Андешаманде бедор

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти дуктур Алии Шариатӣ

Алии Шариатӣ, исломшиносе барҷаста ва андешаманде бедор ва инқилобӣ, дар 23-уми ноябри соли 1933 дар рустои Коҳак дар наздикии Сабзавори Эрон дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш Аллома Муҳаммадтақии Шариатӣ, муассиси конуни «Нашри ҳақоиқи ислом» буд.

Шариатӣ таҳсилоти ибтидоиро дар дабистони «Ибни Ямин»-и Машҳад сипарӣ кард ва ба дунболи он дар соли 1946 вориди дабиристони «Фирдавсӣ»-и Машҳад шуд ва пас аз итмоми давраи дабиристон, дар 16-солагӣ ба донишсарои муқаддамотӣ рафт.

Ин мутафаккири эронӣ дар соли 1952 ва дар ҷараёни рӯйдодҳои «21-уми июл» боздошт шуд ва ин нахустин рӯёрӯии ӯ бо низоми ҳокими шоҳ буд. Вай дар соли 1955 дар Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Машҳад ба таҳсил дар риштаи адабиёти форсӣ пардохт ва пас аз муддате бо яке аз ҳамкилосиҳои худ ба номи Пурони Шариъати Разавӣ издивоҷ кард ва сипас бо дарёфти мадраки коршиносӣ ва касби мақоми шогирдии мумтоз аз тарафи донишгоҳ, барои идомаи таҳсил дар мақтаъи дуктуро ба Фаронса рафт.

Иқомати ин андешаманди бузург дар Фаронсаро метавон давраи созандагии шахсияти сиёсии ӯ донист, зеро вай бо мутафаккирони машҳур ва барҷастае ҳамчун Луӣ Мосиниюн, Жон Пул Сортер, Жон Берг, Фронтс Фонун, Ҷурҷ Гуревич ва низ шуморе аз устодони барҷастаи Донишгоҳи Сурбон ошноӣ пайдо кард. Ҳамчунин бо ширкат дар фаъолиятҳои сиёсии донишҷӯёни эронӣ дар Порис, аз масоили ҷаҳони севвум огоҳӣ ёфт. Ӯ дар чандин тазоҳурот низ барои пуштибонӣ аз Инқилоби Алҷазоир ширкат кард.

Ин донишманд дар соли 1964 ҳангоми бозгашт ба Эрон, дар марз дастгир ва ба зиндони Қизилқалъа дар Теҳрон мунтақил шуд, аммо пас аз муддате дар сентябри ҳамон сол озод ва ба Машҳад рафт ва дар Донишгоҳи Машҳад ба суханронии хирадмандона ва пурмағз дар миёни донишҷӯён шӯру нишот эҷод кард. Ҳамчунин Алии Шариатӣ дар Ҳусайнияи Иршоди Теҳрон ба суханронӣ пардохт ва дубора дастгир шуд.

Суханрониҳо ва осори мондагори ин устод таъсири муҳимме дар огоҳибахшӣ ба мардум ва масири пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дошт, ки аз он миён метавон ба «Худсозии инқилобӣ», «Абӯзар», «Бозгашт ба хештан», «Ниёиш», «Мо ва Иқбол», «Таҳлиле аз маносики ҳаҷ», «Торихи тамаддун», «Ҳубут дар кавир», «Зан», «Равиши шинохти ислом», «Ҳусайн — вориси Одам», «Чӣ бояд кард?», «Гуфтугӯҳои танҳоӣ» ва ғайра ишора кард.

Ин мутафаккир дар солҳои поёнии умри хеш даврони сахту тоқатфарсои зиндагии худро пушти сар гузошт ва дар ин муддат ранҷу сахтиҳои зиёдеро таҳаммул кард.

Фишорҳои СОВОК (Созмони амнияти шоҳи Эрон) бар вай сабаб шуд, то вай дар 15-уми майи 1977 Теҳронро ба мақсади Ангилис тарк ва ин гуна давраи тозае барои мутолеъа ва муборизаро оғоз кунад. Аммо дар ҳоле ки танҳо чанд ҳафта аз сафараш ба ин кишвар мегузашт, дар 19-уми июни 1977 дар Совт-ҳемптун дида аз ҷаҳон фурӯ баст ва ба диёри Ҳақ шитофт. Пайкари ин мутафаккири номӣ бо машварати Аллома Муҳаммадтақии Шариатӣ ва кӯмаки дӯстон ва ёрони ӯ аз ҷумла Мустафо Чамрон ва Имом Мӯсо Садр, дар канори ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Зайнаб (с) дар Сурия ба хок супурда шуд.

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Алии Шариатӣ бар гузидае аз суханони ӯ гузаре кӯтоҳ мекунем:

— Бароятон дуо мекунам, то Худо аз шумо бигирад ҳар он чӣ ки Худоро аз шумо мегирад.

— Ва пеш аз ин ки биандешӣ, ки чӣ бигӯӣ, бияндеш, ки чӣ мегӯям.

— Ҳарфҳое ҳаст барои нагуфтан ва арзиши амиқи ҳар кас ба андозаи ҳарфҳоест, ки барои нагуфтан дорад.

— Худоё! Сарнавишти маро хайр бинавис, тақдире муборак то ҳар чиро, ки ту дер мехоҳӣ, зуд нахоҳам ва ҳар чиро, ки ту зуд мехоҳӣ, дер нахоҳам.

— Намедонам, ки дар тарҳи бузурги Худо ман чӣ нақше дорам ва чӣ сарнавиште? Вале ин қадр мутмаиннам, ки бе ҳеч нест.

— Шаҳид инсоне аст, ки дар асри натавонистан ва ғалаба надоштан, бо марги хеш бар душман ғалаба мекунам, пирӯз мешавад ва агар ӯро намешиканад расво мекунад.

— Ҳунар таҷаллии руҳи халлоқи одамӣ аст, ҳунар бо мазҳаб хешовандии дерин дорад… Ҳунар як зоти ирфонӣ ва ҷавҳари эҳсоси мазҳабӣ дорад.



Рубрики:Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: