Як мақоми сиёсии Афғонистон: “Мамнӯъияти ҲНИТ муғойири тафоҳумномаи сулҳ мебошад”

Абдулҳай Хуросонӣ, консул ва муовини вақти сафири Афғонистон дар Теҳрон, дар ёддоште дар сойти Tajikam, зимни ёдоварии хотирае аз шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, таъкид кардааст: “Мамнӯъ шудани фаъолиятҳои сиёсии Ҳизби Исломӣ ва мӯътадили Наҳзати Тоҷикистон, на танҳо муғойири тафоҳумномаи сулҳ мебошад, балки ин рафтори мустабиддона ва ба дур аз хирадварзӣ ва тааққули сиёсӣ, метавонад заминаи зуҳури гурӯҳҳои террурист ва ифротиро муҳайё кунад».

Матни ёддошти Абдулҳай Хуросонӣ, консул ва муовини вақти сафири Афғонистон дар Теҳрон:

Ривояти як хотира ва ёдоварии масъулияти истротежики Кобул дар баробари авзои Тоҷикистон ба Кохи Сапедор (Раёсати иҷроия) ва Вазорати умури хориҷа:

“… Мубойлам занг зад, шумораи сатилойт буд, он тарафи хат Омир Соҳиб (Аҳмадшоҳ Масъуд) буд. Баъд аз салом, бо салобат дастур дод: “Ҳамин ҳоло меравӣ пеши Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва мавзӯи сулҳро, ки аз тариқи мухобира ба Шумо расида, худат мебарӣ ва аз пеши Устод Нурӣ ба ҳамин шумора ба ман занг мезанӣ! Фаҳмида шуд, иншоаллоҳ?!

Дастур ба ҳамин қотеият ва шаффофият буд. Ман ҳамон рӯз аз Теҳрон озими Карач шудам ва шодравон Устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар манзилаш мулоқот намудам ва аз ҳамон ҷо шумораи Омир Соҳибро гирифтам ва Устод Нурӣ бо Омир Соҳиб ҳудуди як соат сӯҳбат намуданд.

Сӯҳбати Омир Соҳиб бо шодравон Устод Нурӣ рӯйи се меҳвари аслӣ устувор буд:

1) Халъи силоҳи муборизини тоҷики мустақар дар Тахористон;

2) Тааҳҳуд ва тазмини Афғонистон дар қиболи тааҳҳудоти давлати Тоҷикистон (яъне, Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳид Масъуд тааҳҳуд дода, ки ба тамоми мафоди тафоҳумномаи сулҳ бо ҲНИТ пойбанд мемонад);

3) Ёдоварии таҷрибаи манфии Афғонистон аз ҷанг ва ташвиқ ба сулҳу ободонии Тоҷикистон ва ин ки Раҳмон (он вақт эшон Раҳмонов буданд) ба тааҳҳуди худ амал менамояд, иншоаллоҳ.

Баъд аз сӯҳбат, Устод Нурӣ мутаассир ва нигарон буд ва зимни ин ки оҳе амиқ кашид, гуфт:

“… Хайр, мо ба Омир Соҳиб ва ҷаноби Устод (Раббонӣ) ба андозаи худамон эътимод дорем… Аммо ман эътимод ба Маскав ва Душанбе надорам ва ман мувофиқи халъи силоҳи муборизини тоҷик то амал намудани давлати Раҳмонов ба мафоди сулҳ нестам… Хайр, чӣ кунем, ҳоло ки дасти бародарони мо ҳам танг аст, бо Омир Соҳиб мувофиқат кардам… Аммо нигарони такрори торихи муборизини Бухоро ҳастам…”

Бале, мисли ин ки равоншод Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имрӯзро пешбинӣ менамуд.

Кохи Сапедор ва Вазорати умури хориҷаи Афғонистон расман масъулият дорад ба унвони яке аз кишварҳои муассир дар имзои сулҳи кишвари Тоҷикистон, аз мафоди муоҳидаи сулҳ дар дифоъ аз ҳуқуқи маданӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандии аъзо ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон тазаккури дӯстона бидиҳад ва беҳтар аст дуктур Абдуллоҳ шахсан бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора сӯҳбат намояд.

Тоҷикистон умқи истротежики ҷуғрофиёи тамаддунӣ ва табиии фарҳангии мост ва боист муносиботи мо дар ҳамаи заминаҳо истротежик ва ҳадафманд бошад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки шаҳид Масъуди азиз аз тамомияти арзии Тоҷикистон бо ҳамон ишқу ирода дифоъ намуд, ки аз кишвару зодгоҳи худ!

Мамнӯъ шудани фаъолиятҳои сиёсии Ҳизби Исломӣ ва мӯътадили Наҳзати Тоҷикистон на танҳо муғойири тафоҳумномаи сулҳ мебошад, балки ин рафтори мустабиддона ва ба дур аз хирадварзӣ ва тааққули сиёсӣ, метавонад заминаи зуҳури гурӯҳҳои террурист ва ифротиро муҳайё кунад.

Амният ва суботи Тоҷикистон амният ва суботи мост ва бояд заминаи ин эътимод миёни ду кишвар фароҳам ояд.



Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: