Бозии моҳиронаи Омрико бо арабҳои халиҷи Форс

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Таомули раисиҷумҳури Омрико бо арабҳои минтақаи халиҷи Форс ба манзилаи бозии шатранҷест, ки бозигари омрикоӣ бо маҳорат мӯҳраҳои онро он тавр, ки худ мехоҳад ҷо ба ҷо мекунад.

* * *

Пас аз эъломи хабари имзои муомилаи фурӯши 36 фарванд ҳавопаймоҳои F-15 ба Қатар, ки дар мақарри вазорати дифоъ (Пентогун) сурат гирифт, метавон интизор дошт, ки бӯҳрони Арабистон ва муттаҳидонаш бо Қатар рӯ ба гушоиш аст ва эҳтимоли рӯёрӯии низомӣ коҳиш меёбад, аммо бартараф шудани таҳрим ва боз шудани ҳарими ҳавоӣ ҳанӯз ба замон ниёз дорад.

Тромп муҳаррики аслии шӯълавар шудани бӯҳрони арабӣ буд ва аз эътилофи Арабистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср ба унвони баргаи фишор бар Қатар ва тарсондани он истифода кард ва ӯро ба таслим шудан дар баробари хостаҳои Омрико мабнӣ бар пардохти “ғаромат” дар қолиби муомилоти таслиҳотӣ ва сармоягузорӣ дар умури зерсохти Омрико савқ дод; дуруст шабеҳи ҳамон коре, ки бо бародари бузурги Қатар яъне Арабистон анҷом дод.

Намедонем оё ин эътилофи чаҳоргона шомили Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср аз ниятҳои Омрико хабар доштанд ё ин ки барои ин манзур ба кор гирифта шуданд?

Ба ҳар ҳол, ба маҳзи имзои ин муомилаи таслиҳотӣ, ки қисти аввали он болиғ бар 12 милёрд дулор аст, ҳарфу ҳадис дар мавриди гушоиш дар бӯҳрони арабӣ оғоз шуд ва бори дигар миёнҷигариҳо қувват гирифт, то ҷое, ки теъдоди миёнҷиҳо афзоиш ёфт ва Қатар дар остонаи раҳоии ниҳоӣ аз дом қарор гирифт.

* * *

Ин бор рамзи ин гушоиш ҳамон милёрдҳо дулоре аст, ки Тромп аз он сархуш аст ва медонад чӣ тавр бо зӯр, таҳдид ва тарсондан ва низ эҷоди дастабандӣ ва таниш байни арабҳо бавежа кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс онро ба даст биёварад. Ва албатта ин воқеиятро пинҳон накард, зеро ба мардуми кишвараш навид дод, ки аз сафари Риёз бо пул ва кор бозгаштааст.

Арзиши воқеии ин муомилаи таслиҳотӣ 21.1 милёрд дулор буда ва шомили 72 фарванд ҳавопаймои тавлиди ширкати Боинг аст.

Ин муомила барои ҳифзи хатти тавлиди ин навъ ҳавопаймоҳо ва эҷоди 60 ҳазор фурсати корӣ дар 42 иёлати Омрико бисёр муҳим аст, ба ин маънӣ, ки бидуни он тавлид мутаваққиф хоҳад шуд. Пас, мамнун аз арабҳо!

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки навиштаҳои чанд рӯзи пеши Тромп дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоӣ мабнӣ бар ин ки Қатар “пешинаи тӯлонӣ дар ҳимоят аз теруризм дар болотарин сатҳ дорад” ва “бояд муҷозот шавад” ва ё ин ки инзивои Қатар “оғозе барои поёни терурризм аст”, ба куллӣ маҳв шуда ва акнун қадрдонӣ аз Қатар ба унвони муттаҳиди қудратманди Омрико ҷойи онро гирифтааст. Ва Тромп таъкид дорад, ки муомилаи фурӯши ҳавопаймо ба Қатар, “гоми бузурге дар масири тақвияти ҳамкории роҳбурдӣ ва амниятӣ байни ду кишвар аст”.

Ин яъне бозии шатранҷе, ки Омрико мӯҳраҳои онро ба хубӣ ва дар замон ва масири мавриди назари худ ҷо ба ҷо мекунад.

Чанд соат пас аз имзои ин муомилаи таслиҳотӣ, дастури ҳаракати ду размнови омрикоӣ ба самти бандари Ҳамад воқеъ дар ҷануби Қатар содир шуд, ки ин нишон медиҳад Омрико Қатарро раҳо нахоҳад кард.

* * *

Ин таҳаввулот намоишномае аст, ки дар Кохи сафед омода шуд ва дар ҷараёни нишасти ахири Тромп дар Риёз нақши бозигарони он низ тавзеъ шуд; ин намоишнома чанд фасл дорад, ки ҳанӯз аввали он аст ва қурбониёни он арабҳо ҳастанд.

Ба ҳар ҳол, касби милёрдҳо дулор ва эҷоди фурсатҳои шуғлиро бояд ба Тромп ва миллати Омрико табрик гуфт!

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: