“Устод Нурӣ инсони ботамкину бомаърифате буданд”

Хотироти шуморе аз азизон дар бораи Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ (р)

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон

Абдуқодир Талбаков:

Нахустин бор бо Худораҳматӣ ҳангоми сабти барномаи «Ваҳдат» дар меҳмонхонаи «Вахш» ҳамсӯҳбат шуда будам. Нафаре аз мудофеонаш каме дуруштбаёнӣ намуд нисбати Телевизион ва ҳатман аз ҷониби эшон накӯҳише диду баъдан насиҳате шунид.

Инсони ботамкину бомаърифату хушбаёну ватандӯсте буданд.

Руҳашон шод бод!

Ашрафуддин Ҷалилиён:

Банда мехоҳам гуфтаҳои рӯзноманигор Толибшоҳ Саидзодаро бинависам. Боре дар маҳфили ёдбуди устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳматуллоҳи алайҳи, бародар Толибшоҳ нақл намуданд, ки баъди хатми донишгоҳ ҳамроҳи хонумашон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор фиристода шудаанд. Онҳо дар мактабе кор даромада ва дар кӯчаи Мӯсо Ҷалил хонаеро иҷора гирифтанд. Соҳибхона, ба гуфти бародар Толибшоҳ, кампири қоматбаланде буд, ки баъди чанде зиндагонӣ кардан дар он макон, бояд пули иҷора медодам. Боре соҳибхонаро даъват намудам, то иҷорапулиро супорам, аммо соҳибхона пулро рад намуданд.

Толибшоҳ мегӯяд, хеле ташвиш шудам, гумон кардам аз хона хориҷамон мекунад. Гуфтам, хола чаро пулро намегирад?! Соҳибхона гуфтанд, ки домодам фаҳмидааст, ки шумо омузгоред, аз ҳамин сабаб пули иҷораи шуморо он кас пардохт менамояд.

Толибшоҳ мегӯяд, гуфтам, домоди шумо мудири маъориф аст ё мири шаҳр? Холаам ҷавоб доданд, ки домоди ман Мулло Абдуллоҳ аст. Толибшоҳ мегӯяд, аз ӯ хоҳиш намудам, ки агар ин бор домодатон биёяд, хабар кунед, то зиёраташ кунем.

Ин воқеъа солҳои ҷавонии Устод буд. (Ман ин нақлро даҳ сол пеш аз даҳони бародар Толибшоҳ шунида будам ва ба сурати мухтасар инҷо гузоштам, агар чизеро нодуруст баён карда бошам, аз бародар Толибшоҳ узр мепурсам!)

Доро Ниёзов:

Тобистони соли 1997 яъне баъд аз муросои миллӣ Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Душанбе омаданд ва ба он кас аз ҷониби давлат як ҳавлӣ дода шуд. Сардори муҳофизонашон аз ман хоҳиш карданд, ки пештоқи хонаашонро ойинабандӣ кунам.

Баъд аз ойинабандӣ кардан, ман хостам дар тори даромадгоҳи хона ду мисроъ шеър нависам. Ман ду байт пешниҳод кардам:

Худо ояд агар бар хонаи мо,

Гулистон мешавад кошонаи мо…

Гар фидои қадами ëри гиромӣ накунам,

Гавҳари ҷон ба чӣ кори дигарам бозояд?

Он кас хондану гуфтанд, дуюмаш хуб аст, бигзор ҳамин бошад. Баъд ман онро дар тори дар кандакорӣ кардам.

Искандар Душанбе:

Бори аввал вақте ки Устод Нурӣ (р) ба зиёрати хонаи Худо рафта буд, пас аз бозгашти эшон, Устод Ҳимматзода маъракаи бузурге ташкил кард (соли 1988-89 буд, валлоҳу аьлам) ва эшонро ҳоҷиталбон кард. Устод Нурӣ дар ин маҷлис аз тассавуроти худ сӯҳбат орост.

Устод Нурӣ гуфт, ки мо то замоне ки ҳаҷ нарафта будем, хаёл мекардем, ки ҳарчи одамизод нуронӣ бошад, ҳамон қадар имонаш қавист ва парҳезгортар аст. Вале вақте рафтем ба хонаи Худо, он ҷо ҳабашиеро дидем, ки чеҳрааш сиёҳ буд, гӯӣ ҳеч нуре дар чеҳрааш набуд. Вале вақте ки «Аллоҳумма лаббайк» мегуфт, аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешуд. Аммо нурониҳои мо аз он ҷумла ман, чанд бор хостем, мисли он ҳабашӣ ашк бирезем вале нашуд. Хулоса, ки равшании чеҳра ин баёнгари тақводории инсон набудааст гуфтанд Устод Нурӣ (р)!

Алиев Абдул:

Худи банда, ки Устод Нуриро боре ҳам надидаам, чунки ман худ зодаи даврони истиқлолият ҳастам, аммо дар борааш хеле маълумот дорам, чунки ваҳдати миллӣ аз он шахсият буд, на аз Раҳмонову на аз Раҳимов.

Муродҷон Раҷабов:

Аз корномаю қаҳрамониашон маълумоти пурра надорам, аммо дар чеҳраашон нури илоҳӣ таҷассум ёфтааст. Худованд охираташонро обод гардонад! Каме аз китоби “Нур дар зиндон”-ро аз як бародар шунида будам, ки бо воситаи об заҳр омехта карда додаанд ва то охири марг азоб кашидаанд.

Ali Aliev:

Устоди азиз вақте ки ба Исфара қишлоқи Чоркӯҳ омаданд, он замон ҳеч фаромӯшнашаванда аст. Бовар кунед дӯстон, аз чеҳраи азизашон нур меборид. Устоди азиз гуфта буданд, Чоркӯҳ ҷои ёрони Худо! Ин суханро аз забони Устоди азиз шунида будам.

Устоди азиз ҳақиқатан одами хеле дурандеш ва ватандӯст буд, лекин номардҳо қадри Устоди азизро надонистанд… Иншоаллоҳ Устоди азиз имрӯз дар ҷаннат аст. Аз Аллоҳ умед дорем нигоҳбони Устод Кабирӣ бошад!



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: