Меҳмони туам, эй ҷон, зинҳор махусб имшаб

Шаби қадр аз забони Мавлоно

Дар ашъори шуарои порсигӯ намунаҳои қобили таваҷҷӯҳе аз ишороти эшон ба шаби қадр вуҷуд дорад. Бештарин ва дилкаштарини ашъор дар санои рамазон ва рӯзаро дар шеъри Мавлоно метавон ёфт. Ба ҳамон қиёс, бештарин ашъоре, ки дар он зикре аз шаби қадр рафтааст низ, дар сухани Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ нуҳуфтааст.

Мавлоно дар ғазале бо радифи “зинҳор махусб имшаб”, мухотаби хешро ба бедорӣ то саҳар дар шаби қадр фаро мехонад:

Меҳмони туам, эй ҷон, зинҳор махусб имшаб,

Эй ҷону дили меҳмон, зинҳор махусб имшаб.

Рӯйи ту чу бадр омад, имшаб шаби қадр омад,

Эй шоҳи ҳама хубон, зинҳор махусб имшаб.

Эй сарви дусад бӯстон, ороми дили мастон,

Бурдӣ дилу ҷон бистон, зинҳор махусб имшаб.

Эй боғи хуши хандон, бе ту ду ҷаҳон зиндон,

Онӣ туву садчандон, зинҳор махусб имшаб.

Ва дар ғазале дигар боз ҳам ба бедорӣ мехонад ва роҳи бор ёфтан ба кӯи дӯстро дар ҳамин шаби қадр медонад:

Имшаб аҷабаст, эй ҷон, гар хоб раҳе ёбад,

В-он чашм куҷо хуспад, к-ӯ чун ту шаҳе ёбад.

Эй ошиқи хушмазҳаб, зинҳор махусб имшаб,

К-он ёри баҳонаҷӯ, бар ту гунаҳе ёбад.

Ман бандаи он ошиқ, к-ӯ нар буваду содиқ,

К-аз чустиву шабхезӣ, аз маҳ кулаҳе ёбад.

Дар хидмати шаҳ бошад, шаб ҳамраҳи маҳ бошад,

То аз малаъи аъло, чун маҳ сипаҳе ёбад.

Бар зулфи шаб он ғозӣ, чун далв расанбозӣ,

Омӯхт, ки Юсуфро, дар қаъри чаҳе ёбад.

Он уштури бечора, навмед шудаст аз ҷав,

Мегардад дар хирман, то мушти каҳе ёбад.

Болиш чу намеёбад, аз атласи рӯй ту,

Бошад зи шаби қадрат, шоли сияҳе ёбад.

З-он наъли ту дар оташ карданд дар ин савдо,

То ҳар дил савдоӣ дар худ шараҳе ёбад.

Имшаб шаби қадр омад, хомӯш шаву хидмат кун,

То ҳар дили аллоҳӣ, з-Аллоҳ валаҳе ёбад.

Андар пайи хуршедаш, шаб рав пайи уммедаш,

То моҳи баланди ту бо маҳ шабаҳе ёбад.

Бо ишора ба шаби қадр, равоии ҳоҷоти ҳар мусалмонро дар ин шаб муяссар медонад ва ин эъҷози шаб қадрро шаммае аз нури рухи ҳазрати дӯст медонад ва мегӯяд:

Раво шавад ҳама ҳоҷоти халқ дар шаби қадр,

Ки қадр, аз чу ту бадре биёфт он эъзоз.

Ҳама туиву варои ҳама дигар чӣ бувад,

Ки то хиёл дарояд касе туро анбоз…

Мавлоно дар ғазале бо матлаъи:

Мебисозад ҷону дилро бас аҷоиб к-он сиём,

Гар ту хоҳӣ, то аҷаб гардӣ, аҷоиб дон сиём.

… як ба як сифот ва аҷоиби моҳи мубораки рамазонро меситояд, то ба шаби қадр мерасад ва дар идома месарояд:

Гарчӣ имон ҳаст мабнӣ бар бинои панҷ рукн,

Лек, валлоҳ, ҳаст аз онҳо аъзамул-аркон сиём.

Лек дар ҳар панҷ пинҳон карда қадри савмро,

Чун шаби қадри муборак ҳаст худ пинҳон сиём.

Мавлоно дар дафтари дуввуми Маснавӣ пинҳон будани шаби қадрро чунин далел меоварад, ки ин пинҳонӣ барои он аст, ки ҷӯянда шабҳои бисёреро ба ибодат ба субҳ бирасонад ва аз ин роҳ ба чашмаи ҳақиқат даст ёбад:

Ҳақ шаби қадр аст дар шабҳо ниҳон,

То кунад ҷон ҳар шаберо имтиҳон.

На ҳама шабҳо бувад қадр, эй ҷавон!

На ҳама шабҳо бувад холӣ аз он.

Farsnews

 



Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бишнав аз най..., Забон ва адабиёт, Ирфони амалӣ, Ислом, Рамазон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: