони ҷиддӣ аст, зеро шикофе дар Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) ба вуҷуд омадааст. Намедонам ин шикоф чӣ гуна қарор аст бартараф шавад. Вазорати хориҷаи Омрико эълом карда, ки мехоҳад миёнҷигарӣ кунад. Бояд бибинем агар мехоҳанд миёнҷигирӣ кунанд, чӣ пеш меояд. Умедворам ҳамкории ӯ ва Омрико ба ин натиҷа бирасад ва мушаххас шавад, ки интиқодот аз Қатар асос ва поя надорад”.

Шӯрои ҳамкории халиҷ дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи мунфаъил аст

Вай тасреҳ кард: “Тамоми кишварҳои Шӯрои ҳамкори халиҷ (-и Форс) робитаи вежае бо Омрико доранд ва мудохилаи Омрико дар сурате ки дар масири дуруст бошад. метавонад корсоз бошад”.

Ин диплумоти қатарӣ дар хусуси чигунагии ҳалли мушкили ба вуҷуд омада гуфт: “Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс мебоист фаъол шавад, зеро ин шӯро дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи мунфаъил аст. Масъалаи дуввум ин аст, ки Омрико ба унвони ҳампаймони тамоми кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс), бояд ба як андозаи мусовӣ аз ҳампаймони худ ҳимоят кунад. Қатар агар муқассир бошад, ба таври қатъ ба он эътироф мекунад ва онро дуруст мекунад”.

Вай дар бораи ҳимоят аз Ғазза гуфт: “Ҳама ба ин масъала воқиф ҳастанд, ки дар заминаи барқ ба Ғазза кӯмакрасонӣ мекунем. Хонаҳое, ки фикр кунам дар соли 2005 тахриб шуданд, мо ба сохти бахше аз он кӯмак кардем. Вақте барои аввалин бор дар Фаластин интихобот баргузор шуд, Омрико дар он замон, моро водор кард, ки бо Ҳамос вориди гуфтугӯ шавем ва иҷоза диҳем, ки онҳо дар интихобот ширкат кунанд. Онҳо ширкат карданд ва муваффақ шуданд ва баъд ҳам барканор шуданд”.

Charlierose

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: