“Устод Нурӣ (р), бидуни муболиға, як шахсияти нотакрор буданд”

Хотирае аз Додоҷон Атовуллоев дар бораи Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р)

Ба баҳонаи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон

Бо Устод борҳо ҳамнишин будам ва сӯҳбатҳое оростаам, ки дар «Чароғи рӯз» ва рӯзномаю маҷаллаҳои хориҷӣ дарҷ гаштаанд. Яке аз онҳо «Достони сиёсӣ» ном дошт, ки ба худи Устод низ писанд омада буд. Ягон инсон, махсусан дар сиёсат, наметавонад ба ҳама писанд ояд ва ягон сиёсатмадоре нест, ки ба саҳву хато роҳ надиҳад. Аммо дар умум, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р), бидуни муболиға, як шахсияти нотакрор буданд.

Бозгашти оппозитсия ба Ватан (соли 1997) ин нишонаи воқеъан бузургвории Устод Нурӣ ва Устод Ҳоҷиакбари Тӯраҷонзода аст.

Дар айёме, ки ҳамаи дунё ва аз нисфи зиёди мардуми кишвар бар зидди оппозитсия буданд, ин ду нафар аз сифр оппозитсия сохтанд ва онро ба пирӯзӣ расониданд. Ҳазорон афсӯс, ки душман тухми адоват кошт ва байни ин ду нафар ҷудоӣ андохт.

Бо гузашти вақт, бештару бештар ҳувайдо мегардад, ки дар оромии Устод Нурӣ чӣ қадр туғёнҳо будааст! Имрӯз мо нав дарк менамоем, ки дар «хатоҳо»-и Устод Нурӣ чӣ қадр савоб паси пардаҳо будааст!

Ҳазорон афсӯс, ки миллати мо на дар зиндагӣ, на баъд аз марг, ба қадри Устод Нурӣ нарасид.

Одамони пок дар маҳфили нопокон ҳамеша шикаст мехӯранд. Сабаб дар он аст, ки онҳо ба шахсиятҳо ва воқеъаҳо аз рӯи дидгоҳу арзишҳои худ баҳо медиҳанд. Fирромию ҳаромигариро намедонанд…

Имрӯз чун мебинам, ки номи сулҳофарини асосӣ, сулҳовари аслиро ба забон намеоранд, дилам оташ мегирад.

Дар тамоми музокироти байни оппозитсия ва ҳукумат (ба ҷуз якеяш) ширкат доштам. Раҳмонов ва дастаи бодовардаш ягон мавқеъ надоштанд. Гуфтушунидхо бо оппозитсия ва Россия мерафт. Оре, оре, бо Россия!

Соли 1997 оппозитсия Тоҷикистони нав сохта буд, ки президенташ Устод Нурӣ буданд. Раҳмонов танҳо саробӯстонро контрол мекарду халос ва ҳатто ба ҳоҷатхона бо охрана мерафт.

Моҳи июни соли 1997 то пурра пирӯз омадани оппозитсия се рӯз монда буд, ки Устод Нурӣ ба гиряҳои Раҳмонов дилаш сӯхт ва гузашт паси гузашт кард.

Боз ҳам Устоди хушбин ва хушбовар бар он буд, ки ин некии ӯро Раҳмонов як умр қадр мекунад. Ва Раҳмонови “қадршинос” наҷотбахши худро бисёр қадршиносӣ кард!!! Террор накард, накушт, аммо каме заҳр дод. Ва боз худаш ба Олмон барои табобат фиристод!

Эҳ, Устод! Афсӯс одам ду бор умр намебинад, ки худат ба чашми худат медидӣ, ба кӣ даст додӣ, бо кӣ аҳд бастӣ?!..

Бисёр одамонро танқид кардаам. Ҳатто ҳамсангарон ва азизони худро. Ҳамин аст пешаву маслаки як рӯзноманигори озод. Ва Устод Нуриро низ. Танҳо ба касофат ва наҳсии Раҳмонов. Аммо дигар баҳсе бо Устод надоштам.

Ва як саҳна:

Ман ба Созишномаи Сулҳ ошкоро зид будам. Мегуфтам ва менавиштам, ки ин созишнома хонаи Тоҷикистонро месӯзонад. Чанд мақолаҳои тезутунд низ навишта будам. Яке аз онҳо бо номи «Истгоҳи одамони тасодуфӣ» дар «Чароғи рӯз» дарҷ гардида буд ва дар он, Устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро, ки роҳбари Комиссияи Оштии Миллӣ буданд, сахт танқид карда будам.

Марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода нақл карда буданд, ки Устод дар дафтараш мақоларо хонду хомӯш ба хонааш рафт ва се рӯз ба кор набаромад…

Маро, ки аксар «эркаи Нурӣ ва Тӯраҷонзода» мехонданд, баъди “сӯзишнома”, оппозитсия бар оппозитсия шуда будам, даҳҳо мақолаю гузоришҳо бар зидди ҳамсафони собиқ менавиштам. Наҳзатиҳо низ дар рӯзномаашон аз ман душман метарошиданд, ки ин қиссае дигар аст. Танҳо монда будам. Ҳама масти мансабгирию мансабфурӯшӣ буданд. Маскавро низ тарк кардам ва ба Олмон кӯч бастам.

Рӯзе аз Вазорати умури хориҷаи Олмон занг заданд, ки Нурӣ ин ҷост ва хоҳиши вохӯрӣ дорад, бе хавф аст бароят, ки мулоқот кунӣ?

Роҳи яке аз меҳмонсароҳои Ҳамбургро пеш гирифтам. Дар даромадгоҳ Устод Нурӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, ки ёвари Устод буд ва олмоние, ки тарҷумонашон будааст, меистоданд. Устод маро оғӯш карду гуфт:

— Танқидҳоят мисли корд ба устухонам мерасид. Аммо гумон намекардам, ки туро бинам, ин қадр хурсанд мешавам…

Моро бубахш Устод!

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷмунаи нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: